Тӯраҷонзода муқобили салафия ё донишгоҳҳои исломӣ?!

Фарҳанг ва адаб 18.08.2008 17:51

"Шумо кадом донишгоҳи Покистонро хатм кардаед?" рӯзи панҷшанбеи гузашта яке аз ҳамкоронам аз ман суол намуд ва ман дар ҷавоб гуфтам, ки Донишгоҳи Байналмилалии Исломии Исломободро. Ӯ ба ман нигоҳи мармузе карда гуфт: "значит ту салафӣ ҳастӣ?" ман ба вай фаҳмондам, ки ҳеч рабте байни салафият ва Донишгоҳи Байналмилалии Исломии Исломобод вуҷуд надорад.

Мутаассифона беш аз як ҳафта аст, ки баъди мусоҳибаи устоди мӯҳтарам Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода бо рӯзноманигори ҳафтавори русзабони "Азия плюс" тасаввури салафӣ будани фориғтаҳсилони бархе аз донишгоҳҳои исломӣ ба шумули донишгоҳи Исломобод, дар зеҳни бисёриҳо нақш бастааст.

Имрӯзҳо дар рӯзномаҳои ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳо перомуни "Салафият" ва "Салафиҳо" (ба маъное, ки имрӯз истифода мешавад, на ба маънои луғавии он) идома дорад. Яке онҳоро "хатарнок"-у "фитнаангез" ва дигаре "ҷосус" мехонад. Аммо мақсади банда аз навиштани ин сатрҳо на ин асту на он ва на чун баъзеҳо гуфтани фасли қавл ва қазоват дар ин мавзӯъ ҳаст.

Бисёриҳо роҷеъ ба "салафият" бидуни дарки моҳияти мавзӯъ ба таври нусхабардорӣ саҳифаҳои рӯзномаҳоро пур кардаанд. Ин гуна ашхос гарчанде "мухлисона" мақолаҳо таҳрир намудаанд, вале ҷои таассуф аст, ки на ҳамаи онҳо коршиноси масоили дин ҳастанду таҳсилкардаи донишгоҳҳои исломӣ.

Аммо дар байни ин мақоланависҳо афроде низ вуҷуд доранд, ки бо донишу хирад дар байни мардум соҳиби эҳтироманду ҷойгоҳи хосеро ишғол намудаанд. Аз ҷумлаи ин гуна ашхос устоди мӯҳтарам Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода мебошанд, ки пештози ин майдони баҳси салафият мебошанд, ва бо дониши васеъ, боварии комил ва ҷасорат оид ба ин мавзӯъ ҳарф мезананд.

Бо ҳама эҳтироме, ки банда нисбати эшон дорам, ахиран мусоҳибаи ӯ бо рӯзноманигори "Азия плюс", ки ҳайратангез буд, маро водор намуд, то қалам ба даст гираму ин сатрҳоро иншо намоям.

Устод дар мусоҳибаашон фармудаанд, ки пешвоёни салафиҳо таҳсилкардаи донишгоҳҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла донишгоҳи ба номи Файсали Исломободи Покистон мебошанд.

Чанд нуқта дар ин ҷо қобили зикр аст:

1.Аввалан ин, ки ин донишгоҳ на бо номи Файсал, балки номи пурра ва дурусти он Донишгоҳи Байналмилали Исломии Исломобод (ДБИИ) мебошад. Файсал номи масҷиде, ки дар ҷавори ин донишгоҳ (дар бинои қадимаи он) ҳаст, мебошад.

2.Донишгоҳи Байналмиллалии Исломии Исломобод яке аз нодиртарин донишгоҳҳои исломии муосир дар ҷаҳон мебошад, ки ба донишҷӯён фаҳми дурусти Исломро таълим дода, забонҳои арабиву англисиро ҳамчун забонҳои расмии донишгоҳ ба шогирдон меомӯзонад ва дар ин донишгоҳ аз 74 кишвари исломиву ғайри исломӣ донишҷӯёни зиёде таҳсил мекунанд. ДБИИ дар баробари риштаҳои улуми исломӣ ва қонуни байналмилалӣ риштаҳои забонҳои англисиву арабӣ, форсӣ, улуми компютер, идора ва улуми иҷтимоиву сиёсӣ то дараҷаҳои аспирантураву докторантураро дар худ дорад ва солона садҳо донишҷӯ аз ин донишгоҳ фориғуттаҳсил мешаванд.

