ҲАШАР!ё ҳукумат дар муқобили як артиши бузург бо номи Муҳоҷир чӣ бояд кунад?

Иҷтимоъ 12.01.2009 14:02

МАСЪАЛАИ АРТИШИ САРОЗЕРИ МУҲОҶИРОН

Пас аз он ки нахуствазири Русия В. Путин дар мавриди 50 дар сад коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвараш хабар дод, сару садо дар атрофи бозгашти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ба таври ғайрирасмӣ 1 миллион нафар дониста мешаванд, баланд шуд. Ба хусус гурӯҳҳои кӯчаки мухолифи давлати Тоҷикистон ин масъаларо бар сари забон оварда, аз эҳтимоли сарозер шудани артиши бузурги нируи корӣ ба Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд.

Вале оё воқеан бозгашти ҳамватанони мардикори мо барои Тоҷикистон дарди сар эҷод мекунад? Магар роҳи ҷилавгирӣ аз бӯҳрони эҳтимолӣ вуҷуд надорад? Стратегҳои давлати Тоҷикистон ва мушовирини мӯҳтарами Раиси ҷумҳур ба чӣ андешаанд?

МАРДОНИ КОРИ ВАТАН

Ба андешаи ин ҷониб мумкин аст, ки ин артиши бузурги мардони кор барои бунёди иншооти ватанӣ ҷалб шаванд. Ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри ХХ бо истифода аз нируи кори дохилӣ садҳо каналу роҳҳо бунёд шуданд ва истифодаи нируи кори дохилӣ барои корҳои бунёдкорӣ имрӯз дар шароите, ки ватан гомҳои аввалияи худро дар шароити истиқлол мегузорад, амри воҷиб ва кори пурсавобест.

Фикр мекунем, ки он ҷавонмардони ватан, ки солҳо боз бо маоши ночиз дар кишвари бегона дар ободсозии садҳо бинову иншоот ва хиёбони шаҳру навоҳии он саҳим будаанд, боке намедонанд, ки бо маоши андаке дар бунёд ва ободии ватан ширкат биварзанд. Инро барои он мегӯем, ки ҳатман муҳоҷирони корӣ, ки тӯли солҳо дар Русия мардикорӣ кардаанд, захираи андаке ҳам барои рӯз гузаронидан доранд ва бо такя бар он метавонанд барои муддате дар ватан машғулият дошта бошанд. Масалан, дар бунёди ниругоҳи Роғун метавонанд ин муҳоҷирон, ки дар миёнашон мутахассисони варзида низ ҳаст саҳим бошанд ва бар ивази корашон саҳмия ба номашон сабт шавад. Дар роҳи Кӯлоб-Зиғар- Қалъаихумб шоҳиди роҳсозии ширкати иронӣ шудам, ки дар муқоиса бо ширкати ҳамтои туркии худ техникаи пуриқтидор ва мудерн надоштанд, ва ҳам хеле аз ронандагони роҳгузари ин роҳ аз он шиква доштанд, ки сохтмони ин мавзеъи роҳ тӯл мекашад. Мутахассиси роҳсоз нестам, аммо аз онҳое, ки дар ин маврид соҳибназар ҳастанд суол кардам, ки тарконидани ҳамин кӯҳ дар замони муосир ҳам барои мутахассисини тоҷик магар "ихтироъи кайҳон" аст ва чаро мо аз башарият, ки роҳ бо моҳро кашф кардааст, ба ин андоза ақиб мондаем, ки ҳатто роҳи маъмулиро, ки замоне падарони мо бо тешаву зоғнӯл онро сохтаанд, худамон наметавонем бисозем. Аксарият бар он назар ҳастанд, ки мутахассисини тоҷик метавонанд ҳамин роҳро бо дастони худ бисозанд, аммо ин ширкатҳо аз техникаи ҳозиразамон чизе дар ихтиёр надоранд. Бо таҳайюр суол кардам, магар ҳамин техникаеро, ки алъон ирониҳо ин ҷо кор мефармоянд, мо наметавонем харидорӣ кунем ва барандаи тендерҳо бошем? Гуфтанд: Ин ҳам кори осон аст, аммо боз сармоягузорони хориҷии роҳ ба ширкатҳои роҳсозии тоҷик эътимод надоранд, аз ин рӯ ширкатҳои хориҷӣ барандаи ин тарҳҳо мешаванд.

