ОЛИМ БИСЁР ДОРЕМ, ИХТИРОЪ ЧӢ ё гирди номи падар то кай мегардем?

Иҷтимоъ 21.02.2009 14:16

ИФТИХОР КАРДАН БО ГУЗАШТА ХУБ АСТ, ВАЛЕ…

Дар мавзӯъи илму олим ва аз гузашта чӣ мерос бурдаему имрӯз кирову чиро дорем дер боз мехостем чизе гуфта бошем ва инак фурсат даст дод, ки андешаҳои хешро рӯйи коғаз биёварем. Мо ҳамеша гирди номи падар гаштаем ва боре наандешидем ва накӯшидем, ки падари хеш бошем.

Ва чанде қабл навиштаи донишманди тоҷик Зоҳири Давлат "Ниёгони мусулмони мо пешқадам буданд" ("Миллат", №03, (177), 22.01.09с.) ба табъ расид ва мутолиаи он моро ба иншои сатрҳои дар зер оварда таҳрик бахшид. Дар ҳақиқат мо бо хидматҳои анҷомдодаи гузаштагони фарзонаи хеш ифтихор дорем. Ва ин забони пурғановат ва ин фарҳанге, ки мо имрӯз бо он зиёд мефахрем нишоне, меросе аз бузургони гузаштаи мост.

Пас чаро бо ному кори онҳо нафахрему сипосашон ба ҷо наорем?!…

Ин ҷо ҳоҷат ба ёд кардани он ҳама хидматҳои пурарзиши фарзонамардони гузаштаамон, ки дар пешрафти илму фарҳанги мо саҳм гузоштаанд, зарурат нест, зеро қариб ҳамагон тавассути омӯзишу мутолиаи таъриху адабиёти миллат то ҷое аз он ҳама огаҳӣ дорем.

Ва аз гузашта ифтихор кардан хуб аст, вале як бор биандешем ва бубинем, ки имрӯз чӣ дорем? Ва ба ояндагон чӣ хоҳем гузошт. Оё мо ҳам чун дигар қавму миллатҳо имрӯз он пешрафту комёбиву ихтироъотеро, ки онҳо доранд ва мавриди истифодаи хеш қарор додаанд, дорем ё нияти доштан дорем?... Ана, ин аст он суоле, ки мехоҳем ҷавобашро бишнавем.

СИПОС БА ОНЕ, КИ ЮҒУ

ИСПОР ИХТИРОЪ КАРД

Аз кори иддае ҳампешагонамон, ба хусус аз телевизион дар ҳайратем, ки гӯё имрӯз дар кишвари мо ҳама масъалаҳо ҳал шудаву проблемаву мушкилоте намонда, ки рӯ овардаанд ба ковишу ҷустуҷӯи нишонаҳои тамаддуни гузашта ва ифтихор аз ёфтани олату асбоби зангзадаву сафолпораҳои шикастаи аз замони Дақёнус монда ва навиштану инъикоси ин ҳама аз тариқи расонаҳои хабарӣ. Ин гуна навиштаҳо ва ифтихори нозеб аз сафолпораҳо, ки дар қаъри замини ҳар гӯшаи дунё онҳоро метавон ёфт, барои асри таҳаввулоту инқилобҳои илмиву технологӣ зебанда нест. Чаро ҳамкорони мо ба ин мавзӯъот рӯ меоранд?! Аз он сабаб, ки мавзӯъҳои беҷанҷолу бедарди сар маҳз ҳамин мавзӯъи таърихи гузашта ва ёдгориҳои хокхурдаву зангзадаи аз қаъри замин ёфта аст. Ёди бузургмардони миллат кори хайр ва савоб аст. Муаллифи мӯҳтарам Зоҳири Давлат низ кори нек кардааст, ки аз он бузургонамон ёдоварӣ намуда бад- ин васила рӯҳашонро шод гардонидааст. Вале суол ин ҷост, ки аз он гузаштаи пурифтихор то ба мо чӣ мерос мондааст, оё аз кашфиёту ихтирооти эшон то мо чизе расида, ки онро дар рӯзгори имрӯзаи мушкил ва бӯҳронии хеш мавриди истифода қарор бидиҳем? Ҳамин юғу испор ёдгорест аз таърихи пурифтихори мо ва нишоне аз ихтирооти нодири ниёгонамон, ки хушбахтона то мо расидаву имрӯз ҳам мушкилосонкуни заҳмати марди деҳқон аст ва барои ин аз ихтирокори он мо ва деҳқони тоҷик сахт сипосгузорем.

