БА ДАРЁ ОБ МЕБАРЕМ?

Сиёсат 14.01.2009 14:01

Ба таваҷҷӯҳи мушовири давлатии Президенти ҶТ мӯҳтарам Саидмурод Фаттоев ва раиси Кумитаи илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ мӯҳтарам Додихудо Саймуддинов

Дар ду соли охир се шабакаи нави телевизион, ки аз ҷониби ҳукумат маблағгузорӣ мешавад, таъсис ёфта, тадриҷан шакл мегиранд. Албатта, хубтар мебуд, агар шумора неву сифати шабакаҳои мавҷуда беҳтар мегардид, зеро пур кардани соатҳои ҳар як шабакаи нав ҳам маблағи зиёд, ҳам мутахассисини варзидаи соҳа ва ҳам заҳмати ҷиддиро тақозо мекунад.

Аммо дар ҳар се омил телевизионҳои мавҷуда ва тоза таъсисшуда меланганд. Вале ҳарчӣ шуд, шуд, зеро зуд ё дер ин шабакаҳо барои такомулу рушди миллат саҳм мегузоранд ва сабаби навиштани ин мақола на танқиди шумори телевизион ва на сифати барномаҳои онҳост, зеро ба мақолаҳоям, ки дар онҳо баъзе эродҳоро ба гӯши роҳбарони телевизион расонида будам, на ислоҳ шуданд ва на аз ҷониби роҳбарият рад.

Чӣ илоҷ, мутаассифона ҳамин гуна масъулине ҳам дорем, ки маводи чопшударо сарфи назар карда, ба он посух намедиҳанд, ё нодида мегиранд.

Бинобар ин ба онҳое, ки имрӯз масъули ин соҳаанду роҳбарони шабакаҳои телевизиониро зери назорат қарор додаанд, якчанд маслиҳат пешниҳод мекунам.

Пешниҳоди аввал дар хусуси номи "Шабакаи аввал" аст, ки ин ном ба мӯҳтавои он рост намеояд, зеро ин шабака бояд минбари асосии миллати тоҷик бошад ва қисман ҳам ҳаст, аз ин рӯ, бисёр хуб мешуд, агар онро "Телевизиони миллии Тоҷикистон" (ТМТ) ва ё "Тоҷикистон" ном мегузоштанд.

Намедонам, дониста ва ё надониста номи "Шабакаи аввал" дар маҳвора ба забони англисӣ бо номи Tajik TV меравад. Ба хаёлам, дониста чунин номгузорӣ кардаанд, зеро агар дар маҳвора ҳам бо номи "Шабакаи аввал" мерафт, он гоҳ мухлисони бурунмарзӣ намедонистанд, ки ин шабакаи аввал аз кадом кишвар пахш мешавад.

"Шабакаи аввал" ифодакунандаи ҳадафи он набуда, танҳо маънои онро дорад, ки боз шабакаи дуввуму саввум ҳам фаъолият доранд.

Дигар сабаби "Шабакаи аввал" ном гирифтан ин тақлид ба телевизиони Русия аст, ки дар он кишвар айнан бо чунин ном шабакае пештар аз шабакаи мо арзи вуҷуд карда буд.

Ин анъана маъмул аст, ки ҳар шабака бояд ном дошта бошад. Ва тақлид ба номи дигар расми тоҷикӣ нест, зеро агар дар як оила Рустам бошад, волидайн ҳаргиз ба писари дигар ин номро намегузоранд. Албатта, ҳар як шабакаи телевизион бо номи хос бояд рӯи кор ояд ва асосан ҳамин хел ҳам ҳаст. Масалан, "Баҳористон", "Сафина", СМТ, "Ҷаҳоннамо", "Мавҷи озод" ва дар миқёси байналмиллалӣ "Ал-ҷазира", СНН, "Россия", РЕНТВ, НТВ ва ғайраҳо.

Агар номи Телевизиони миллии Тоҷикистон маъқул набошад, Телевизиони марказии Тоҷикистон ва ё ҳамту "Тоҷикистон" низ хушоянд ва ба мақсад мувофиқ аст.

