БАРКАНОРИИ РАИСОНИ ШАҲРУ НАВОҲИ ДАР ҶАЛАСАИ ҲУКУМАТ

Сиёсат 16.01.2009 22:26

Гузориш аз идомаи ҷаласаи ҳукумати ҶТ

Идомаи Маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 16 январ бо ҳисоботи Сардори Раёсати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Абдураҳим Холиқов шурӯъ шуд. Гузориш шуд, дар давраи татбиқи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз 2,5 миллиард сомонӣ ба манфиати мардум сарфаҷӯйӣ шудааст.

Бино ба иттилои ин манбаъ, дар ин давра беш аз 68 ҳазор сар чорвои калон аз забҳ шудан эмин мондаанд, ки ин боис шудааст, қиммати гӯшт дар бозор боло наравад.

Дар идома ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони шаҳру навоҳии вилояти мазкур шунида шуд.

Тибқи ин ҳисобот, дар соли 2008 дар вилоят ду мактаби нав барои 9 ҳазор нафар хонанда сохта мавриди истифода қарор гирифтааст, ҳамчунин дар ҳамин давра дар вилоят 31700 ҷойҳои нави корӣ эҷод шудаааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар пас аз шунидани ҳисоботи ин мансабдорон бар ҷой доштани камбудҳои ҷиддӣ таъкид кард ва ба раиси вилояти Хатлон барои фаъол кардани дегхонаҳои буғӣ ҷиҳати гармидиҳӣ ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ҷамъоварии маблағҳои истифодаи барқу газ аз мардум, истифодаи заминҳои обии бекормонда ва бунёди боғҳои зардолу, вусъати кишти такрорӣ, эҳёи соҳаи пахтакорӣ, бо техникаву дигар ниёзҳо саривақт таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ва барқарор намудани корхонаҳои саноатӣ ва бунёди корхонаҳои нав дастури қатъӣ додааст.

Раиси ҷумҳур раиси ноҳияи Бохтар Абдулмумин Улфатов ва раиси ноҳияи Ҷиликул Эшбурӣ Эсанқуловро дар ин ҷаласа аз вазифа сабукдӯш кардааст.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода шунида шуд, ки бино бар ҳисоботи ӯ, дар дар соли 2008 дар ин вилоят 30400 ҷойи нави корӣ ташкил ёфтааст, ки 616 ҷойи кор дар бахши саноат рост меояд. Ҳамчунин ҳисоботи раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шунида шуд.

Раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Муҳаммадҷон Мамадҷонов, Айнӣ Шодиқул Бобоҷонов, Бобоҷон Ғафуров Абдузафар Иномов ва Спитамен Раҳбарой Ҷамолова аз вазифа озод шуданд.

Аз ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр гардид, ки дар соли 2008 дар пойтахт зиёда аз 20 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис шудааст ва сохтмони манзили истиқоматӣ низ дар ҳоли афзоиш аст.

Пас аз ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе Раиси ҷумҳур аз тӯл кашидани омодасозии Нақшаи генералии пойтахт, пардохти нокифояи маблағҳои истифодабарии барқу газ аз сӯйи аҳолӣ изҳори нигаронӣ кардааст ва ба раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раисони ноҳияҳои тобеъи шаҳр барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда супориши мушаххас додааст.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97