МАША АЛАЛЫКИНА АЗ «ФАБРИКА ЗВЕЗД» ТО ИСЛОМ

Фарҳанг ва адаб 06.03.2009 14:32

Маша Алалыкина бонуи сарояндаи русист, ки ӯро на танҳо дар кишвараш Русия, балки дар хориҷи марзҳои он низ мешиносанд. Маша ҳунарманди муваффақест, ки дар аввалин "Фабрика звезд" барранда шуд. Вале номбурда баъди ин муваффақияти бузург на танҳо гурӯҳи "Фабрика", балки саҳнаи ҳунарро ҳам тарк гуфт ва дигар ҳунарнамоӣ накард. Сабаби ин на беморӣ, на тарки ватан ва ё муҳоҷират, балки мусулмон шудани ӯ буд.

Барои дарёфтани тафсилоти ин мавзӯъ таваҷҷуҳи шуморо ба хондани мусоҳибаи Маша бо сомонаи www.islam.ru ҷалб мекунем.

-Оё аз "Фабрика звезд" то мусулмонӣ роҳи тулоние дар пеш буд? Чӣ гуна иттифоқ уфтод, ки таҷрибаи зиндагӣ шуморо на ба саҳнаҳои болотари ҳунар, балки ба дини Ислом овард?

- Магар ин роҳ тӯлонӣ буд? Ман фақат онро тай намудам. Мошоаллоҳ ин тавфиқи Аллоҳ буд.

Қиссаи мусулмон шудани ман ингуна буд: «баъди баҳсу гуфтугӯҳои тулоние, аз қабили ин ки "ин ошғоли динӣ (религёзная чушь) ба чӣ дард мехӯраду чӣ даркор аст?". Ман дар пайравӣ аз шавҳари худ ба Ислом гаравидам. Аз сомонаи шумо аз тариқи гӯш гирифтан, сураи Фотиҳаро ҳифз намудам, тарзи намоз хонданро низ омӯхтам, вале баъди он намозро ба ҷо намеовардам (дар ин маврид мутаассифам).

Зимистони гузашта дар шаҳри дигаре як шахси наздикам дар ҳолати бисёр вазнин қарор дошт - дар ҳолати кома. Ман чӣ кор карданамро намедонистам, вале бояд коре мекардам. Ман ба дуъо кардан шурӯъ намудам ва аввалин бор буд, ки аз Худованд кумак талаб мекардам. Рӯзи дигар телефонам занг зад, гӯширо бардоштам ва садои ҳамон шахси наздикамро мешунидам, ки мегуфт: "Ташаккур. Ман туро дидам. Ту бисёр маро кумак кардӣ".

-Ман гиря кардам. Қаблан ман ҳаргиз аз Худо кумак талаб намекардам. Ин дар назарам пастӣ менамуд, ки аз касе чизеро талаб кунам, ман ҳамин гуна тарбия шудаам, ки бояд ҳамеша такя ба худам дошта бошам. Танҳо худам... танҳо худам... Ҳама чизро худам ба даст биёрам... вале чиро ба даст биёрам?

-Мутобиқи маълумоти донишмандон, рӯшноии ситорагон, ки мо онҳоро мебинем, баъд аз садҳо, балки ҳазорсолаҳо ба мо мерасанд. Пас чанд сол даркор аст то мо ба ситораҳо бирасем? Дар ҳоле ки баъд аз он ситораҳо боз ситораҳои дигаре ҳам мавҷуданд.Дигар галактикаҳо. Вале дар ин ҷо як махлуқи хурдакак мехоҳад дар махлуқи дигар ё дар махлуқоти дигар овезон бошад.Вале ҳар қадар ба баландиҳо ҳам барояд, ӯ фил намешавад. Боз ҳамон махлуқи хурдакак боқӣ мемонад, ки ба қавли маъруф дар шохи дарахт нишастааст, ва бо муҳимтарин махлуқи атрофи худ шудан чизе иваз намешавад.