Пешниҳоди дуввум дар бораи вақти пахши барномаи "Ахбор" аст. Барномаи асосии "Ахбор"-и "Шабакаи аввал" соати 20:30 дақиқа сар мешавад, ҳол он ки дар аксари кулли телевизионҳо барномаи ахборро дар соати расо, ба монанди 10: 00, 21: 00 оғоз мекунанд, бинобарин шабакаи миллӣ ин чизро ба инобат гирад ва барномаи ахборро соати ҳашт ё соати нӯҳ сар кунад, беҳтар мебошад. Чӣ ҷои пинҳон аст, дар давраи Шӯравӣ соати расо 21: 00 барномаи умумииттифоқии "Время" сар мешуд ва ҳеҷ мумкин набуд ва моро намегузоштанд, ки ҳам барномаи ахбори марказӣ ва ҳам Телевизиони Тоҷикистон, ки тобеи марказ буд, дар соати 21: 00, яъне, дар як вақт оғоз гардад. Бинобар ин ахбори Телевизиони Тоҷикистон соати 20: 30 сар мешуд ва он тобеияти моро ба Марказ, яъне, ба Маскав таъкид ҳам мекард.

Аммо имрӯз, ки соҳибихтиёру соҳибистиқлолем дигар набояд бо мароми давраи Шӯравӣ амал кунем. Аз ин сабаб ин хато бояд ислоҳ гардад ва барномаи "Ахбор" дар соати расо садо диҳад.

Дар мавриди соати бист ё бисту як сар шудани он низ бояд андешид. Ба фикри ман, дар зимистон дар ҳашти бегоҳ ва дар баҳору тобистон дар соати нӯҳи шаб додани барномаи "Ахбор" мувофиқи мақсад мебуд.

Дигар чизе, ки боиси таваҷҷӯҳи банда гардидааст, гузориш аз маъракаву ҷаласаҳои расмӣ аст. Дар "Шабакаи аввал" баъзан ҳангоми сафарҳои расмии роҳбарони аввал барои ба тамошогарон расонидани иттилоъ аз он ташриф ё ҷаласа оғози барномаи "Ахбор" ба таъхир меафтад ва буданд рӯзҳое, ки то понздаҳ дақиқа сурати холиро мо медидем.

Агар хабари расмӣ дар бораи сафар ё вохӯрии роҳбарон ба телевизион дертар расаду дар миёни барнома равад ҳам, ҳеҷ кас аз ин чиз набояд ранҷад, зеро ин амалро касе амдан намекунад ва ин таҷрибаро ҳар рӯзу ҳар соат дар шабакаҳои дигар мушоҳида кардан имкон дорад. Вале роҳбарияти телевизион садоқати худро таъкид карда, барномаи ахборро ба таъхир гузоранд, пас ақаллан ровӣ узр пурсад, ки бо фалон сабаб барномаи "Ахбор" то фалон соату дақиқа ба таъхир гузошта мешавад. Гоҳе мешавад, ки СНН барин шабакаи маъруфи умумиҷаҳонӣ барномаро бо маълумот дар бораи обу ҳаво сар мекунад. Дар шабакаҳои давлатии Русия ин тарзи додани ахбор як расми маъмулист ва мо қариб ҳар рӯз шоҳиди он мегардем, ки шабакаҳои Якум ва "Россия" ахбори расмиро дар миёни барнома медиҳанд. Масалан, дирӯз як русдухтар соҳиби ҷоизаи ҷаҳонии "Нозанини сол" гардид ва ахбори барномаи шабакаи давлатии "Россия" аз иттилои он сар шуд ва баъд ба вохӯрии Президенти Русия бо Сарвазир гузориш дод.

Хулоса, "Шабакаи аввал" ҳамчун барномаи умумимиллӣ бояд ҷиддӣ бошад ва нагузоранд, ки барномаи "Ахбор" чанд дақиқа ба таъхир афтад.

Зеро аз хотир набояд баровард, ки ин шабака ба воситаи маҳвора рӯи замин паҳн мешавад.