ЧАРО МОШИНРО ТОҶИК

НЕВУ ПОЛЗУНОВИ РУС СОХТ

Иддае ниҳону ошкор ва то ҷое густохона арз медоранд: "Аз хондани ҳамин классикони мо имрӯз чӣ нафъест? Ҳамон шеъри классикӣ, қасидаи Унсуриву ғазали Саъдӣ ва рубоиёти Бобо Тоҳиру Хайём дигар ба дарди кӣ мехурад, мушкилоти рӯзгори киро осон месозад? Ба ҷуз он ки ошиқи дилсӯхтае вақте бевафоӣ ва бемеҳрии маъшуқаи аз пайи ҷавони мошиндори пулмаст рафтаашро мебинад ва аз алам ғазали ҷонсӯзи "Ай сорбон оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад"- ро мехонад ва ё майхораву маишатпарасте чун ҷоми шароб мебардорад, сархушона мегӯяд: "Кам- кам хуру гаҳ-гаҳ хуру пинҳон хур!" Кошкӣ он майхора худаш ба ҳамин гуфтааш содиқ бошад, бо коса мехурад, сатил- сатил, ҳар рӯз ва пеши ҳама. Аз ин ҷост, ки дар зеҳни афроде, ки рӯзгори сахту сангини мардуми хешро имрӯз мебинанду дигар ақвомро пешрафтаву сарфарозу дар рифоҳ меёбанд ва аз ҳоли ин миллати сарсахт дилхун мешаванд ва аз дард ҳамин андешаҳо, ки аз шеъру рубоӣ, панду андарз, достону ғазали гуфтаи ниёгон чӣ суд беихтиёр рӯ мезанад. Замоне, ки ниёгони мо пешрафту тамаддун доштанд, олим доштанду илмро то Сурайё ва суханро ба курсӣ нишонда буданд, он қавмҳои имрӯз ҳавопаймосозу силоҳи атом дошта дар кӯҳу ҷангалҳо ва дашту саҳроҳо дар таги юртаву чайла мезистанд. Андешае рӯ мезанад, ки магар хубтар набуд ба ҷойи шеъру насиҳат ва панду андарз навиштан классикҳои бузурги мо, ки воқеъан дорои хираду фаҳмиш,дарку дониши васеъ будаанд, ягон мошини буғӣ мисли Ползунови рус, ки аслан саводе надошт ва аз илму фарҳанг бӯе ҳам набурда буд, ё ягон таҷҳизоти тиббиву дардхури истеҳсолот ихтироъ мекарданд?

ҲАРЧӢ ДОРЕМ МОЛИ БЕГОНАҲОСТ

Магар намешуд ҳамин мусулмонҳо ба ҷойи ҳазор сол ин ҷониб сари чи навъ тоату ибодат кардан ва зиёд аз мусалмонигариву чӣ мазҳабро доштану пайравӣ кардан баҳсҳо оростан ва якдигарро муртакиб ба ину он гуноҳ шудан ҳукм баровардан ягон техникаву таҷҳизот ихтироъ мекарданд, монанди аврупоиҳову чиниҳо? Имрӯз ҳам миллати мо саргарми ҳамин мубоҳисаҳои диниву мазҳабист. Албатта онҳое, ки чунин андешаҳоро матраҳ месозанд маҳз ҳолати имрӯзаи рӯзгори мардум ва нодориву фақри миллати мусалмони моро дида чунин мегӯянд. Магар ин гуфтаҳо хилофи воқеияти имрӯз аст? Бубинед имрӯз ҳар чизе, ки мепӯшему мехӯрем ва ҳар васоите, ки бо он гап мезанему савор мешавем на ихтироъи олимони мо ва на моли мост, балки аз бегонаҳост. Аз ин рӯ ҳар андешае, ки дар ин росто рӯ мезанад, заминае дорад, онро сабабест. Зоҳири Давлат тавассути ин мақола дар баробари маълумот додан моро як навъ ором сохтааст, ки агар имрӯз мо олимони ҷаҳоншинохта ҳам надошта бошем, боке нест, охир бубинед гузаштагони бузургу донишвар доштаем.