Одамӣ табиатан эҳсос мекунад, ки ба чизе таъаллуқ дорад, барои ин мо худро ба фарҳанг, зан ё марде мебахшем, ба дустдоштаву нағздидаи худ, фарфори чинӣ, шоҳмот, бозӣ бо гитар "таъзим" мекунем. Баъди ин дидаву дониста нигоҳ мекунему писханд мезанем... "намозхониву ибодат кардан?" ин хандаовар аст, ин ягон фанатизм аст. Вале парастиши рӯзномаи "Спорт экспресс"-ва хариди рӯзмарраи он, онро дар метро рост истода хондан, аз ёд донистани ному насаби ҳамаи футболбозон, баҳсу баррасии он бо дӯстон ё парастиши асбобҳои ороишӣ, парфюмерияву атриёт, пул, обрӯ магар ин ҳама фанатизм нест?

-Бояд донист, ки инсон ба инсон, рӯзнома, гурӯҳи рок таъаллуқ надорад. Инсон ба Холиқи худ таъаллуқ дорад. Масалан, мизу курсӣ вуҷуд доранд ва онҳоро устоҳо тарошидаанд. Одамиро кӣ? Оё худ ба худ ба вуҷуд омадааст? Аз маймун? Бо роҳи тақсими хоначаҳо?

Ин ба инсон бармегардад. Вобастагӣ аз он дорад, ки барои кӣ кадом нуқтаи назар наздиктар аст.

Бо боварӣ метавонам гуфт, ки ҳар киро Худованд маҳорати таҳлилу баррасӣ ато кардааст, дар ниҳояти кор ба як натиҷаи калонтаре мерасад, натиҷаи калонтаре аз ба даст овардани маблағҳо, то бо онҳо хӯрок, пӯшок харад ва пули телефонро пардохт намояд... Ва ҳамин гуна аз ин рӯз то рӯзи дигар зиндагӣ кунад... Чаро? Барои он, ки як рӯзе ба ин содагӣ аз ҷаҳон рахти сафар барбандӣ? Ингуна тасаввур кардани зиндагӣ душвор асту пур аз даҳшат.

-Рамазони нахустини худро чи гуна гузарондӣ? Оё мутобиқи эҳсоси Шумо ин рост аст, ки Рамазон моҳи хос аст?

-Рамазон аҷоибтарин моҳ дар зиндагӣ ва ҳаёти ман аст. Ҳаргиз тасаввур намекардам, ки бӯйи биҳиштро дар зиндагии ин ҷаҳонӣ ҳам мешавад эҳсос кард. Бетоқатона фарорасии ин моҳи шарифро дар соли оянда мунтазирам.

- Пеш аз Ислом овардан, вақте, ки Шумо бо мусиқӣ сару кор доштед, оё тасаввур мекардед, ки баъди чанд сол рӯза мегиреду бо обу хурмо ифтор мекунед?

-Не, ман чунин боварӣ надоштам.... ва инчунин тасаввур ҳам намекардам, ки об ба ин дараҷа болаззат мешавад, ба хусус "Зам-Зам"...

- Оё ният надоред ба эҷодкорӣ идома бидиҳед, вале дар чорчӯбаи Ислом дар чорчӯбае, ки шариати Ислом онро иҷоза додааст?

Пайғамбар Исо (алайҳиссалом) ба шогирдонаш гуфтааст: "Оё табар аз ин, ки ҳезуми бисёреро буридааст фахр мекунад ва оё аз ин кор хурсандӣ мекунад?"..., дар ҳоле ки он фақат як васила ва абзор дар дасти инсон аст. Ҳамингуна инсон ҳам-ҳар коре, ки накунад-инсон як абзор ва як васила дар дасти Холиқ аст. Тамоми умр, ҳар касбу кор, намуди фаъолият-ин худ эҷодкорӣ аст, фақат мехоҳам ҷойгоҳи худро дар ин протсес ва раванд аниқ кунам.