4 январ шабона аз Шабакаи аввал дар таркиби як барнома панҷ реклама рафт ва чортои он (!) ба забони русӣ садо дод. Ман ин корро танҳо масхараи забони давлатии мову шумо меҳисобам. Ақаллан баръакс, чор ба тоҷикӣ ва як ба русӣ мерафт, алам камтар мешуд. Ин танҳо шармандагист дар назди он форсизабонон ва тоҷикони бурунмарзие, ки бо умеди дидану шунидани забони шевои тоҷикӣ оинаи нилгуни худро ба "Шабакаи аввал" рост кардаанду ҳуруфи бегона мешунаванд.

Дар аксари телевизионҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ реклама ё паёми бозаргонӣ ба ду забон меравад, ҳол он ки забони давлатӣ тоҷикӣ аст ва реклама бояд ба забони давлатӣ пахш гардад. Вақте бо баъзе дастандаркорони телевизион дар ин хусус сӯҳбат кардам, баҳона пеш оварданд, ки гӯё, хоҳиши супоришдиҳанда ҳамин будааст, ки рекламаи онҳо ҳатман ба забони русӣ пахш шавад. Дар акси ҳол онҳо реклама намедодаанд. Бале, ин баҳона аст, на сабаб.

Агар мисол бизанем, дар радиои "Имрӯз" ягон бор ҳарфи ғайритоҷикиро нашунидаам. Бовар кунед, ҳатто рекламаро ба забони русӣ нашунидаам ва паёмашон ҳам кам нест ва касе онҳоро ба миллатгароӣ айбдор ҳам накардааст ва шояд ягон рекламадеҳ аз он ҳам ба додгоҳ шикоят набурдааст, ки ин радио рекламаи онҳоро ба забони русӣ надодааст.

Мӯҳтарам масъулини барномаҳои телевизион!

Фарз кардем, корманди оҷонсии реклама, ки на забон ва на меҳанашро эҳтиром мекунаду барои вай манфиати молиявӣ дар дараҷаи аввал меистад, ба идораи телевизион меояд ва мегӯяд, ки реклама бо ду забон ва ё танҳо ба забони русӣ пахш шавад. Ва агар дар телевизион онро қабул накунанд ва фаҳмонанд, ки телевизион аз пули халқ, аз андози халқ фаъолият мекунад ва аз сабаби он ки танҳо қариб ду фисади мардум русзабонанд ва гумон аст, ки онҳо барномаҳои Тоҷикистонро тамошо кунанд ва аз сабаби он ки аксари мардум бо ин забон муошират доранд, забони давлатӣ тоҷикӣ аст, реклама бояд ба забони тоҷикӣ бошад, он гоҳ онҳо ҳам розӣ мешаванд, ки паёмашон ба забони тоҷикӣ равад.

Зеро онҳо медонанд, ки агар ба онҳо "Шабакаи аввал", "Сафина" ва ё дигар шабакаҳои навбунёд шарт гузоранд, ки рекламаашонро танҳо ба забони тоҷикӣ қабул мекунанд, дигар рекламаашонро шабакае намехарад ва ё бо нархи паст мегирад, маҷбур мешаванд, гузашт кунанд ва рекламаро танҳо ба забони давлатӣ диҳанд, зеро дигар илоҷе ҳам намемонад.

Боз як роҳи ба манфиати молиявии ин гурӯҳ халал нарасонида, паёмро пурра ба забони тоҷикӣ додан ҳаст. Бигузор он рекламае, ки ба забони русӣ меравад, ду бор ба забони тоҷикӣ пахш шавад, он гоҳ "на сих месӯзад, на кабоб".

Мӯҳтарам масъулону роҳбарони телевизион!

Бовар дорам Шумо яке аз шабакаҳои телевизиони Русияро тамошо мекунед.

Пас чаро реклама дар ин шабакаҳо бо забони ғайрирусӣ, масалан, тоторӣ, ки шумораи онҳо танҳо дар худи Маскав аз як миллион зиёд асту ҳатто тоторҳо як ҷумҳурии мухторро ҳам доранд, садо намедиҳад?