ГУМ КАРДАНИ ЭЪТИМОД БА ХУД

Аз сӯҳбатҳое мо мешунавем, ки мегӯянд, ин сохтмонро хориҷиён сохтаанд ва агар тоҷик онро месохт ҳатман нисфе аз масолеҳи сохтмониаш аз ҷумла сементаш дуздида мешуд. Агар чунин нест, чаро арзиши хонаҳое, ки ширкатҳои хориҷӣ месозанд чанд дарсад бештар аз баҳои хонаҳое ҳастанд, ки тоҷикон месозанд. Бояд иқрор шуд, ки воқеан эътимод ба мутахассисони маҳаллӣ хеле коста аст ва ҳатто мо тарбияти кӯдаконамонро бештар ба дояҳои рус бовар мекунем, то ба як дояи маҳаллӣ. Вале оё боре аз худ ин суолро кардаед, ки чаро чунин аст. Вақте аз ашхоси талабгор ин суолро мекунед, ҳатман посух хоҳанд дод, ки русҳо бовиҷдон ва ҳалолкортар ҳастанд. Пас чаро мо виҷдон ва ҳалолкориро, ки ҷузъе аз имони ҳар мусулмон аст, гум кардаем? Як дӯстамон ба бинои баландошёнае, ки коргоҳамон иҷора гирифта буд, ташриф оварду аз ошёнаи ҳафт ба зер нигариста суол кард, ҳеч гоҳе ба ҳангоми заминҷунбиш ин ҷо будаед?! Бо ҳарос аз ин дӯст, ки муҳандиси сохтмон буд, суол кардем, чӣ хабар аст, моро натарсон?! Бо мушташ деворро тап-тап заду ба таври пурасрор зери лаб "ҳич гап не" гуфту сӯҳбатро дар атрофи меъёрҳои стандарти ҷаҳонии сохтмон шурӯъ кард. Аз он рӯз ба баъд тарки он иҷорагоҳ кардему ба бинои аз шӯравӣ бозмондаи харобу валангор бозгаштем. Ин аст, ки эътимод ба нируи кори дохилӣ дар ҳоли бештар коҳиш ёфтан аст. Аммо дастони гулкори муҳоҷирони ҳамватани мо дар Русия садҳо биноҳои сарбарфалакро бунёд кардаанд ва кори меҳнаткашони тоҷик бештар дар Русия харидор дорад, то кори мардони кори дигар кишварҳо. Бо вуҷуди ин мо мебинем, ки даҳҳо мардикори чинӣ имрӯз дар ватани мо ҷойҳои кориро банд кардаанду мардони кори кишвар гарданкаҷи мулки ғурбатанд. Дар ин росто то ҷое ки имкон аст мо бояд аз нируи кори дохилӣ дар сохтмонҳо, аз қабили бунёди манзил, меҳмонхонасозӣ, роҳу ниругоҳсозӣ ва ҳоказо бештар истифода намоем. Қабл аз ҳама мо бояд шуурамонро аз зеҳнияти бозмонда аз замони шӯравӣ, ки моли давлатро дар аксар маврид медуздиданд, тоза бинмоем ва бештар ба ҳалолкориву инсоф такя бизанем, то битавонем ҳам ватанамонро обод созем ва ҳам ботинамонро пок созем то бо боимониву боинсофӣ ном барорем. Ва то Худо ҳам накунад, ки фарзандон зери овори сохтмонҳои нимдуздида бимонанд. Инро барои он гуфтам, ки то "нохуш нагӯйӣ, хуш наояд".

НАСЛИ РАҲГУМИ ВАТАН

Ва боз ҳам дар бораи тарбияти мутахассисони ватанӣ, дар як баҳси дӯстона ҳамсари гиромиам аз он нигаронӣ кард, ки мо имрӯз як насли раҳгумро, ки намедонад аз чӣ адабиёте кор бигирад, дар пеши рӯ дорем ва ин насли ояндаи мост. Аз ҷумлаи ҳамин мардикорони "кару гунг" ё ба қавле гӯл, ки мактаби миёнаро хатм кардаву нокарда савори ҳавопаймо мешаванд ва таваккалан ба шаҳри ғурбат фурӯд меояд. Воқеан ҷойи нигаронӣ аст, ки мактаби имрӯзии мо ба сӯйи ҳеч куҷо роҳ мепаймояд ва ҳар сол тӯдаи ҷавонони бесавод ва "безабон"-ро тарбият мекунад, ки ин насл ҷуз ҳавои "аробакашӣ" дар бозори "Черкиз"-и Русия барномаи дигареро дар зеҳнашон надоранд. Аммо роҳнамоии ин насл қабл аз ҳама вазифаи стратегҳои давлати Тоҷикистон аст, ки курсиҳоро дар ин мақом банд кардаанд. Ва билохира бо мувоҷеҳ шудан ба бӯҳрони муҳоҷирони корӣ ин стратегҳои давлат бояд ба хулосае бирасанд, ки агар дар ҷустуҷӯи роҳи ҳал нотавонанд, бояд курсиро барои нафарони тавонманд ва бодониш холӣ бигузоранд.

