Нахустин медали Олимпии Тоҷикистон

Варзиш 11.08.2008 23:01

Расул Боқиев варзишгари тоҷик дар вазни то 73 килограмм соҳиби медали биринҷии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ дар Пекин шудааст. Расул Боқиев имрӯз, 11-уми август дар сабқати гуштии дзю-до нахуст бар гуштигири Конго Эрик Кибанза пирӯз шуд. Баъдан варзишгари Укроин Геннадий Билодид ва намояндаи Чин Си Риҷигаваро мағлуб сохт.

Аммо бар паҳлавони тоҷик дар рақобати ниманиҳоӣ Ки Чун Ванг, аз Куриёи Ҷанубӣ дастболо шуд.

Медали тиллои ин мусобиқотро Элнур Мамадлии озарӣ, ки Ки Чун Ванги куриёиро мағлуб кард, соҳиб шуд, ба Ки Чун Ванг медали нуқраи мусобиқот насиб гардид.

Ҷойҳои саввумро Расул Боқиеви тоҷик ва Леандро Гуилҳейрои бразилӣ касб карданд ва соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Ин нахустин медали ба дастовардаи тоҷикон дар 16 соли ахир дар Бозиҳои олимпӣ мебошад.

Пирӯзӣ муборак, ай ҳамватан!


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97