Зеро роҳбарони Русия сиёсати ҳимояи миллат ва забонашонро пеш гирифтаанд ва ба ин муваффақ ҳам шудаанд.

Дар Украина ва ҷумҳурҳои назди Балтик аксари кулли барномаҳои русиро манъ кардаанд. Онҳо на душмани русҳоанд, балки хатари суст шудан ва тадриҷан ҳазм шудани забонашонро эҳсос карда, ба ин хулоса омадаанд.

Фаромӯш набояд кард, ин хатар дар сари забони мо ҳам омадааст ва дар мақолаи қаблӣ дар ин хусус сӯҳбат карда будам.

Ман намехоҳам, ки мо ҳам мисли онҳо шабакаҳои Русияро бандем, зеро онҳо барои халқи мо даричаест ба ахбори саривақтӣ ва нисбатан беғараз дар бораи рӯйдодҳои ҷаҳон ва барномаҳои диданбоб.

Шояд баъзеҳо пиндоранд, ки ҳуқуқи он ватанфаромӯшкарда, ки талаби рекламаро танҳо ба забони русӣ ва ё бо ду забон доданро дорад, поймол мешавад.

Не, ҳаргиз не! Дар Конститутсияи мо омадааст, ки забони русӣ ин танҳо забони муоширати байни халқҳо мебошад, на забони давлатӣ!

Мӯҳтарам масъулони телевизион!

Пас чаро мо наметавонем ин гуна сиёсатро дар амал татбиқ кунем, то ки реклама танҳо ба забони тоҷикӣ пахш шавад? Ва чӣ омиле барои пиёда кардани сиёсати ҳимояи забони давлатӣ халал мерасонад?

Мувофиқи қарори Шӯрои миллии Озарбойҷон оид ба радио ва телевизион ҳамаи шабакаҳои радио ва телевизиони ин кишвар, ки аз амвоҷи дохилии кишвар истифода мебаранд, барномаҳояшонро танҳо ба забони озарӣ бояд пахш кунанд. Танҳо барномаҳои ахбор ва дарсӣ метавонад ба дигар забон садо диҳад, вале он барномаҳо ҳатман ба забони озарӣ бо хатти равон тарҷума бояд шаванд.

Дар ин кор депутатҳои мӯҳтарам метавонистанд саҳми хеле саривақтӣ ва муҳим гузоранд. Барои ин танҳо ба қонун дар бораи реклама илова бояд кард, ки паёми бозаргонӣ дар воситаҳои ахбори умум ба ЗАБОНИ ДАВЛАТӣ пахш ва чоп шавад.

Ман қариб бо ҳамаи намояндаҳои халқ аз Кумитаи илм ва фарҳанг алоҳида дар ин бора сӯҳбат доштам. Чунин менамояд, ки барои ворид кардани чунин илова онҳо омодаанд. Якеашон ҳатто ишора ҳам дод, ки дар ин маврид ба онҳо гуфтаанд, ки ба ин қонун кордор нашаванд. Ман ҳеҷ бовар надорам, ки ба фаъолияти депутатҳои мӯҳтарами ин Кумита касе халал мерасонида бошад.

Бигузор, барои ба ин қонун мутобиқ шудани матбуоти мо, ки реклама дар он ғолибан ба забони русӣ аст, дар як - ду соли оянда 90 дарсади реклама ба забони давлатӣ сурат гирад, лекин ин қонун бояд ЗАБОНИ пахшу табъи рекламаро танзим кунад, чи хеле ки ин қонун аллакай ҳаҷму андозаи рекламаро дар матбуот муайян кардааст.

Бо иловаи як банд ба қонун бисёр масъалаҳоро ҳал карда, ба пешрафти воситаҳои ахбори умум ба забони тоҷикӣ саҳм гузоштан мумкин аст.

Агар шоир, олим, сиёсатмадор, муҳаққиқ ва рӯзноманигор, ки дар ин Кумита фаъолият доранд, ғами забони миллатро нахӯранд, пас киро парвои ин забон аст?!

