ТЕҒИ АЛМОС АСТ МОРО, МУРДАНИ ФАРЗАНДИ ҶОН…

Фарҳанг ва адаб 14.08.2008 22:41

Оҳангсоз ва овозхони ҷавону умедбахши тоҷик Соҳибқирони Нозим аз олам даргузашт. Ба сари хонадони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, устод Зафар Нозим рӯзи сиёҳ омад. Дирӯз фарзанди ҷигарбанд ва ҳунарманди устод Зафар Соҳибқирони Нозим дар 34- умин соли ҳаёташ дунёи рӯшанро тарк гуфт.

Соҳибқирон дар зиндагӣ ба пайраҳаи падари бузургвору шинохтааш гом гузошт ва дар як муддати кӯтоҳ миёни мардуми диёраш чун оҳангсоз ва овозхони хушадову хушсадо ном баровард. Чанде пештар ӯ шеъре эҷод кард, бо номи "Ноумедӣ" ва онро худ ба пардаи оҳанг кашида сароида буд. Он охирин суруди сароидаи Соҳибқирон аст ва дар мазмуну нақш (клип)- и он зиндагӣ ва сарнавишти пурмоҷарои ҳуди овозхон гӯё тасвир ёфтааст. Ӯ танҳо барои худ оҳанг эҷод намекард. Бисёр аз овозхонҳои ҷавони тоҷик оҳангҳои эҷодкардаи ӯро сароидаанд.

Ӯ муддате дар студияи сабти овози ҳунарманди рус Игор Саруханов дар шаҳри Маскав фаъолият карда буд. Баъдан бештар аз ду моҳ ба ҳайси такмилгари суруду оҳангҳои шарқӣ якҷо бо овозхони номдори Русия Филипп Киркоров заҳмат кашидааст.

Соҳибқирони Нозим дар хонаводаи ҳунарманд ба дунё омада, меҳри санъати овозхониро дар қалби ӯ падараш, ҳунарманди саршиноси кишвар, устод Зафар Нозим бедор ва ҷо кардааст. Вале аз чи буд, ки тайи беш аз даҳ соли охир Соҳибқирон аз дунёи ҳунар хешро канор гирифта буд, дигар намесароид ва шеъру оҳанг ҳам эҷод намекард. Ӯ дар санъати овозхонӣ сабк ва услуби худро дошт, агар оҳангеро ба ӯ барои сурудан пешниҳод мекарданд, ӯ ҳатман онро бо диди худ такмил медод. Умр ба Соҳибқирони Нозим вафо ва аҷал ба ҷони ҷавонаш раҳм накард. Ин ҷавони ҳунарманд ва ҳазору як орзуи амалӣ ногашта дар қалб, ҷигари наздикону пайвандон ва хешону дӯстонашро хун карда рафт.

Ба суоли як тан журналист дар мавриди аз саҳнаи овозхонӣ канор рафтанаш Соҳибқирон гуфта буд, ки: Ман нисбат ба шеъру суруд ва оҳанг хеле ҷиддӣ муносибат мекунам. Матнҳои харобу пур аз сактае, ки баъзе овозхонҳои имрӯзаи мо мехонанд, мисли "ман туро дидаму аз ханда суст шудам, пушти девор афтидам"-ро ман қабул надорам. Ин тамасхур ба санъати баланди миллии мост. Ин гуна масхарабозӣ бояд дар санъати овозхонӣ набошад, зеро саҳнаи овозхонӣ макони муқаддас аст, ҷойи масхарабозӣ дигар ҷост.

Оре, Соҳибқирон ба дарки маънӣ, мазмун ва мафҳуми шеъру оҳанги воло мерасид. Сад дареғ, ки марги беамон садои ширини ин ҷавони озодаро барои ҳамеша хомӯш сохт. Имрӯз сухани таскинбахше намеёбем, ки ба устод Зафар Нозим барои сабук гаштани ин дарди гарон, ин мусибати талхи болояш омада бигӯем. Фақат аз даргоҳи Худои раббулъиззат барои устод ва хонадони ӯ дар баробари ин фоҷиаи сангину ғамбор сабру шикебоӣ ва ба Соҳибқирони азизу ҷавонмарг ва ормонӣ охирати обод ва фирдавси барин мехоҳем.

Аҳли "Миллат"


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97