3.Устоди мӯҳтарам хубтар мешуд дар ин хусус, ки пешвоёни салафиҳо хатмкардаи ин донишгоҳанд, маълумоти дурусттаре пайдо мекардед ва воқеъияти ҳолро мегуфтед.

4.Он Муҳаммад ё Муҳаммадӣ, ки имрӯз ба қавле сарвари салафиҳои Тоҷикистон мебошад, дуруст аст, ки дар ин донишгоҳ таҳсил кардааст, вале ҳам худи Шумо ва ҳам касоне ки ӯро хуб мешиносанд, медонанд, ки номбурда ҳангоми таҳсил дар ДБИИ ҳаргиз салафӣ набуд ва нишонае аз салафият то тамом кардан ва ба Тоҷикистон баргаштанаш надошт ва гуфтаҳои маро метавонанд ҳама донишҷӯёни тоҷике, ки дар он донишгоҳ таҳсил намудаанд ва Муҳаммадиро мешиносанд, тасдиқ намоянд. Аммо мутаассифона он ҳарфи носанҷидаи Шумо сабаб шуд, ки ба тамоми хатмкардагони ин донишгоҳ мӯҳри салафият зада шавад, дар ҳоле ки мо ҳеч рабте бо салафиҳо надорем.

5. Ин беҳтар мебуд, ки аз бастагон ва муридонатон, ки бисёре аз онҳо ин донишгоҳро хатм намудаанд, мепурсидед, ки оё онҳо ҳам салафӣ шудаанд ва воқеан ин донишгоҳ салафиятро таълим медиҳад? Ё хубтар мебуд, ки аз дӯсти деринаатон, раиси пешинаи ин донишгоҳ устод Маҳмуд Аҳмад Ғозӣ суол мекардед, ки то кадом дараҷа ин донишгоҳ таблиғгари салафият аст?

6.Магар худи Шумо узви ҳайати уманои ин Донишгоҳ нестед? Магар ҳар панҷ сол як бор барои интихоби раиси он расман даъват намешавед? Бо ҳама инҳо боз муҳри салафият ба ДБИИ мезанед?

Ин сатрҳоро банда барои ёдрас кардан ин ҷо зикр намудаам (фазаккир фаинназикро танфаъул мӯъминин) ва на бо ғаразҳои дигаре ва гуфтаниам, ки ҳар суханро санҷида бояд гуфт. Шумо дар ин рӯзҳо алайҳи салафиҳо ҷанги матбуотӣ эълон намудаед ва пешвоёнашро хатмкардаи донишгоҳи исломии Исломобод ном бурдаед, метарсам, ки ин изҳороти Шумо паёмадҳои на он қадар хубе барои дигар хатмкунандагони ин донишгоҳ дошта бошанд.

Устоди мӯҳтарам, ман ба илму дониши шумо ва хирадмандиву сиёсатмадории шумо эҳтиром қоилам ва ҳаққи насиҳат кардан ҳам надорам, лекин чуноне, ки дар ҳадиси муборак омадааст; "дин насиҳат аст" ба шумо гуфтаниам, ки устоди мӯҳтарам шуморо новобаста аз хоҳиши худатон як бор ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд ва бояд эҳтиёт бошед, то бори дигар худои нохоста дар чунин фитнаҳо гирифтор нагардед. Дар баъзе аҳён хомушӣ авлотар аст.

Дигар гуфтаниам, ки ин салафиҳо ё ҷараёни салафият дар Тоҷикистон вуҷуд надошт, вале мувофиқи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ теъдоди онҳо аз 20 ҳазор гузаштаасту пайравонаш умдатан ҷавонон мебошанд. Пас дар ин ҷо нуқтаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки ин ҷавонон тоҷиканду дар ҷомеаи имрӯзаи мо зиндагӣ доранд ва аз ин лиҳоз бархурди тунд алайҳи онҳо роҳи ҳалли мушкилот намебошад, чунки ин як падидаи нави иҷтимоии ҷомеаи имрӯзаи мо гаштааст. Беҳтар он аст, ки шумо ва мисли шумо донишмандони ҷомеашинос як роҳи дурусти бархурд бо ин ҷараёнро таҳлил намуда ва ба ҳамагон пешниҳод намоед. Беҳтар аст, шамъ барафрӯзем аз он, ки аз торикии шаб номед.


Мустафои Раҳматшоҳ
хатмкардаи факултаи сиёсат ва равобити байналимлалии ДБИИ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97