Масъалаи дигар, ки бандаро хеле нигарон мекунад, пахши барномаҳои маҳворавӣ мебошад.

Шабакае, ки ба маҳвора пайваст мешавад, худ аз худ барномаҳояшро ба тамоми кишварҳои ҷаҳон тақдим мекунад, яъне, барномаҳояшро пеш аз ҳама ба тамоми форсизабонони ҷаҳон пешкаш дорад. Медонем, ки ғайр аз се шабакаи маҳвораи кишвари мо боз даҳҳо телевизион ба забони форсиву дарӣ аз дигар мамолик ба монанди Афғонистон, Ирон, Амрико, Инглистон ва ғайра дар маҳвора пахш мешаванд ва мисли онҳо, ки ҳар якеро мақсадест аз пахши барнома, ҳадафи мо ин муаррифии Тоҷикистон ба тамоми онҳое, ки забони моро медонанд, нигаронида шудааст. Пеш аз ҳама мо мехоҳем барномаҳои моро дар Узбакистон, Афғонистон, Ирон, Амрико, Аврупо ва ҳатто Ҳинду Покистон, ки дар он ҷо даҳҳо миллион мардум тоҷиканд ва ё забони тоҷикиро медонанд, тамошо кунанд. Аммо гумон аст, он мардум барномаҳои моро бинанд, чунки он соф ба забони ноби тоҷикӣ намеравад. Дар он рекламаҳо ва филмҳои на танҳо обшустаи тоҷикӣ, балки асосан филмҳои русии тарҷумашуда ва ё ба забони русӣ намоиш дода мешаванд. Ва гоҳе он филмҳо пур аз ҳақорат, моломоли фаҳшанд, ки ба одоби тоҷикӣ рост намеоянд.

Яъне, барномаҳои фаҳшдору ширу шакари талх, омехтаи забони русиву тоҷикӣ ва гоҳе шева наметавонад бо барномаҳои шабакаҳои форсизабон сабқат варзад.

Пас барномаҳои маҳвораӣ барои тахмин як миллион шаҳрвандони тоҷик, ки дар ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ ба кишварҳои дигар худро андохтаанду шояд як қисми камашон имконияти қабул ва тамошои телевизиони тоҷикро дошта бошанд, ниҳоят зарур аст. Пеш аз ҳама ин барномаҳо робитаест миёни Тоҷикистон ва шаҳрвандони берунрафта.

Вале мо набояд фаромӯш кунем, ки бечора муҳоҷири тоҷик ташнаи ҳарфи тоҷикӣ аст, на русӣ. Ӯ ҳар соату ҳар дақиқа бо забони русӣ кор дорад ва аз тахмин бист - сӣ шабакаи Русия филмҳое, ки тариқи "Шабакаи аввал" ва "Сафина" ва ё "Баҳористон" ба забони русӣ намоиш дода мешаванд, пештар дидаасту мебинад. Агар гӯем, ки онҳо ва ҳатто қисме аз бинандагон хонагӣ аз намоиши онҳо безор аст, хато намекунем.

Ва чӣ хеле мегӯянд, ба дарё об мебарем.

Имрӯз қариб ҳама шабакаҳо, ҳам давлатӣ ва ҳам шахсӣ наметавонанд бе филмҳои русӣ ва ё ба русӣ баргардонида соатҳои тӯлониро пур кунанд. Инро мо мефаҳмем, зеро чӣ хеле гуфтем, аз паси шумораи шабакаҳои нав шуданду он соатҳои дарозро на бо маблағи кофӣ ва на бо мутахассини варзида таъмин кардаанд.

