Банда яке аз хонандагони доимии ҳафтаномаи "Миллат" мебошам ва ҳар як шумораи онро бесаброна интизорӣ мекашам. Шукри истиқлол ва фазои озоди кишварро менамоем, ки барои мо имконият фароҳам овард то, каме ҳам бошад, тавонем андешаҳои худро изҳор намоем. Дар садаи 21 ҳафтаномаи "Миллат" аз нахустинҳо шуда, равзанаи изҳори андешаҳоро боз кард. Ҳар варақи он моломол аз афкори ватанхоҳӣ, фарҳангдӯстӣ, ва минбари озоди андешаҳои гуногун мебошад.
Наздик ба як соли комил мешавад, ки сафҳаи наве бо номи "Миллат ва Ислом"-ро ташкил намудед, ки бо матолиби муҳими маорифи динӣ ташнагони маърифати ноби исломиро сероб мекунанд. Ба таври маълум, аксарияти мутлақи аҳолии кишварро мусулмонон ташкил медиҳанд. Яке аз камбудиҳои ҷомеаи мо камогоҳии динӣ ҳаст. Аз ҳамин рӯ ҳар сухани баҷое, ки имрӯз дар боби фарҳанги исломӣ гуфтаву навиштаву нашр мешавад, қобили қабули ҷомеа мебошад ва кушудани чунин сафҳа барои мардуми тоҷик иқдоми нек ва хайре буд. Баъд аз нобасомониҳо дар кишвар аксари нашрияҳо аз рӯйи сафҳа овардани андешаҳои исломӣ худдорӣ меварзиданд. Танҳо ҳафтаномаи "Наҷот" каму беш менавишту халос, ки он талаботи мардуми мусулмонро қонеъ кардан наметавонист. Ҳафтаномаи "Миллат" бошад, нахустин нашрияи ғайриҳизбист, ки дар ин роҳи хайр бо устуворӣ ва ба таври пайваста дар ин ҷодаи сахт гом ниҳод. Месазад сафҳаи "Миллат ва Ислом"-ро пешоҳанги нашриҳои ғайиҳизбии фарҳангӣ - динӣ бигӯем. Зеро нашрияҳое чун "Рисолат" ва "Асолат" бо муҳтавои динӣ тақрибан ним сол баъд аз шурӯъи сафҳаи "Миллат ва Ислом" зуҳур карданд. Ман, ки як хонандаи хайрхоҳи шумоям, мехоҳам андеша ва дархостҳоямро перомуни ин саҳифаи муборак иброз намоям. Сараввал барои ҳамаи кормандони ҳафтанома ва бахусус он рӯзноманигороне, ки дар ин амали хайр саъйу талош доштаанд, аз даргоҳи Худованди зулҷалол баракат ва некӯиро талаб дорам. Зеро ҳар мақола ва навиштаҳои онҳо саршор аз каломи поки Худо, аҳодиси Расули акрам (с) ва дар маҷмӯъ дорои мазмунҳои рӯҳонии исломӣ ҳастанд. Бахусус мақолаҳои бародарони муҳтарам Саъдии Юсуфӣ, Зоҳири Давлат ва Кароматуллоҳи Бадриддин, ки беш аз дигарон ба хонандагон мерасанд, басо дилчаспу рангин мебошанд. Минҷумла, мақолаҳое дар бораи солшумории ҳиҷрӣ, ҳаёти донишмандони мусумон, оид ба идҳои исломӣ ва монанди инҳо воқеан бамавқеъ ва хонданӣ буданд ва муаллифонашон шоистаи таҳсину офаринанд.
Дар интиҳо якчанд пешниҳодоти банда ва як гурӯҳ ҳаводорони рӯзномаро, ки шояд ба нафъи ҷомеаи навбунёди мо бошад, мехоҳам ба шумо бирасонам.
Сараввал мехостем, ки дар ин саҳифа сӯҳбатҳо бо бузургони дин, дар боби масоили мухталифи шаръӣ бештар ба нашр бирасанд. Зеро ба истиснои якчанд мусоҳиба, ки бо раиси шӯрои уламои Тоҷикистон Амон Неъматзода, Эшони Қиёмуддин, Ҳоҷӣ Мирзо ва М. Кабирӣ анҷом шуда буд, дигар мусоҳибаҳои муҳим кам ба нашр расидаанд.
Агар имкон бошад, тақвими ҳафтаинаи вақтҳои намозро нашр намоед, чунки набудани тақвими намоз дар масҷидҳо боиси ихтилоф гаштааст. Мардуми одӣ низ наметавонанд вақти аниқи намозро муайян намоянд.
Бисёр мехостем, ки агар имкон бошад, як ё якчанд саҳифа бо хати ноби бобогӣ (форсӣ, арабӣ) рӯи чоп биёред. Ин боз як амали хайре хоҳад буд барои пешбурди фарҳангии Ватанамон ва аҷри бузурге барои кормандони рӯзнома. Ҳафтанома, ки номи "Миллат"-ро ба худ касб кардааст, бояд бикӯшад, ки боз бештар сазовори эҳтироми миллат бошад.
Бо дуои нек ва умеди комёбиҳо дар ояндаи кор.
Абӯабдуллоҳ Аъзамшоҳи ФАқИР