Аксари бузургони гузаштаи мо дар илмҳои таърих, шеъру адаб ва умуман дар улуми назариявӣ машҳуранд ва аз кашфиёту ихтирооти гузаштагонамон дараке нест, ба ҷуз осори хаттӣ, ки боқӣ мондааст ва ин воқеъан мояи ифтихор ҳам ҳаст. Пас имрӯз бо сабақ аз гузашта тафохуру сарфарозии ноҷоро як сӯ гузошта корҳое бояд анҷом бидиҳем, ки миллати мо ва Ватани мо дар дунё шинохта гардад ва дӯстону ҳамсоягон сӯямон бо чеҳраи гарму оғӯши боз биёянду мулоимтар бо мо с?ҳбат бикунанд. На бо он шеваи тунду зӯргӯие, ки имрӯз бар алайҳи миллати мо аз он сару кор гирифтаанд. Аз он шахсиятҳое, ки олиму донишманди соҳоти мухталиф ва боз ҳамдину ҳаммилати мо, яъне тоҷику мусалмон будаанд, дубора ёдрас шудан, то ҷое хуб аст ва вақти гуфтанаш ҳам ҳаст, зеро на ҳама медонанд, ки дар гузашта чунин бузургоне доштаем. Вале имрӯз аз он бояд гуфт, ки киро дорему чӣ дорем!

БА ГУЗАРОНИДАНИ ҶАШНҲО

МОРАТОРИЯ ЭЪЛОН ШАВАД!

Агар аз рӯи воқеъият ва талаби давру замон бигӯем, вазъияти ҷаҳони кунунӣ дигаргуна аст. Акнун замон замони шеъру сурудхонӣ, рақсу бозӣ ва фалаксароиву шашмақомхонӣ ва "Андалеб"- у "Парасту" нест. Маъзарат, мо кулан мухолифи будани мусиқӣ ва базму хурсандиҳо нестем. Хурсандӣ кардан албатта хуб аст. Вале миллат бояд дар кулл хурсандӣ дошта бошад, на як гурӯҳи алоҳида, ки сер асту пур ва рақсу бозиву базму тараб мефорадаш. Мақсади мо ин аст, ки то 5 сол ҳамин гузаронидани маъракаҳои пуршукӯҳ, ҳатто ҷашнгирии бодабдаба аз Наврӯз ҳам ва ҳама гуна озмунҳои ҷумҳуриявии "Парасту", "Андалеб" ва ғайра гузаронида нашаванд, яъне ба баргузории бокарру фарр ва бо ҳамҳамаву дамдамаи ҳама гуна ҷашнҳо моратория эълон карда шавад. Ва маблағҳои барои гузаронидани ин ҷашну маъракаҳо пешбинӣ шуда, ки дар панҷ сол то ба миллиард сомонӣ мерасанд, пурра ба соҳаи илму маъориф, рушди технологияи нав, пуштибонии олимону ихтироъкорони ҷавон ва бунёди неругоҳи "Роғун" масраф карда шаванд. Бе базму консерт ва мусиқиву маршировка ва бе оростани ҷашнҳои бодабдаба метавон даҳҳо сол зиндагӣ кард, вале ин миллат дигар тобу тавон, тоқату неруе надорад, ки ҳар зимистон бе барқу дар торикӣ бошад. Ва биёед ба давлат ва ба Раиси кишварамон кӯмак кунем ва аз эшон сарҷамъона бипурсем, ки бе базму мусиқӣ метавон зист, вале дар ин солу замон бе барқу рӯшноӣ зистан баробар бо мурдан аст. Аз ин рӯ хоҳиш доштем пешниҳоди дар боло овардаро Ҷаноби Олӣ қабул намоянд, то ҳарчӣ зудтар бо истифода аз маблағҳои бо ин роҳ захира кардаамон илми мо пешрафт кунад, олимони мо ҳам чизе боарзиш ва судманд ихтироъ бикунанд, "Роғун" ба зудии зуд алорағми ҳама душманону бадхоҳони миллати тоҷик бунёд гардад. Давр даври илму техника ва пешрафти нано- технология аст! Беҳуда нагуфтаанд, ки "замона агар бо ту насозад, ту бо замона бисоз" Ин андеша ҳам ёдгоре аз ҳамон бузургони гузаштаи мост. Агар аз замона сонияе қафо мондем, бояд бидонем, ки соле ақиб мондаем. Суруду рақс ҳам чизи хуб аст вале он вақте ба кас мефорад, ки табъи хушу болида дошта бошад, корҳо ҳама ороставу анҷом ёфта бошанд. Гурусна аз овози булбул безор аст. Мо бояд чашм во кунем, ки ҳамсояҳои дуру наздик ва давлатҳои дигари дунё чӣ пешрафту комёбиҳо доранд, сари чӣ имрӯз андешаву тафаккурашон банд аст.

