*Дар Наврӯзи соли 2007 Раиси ҷумҳури Тоҷикистон исмашро ба номгузории миллӣ мутобиқ намуд - Эмомалӣ Раҳмон.
*Пас аз ин иқдоми раиси ҷумҳур бархе аз аъзои ҳукумат ва мансабдорони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар ва масъулини ширкатҳои хусусиву давлатӣ аз Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ карда, табдили ном ба суннати миллӣ карданд.
*Дар вилояти Суғд хабарнигори мо ба ин натиҷа расид, ки ба ғайр аз раиси вилоят Кохир Расулзода ҳатто ҳеҷ кадом аз мансабдорони кӯчактарин идораву муассисот аз ин иқдоми раиси ҷумҳур пайравӣ накардаанд.
*Дар Бадахшон низ ҳеҷ кадом ба исми худ тағйирот ворид накардааст.
*Дар вилояти Хатлон аввалан эълом шуд, ки раиси вилоят аз раиси ҷумҳур дар ин маврид пайравӣ кардааст. Аммо дар аксари санадҳо на Афзалӣ, балки Афзалов оварда мешавад.
*Дар минтақаи Кӯлоб танҳо раиси ноҳияи Темурмалик исмашро ба шеваи миллӣ тағйир додааст.
*Аз Маҷлиси Олӣ низ ҳеҷ касе номашро тоҷикӣ накардааст. Дар Дастгоҳи Иҷроияи Президент низ ҳеҷ кас ҳозир нашудааст ба Раиси ҷумҳур пайравӣ кунад.
ПАЙРАВОН
Муовини Сарвазир
Муродалӣ Алимардон
Вазири корҳои хориҷӣ
ҳамрохон Зарифӣ
Вазири энергетика ва
саноат Гул Шералӣ
Вазири фарҳанг
Мирзошоҳрух Асрорӣ
Вазири нақлиёт ва коммуникатсия
Абдураҳим Ашӯр
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила
Хайринисо Юсуфӣ
Вазири мелиоратсия ва захираҳои об
Саиди Ёқубзод
Вазири рушди иқтисод ва савдо
Бобозода Ғуломҷон
АНДЕШАВАРЗОН
Сарвазир
ОқилОВ О.Ғ.
Муовини аввали Сарвазир
ҒуломОВ А.
Муовини Сарвазир
ҚурбонОВА Р.А.
Вазири дифоъ
ХайруллоЕВ Шералӣ
Вазири корҳои дохилӣ
СолеҳОВ М.С.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ
АбдураҳимОВ Х.
Вазири адлия
ХудоёрОВ Б.Т.
Вазири молия
НаҷмуддинОВ С.М.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
ҲамралиЕВ Ф.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ
ЛатиПОВ Х.А.
Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ЗуҳурОВ Ш.З.
Раиси Кумитаи давлатии омор
ШабозОВ М.
Вазири кишоварзӣ
ҚосимОВ Қ.Р.
Вазири маориф
РаҳмонОВ А.А.
Раиси Кумитаи андоз
СолиЕВ Ҳ.Ҳ.
Раиси Кумитаи ҷавонон,
варзиш ва сайёҳӣ НеъматОВ М.М.
Раиси Кумитаи телевизион ва радио
РаҳмонОВ А.Қ.
Вазири тандурустӣ
СалимОВ Н.Ф.