ОЁ АЗ УЗВИЯТ ДАР СОЗМОНҲОИ МИНТАҚАВӢ БУРДЕ ҲАСТ?

Сиёсат 06.02.2009 14:20

Ё агар суде буд, пас чаро Узбакистон аз он канор рафт?

Оё зарурате ҳаст, ки давлати Тоҷикистон узвияти созмонҳои минтақавие чун Созмони Уруосиё (ЕврАзес) ва Созмони амнияти дастҷамъӣ, яъне ОДКБ-ро дошта бошад. Тоҷикистонро аз узвият дар ин созмонҳо чӣ суде ҳаст?

Ҷӯрабек Назрӣ, донишманд

-Мароми зиндагӣ, муваффақ шудан дар зиндагӣ ҳамин аст, ки бо ҳар кас тавониста бошем кӯшиш кунем заминаҳои дӯстиро фароҳам оварем. Ҳатто душманро тавониста бошем дӯст кунем. Чуноне ки Муҳаммад Иқбол мегӯяд:

Эй зи афсуни фарангӣ бехабар,

Фитнаҳо дар остини ӯ нигар.

Ҳикматаш сад қавмро бечора кард,

Ваҳдати аъробиён садпора кард.

Аз фиреби ӯ агар хоҳӣ амон,

Уштуронашро зи ҳавзи худ бидон.

Агар хоста бошем муваффақ шавем, танҳо ба хираду фазилат покию озодагӣ, вале аз ҳама пеш ба худамон бояд такя кунем.

Бояд фаромӯш накунем, ки ягон аҷнабӣ барои ободӣ ва озодии рӯзгору кишвари мо ин ҷо қадам намегузорад ва ҳеҷ кас ғамхори мо намешавад. Танҳо худамон бояд ғамхори худамон бошем.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси бунёди "Перспектива+":

-Ман фикр мекунам, ки хуб омӯхтан ва таҳлил кардан даркор, ки ҳар созмоне агар ба манфиати мардуми Тоҷикистон бошад, барои пешрафти кишвари мо зарур аст аз он бояд ба нафъи миллатамон истифода бикунем, новобаста аз он, ки он созмон ғарбӣ аст, шарқӣ аст, осиёӣ аст, ё амрикоӣ. Агар фоидае аз узвияти он созмонро доштан барои мардуми мо бошад ҳеч бадӣ надорад, ки Тоҷикистон вориди он шавад. Ин созмони АвруОсиё ё дигар созмонҳои байнидавлатии дар қаламрави пасошӯравӣ таъсис ёфта мутаассифона бисёр қарорҳоеро қабул мекунанд, ки ҳатто худи ин давлатҳо иҷро намекунанд ва он танҳо дар рӯйи коғаз мемонанд. Ман фикр мекунам, ки аз ҳамин ҷиҳат он қадар ин созмонҳо обрӯ намеоранд. Агар масалан, он қарорҳоеро, ки қабул мекарданд, барои ҳар як аъзо ҳукмашон яксон мебуд, масалан, барои худи Русия, ки албатта нақши асосиро дар ин созмонҳо бозӣ мекунад, зеро хароҷотҳо дар ин ташкилот аз тарафи Русия пӯшонида мешавад, лекин афсӯс, ки на ҳама вақт мебинем, ки манофеъи миллату давлати моро он ҷо ба назар бигиранд.

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ:

-Зарурати пайвастан ба ин ё он созмон аз рӯйи вазъияти ин ё он давлат ва вазъи сиёсати минтақавӣ вобаста аст, яъне пайвастан на ҳамеша зарурат дорад. Лекин як чизро гуфтан даркор, ки ин бевосита ҳуқуқи давлати соҳибихтиёр аст. Ҳар давлат ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ ҳақ дорад ба созмонҳои минтақавӣ, созмонҳои универсалӣ ворид шавад ва манфиатҳои худро дар он ҷо ҳимоя кунад. Агар ягон созмони минтақаӣ ба манфиати ҳамин ҷомеа, ҳамин давлат мусоидат карда тавонад ворид шудани ин давлат ба ин созмон зарур аст. Мақсади ташкили созмонҳои минтақавӣ, масалан созмони Шанхай, ки як созмони бонуфуз аст ва албатта дар маҷмӯъ ҳадафи таъсиси ин созмон ва ҳар ташкилот аз рӯи манфиат аст, манфиати хешро аввал давлатҳои абарқудрат мебинанд ва пеш аз ҳама ин созмонҳоро барои ҳимояи манфиатҳои худ таъсис медиҳанд. Лекин дар ин созмони минтақавӣ ё созмони универсалӣ бояд, ки ҳар як давлат мавқеъи худро, нақши худро, гапи худро гузаронида тавонад ва манфиатҳои худро ҳимоя намояд. Танҳо дар ин ҳолат дигар аъзои созмонҳои минтақавӣ ё ин ки универсалӣ Тоҷикистонро ҳамчун як узви мустақили ҳамин созмон эътироф мекунанд. Агар давлатеро эътироф накарданд ҳамчун узви комилҳуқуқ дар ин ҳолат вобаста аз манфиатҳои ҳамин давлат мавқеи худро он ба шакли изҳорот эълон намояд. Ман фикр мекунам, ки барои дар миқёси умумиҷаҳонӣ мавқеи худро ёфтан давлат доимо бояд, ки фаъол бошад ва фаъолона ҳам манфиати худро, ҳам мавқеи худро ва назари хешро доимо изҳор карда тавонад ва дар ин зина ҷойи худро ёфта тавонад. Бо бефаъолиятӣ ё инкор кардани созмонҳои минтақавӣ ё универсалӣ ҳеҷ вақт ягон давлат фаъолияти худро таъмин карда наметавонад. Аз ин рӯ Тоҷикистонро узви созмонҳои минтақавӣ ё ин ки универсалӣ буданаш лозим мебошад.

Умед Бобохонов, рӯзноманигор

Ман ҳамчун як шаҳрванд метавонам қазоват кунам. Фикр мекунам,ки агар Ҳукумати ҷумҳурӣ ин тасмимро гирифтааст, ки узви ин ё он созмон бишавад, умед ҳаст, ки барои ояндаи манфиати халқ ва давлат чизи хубе бояд ба даст биёяд. Аслан бигирем, дар ҷаҳони имрӯза бе ҳамкорӣ бо ҳамсояҳо ва бе дигар кишварҳо зиндагӣ кардан бисёр амри маҳол аст ва бе ин намешавад. Бояд, ки бо ҳамсояҳо, бо дигар кишварҳо ҳамкорӣ кунем. Акнун то чӣ андоза ҳам ин созмони минтақавӣ ва созмони амнияти дастҷамъӣ ба манфиатҳои мо мувофиқ ҳастанд ё не, вале ман то ба ҳол ягон чизи муфидро надидаам. Шояд ман хабар надошта бошам, вале мо бисёр мегӯем дар бораи ҳамкории иқтисодӣ, сиёсӣ, лекин фикр мекунам, ки ин суханҳо танҳо дар қоғаз мемонанд, вале дар амал чизе нест. Албатта, Тоҷикистон узви созмонҳои ҳам минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ бошад, лекин ба як шарт, ки аз ин созмонҳо ба халқ, ба худи давлати Тоҷикистон манфиати хубе бошад, вагарна узви ин ё он созмон будан чандон маънӣ надорад.


Сӯҳбати
Заринаи МУХТОРЗОДА
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97