ХАЛҚИ ХУРДРО ШАМШЕРИ БУЗУРГ БОЯД

Дунёи имрӯз дунёи калтакҷангу шопу шамшербозии дирӯз нест, ҳарчанд мо ҳамон шамшерро ҳам надорем, чуноне ки дирӯз ҳам надоштем. Ҳақ аст Расул Ғамзатов, ки дар "Доғистони ман" гуфтааст: "Халқи хурдро шамшери бузург мебояд" Агар тоҷик шамшер медошт, хоки Чингизро бо ғалбер мебехту ҳарду пойи Темурлангро аз зону бурида мепартофт. Ва ин амири қотили аз тоҷик калламанора сохта гӯри худро дар як саҳрои дури дашти Қипчоқ меёфт, на дар маркази тамаддуни тоҷикон- шаҳри Самарқанд! Ин сустиву мулоимии ниёгони мо буд, ки имрӯз бо вуҷуди истиқлол доштанамон барои гарму рӯшан кардани манзили хеш бо дидаи тараҳҳум ба сӯи набераҳои Темури курагонӣ, ки дар Самарқанду Бухоро, Шошу Фарғона, Хуқанду Тирмиз бо кару фар имрӯз фармонравоӣ доранд, мисли як бечораву дармондае менигарем. Агар сусту заъиф бошӣ, нирӯи тавонои ҳарбиат набошад, ҳар биёбониву кӯчиву почаканда эродат мегирад ва орзуи ғасби хокатро мекунад, вале агар тавонманду пешрафта бошӣ, аз он сӯи уқёнус табассуми сохта бар лаб ба салому алейкат меоянд. Ҳамин дағдағаи Исроил бар сари Фаластин аз рӯи силоҳи атомӣ сохтанаш ҳасту аз рӯи пуштибони зӯр доштанаш. Имрӯз мо на силоҳи атомӣ дорему на ёри зӯр. Як кишвари бузургро сад сол боз пуштибону шарики боэътимод мехонему раисаш дар хиттаи аҷдоди мо омада бар сарамон зӯргӯӣ дорад, ки "ҳушёр бошед, чизе, ки месозед бо ҳамсоякишварҳоятон маслиҳат кунед, ки аҳволатонро бад мекунам".

