МУТАХАССИСОНИ МАҲАЛЛИИ "КОРНОШОЯМ"
Масъалаи ба кор қабул кардани мутахассисони тоҷик дар иншоотҳои навбунёди Тоҷикистон - аз қабили сохтмонҳои роҳҳо, меҳмонхонаҳои андситорадор, созмонҳои хориҷие, ки ба унвони тоҷик аз сармоягузорони хориҷӣ маблағ гирифта, вале мутахассиси маҳаллиро ба кор намегиранд, (қаблан ҳам нашрияи "Миллат" дар мавриди ҷалб нашудани мутахассисони ватанӣ дар ин иншоот ишора карда буд(!)) ҳамеша масъалаи мубрам ба шумор мерафт.
Вале имрӯз дар шароити бӯҳрони фарогири молиявӣ масъалаи мазкур ба масъалаи умдаи ҳаёти афроди ҷомеаи кишвар табдил ёфтааст. Зеро имрӯз мардуми зиёди Тоҷикистон дар натиҷаи бӯҳрони молиявӣ ва ихтисор шудани ҷойҳои корӣ аз Русия ба Тоҷикистон бармегарданд ва дар ватан ҷойи кор пайдо накарда, сафи бекоронро меафзоянд.
ТОҶИК-ХИДМАТГОР
Дар пойтахтамон - шаҳри Душанбе имрӯз аллакай даҳҳо иншоотҳои нав бунёд гашта, ҳамаи онҳо табиист, ки баъди ба истифода дода шудан ба қувваи корӣ ниёз пайдо мекунанд. Иддаи зиёди аҳолии бекор ҳам ба чунин иншоотҳо бо чашми умедворӣ менигаранд, гумон доранд дар иншоотҳои нав ҷойи кори шоиста пайдо менамоянд. Бо умед ба чунин корхонаҳо муроҷиат менамоянд.
Аллакай сохтмони баъзе аз иншооти меҳмонхонаҳо дар шаҳри Душанбе анҷом ёфта, ба он ходимони нав ба кор қабул карда мешаванд. Вале, тавре аз усули ба кор қабул кардан дида мешавад, гӯё дар Тоҷикистон мутахассиси соҳаи меҳмонхонадорӣ мавҷуд набошад, барои меҳмонхонаи навбунёди "Ҳаят" дар маҳаллаи Қарияи Болои пойтахт ба вазифаҳои маъмурӣ, яъне роҳбарикунанда - танҳо мутахассисони хориҷӣ, ё камаш мутахассисони ғайримаҳаллиро ба кор мепазиранд. Барои корҳои дуюму сеюму чорумдараҷаи меҳмонхона бошад, мутахассисони маҳаллиро ба кор мегиранд.
Тавре аз андешаи баъзе аз мутахассисон бармеояд, гӯё дар соҳаи меҳмонхонадорӣ мардуми маҳаллии Тоҷикистон (тоҷик хонда шавад- таъкид аз муаллиф), дар соҳаи мазкур ҳунару таҷриба надоштаанд. Аз ин рӯ ба кор ҳатман мутахассиси хориҷӣ қабул шуда, маъмури ҳар як ошёнаи меҳмонхона мешаванд ва мардуми маҳаллиро ба ҳайси хизматгор бояд кор фармоянд.
Дар замони шӯравӣ ҳам ба соҳаҳои стратегӣ - амсоли ҳавопаймоӣ, соҳаҳои нируи ҳастаӣ ва ғайра мутахассисони маҳаллиро ба кор қабул намекарданд. Имрӯз бошад моро дар ватани худ ҳатто ба корҳои хизматрасонӣ ҳам ба кор намепазиранд; пешхизмати меҳмонхонаро, ҳарчанд он ба таври нав бизнеси меҳмонхонадорӣ номида шавад ҳам, вале ба ҷуз хизматгорӣ чизи дигар нест.
