МАНЗАРАИ МАРГИ АБУҲАНИФА

Фарҳанг ва адаб 28.02.2009 14:34

Пас аз он, ки Имоми Аъзам ҳамчун фақеҳ ва донандаи хуби илми илоҳиёт шӯҳратёр шуд, таваҷҷуҳи ҳукуматдорони давр ба ӯ бештар гардид. Бояд зикр кард, ки барои дарбор дар он замон шахсияте мисли Абӯҳанифа Нӯъмон хеле зиёд даркор буд. Яъне шахсияте, ки дар ҷомеа вазну эътибор дошт. Чун Абӯҳанифа Нӯъмон давомдиҳандаи мероси исломи ноб буд, тавонист ҷойгоҳи хешро дар ҷамъият пайдо кунад. Ҳатто ҳукуматдорон низ пай дар пай ӯро даъват ба корҳои дарборӣ мекарданд.

АБУҲАНИФА ВА ДАРБОР

Аз баски Абӯҳанифа Нӯъмон ба корҳои омӯзиш ва тадрису таълим машғул буд, майл ба корҳои давлатӣ надошт. Омили дигари бетаваҷҷуҳии Абӯҳанифа Нӯъмон ба вазифаҳои давлатӣ дар он буд, ки вай дар симои мансабдорони ҳам уммавӣ (661-750) ва ҳам аббосӣ (750-1258) саховатмандию раиятпарвариро намедид ва намехост, ки дар чунин муҳит фаъолият дошта бошад. Ӯ аз он низ ҳазар дошт, ки сарватғундорӣ шахсро дур аз омӯзиш ва зикри худо мекунад. Дар насиҳатномае ба шогирдонаш ин нуктаро таъкид намуда аз ҷумла гуфтааст: "Агар ба хотири сарват илмро раҳо кунӣ, дучори фақр хоҳи шуд. Чунон, ки худои таъоло мефармояд: "Ва ҳар кас аз зикри ман рӯй гардонад, пас ӯрост зиндагии сахт..." (сураи Тоҳо ояти 124)". (Муҳаммад Рауфи Таваккулӣ "Чаҳор имоми аҳли суннат ва ҷамоат". Душанбе, 1992 саҳ. 29).

Бо вуҷуди ҳамаи ин Абӯҳанифа Нӯъ¬монро мехостанд тариқи маҷбурӣ ба дарбор ҷалб намоянд. Муаррихон аз номи шахсе бо исми Рабиъ чунин меоранд, ки Язд ибни Умар ибни Ҳубайра ном шахс дар даврони охирин халифаи Уммавиҳо Марвони II волии Ироқ буд. Аз сабаби ноадолатиҳои Хилофати Уммавӣ дар Ироқ ошӯби халқӣ бархост.

Язд баҳри ором кардани ҷомеа уламои беҳтаринро гирд оварда ба ҳар яке мансаберо пешниҳод кард. Аз ҷумла ба Абӯҳанифа Нӯъмон мӯҳрдориро пешниҳод карда, ҳамзамон савганд ёд намуд, ки барои саркашон ҷазои сахте хоҳад дод. Абӯҳанифа аз ин сар печид. Уламо аз ӯ илтиҷо намуданд, то қабул кунад, аммо суде набахшид. Дар ин бора донишманд Васлии Самарқандӣ аз забони Имоми Аъзам чунин меорад: "Ман ҳаргиз розӣ нашавам, ҳоким ҳар чи хоҳад бикунад". Донишманд давоми воқеаро чунин баён месозад: "Ибни Ҳубайра Имоми Аъзамро ду ҳафта дар зиндон нигоҳ дошт ва ҳар рӯз эшонро шиканҷа мекарданд". (Васлии Самарқандӣ "Таърихи Имоми Аъзам". Душанбе, 2001 саҳ. 33 аз арабӣ ба тоҷикӣ тарҷумаи Фарҳод Ҳасанов).

Дар натиҷа Имоми Абӯҳанифаро озод менамояд ва тахмин дар солҳои 747-748 ӯ рӯ ҷониби шаҳри Макка меорад.

Тавре аз таърих ба мо маълум аст, пас аз қиёми Абӯмуслими Хуросонӣ соли 750 ҳукмронии Уммавиён ба охир расид ва ба сари қудрат сулолаи Аббосиҳо омад. Дар ибтидо мардум аз ин сулола умедҳои неку хайрхоҳонаи зиёд дошт. Аммо пас аз гузашти чанд соле боз ҳамон амалҳои зишткоронаи Уммавиҳо такрор ёфтан гирифт. Аввалин подшоҳи Аббосиён Абулаббоси Саффоҳ (750-754) буд. Баъди марги ӯ бародараш Абӯҷаъфар Мансур (754-775) ба тахти хилофат нишаст. Мансур маркази Хилофатро аз шаҳри Димишқ (Сурия) ба Бағдоди Ироқ кӯчонид.