Ин раиси фаромӯшхотир шаш моҳ пештар дар Душанбе гуфта буд, ки модару хешони зиёди маро дар солҳои мудҳиш тоҷикон ҷой доданду як пора нони хешро пеши онҳо гузоштаанд. Ва модари тоҷик, ки замони на чандон дуре худ нахурду модари Медведевро хӯронд, худ бе хона монду дар кулбаи фақиронааш хешони Медведев ва ҳазорон ленинградии аз тарси ҷанг фирор кардаро ҷой дод, имрӯз аз шарофати меҳрубонӣ ва сиёсатҳои манфиатхоҳонаи бачаҳои имрӯзҳо зимоми қудрати давлати Русияро ба даст доштаи он модарони ленинградӣ, ҳазорон модари тоҷик ва тифлони онҳо дар сардиву торикӣ ва сахтӣ рӯз мебаранд. Вале модари мо замоне барои рӯшан кардани он манзиле, ки модари гурезаи ленинградӣ мезист, карасину пилтаи чароғ мекофту падарони аз дифоъи Маскаву Ленинград, Курску Сталинград ва дигар шаҳрҳои Русия нимтану нимҷону маҷрӯҳ баргаштаамон ҷиҳати гарм кардани хонаи гурезагони ҷанг ҳезум мекофтанд, то ин хоҳаракону бародарони калонии фирориашон хунук нахуранд ва дар рӯшанӣ бизиянд. Агар модари ҷаноби Медведев зинда бошад мехостем ягон касе ин сатрҳои навиштаи моро барояш бихонад, шояд ӯ писарашро бори дигар аз некиҳои дар ҳаққаш кардаи миллати тоҷик огаҳ месохт. Вале агар дар ҳаёт набошад, Худо ахираташро обод кунад бо ҳамин бачаи хуби зоидаву тарбиякардааш! Аҷаб миллати бахтбаргаштаем мо, ҳар беватану кӯчиву саҳронавардеро, ки дар хоки зархези хеш ҷой додем, дар андешаи ғасби мо шуд ва ҳар киро, ки шарик хондем, беаҳдӣ кард. Пас пуштибони дигар ва зӯре дигар бояд ёфт, ақаллан то зӯр шуданамон! Ин Амрикост, вагарна он ҳазорон яҳудиро дар 15 дақиқа размандагони "Ҳаммос" саркан мекунанд. Афғонистону Ироқро чӣ карданд?! Аз сабаби пеши зӯргӯёни дунё заъифу бечора буданашон дидед, ки ба чӣ аҳвол гирифторашон карданд. Хоки Ироқро ғасб карданду раиси ҷумҳурашро дар пеши ҳама мардуми дунё сари дор кашиданд.

УМРЕ МАДҲИЯСАРО БУДАЕМ

Мо чӣ доштему чӣ дорем?! Мо намедонем кай ва чӣ доштем, ҳаминашро медонем, ки шоирону олимонамон ҳам дар ҳамон даврони пеш, ки ифтихори зиёде имрӯз бо ному осорашон дорем, билкул дар хидмати бодиянишинони аҷнабиву ба салтанат расидаи турку манғит, салҷуқиву қарахонӣ, алпарслониву чағатоӣ ва барлосу батош буданд ва як китобе ҳам дар бораи бедор кардани эҳсоси худшиносӣ ва боло бурдани маърифату ҳувияти миллӣ эҷод накарданд,(албатта ин ҷо "Шоҳнома" истисност) то мардумро бар қиёми саросарӣ алайҳи аҷнабиён таҳрик бидиҳанд. Сарҳо хам навиштанд, эҷод карданд, як бор сар боло карда ба ҳоли мардум бо дидаи идрок нинигаристанд, андешае аз ҳоли халқ ва қавму миллати хеш накарданд. Ҳокимони аҷнабӣ ва фармонравоёни кӯчӣ ва саҳронавардони шаҳрнишин гардида бошанд чанд пайсаи сиёҳе бар домони эшон рехтанд ва малик - уш-шуъаро, ҳуҷҷат-ул-Ислом ва шайх- ул-уламову чанд унвони дигар ба номашон часпониданд ва бузургони моро сархушу бехуд карданд ва раҳгумашон занонданд. Дигар шоиру олими тоҷик дастнигар гардид ва дар асарҳояшон ҳокимони ғосибу одамхуру камсаводи аҷнабиро Шамсуддавлаву Ҳазрати Соҳибқирону Ҷаҳонгӯшо ном бурданд. Ва осори гаронмояи хешро ба номи аҷнабиёни қотили хеш бахшиданд, барои чор тангаи сиёҳ. Войи мо, ки ҳамеша мӯҳтоҷи ҳамин чор тангаи сиёҳ будаем! Имрӯз чӣ дорем?!..Ана, ин аст он суоле, ки дар кулл ҳамаи моро бояд ба андеша бубарад!

