РАИСИ ҶAМОАТ ХУДРО ШОҲ ДИД

Иҷтимоъ 09.01.2009 14:02

Раъийят хушбахт аст агар дар сояи салтанати Шоҳ осуда хуфта

ва умаро пайи ҳоҷоти ӯ бошад.

"Таърихи Ҷаҳонгӯшой"

Сафарҳои ба шаҳру навоҳии мухталифи ҷумҳурӣ анҷомдодаи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд моҳи ахир ба пешрафти иқтисод ва рӯзгори мардум такони ҷиддӣ бахшиданд. Эмомалӣ Раҳмон қариб ба тамоми навоҳии Тоҷикистон сафарҳои корӣ анҷом дод ва бо мардуми диёр дидор дид, сӯҳбату мулоқотҳо орост.

Аз ҷумла президент ду маротиба ба вилояти Хатлон, ба вилоятҳои Суғду Бадахшон сафар кард, бо мардуми ноҳияҳои Файзободу Ваҳдат, Турсунзодаву Рӯдакӣ дидорбинӣ намуда, аз зиндагӣ ва кору ҳоли сокинони навоҳии минтақаи Рашт хабар гирифт. Сафарҳои раҳбари давлат ба мардум рӯҳу илҳоми тоза бахшид ва онҳоро ба ояндаи шукуфони кишвар хушбин сохт. Дар бораи шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳои беминнати эшон дар рушду нумӯъи иқтисоди Тоҷикистон чӣ тавре, ки мегӯянд мо гап надорем. Президент ба ҳалли мушкилоту масоиле даст мезанаду иқдом мекунад, ки амалӣ гаштани онҳо дар назари аввал номумкин менамояд. Ҳамин кушодани роҳи автомобилгарди Кӯлоб- Дарвоз, ки ҳазорон сол дар дили ҳама наслҳои рафтаву имрӯзӣ чун орзуи ширину амалӣ нашаванда лона дошт, маҳз бо кӯшиш, пофишорӣ ва дурандешиву ташаббускории раҳбари давлат ба воқеъият табдил ёфт. Кореро, ки давлати абарқудрати Шӯравӣ бо ҳама имконоту иқтидори дар ихтиёр доштааш натавонист амалӣ бисозад, сарвари давлати навпои тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар як фурсати кӯтоҳ анҷом дод. Имрӯз дигар барои мардуми Бадахшон дар кадом фасли сол ба Душанбе омадану аз пойтахти Ватан ба Дарвозу Ишкошиму ҳатто Чину Мочин рафтан дигар проблема нест. Мақсади мо аз иншои ин сатрҳо чизи дигар аст. Шахсияти президент ва хидматҳои эшон аз тариқи расонаҳои хабарӣ, ба хусус ҳукуматӣ, мин ҷумла ба воситаи шабакаҳои телевизионҳои дар кишвар мавҷуд буда зиёд рӯи навор меояд ва афзун тарғиб мешавад. Албатта мо ба ин кору мавқеъи доштаи раҳбарияти Кумитаи радио ва телевизион ҳеч мухолифат надорем, чун онҳо зарур донистаанд, ки роҳбари давлатро тавсифу тарғиб бикунанд, ихтиёр доранд. Ҳарчанд фикр мекунам Эмомалӣ Раҳмон ҳич ниёзе ба он тавсифу реклама надорад, зеро мардум аз раисҷумҳури хеш ҳамеша бо некӣ ёд мекунанд ва эҳтироми эшонро накӯ ва гиромӣ медоранд. Ва ба ҳар гӯшаи диёр, ки сарвари давлат нияти сафар мекунад, мардум омадани меҳмони олиқадрро бесаброна интизор мешаванд. Мо розӣ ҳастем, ки шахсияти сарвари давлат ба воситаи расонаҳои хабарӣ тарғиб шавад ва мардум оид ба корҳои анҷомдодаи раҳбарияти давлату ҳукумат бештар огаҳӣ пайдо кунанд. Вале нигаронии мо аз он аст, ки иддае аз роҳбарони сатҳи поёнӣ дар сояи тарғиби шахсияти президент ба реклама ва ба намоиш гузоштани расмҳои бузургу барқади хеш даст задаанд. Масалан агар касе ба ҷониби маркази ҷамоати деҳоти Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рафта бошад, беихтиёр чашмаш ба чанд тахта-расми бузурги дар роҳи калони мошингарди самти хоҷагии Россия- Ҳазрати Мавлоно насб шуда меафтад, ки дар онҳо президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалқаи масъулини ноҳияи Рӯдакӣ акс ёфтааст. Ин аз ҷумлаи яке аз он навигариҳоест, ки баъди анҷоми дидорбинии сарвари давлат аз ин хоҷагӣ дар тобистони ҳамин сол сурат гирифтааст. Кас чунин гумон мекунад, ки гӯё яке аз супоришҳои сарвари давлат баъди мулоқоташ бо мардуми ҷамоати деҳоти Қӯштеппа ҳамин будааст, ки расмҳои ӯро аз ҳамон лаҳзаҳои дидорбинӣ бо мардум дар сари роҳи бузурги мошингард насб кунанд. Вале ҳақиқат дигар аст. Дар он мулоқот президент аз масъулин чизи дигарро дархост намуд, ки онҳо бештар дар андешаи беҳдошти рӯзгори мардум бошанд. Аммо роҳбарон, ба хусус раиси ҷамоати деҳоти Қӯштеппа, ҷаноби Абдулҳай Абдунабиев барои худро ба мардум бештар муаррифӣ кардан аз ҳамон лаҳзаҳои бо тӯҳфаи тақдир дар паҳлӯи сардори давлат гаштугузор карданаш, ки аз ҷониби суратгирон аккосӣ шуда буданд, маблағҳо сарф намуда расмҳоро бузург сохт ва дар чанд ҷои сари роҳ ба тамошо гузошт. Ин маънии онро дошт, ки ай мардум бубинед, раиси ҷамоати Қӯштеппа дар паҳлӯи раиси ноҳия ва аз ҳама муҳимаш дар қабати раҳбари давлат аст. Касе бигӯяд, ки мақсад аз ин сарфу харҷ чизи дигар аст, мо қабул надорем. Президент ба шаҳри Ваҳдат ва Қӯрғонтеппа низ сафар доштанд, вале ҳич раиси ҷамоат ин ҳақро барои худ раво надонистанд, ки расми хешро бо Эмомалӣ Раҳмон бузург карда дар сари роҳҳо барои тамошои мардум бигузоранд, яъне рекламаи худро ҷойиз надонистанд. Ва мисоли аз ҳама содаву рӯшан он аст, ки баъди чанд лаҳзаи дар ҷамоати Қӯштеппа буданашон сарвари давлат ба ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ташриф бурданд, ки ин ду ҷамоат дар ҷавори ҳам ҷой гирифтаанд. Пас чаро раиси ҷамоати деҳоти Гулистон худро бо президент реклама кардан нахостааст? Ё сарвари давлат бо раиси ин ҷамоат расми якҷоя нагирифтанд? Бояд ин кор нашуда бошад. Ман фикр мекунам раиси ҷамоати деҳоти Гулистон аз рекламаи расми якҷоя дар паҳлӯи сарвари давлат доштааш худдорӣ карда ин ҳақро ба хеш раво надидааст. Магар намешуд расми сарвари давлатро, агар масъулин ин қадар воқеъан хоҳишманд ва завқманди тарғиби фаъолияти президент ҳастанд, аз он лаҳзаҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон бо чанде аз пирони кор ва деҳқонони хокпош сӯҳбат доштанд, барои реклама дар назди идораҳои хоҷагиву ҷамоат мегузоштанд. Шояд ҷаноби Абдунабиев барои мо бигӯяд, ки дар он расмҳои бузург лаҳзаҳои бо деҳқонони хоҷагии "Россия" сӯҳбат доштани президент акс ёфтаанд. Бале, ин дуруст аст, ҳамин гуна расм низ ҳаст, вале чун ба он дида медӯзем нигоҳамон аввал ба чеҳраи ҷиддиву то ҷое қаноатманд ва галстуку пиҷаки раиси ҷамоат меафтад. Ман гумон намекунам, ки аз ин мулоқоте, ки сарвари давлат дар хоҷагии "Россия" бо мардум доштанд, суратгирон танҳо ҳафт расм бардошта бошанд. Бояд дигар аксҳо низ бошанд. Ё чунин расмҳо будаву дар онҳо симои раиси ҷамоат аккосӣ нашуда, ё мақбули ҷаноби Абдунабиев нагашта. Ё ҳар ду!