Роҳи осони пахши барномаҳои маҳвораӣ он аст, ки аз 18 - 20 соат барномаҳои дохилии ҳаррӯзаи "Шабакаи аввал" танҳо ҳашт - даҳ соат барномаҳои хубро танҳо ба забони тоҷикӣ, ки дар фазои иттилоотӣ ва ҳунарии ҳамзабонон рақобат варзида тавонад, интихоб карда, онҳоро алоҳида ва такроран пахш кардан даркор аст. Он гоҳ барномаи маҳвора бо номи шартии "Тоҷикистон" соф ба забони тоҷикӣ ба 16 - 20 соат дар як шабонарӯз мерасад. Аз намоиши такрорӣ орият даркор нест, зеро онро дар кишварҳо, ки дар минтақаҳои гуногунанд, дар вақтҳои мухталиф тамошо хоҳанд кард ва аз ин таҷриба телевизионҳои маъруфи байналмилалӣ низ фаровон истифода мекунанд. Масалан, Евронюс, ВВС ва дигарҳо як барномаро то чор бор ва аз ин ҳам зиёд такроран нишон медиҳанд. Ва худи "Шабакаи аввал" низ барномаи "Пайванд" ва "Субҳ"-ро такроран пахш мекунад ва ин таҷриба хуб ва боиси дастгирист.

Як нафар корманди телевизион ин пешниҳоди маро шунида, боз фикри ҷолибтаре пешниҳод кард, ки мешавад аз барномаҳои зубдаи чор шабакаи давлатӣ як шабакаи маҳвора сохт.

Вақте барномаҳои мо танҳо бо забони тоҷикӣ таҳия ва пахш шаванд, он гоҳ телевизиони тоҷик ба даҳҳо шабакаҳои дариву форсизабон метавонад рақобат кунад ва ба афғону иронӣ, покистониву ҳиндӣ ва кулли дигар мардум, ки ба кишвари мо, ба забони мо, ба фарҳангу ҳунари мо муҳаббат доранд ва ба муҳоҷирони тоҷик наздик мешавад.

То имрӯз барномаҳои маҳвораии бе нишон ё рамзи кишварамон пахш мешаванд ва мансубияти онро муайян кардан мушкил аст. Он "1"-ро барномаи телевизиони Русия ҳам дорад. Бинобар ин дар як гӯшаи шабакаи маҳвораӣ рамзи воқеан фарқунандае дошта бошад, то ки баробари дидани он бинанда фаҳмад, ки он моли куҷост.

Дар омади гап бояд бигӯям, ки дур намеравем ва ҳангоме ба шабакаҳои маҳвораи ҳамсояҳоямон назар андозем, мебинем, ки се барномаи маҳвора аз Туркманистон, яктоӣ аз Арманистону Озарбойҷон танҳо ва танҳо ба забони модариашон пахш мешавад.

Барномаи дохилӣ ва моҳвора ҳатман бояд ҷудо карда шавад, зеро ҳадафи ҳар яки ин ду барнома дигар аст. Масалан, зарурате нест, ки мо ба тамоми ҷаҳон аз мавсими киштукори пахта ё картошка, аз аҳамияти яхобмонӣ ҳарф бизанем. Ин гуна барномаҳо танҳо чеҳраи давлати моро дар миқёси байналмилалӣ коста мегардонад.

Дар сурати ҷудо кардани барномаҳои дохиливу маҳвора пеш аз ҳама боз масъалаи маблағ пеш меояд. Бояд гуфт, ки ин масъала хеле ҷиддист ва умедворем дар ҳалли он масъулон саҳм мегузоранд. Зеро роҳбароне, ки барои таъсиси шабакаҳои нав ташаббус нишон додаанд, бовар дорам, барои ин нияти хайр, барои тарғиби миллати тоҷик берун аз кишвар низ саҳм мегузоранд.

Пешниҳоди дигари ман он аст, ки барномаҳои консертӣ ҷиддан кам карда шавад. Дар байни мардум баъзан афкореро ҳам мешунавем, ки телевизиони тоҷик асосан ахбори расмӣ ва консерт пахш мекунад. Ман ба ин фикр розӣ нестам, зеро барномаҳои ҷолиб ҳам ҳастанд ва чун вазифаи мо сухан аз таҳлили онҳо нест, танҳо ҳаминро мегӯем, ки воқеан ҳам барномаҳои консертӣ ва муколамаву сӯҳбат бо аҳли ҳунар зиёданд.