БО СУРУДХОНӢ УЗБАКИСТОН БАРҚ НАМЕДИҲАД

Дар ҳақиқат, имрӯз ихтироъи як пуфак болотар аст аз сад таронаи обшуставу бемаъние, ки аз тариқи родиёву телевизион садо медиҳад, муҳимтар аст аз "ана гул боғи ба боғ"- у "ман намерам очае" хондану шунидан. Истеҳсоли сӯзан ва ё шамъ ё гугирд ё вазелин дар коргоҳҳои ватанӣ афзалтар аст аз ҳама гуна "Суруди сол". Аз тамошои консерту кино ғайри вақти пурқимат масраф шудан, дигар муроде ҳосил намегардад. Ё бо шунидани сурудҳои бемаънӣ ва камазмуну дур аз эҳсоси милливу худшиносӣ магар шикам сер мешаваду тан пӯшида?! Ва аслан чӣ фойида аз пахши ҳамин гуна сурудҳо ва аз рекламаи санъаткороне, ки ба маънии он плефтаҳои хондаашон худ сарфаҳм намераванд ва болои ин каллаи бе ин ҳам гичу гаранги мардумро гарангтар месозанд. Оё беҳтар нест, ки ба ҷойи рекламаи эшон барномаҳои ҷолибу диданӣ аз кору пайкори роҳсозон ва бунёдкорони ниругоҳи "Роғун" таҳия бикунем. Имрӯз аз пахши мусиқӣ ва конкурси "Суруди сол" фойида нест. Ситора барои миллате, ки дар торикиву сардӣ нишастааст имрӯз зарур нест. Агар дар лаби рӯди Панҷ бинишинему бо тамоми овоз суруди "Дар хоки Ватан бошам"- ро бисароем ҳам ҳеч сарҳадшикане аз мо тарсида рӯ ба гурез намениҳад?!.. Ё ки агар як моҳ аз саҳар то бегоҳ дар сари марзи давлати ҳамсоя чорзону зада "Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ..." бихонему бигӯем Узбакистонро дилаш сӯхта барои мо барқ нахоҳад дод ва минаҳояшро безарар нахоҳад кард. Пас, муҳимтар чист ва чӣ бояд кард?! Муҳимтар илмро равнақ бахшидану шароит барои олимон фароҳам овардану онҳоро ба корҳо ва иқдомоти амалӣ раҳнамун сохтан аст, на гапфурӯшиву шеърхониву пахши рақсу тарона?! Шеъру суруд, таронаву достон, Шашмақому Фалаку эстрада, драмаву мазҳака ҳам муҳиманду зарур, вале пас аз бунёди "Роғун"...