Вагарна воқеан тундбоди бӯҳрон дер не, ки зуд ба ин ҷо ҳам мерасад.

НУР ДАР ЗУЛМОТ

Ҳамин маврид аст, ки ба хотири роҳбаладони сиёсати кадрии ватан мушкилосонкункасон мерасад ва ин мушкилкушоҳо кӣ метавонанд бошанд: Аввалан бояд мутахассисони ҷадиди нируманд ва бо донишҳои мудерн рӯйи кор оварда бишаванд, ҳамон гуна, ки замоне дар мавриди сари қудрат овардани технократҳо "Миллат" масъалагузорӣ карда буд. Қабл аз он ки ин нируҳо ба қудрат бирасанд, нируҳои усулгаро ва қудратманд ҳатман бо тарси ин ки зимоми роҳбарӣ аз дасташон раҳо мешавад, куллан бо ин муқовимат хоҳанд кард. Аммо набояд тасмимгирандагони давлат пойбанди ақидаи онҳо бишаванд, ва ҳам худи ин нируҳо бояд ба ин нуктаи созиш бирасанд, ки роҳе ҷуз овардани нируҳои ҷавон ва муосир чорае дигар надоранд. Зеро агар мо қаблан бо як сол дер мондан аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои даҳ сол ақиб мемондем, акнун бо як рӯз дер мондан барои сад сол қафо мемонем. Ба андешаи ин ҷониб пешрафти кишвари азизамон на танҳо барои як нафари бекору бехона муфид аст, балки барои ҳамон як мансабдори қасрнишин ҳам фоидаовар аст, зеро дар ҳолати фақиртар шудани кишвар пояҳои қасри мансабдорон қабл аз ҳама футур хоҳанд рафт. Набояд фаромӯш кард, ки боз ҳамин фақирони сарсахт тоби зиндагии тоқатфарсоро хоҳанд дошт, на "эркатулфор"-ҳои қасрнишин. Ва ин мансабдорони қасрнишин бояд қабл аз ҳама ба сарнавишти фарзандонашон, ки аксарият илму дониш надоранд ва рӯйи хазинаи ҷамъовардаи падарони мансабдорашон мехазанд, биандешанд; рӯзе мерасад, ки ба хӯрдан ин ганҷҳо тамом мешаванд.

НАБОЯД БА ИШТИБОҲ РОҲ ДОД

Дар вақти рӯйи кор овардани мутахассисони ҷавон ва нируманд набояд ба иштибоҳ роҳ дод, зеро дида мешавад, ки боз ҳам ҳамин мансабдорон бо сӯйистифода аз мансаб ва имконот фарзандонашонро дар хориҷа таҳсил додаанд, ва ба қавле "дипломҳои олӣ ва каллаҳои холӣ"-ро ба мерос овардаанд. Аз миёни нируҳои зеҳнии муҳоҷирони ҳамватан, ки шояд хелеҳошон дар хориҷ таҷриба низ касб кардаанд, нафаронеро рӯйи кор овардан ба маврид аст.

Дигар тадбир ин эътимодсозӣ барои тоҷикони хориҷ аз марзи сиёсии имрӯзи Тоҷикистон аст, ки онҳоро бояд барои сармоягузорӣ дар иншооти мухталифи кишвар ҷалб кард. Ҳамчунин агар аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё дар ҳолати сар задани бӯҳрон истифода бишавад, хеле ба маврид мебуд. Тоҳири Абдуҷаббор, иқтисоддони маъруф агар иштибоҳ накунам, аз таҷрибаи кишвари Ҷопон мисол овард, ки пас аз бӯҳрони баъдиҷангӣ, давлатмардони ин кишвар тамоми молиётро аз воридсозии технологияи нав ба кишварашон бардоштанд ва бо ин восита барои бунёди коргоҳҳои наву муҷаҳҳаз мусоидат карданд. Маълум аст, ки ворид кардани таҷҳизоти техникии ҷадид роҳи бунёди коргоҳҳои ҷадидро ҳамвор ва осон мекунад ва танҳо дар ин маврид ҷойҳои кори нав эҷод мешаванд ва хелеҳо аз саргардониҳову ғарибиҳои мулки бегона халос мешаванд. Ва ҳам давлат дар ин маврид истисно нест, ки дигар муҳоҷирони барзиёдаш боиси дарди сараш намешаванд ва ҳам наметавонад ин теъдоди зиёди муҳоҷирон қартаи "козер"-и абарқудрате ҳам бошад. Не?!


Адолати МИРЗО
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97