Барои он, ки ҷойгоҳи худро муайян бикунӣ, таъйиноти худро бишнавӣ - бояд як "дастгоҳи шунавоӣ" омода созӣ ва онро тозаву пок намоӣ. Роҳнамои тозагиву покӣ-Шариати ислом.

-Дар ҳоли ҳозир ба чӣ кору бор машғулед ва оё мусиқиро тарк кардед?

Дар давоми панҷ сол наздики 50 оҳанг бо иштироки ман сабт шудааст, ва ҳамагӣ се тои он дар сомонаи www.alalykina.ru гузошта шудаанд. Дар ҳоли ҳозир ман дар донишгоҳ ва дар литсейи забономӯзӣ дарс медиҳам ва инчунин бо дигар намудҳои эҷодкории аз дидгоҳи шариати Ислом ҷоиз машғулам.

- Агар шумо ба консерти Элтон Ҷон дар Кремл даъват шавед, меравед?

Ман ба консерти Элтон Ҷон намеравам, вале агар ба консерти гурӯҳи "Райҳон" Сами Юсуф, Юсуф Ислом (Кейт Стивенс) даъват шавам бо камоли майлу рағбат меравам. Ё ба консерти дӯстам Форат, ки бо доштани дипломи пизишкӣ, маҳорати хуби ҳунарӣ дорад ва ҳангоме барои дӯстонаш мехонад, маҳораташ гул мекунад.

- Нақшаҳои ояндаи Шумо? Оё аз Қуръони карим чизеро аз худ кардаед? Оё талош мекунед забони арабиро биёмӯзед, ва онро ба панҷ забони дигаре, ки медонед илова кунед?

-Ман ду маротиба дарси арабӣ хондам. Дар оғоз хеле душвор намуд ва фикр кардам омӯзиши он аз ёд гирифтани панҷ забони аврупоие, ки медонам мушкилтар аст. Ба хусус бо тафовут аз он забонҳое, ки ман бо майлу рағбат ба он гуфтугӯ мекунам ва бо он кор мекунам ин, аз хоббӣ ва профессия болотар аст. Ин калиди ман ба маълумоти олитар ҳаст.

- Ба фикри Шумо чаро мардум ба суйи Ислом меоянд ва онро мепазиранд? Ба хусус афроде, ки аҳли ҳунар ҳастанд масалан аҳли шоу-бизнес?.

-Ислом дар тафовут бо ҷараёнҳои дигар дар худ асоси муҳкаме дорад, ки ҳар хишташ дар ҷойи худ гузошта шудааст. Ин танҳо як "таҷрибаи руҳонӣ" нест, балки иборат аз қонунҳои дақиқи ҳаёти рӯзмарра ҳаст.

Роҳ ба суйи Ислом- барои онҳое, ки дари дил боз доранд ва даруни дилашон холист ба хусус аз пешдовариҳо орист барои онҳост.Бисёриҳо бо ҳамин қонунҳо зиндагӣ мекунанд ҳатто дар гушаи хаёлашон ҳам нест, ки чунин дине вуҷуд дорад.

Барои мисол бибии ман доим ба ман мегуфт: "Зиндагӣ ин болои нафси худ ғолиб омадан аст", ё Чехов ки мегуфт "бо қатрае аз худ ғулом бисоз". Баъд масалан китоби Ал-Ғаззолиро боз мекунем зимнан китобҳои ӯ дар Ислом овардани ман нақши муҳиме бозиданд, ки мегӯяд: "Агар дар бораи Худо фикр карда наметавонӣ, ақаллан кушиш кун худатро фаромӯш кун". Ин аст Ислом.

Касе, ки дар роҳ ба суйи Ислом аст фақат пешниҳод кардан даркор, ки фикр кунад ва ба садои қалбаш гӯш диҳад ё дар майдони беканори маълумот, ӯ андешаҳои гаронбаҳои бисёре пайдо мекунад, ки бе он ки касе ӯро маҷбур кунад дилаш ба он гарм мешавад ва андешааш ба он қаноат ҳосил мекунад.


Таҳияи
С. ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97