ИДЕЯИ МИЛЛАТСОЗУ МУТТАҲИДКУНАНДА РӮ ЗАД

Агар нерӯманд набошему аз ҳар ҷиҳат дилпур, душмани мо дар камин аст ва тарс аз он дорем, ки бадхоҳони мо драма ё спектаклеро мисли чанд соле қабл боз дар саҳнаи хоки тоҷик ба намоиш нагузоранд ва ин марзи муқаддасро ба макони турктозӣ табдил бидиҳанд. Чуноне ки имрӯзҳо аз ҳар гӯшаи дуру наздик бародароне "бузург" ва шариконе стратегӣ ва касоне ҳам, ки андешаи таъсиси Туркистони бузургро дар қалбҳо ниҳон доранду хешро ҳокими мутлақи хоки Мовароуннаҳр дидан мехоҳанд, таҳдиду таъкиду зӯргӯиҳое ҳам ба сари раҳбарияти кишвари мо доранд. Мо бошем ба хотири эҷоди идеяи миллӣ ва миллатсоз, ба хотири таҳияву таъмини ваҳдати саросарӣ 24 соат дар як шабонарӯз машғули ифтихори ноҷову нозебо аз гузаштаи пурифтихори хеш ҳастем ва воқеъияти ҷаҳони имрӯзаро то ҷое сарфи назар кардаем. Бубинед идеяи ваҳдати миллӣ ва ғояи миллатсозу муттаҳидкунандаи тоҷику тоҷикистонӣ рӯ зад. Ҳамин бо сабабҳо ва ҳадафҳои сиёсӣ аз додани барқи харидаамон аз Туркманистон монеъ шудани давлати Узбакистон, ки он бояд тариқи қаламрави ин давлат интиқол ёбад беҳтарин идеяи муттаҳидкунандаи миллат аст. Тоҷик имрӯз тайёр аст, ки даҳ соли дигар бебарқ бошаду давлату кишвараш тинҷу дар амон бошад. Имрӯз лаҳзаи нанг аст ва мо тайёрем аз манофеъи миллии хеш ҷоннисорона пуштибонӣ намоем. Мо дигар ҳуқуқи маънавӣ ва инсониву тоҷикии дубора ба доми бадхоҳону бадғаразони дохиливу хориҷии миллатамон гирифтор шуданро надорем.

ЗОҲИРИ ДАВЛАТ ХИДМАТ КАРД

Акнун биёем боз сари мавзӯъи пешгузоштаи Зоҳири Давлат ва илму олимонамон. Сипоси беҳад ба ҷаноби Зоҳир, ки чанде аз уламои саршиноси миллати мусалмони моро бароямон "ихтироъ кард", вале агар дар ин радиф аз донишварони шинохтаи муъосирамон ҳам ёд мекарданд ва ному ихтироъ ва кашфиёту осори гаронмояи чанде аз эшонро зикр мекарданд, аҷаб як кори муфиде мебуд. Ва ин як хидмати дигари эшон мешуд барои ошноӣ пайдо кардани мо ноогаҳони пешрафтҳои илми муъосир ва бозёфтҳои олимонамон. Шояд баъдан ва дар мақолаи дигараш ҷаноби Зоҳир рӯ ба кашфиётҳо ва ихтирооти доштаи олимони муъосири мо биёрад. Мо инро аз эшон интизорем ва барои фаҳмидани ин масъала китоби зиёд ҷустану мутолиа кардан ҳам шарт нест, Донишгоҳи миллӣ, ки ҷаноби Зоҳир он ҷо мударрис ҳастанд, аз Академияи улум он қадар ҳам дур нест. Бовар дорам он ҷо барои Зоҳири Давлат ҳатман маълумоти лозимаро пешниҳод хоҳанд кард. Охир ин ҳеч мумкин нест, ки олиму академики зиёд дошта бошему дар шароити пешрафти илму технология ҳаёт ба сар бубарему ҳади ақал даҳ олими варзида ва кашшофу ихтироъкори камназир мисли Хаёму Розӣ, Синову Берунӣ ва ё назарияпардози шинохтае чун Абӯҳомиди Ғаззолӣ надошта бошем. Бояд бошад, хоҳиши мо ҳам аз ҷаноби Зоҳири Давлат ҳамин аст, ки сар аз қаъри таърих бардорад ва илму олимони муъосирро барои миллат муаррифӣ намояд. Мо аминем, ки миёни уламои тоҷик донишмандони камназир, нухбагони илму техника ва шахсиятҳои дорои кашфиёти бузург ҳастанд ва мо бояд номи онҳоро ҳатман бидонем. Шояд иддае сохтани навъи нави пахтаро ҳам ихтироот ҳисобанд. Ва ё помидореро бо бодиринг дурага карда онро ихтироъ ном бубаранд. Ин ихтироъот шояд барои асрҳои 9 ва 10 кашфиёти муҳим ҳисоб мешуданд, вале имрӯз асри кашфи кайҳон аст. Шояд олими дурагакунадаи ҳайвонот ва ё пайвандгари ниҳоле аз кашфиёти хеш ифтихор кунад, ҳалолаш бод. Вале ин ҳама бозёфтҳои камарзиш бойиси ифтихори баланд дар замони муъосир нест! Ихтироъ намудҳои нави ҳавопаймо аст, мошину компутару рокету танк аст, на навъҳои нави пахтаву дутору таблаку испор!...

