ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР

Сиёсат 31.12.2008 16:33

ВАЗИРИ СОЛ

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии кишвар, пуркортарин вазири ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2008 маҳсуб меёбад. Бо сари кор омаданаш Ҳамроҳхон Зарифӣ, барои Тоҷикистон уфуқҳои навро барои ҳамкориҳои сиёсати хориҷӣ боз кард.

ВАКИЛИ СОЛ

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, ягона вакил аз миёни 63 тан ҳампешаи хеш аст, ки ҷиҳати ошноӣ бо аҳволу рӯзгори муҳоҷирини тоҷик ба Русия сафари корӣ анҷом дода ва ба тамоми мавзӯъот ва воқеъоти мубрами ҷомеъа аз тариқи матбуот назари хешро ироа кардааст.

ИҚТИСОДДОНИ СОЛ

Тоҳири Абдуҷаббор, ки ҳам як чеҳраи сиёсӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёбад, дар соли 2008 аз беҳтарин иқтисоддони ҷумҳурӣ дониста шуд. Ӯ ҳанӯз як сол муқаддам бӯҳрони молиеро, ки имрӯз ҷаҳонро фаро гирифтааст, пешгӯӣ намуда буд.

САФИРИ СОЛ

Грэм Лотен, сафири Бритониё, аз дастрастарин ва фаъолтарин сафирони хориҷӣ дар Тоҷикистон буд, ки дар хеле аз самтҳои фаъолияти кишварамон нақш доштааст. Ба хусус дар самти ҳамкориҳо бо расонаҳои хабарӣ, дастгирии ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ё маданӣ дар Тоҷикистон ва бунёди ниругоҳҳои хурди барқи обӣ дар манотиқи кӯҳистонӣ, таҳкими назорати марз ба хотири коҳиш додани қочоқи маводи мухаддир фаъолияти Сафорати Бритониё ва хосса ҷаноби Лотэн дар соли гузашта хеле чашмгир буд.

ЧЕҲРАИ ФАРҲАНГИИ СОЛ

Қаҳрамон Сулаймонӣ, ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Тоҷикистон, аз ҷумлаи афродест, ки хеле аз маросимҳои илмӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон бо ҳузур ва дастгирии ишон дар соли гузашта баргузор шудааст. Ин намояндаи фарҳангии Ирон дар Тоҷикистон тавонистааст, уфуқҳои тозаеро, ба вижа дар бахши омӯзишу парвариш барои ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Ирон боз кунад. Барои нахустин бор донишомӯзони макотиби таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон аз Ирон бо ибтикори Ройзании фарҳангии Ирон дар Тоҷикистон боздид мекунанд.

ҚИММАТТАРИН МАРДИ СОЛ

Дар августи соли 2008 Ҷиргаи ҷавонони миллатгарои вилояти Пактико ва ҳизби "Афғон- миллат" дар вилояти Пактиёи Давлати Исломии Афғонистон барои сари Латифи Пидром, шоир, сиёсатмадор ва раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон 200 ҳазор доллар ҷойиза муқаррар намуда буданд.

ҲУҚУҚШИНОСИ СОЛ

(Мансабталоши сол -шӯхӣ)

Раҳматилло Зойиров, ҳамчунон ҳуқуқшиноси тавоност, ки дар соли ҷорӣ аз Раиси Ҷумҳур талаб кард, то барои муддате вазири адлияи Тоҷикистон таъинаш намоянд.

ҲИЗБИ СОЛ

ҲХДТ ҳизби ҳокими Тоҷикистон бо гузаронидани як ислоҳот дар соли ҷорӣ қудрат ва тавоноии худро бори дигар ба намоиш гузошт.

КОРГАРДОНИ СОЛ

Нуриддини Ҷарронӣ, коргардон ва ҳунарманди театри академӣ ва драмавии ба номи устод Лоҳутӣ бо ба саҳнагузории намоишномаи "Офати нафс" аз "Маснавии Маънавӣ" ва пайвастани гузаштаи дур бо имрӯз тавонист, аз хеш ҳамчун муваффақтарин коргардон дарак бидиҳад.