Бояд қайд кард, ки дар ин шаҳр таъсири форснажодҳо хеле зиёд буд. Абумуслим ҳамчун ташкилкунандаи Хилофати Аббосиҳо байни форсу араб шӯҳрати калон пайдо карда буд. Аз нуфузи Абӯмуслим дар миёни омма Халифа Мансур тарсида, ӯро ба дарбор даъват карда ба қатл мерасонад. Пас аз ин ҳодиса миёни ҳаводорони Абумуслим хусусан байни форсҳо нооромӣ ба вуҷуд меояд. Дар байни мардум шӯришҳо зидди хонадони ҳукмрон ба вуҷуд омаданд, ки калонтаринаш шӯриши Синдбод мебошад.

ҚУРБОНИИ ДАРБОР

Тахминан солҳои 750-751 Абӯҳанифа Нӯъмон аз Макка боз ба зодгоҳаш шаҳри Куфа бармегардад. Аз дидан ва мушоҳида намудани воқеаҳои дар боло зикр шуда Абӯҳанифа Нӯъмон андӯҳгин шуда умеди некхоҳиро аз Аббосиҳо меканад. Лекин воқеаҳои минбаъд пеш омада дар ҳаёти Имом Абӯҳанифа ғайри чашмдошт буданд. Халифа Мансур мехост Абӯҳанифа Нӯъмонро бо зар ба дарбор ҷалб намояд ва боре бо ин мақсад 10-ҳазор дирҳам ва як каниз ба ӯ ҳадя кард, аммо Абӯҳанифа онро напазируфт. Бо вуҷуди ин Халифа аз райъаш нагашт. Дар ҳамин айём соли 767 қозии шаҳри Куфа ибни Абӯ Лайло вафот кард. Халифа Мансур якчанд нафар аз ҷумла Абӯҳанифа Нӯъмонро ба дарбор даъват намуда ва мансаби қозигиро пешниҳоди ӯ мекунад, аммо халифа ҷавоби рад мешунавад. Халифа савганд ёд мекунад то Абӯҳанифа розигӣ диҳад, лекин Абӯҳанифа Нӯъмон низ савганд ёд кард, ки ҳеҷ гоҳ чунин мансабҳоро соҳибӣ накунад. Бо амри Мансур Абӯҳанифа Нӯъмон зиндонӣ мегардад.

Баъзеҳо сабаби қабул надоштани ин вазифаро аз Абӯҳанифа пурсон шудаанд. Ӯ дар ҷавоб чунин мегӯяд, ки намехоҳам ба ҳуҷҷатҳои қалбакии ҳазорон бандагони бегуноҳи худо, ки ба ҳукми халифа зиндонӣ ё қатл мегарданд мӯҳри беасос ё фатвои бардурӯғ диҳам. Одамони Халифа Абӯҳанифа Нӯъмонро дар зиндон зиёд ситам мекарданд. Дар ин маврид Васлии Самарқандӣ дар ҳамон асараш чунин менависад: "Ҳар рӯз Имоми Аъзамро даҳ тозиёна мезаданд ва намоишкорона дар бозорҳо гардиш дода мегуфтанд, "ин аст сазои оне, ки амри халифаро напазирад" … Имоми Аъзам ба даргоҳи Худои таъоло муноҷот карда, даст ба дуо бардошт ва гиряи бисёр кард". Мувофиқи нишондоди ривоятҳо баъди гузашти 15-рӯз худованди ҷонофарин қабзи ҷони он ҳазрат кард. Ҷои дигар ривоят мешавад, ки ба ӯ маҷбуран пиёлаи заҳр мехостанд бинӯшонанд, аммо Имом Абӯҳанифа намехост худкушӣ бинамояд. Ба ин нигоҳ накарда сарбозони халифа заҳрро ба эшон нӯшониданд, ки оқибат боиси марг гардид. Ҷасади Абӯҳанифаро 5-нафар аз зиндониён берун оварданд. Қозии Бағдод Ҳасан ибни Аммора ҷасади Абӯҳанифа Нӯъмонро шустушӯй ва омода ба ҷаноза кард, мувофиқи ривоятҳо дар маросими дафн панҷоҳ ҳазор нафар иштирок карданд. Шумораи зиёди иштироккунандагон аз ҳисоби шогирдон, дӯстону волидайни Абӯҳанифа Нӯъмон буд. Ҳатто баъзе аз мухолифони он ҳазрат дар намози ҷаноза иштирок кардаанд. Муаррих Тавакулӣ дар ин бора чунин менигорад: "Ҷолиб ин, ки байни намозгузарон Абӯҷафари Мансур ҳам, ки он ҳама Абӯҳанифаро озурда буд, дида мешуд". (Муҳаммад Рауфи Таваккулӣ "Чаҳор имоми аҳли суннат ва ҷамоат". Душанбе, 1992 саҳ. 41).

Ҳамин тавр ҷасади Абӯҳанифа Нӯъмон дар гӯристони Алхайзарон, ки дар қисми шарқии Бағдод ҷойгир аст, гӯронида шуд.

Ёди эшон ба хайр бод.


Давлатшоҳ МАҲМУДОВ,
аспиранти кафедраи халқи тоҷик
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97