"Ошноӣ бо донишмандони маъруфи мусалмон ва муаррифии онҳо масъулияти ҳар фарди худшинос дар роҳи боло бурдани маърифати динии аҳли кишвар пас аз сиёсати фарҳангситезии Шӯравӣ мебошад",-овардааст дар ҷамъбасти навиштаҳояш Зоҳири Давлат. Бори дигар арзи сипос мекунем ба муаллиф барои он мақолаи арзишмандаш!

Мо аз иншои ин мақола муроде ба ҷуз аз дидани пешрафтҳои Ватани азизамон надорем ва орзуи неку ширине ҳам дорем, ки аз миёни олимони бешуморе, ки мо дорем кашшофу ихтироъкору номвару номбардорони ҳақиқӣ ва воқеъии миллат зуҳур бикунанд. Нашри осори гаронмояи гузаштагони номвари мо хидмате барои миллат ҳам агар бошад он қабл аз ҳама вазифа ва масъулияти пажӯҳишгоҳҳо ва ниҳодҳои марбута аст. Агар аз ҷониби олимону пажӯҳишгарон ва муҳаққиқони бешумори кишвари мо як асари арзишманде чун "Таърихи Табарӣ", "Осор- ул- боқия", "Бӯстон", "Маснавии Маънавӣ", "Китоб- уш- Шифо" ва "Наводир- ул- вақоеъ" таълиф мешуд, мо дигар гап надоштем ва ҳама умр дуъои ҷони олимони хешро мекардем. Ва хоҳиш дорем моро бадбини илму олим нахонед ва ба ҳангомабарангезӣ муттаҳам насозед. Мақоми олим ва дараҷаи ӯ хеле баланд аст. Мо инро хуб медонем ва ба олими ҳақиқӣ эҳтироми бузург қойил ҳастем. Ҳатто паёмбари акрам(с) дар ҳадисе гуфтаанд: «Олимони уммати ман баробар бо паёмбарони бани Исроиланд». Чӣ баҳои бузурге! Ва агар мо донистан бихоҳем, ки воқеъан олимони мо ба ҳамин фармудаи Ҳазрати паёмбар(с) сазоворанд, оё ин бадбинӣ нисбати илм ва олими тоҷик аст? Мо рӯзноманигор ҳастем ва агар ҳар кас бихоҳад бидонад, ки чӣ навиштае дорем ва чӣ кореро барои миллату мардуми хеш анҷом додаем, бояд мо биранҷем ва пурсидагонро ба ҳангомабарангезӣ ва бадбинии журналистика ва кормандони матбуот гунаҳкор бисозем?! Ва дар анҷом зикри ин нуктаро ҷойиз медонем, ки бигӯем:

Ягона неъмати Худододе, ки месазад имрӯз бо он ифтихор дошт ин мавҷудияти кишвари озоду давлати соҳибистиқлоли мост. Ин неъмат беҳтарин ихтироъи мардони номвару огаҳу муборизи миллати мо дар тайи ҳазор соли ахир аст, ки ҳар тоҷик имрӯз метавонад бо доштани давлати озоду соҳибистиқлолаш - Тоҷикистон дар ҳар гӯшаи олам, ки бошад сарфарозона ифтихор бикунад! Боқӣ ҳеҷ!



Неъматуллоҳи Нуруллоҳ,
Толибшоҳи САЙИДЗОДА
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97