Умаралӣ НАЗАРОВ: ҶОНИБДОРИ ПӮШИШИ МИЛЛӢ – ИСЛОМӢ ҲАСТАМ

Фарҳанг ва адаб 26.12.2008 14:02

Ба таҳсили илми дин пардохтани духтарон аз дидгоҳи шаръӣ, шумораи духтарони толибилм дар Донишкадаи исломии ба номи Имом Тирмизӣ, ояндаи духтарони фориғуттаҳсил. Ин ва дигар масъалаҳо дар мусоҳибаи Райҳона Мирзоева бо ноиби ректори Донишкадаи исломии ба номи Имом Тирмизӣ Умаралӣ Назаров:

-Мӯҳтарам Умаралӣ Назаров, ба фикри шумо оё таҳсили духтарон дар мадрасаҳои исломӣ зарур аст? Оё ба ин чиз мо эҳтиёҷ дорем? Магар таълими динӣ гирифтани мардҳо басанда нест?

-Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Аввалин оятҳое, ки ба пайғамбари Худо нозил шудаанд, ин панҷ ояти сураи муборакаи Иқраъ мебошанд, ки инсонро ба хондан даъват мекунанд. Пайғамбари гиромӣ (с) низ дар ҳадиси худ мефармояд, ки "Талабул илми фаризатун ало кулли муслимин ва муслиматин", яъне "талаб кардани илм барои мардону занони мусалмон фарз аст". Пас агар ду сарчашмаи асосии дини мубини ислом Қуръони Маҷид ва суннати Пайғамбар (с) моро ба он даъват мекунанд, ки илмро омӯзем, ин корро кардан фарз аст. Дар урфият мегӯянд, ки таълим додани мард, ин як касро таълим додан аст вале таълим додани зан ин таълим додани ҷомеа ҳаст". Ин гап, албатта дуруст аст, зеро зан сарчашмаи ҳаёт ва мураббии атфол аст. Аз ин рӯ дар Донишгоҳи мо таҳсил гирифтани духтарони тоҷик кори хайр аст.

- Лутфан дар бораи Донишкадаатон каме маълумот диҳед?

-Як сол мешавад, ки собиқ мадрасаи ба номи Имом Тирмизӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2007-ум ба муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон" табдил дода шуд.

Шӯъбаҳои рӯзона ва ғои¬бона дорад. Донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои зерин таълим мегиранд:

Забон ва адабиёти араб

Фалсафа ва илоҳиёт

Таърихи ислом ва диншиносӣ

Улуми исломӣ

Дар донишгоҳ феълан ҳафт кафедра амал мекунад. Имрӯз дар Донишкада 1012 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 113 нафарашон духтарон мебошанд. Духтарон низ довталаби ихтисосҳои дар боло номбаршуда мебошанд ва бо бародарони худ якҷо таҳсил мекунанд.

-Баъди хатми Донишкада духтарон дар кадом соҳа метавонанд кору фаъолият кунанд?

-Пеш аз ҳама метавонанд муаллими забон ва адабиёти араб шаванд ва дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дарс гӯянд. Духтарони соҳибистеъдод метавонанд худро дар илми фалсафа ва илоҳиёт бисанҷанд. Яъне корҳои илмие дар ин соҳа дошта бошанд. Диншинос ва муаррихи ислом шаванд. Дар мактабҳо таърихи динро дарс диҳанд.

- Духтарони донишҷӯйи шумо бо духтарони донишҷӯйи дигар мактабҳои олии ҷумҳурӣ оё дар иртибот ҳастанд? Дар ягон чорабиниҳои умумӣ иштирок мекунанд?

-Бале, духтарони донишҷӯйи донишгоҳи мо бо духтарони донишҷӯйи дигар Донишгоҳҳои Тоҷикистон дар иртибот ҳастанд. Дар чорабиниҳои умумиҷумҳуриявии донишгоҳҳо иштирок мекунанд. Масалан, донишомӯзи шӯъбаи ғоибона Мунира Ҳабибова дар яке аз озмунҳои рӯдакихонӣ ширкат варзида дар шеърхонӣ дар ҷумҳурӣ ҷойи сеюмро ишғол намуд.

-Имрӯзҳо дар масъалаи ҳиҷоб сару садоҳои зиёде баланд мешаванд. Бешак, дар Ислом зан бояд сатри авратро риоя кунад. Вале баъзан дар кӯчаҳо занҳоеро мебинем, ки ба тарзи либоспӯшии эрониву афғонӣ пайравӣ мекунанд. Бархе аз онҳо ба ифрот дода шуда либосҳои тангро ба бар мекунанд, ки кас аз дидани ҷуссаи онҳо ба хиҷолат меафтад. Шумо дар ин бора чӣ нуқтаи назар доред?

-Худованд ва пайғамбараш (с) таълим медиҳанд, ки занҳои мусалмон сатри авратро бояд риоя кунанд. Яъне ба ғайр аз рӯй, дасту по дигар ҳама ҷои зан пӯшида бошад. Ин чизро метавон бо ҳамон либосҳои васеи миллии худамон иҷро кард. Ман шахсан зарур намешуморам, ки барои сатрро риоя кардан аз либосҳои хориҷӣ истифода шавад. Либосҳои милии модарон ва хоҳарони мо хеле шинаму зебоанд. Бояд гуфт, ки аз либоспӯшии занҳо бисёр чизҳо дар ҳаёти иҷтимоии мо вобастааст. Тарзи либоспӯшии занон метавонад ба вазъи ахлоқии ҷомеъа ноайён таъсири худро гузорад. Ва ин таъсир метавонад ҳам мусбат бошад ва ҳам манфӣ. Барои ҳамин ҳам ба ин масъалаи нозук саҳлангорӣ набояд кард. Нозукиҳои ин масъаларо бояд дарк кард.

- Ташаккур барои сӯҳбат.


Мусоҳиб Райҳона Мирзоева,
донишҷӯйи факултаи журналистикаи ДМТ
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97