Имрӯз суруд тавассути воситаҳои муосири техникӣ ба ҳар оила дастрас ва хеле наздик аст ва телевизион ин рисолатро аз даст додааст ва аз ин рӯ, зарур нест дар ин маърака ширкати ҷиддӣ варзад.

Дар ин кор дирӯз видеомагнитофон, кассетаву диску дивиди маъруф бошад, имрӯз ҳатто онҳо ҳам тадриҷан аз даҳон монда, тавассути Интернет ва телефони ҳамроҳ ё беҳтараш дастӣ дар як миҷҷа задан суруди нав аз ин канори дунё ба он канораш мерасад. Телефони дастӣ на танҳо овоз, балки сурат ва навори он сурудро пас аз як ё ним дақиқаи садо додани суруд имконияти фиристоданро дорад.

Агар солҳои пеш барои шунидани суруди дӯстдоштаи Аҳмад Зоҳир ё Гугуш заҳмату вақти зиёд мерафт, ҳоло дилатон ин ё он суруди онҳоро кашад, ба дарёи беканору бетаги Интернет ворид мешавед ва мувофиқи дархости шумо даҳҳо ё садҳо суруди ҳар яки ин хунёгар бароятон пешкаш мегардад.

Дилам ба он месӯзад, ки шабакаҳои давлатӣ барои тарғиби созу суруд ва консертҳои ин ё он ҳофиз таваҷҷӯҳи зиёд доранд, бо реклама ва ҳазор обу ранг консертҳои ба ном "Суруди сол"-ро пешкаши мухлисон мегардонанд, вале хуб мешуд, дар давоми сол, дар қатори сабқатҳои сурудҳои солу моҳ, масалан, силсилабарномаҳои "Муаллими беҳтарин", "Олими беҳтарин" ва ё "Табиби беҳтарин"-ро ба монади ҳафтаномаи "Тоҷикистон" ташкил кунанд, зеро ин табақа дар муқоиса бо дигар қишрҳо ба таваҷҷӯҳ зиёдтар ниёз доранд. Онҳо имрӯз бо моҳонаи ночиз аз касби худ даст накашида, дар хизмати мардуманд. Он ҳофизоне, ки дар ҳар гуна маъракаву ҷашнҳо менамоянд, зарур нест, ки тавассути оинаи нилгун зуд - зуд намоянд.

Масъалаи дигар боз тақлид ба телевизионҳои ғарбӣ аст. Масалан, Раиси ҷумҳури Русия аз телевизион сухан ронад, садояшро хомӯш накарда, танҳо паст мекунанду ровиён шарҳро оғоз мекунанд.

Дар мо ҳам ҳамин таҷриба рӯз то рӯз густурда мегардад. Одоби шарқӣ ва тоҷикӣ онро тақозо дорад, ки вақте як нафар ҳарф мезанад, дигарон ӯро бояд гӯш кунанд, на ҳангоми суханрониаш ҳарф бизананд. Бинобарин вақте дар телевизион порчаи маърӯза ё суханронии нафареро пешниҳод мекунед, агар зарур донед, ки порчаи маърӯзааш муҳим аст, онро бо овози муқаррарӣ шунавонед, муҳим набошад, овозашро пурра хомӯш карда, баъд ба шарҳ пардозед.

Боз як масъала бояд мавриди назари роҳбарон бошад. Дар баъзе барномаҳо ҳангоми гирифтани мусоҳиба ном ва вазифаи он нафарро наменависанд. Ин таҷриба бештар пас аз анҷоми ҷаласаҳои тантанавӣ сурат мегирад. Вақте мусоҳибро даҳонӣ муаррифӣ мекунанд, ин кифоя нест, ҳатман бояд хаттӣ ном ва агар унвон дошта бошанд, унвон ва вазифаро бояд интишор кунанд. Ин заҳмати зиёд талаб намекунад, вале вақте номи мусоҳибро менависед, ҳам одоби хуб аст ва ҳам ӯ хурсанд ва ҳам бинанда.


Муҳибуллоҳи ҚУРБОН,
коршинос
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97