АВВАЛ ХЕШ, БАЪД ДАРВЕШ
Соли 2002 дар як сӯҳбати "мизи мудаввар" дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ширкат доштам. Дар сӯҳбати мазкур дар мавриди шартҳои созмон додани корхона, ташкилоту муассисаҳои нави хориҷӣ дар қаламрави Қазоқистон баҳси доманадор барпо гашт. Дар мизи мудаввар, тавре аз сӯҳбати яке аз вакилони парлумони Қазоқистон фаҳмидам, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ дар қаламрави Қазоқистон ба шарте корхона таъсис дода метавонанд, ки агар онҳо вақти дар вазорати адлия сабти ном кардани корхонаи ояндаашон дар ҳуҷҷати таъсисотӣ миқдори ҷойҳои кори минбаъд барои аҳолии маҳаллӣ таъсисдодаашонро нишон дода бошанд. Масалан, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон, ширкати хориҷӣ ба шарте дар ҳудуди Қазоқистон корхона таъсис дода метавонад, ки агар дар ҳуҷҷатҳои муассисиаш нишон дода бошад, ки барои мутахассисони маҳаллӣ 80 фоизи ҷойҳои кории ояндаи ташкилкардаашро медиҳад.
Барои чӣ қонунгузорони қазоқ чунин меъёр муқаррар кардаанд? Барои ба саволи мазкур посух гуфтан ҳатман мутахассиси кордони соҳаи иқтисод ё молия будан шарт нест. Қазоқҳо ҳангоми аз ҷониби хориҷиён дар қаламрави кишварашон таъсис додани корхона пеш аз ҳама манфиатҳои мардуми маҳаллии худашонро ба эътибор гирифтаанд. Зеро онҳо ба хубӣ дарк кардаанд, ки агар аз 100 нафар коргар 80 нафараш намояндаи мардуми маҳаллӣ бошад, аввалан, маоше, ки онҳо барои заҳматашон мегиранд, дар дохили кишвар боқӣ мемонад. Сипас, бо ҳамин восита сатҳи зиндагии як ҳиссаи муайяни аҳолии кишвар беҳтар карда мешавад.
ХӮҶАИНҲОИ ҚИММАТБАҲОИ ХОРИҶӢ
Таҷрибаи таъсисдиҳии корхонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон дар амал чӣ гуна аст? Оё дар Тоҷикистон манфиатҳои мутахсассисони маҳаллӣ ё манфиатҳои миллӣ ба эътибор гирифта мешаванд?
Тавре аз таҷрибаи корхонаҳои хориҷии қаламрави Тоҷикистон дида мешавад, онҳо дар масъалаи ба кор қабул кардани мардуми маҳаллӣ соҳибихтиёр мебошанд ва дилашон хоҳад сокинони Тоҷикистонро ба кор мегиранд, агар нахоҳанд ба кор намегиранд. Зеро кор фармудани мутахассиси хориҷӣ пеш аз ҳама ба манфиати худи онҳост. Дар ин ҳолат масъалаи тарбия кардани ходимони нав ба миён намеояд. Вале агар аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ нафаронеро ба кор гиранд, маҷбур мешаванд барои омӯзонданашон маблағу вақти иловагӣ харҷ намоянд.
Масъулони тоҷик на танҳо дар бораи манфиатҳои коргарон, инчунин дар бораи манфиатҳои миллӣ кам андеша мекунанд. Агар чунин намебуд дар аксари лоиҳаҳои ба воситаи маблағгузориҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба унвони кишвари мо татбиқшаванда қисмати аъзами кормандонро шаҳрвандони хориҷӣ ё мушовирони қимматбаҳои хориҷӣ ташкил намедоданд ва пеши худсариҳои корхонаю ташкилотҳои хориҷиро мегирифтанд.
Агар дар иншоотҳои бунёдшаванда мардуми маҳаллиро ба кор мегирифтанд, табиист, ки сатҳи даромади як қисми аҳолии кишвар аз ҳамин ҳисоб баланд шуда, шумораи бекорон ҳам аз ҳамин ҳисоб кам мегашт. Илова бар ин, мардум дар ҷойҳои кори нав касбҳои навро аз бар карда, минбаъд худашон метавонанд мустақилона фаъолият кунанд.