ШОИРИ СОЛ

Рустами Ваҳҳоб, аз ҷумлаи пуркортарин шоирони тоҷик аст, ки маҳфили муаррифии китобаш "Шаҳри Хуршед" аз пурғулғулатарин маҳфилҳои фарҳангии сол буд. "Шаҳри Хуршед"-аш дар соли 2008 хазинаи адабиёти тоҷикро ғанӣ гардонид.

ВАРЗИШГАРИ СОЛ

Расул Боқиев, фарзанди паҳлавони шинохтаи тоҷик Худойназар Боқиев беҳтарин варзишгари сол дониста шуд. Расул Боқиев нахустин варзишгари тоҷик аст, ки тайи тамоми даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар тобистони соли 2008 дар Бозиҳои Олимпии Пекин ширкат варзида, дар варзиши навъи дзю-до ба гирифтани нишони биринҷии ин мусобиқоти байналмилалӣ шарафёб гашт ва роҳро барои пирӯзиҳои баъдӣ кушод.

МУАЛЛИМИ СОЛ

Абдуфаттоҳ Ҳотамов, директори гимназияи "Ҳотам ва П.В."-ро, ки хонандагони гимназияаш дар озмунҳои байналмилалӣ аз фанҳои дақиқ баранда шудаанд ва номи Тоҷикистонро дар арсаи илми байналмилалӣ матраҳ кардаанд. Агарчӣ дар миёни ҷомеаи Тоҷикистон ва ба хусус расонаҳои хабарӣ камтар аз ӯ ном мебаранд, вале рӯйхати шогирдони номдори ӯ, ки дар ин матлаб гунҷоиш наёфт, даракгӯйи он аст, ки ӯ шоистаи унвони муаллими сол аст.

ОВОЗХОНИ СОЛ

Тобиш Ҳилолӣ, овозхон ва хунёгари шинохтаи тоҷик дар соли 2008 бо таронаҳои эҷодкардаи хеш "Қасам" ва "Ғурури ниёгон" ба касби маъруфияти баланд дар миёни мардум даст ёфт. Тобишро аксари соҳибназарон чун овозхони сол эътироф кардаанд.

КОРШИНОСИ СОЛ

Шокирҷон Қосимзодаи Ҳакимӣ, аз ҷумлаи коршиносони аршади кишвар мебошад, ки дар ҳама мавзӯъи матраҳ дар ҷомеа ва барои ҳамаи расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ сӯҳбат оростааст.

ВОЪИЗИ СОЛ

Ҳоҷӣ Мирзои Иброн, рӯҳонӣ, аз пурсарусадотарин воъизони сол буд, ки бо вуҷуди тундгӯиаш дар қиболи фасодзадагии ҷомеъа ва костагии ахлоқ аз тасмимоти раҳбарияти кишвар дар мавриди танзими ҷашну маросимҳои мардумӣ ошкоро истиқбол кард. Ҳоҷӣ Мирзо воъизест, ки аз ҷониби шунаванда ва ихлосмандонаш ҳам мавриди интиқод ва ҳам пуштибонӣ дар расонаҳои хабарӣ қарор гирифт. Ӯ аз ҷумлаи нодиртарин рӯҳониёни кишвар аст, ки дар баробари омӯзиши илмҳои динӣ ташвиқ мекунад, то ҷавонон аз илмҳои дунявӣ баҳра бардоранд, дар шаҳри Кӯлоб маҳз бо ибтикори ӯ маркази омӯзиши забонҳо таъсис ёфтааст.

БАРОИ ОНҲО СОЛИ 2008 СОЛИ ПУРБОРЕ НАБУД

Чун ҷашни соли нави мо дар Наврӯз фаро мерасад ва соли нави милодӣ танҳо ба хотири ҷамъбасти фаъолиятҳои солона барои мо арзиш дорад, тасмим гирифтем, ки дар баробари чеҳраҳои фаъол онҳоеро, ки камкор будаанд, ба хонандаи гиромӣ муаррифӣ намоем.

Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, аз ҷумлаи камкортарин аъзои ҳукумати Тоҷикистон шумурда мешавад. Тӯли ин сол борҳо матбуоти тоҷик аз ишон ҳамчун узви камфаъоли ҳукумат ном бурдаанд. Ӯ сарвазирест, ки иқдомоташ дар самти рушди иқтисод ва иҷтимоъи мардум, то ҳол номаълум мондааст, агар чунин иқдоме карда бошад. Мо ҳеч кореро ба хотир оварда натавонистем, ки бигӯем он бо тасмим ва ташаббуси Оқил Оқилов амалӣ шудааст.

Алиасғари Шеърдӯст, Сафири Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Тоҷикистон, мутаассифона бо вуҷуди он, ки ҷомеаи тоҷик аз сафир шуданаш табли шодӣ дар медоданд, чандон соли пурборе надошт. Бо вуҷуди он ки аз ҷумлаи сафирони хориҷӣ дар Тоҷикистон дар тӯли фаъолияташ бештар мавриди бозтоби матбуоти хусусии тоҷик қарор доштааст, аммо ҳеч кадом аз ваъдаҳояш амалӣ нашудаанд. Ба вижа телевизиони пуровозаи форсизабонон муваффақ нашуд, дар ин сол фазои иттилоотии форсизабононро пур кунад. Дигар аз ваъдаҳои сафири мӯҳтарам дар мавриди ифтитоҳи мактаби байналмилалии иронӣ низ дар соли нави таҳсил бебор будааст.

Рамазон Абдулатипов, сафири собиқи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, дар замони сафирии ӯ муносиботи Тоҷикистон бо Русия ба сардӣ гароид, маҳз дар ҳамин марҳила нируҳои марзбонии Русия аз Тоҷикистон ихроҷ шуд. Ширкати "Русал" натавонист ба тааҳудаш барои бунёди Роғун ба натиҷа бирасад ва ин буд, ки фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон ба нокомӣ поён ёфт. Сафире буд, ки дар муқойиса бо дигар ҳамтоёнаш ба нашрияҳои тоҷикзабон ба хусус рӯзномаҳои мустақил хушбин набуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ аз лиҳози решаи наслиаш ба гурӯҳҳои ифротии шовинистии Рус ҳам наметавонад шомил бошад, зеро мансубияташ ба ақалиятҳои Русия марбут аст. Ба ҳар ҳол ӯ яке аз қартаҳои корношоями Кремл маҳсуб меёбад, ки нақши ҳамеша намоёни Русияи шарики стротегии Тоҷикистонро камранг кардааст. Аз ин рӯ ҳадс зада мешавад, ки шояд дигар Русия дар таъйини сафиронаш дар Тоҷикистон ба иштибоҳ роҳ надиҳад ва воқеан афроди содиқтар ба Кремлро намоянда таъин кунад.

ШАРМСОРИ СОЛ

Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико, ки таҷовуз ба хоки Ироқ ва Афғонистон дар замони салтанаташ сурат гирифт, дар ахири соли 2008 аз ҷониби Мунтазир Зайдӣ, хабарнигори ироқӣ мавриди ҳамалоти кафшӣ қарор гирифт. Обрӯи бе ин ҳама коставу рехтаи сарвари Қасри Сафед баъд аз кафшпартоии Зайдӣ ба сӯйи ӯ ботамом оби ҷӯй шуд. Хушбахтии ҷаноби Буш дар он аст, ки ӯ баъди чанд рӯзе Қасри Сафедро барои Борак Обама холӣ хоҳад кард ва тӯли таърихи беш аз 200 солаи давлатдории Амрико ҳеч президенташ ин гуна шармсор аз мақоми дошта канор нарафтааст, ки Буш меравад.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97