Журналист С. Бурҳонов дар газетаи СССР бисёр хуб навиштааст, ки: "Президентро як тоифа мардуми ноуҳдабаро ба рекламний агенти худ… табдил додаанд. Суратҳоеро, ки ҳангоми сӯҳбатҳои протоколӣ бо Эмомалӣ Раҳмон гирифтаанд, калон карда сари роҳи хонаву идораашон кашол мекунанд. Гӯё президент ҷӯраи онҳо бошад. Аз номи президент гап мезананд." Чанде пеш бо коре ба Кӯлоб рафта будам. Дар маркази ин шаҳр расми бузурги президенти кишвар дар иҳотаи пирони нӯронии кӯлобӣ, ки ду нафари эшонро шинохтам, Ҳоҷӣ Сайид Шариф, омӯзгори машҳуру собиқадор ва имом- хатиби масҷиди ба номи Эмоми Аъзам Ҳоҷӣ Ҳайдари Шарифзода, ки ҳар ду ҳам дар Кӯлоб аз эҳтироми хоссаи мардум бархурдоранд, акс ёфтаанд. Аҷаб акси зебову дидание! Ин сурат он мавзеъро нуру ҳусни дигар бахшидааст.

Ва оё беҳтар набуд, ки он маблғеро, ки масъулини ҷамоат барои тарғибу рекламаи хеш сарф кардаанд, ба дигар кор масалан, обод кардани ҳамон роҳҳои фарсудаи қаламрави ҷамоаташон харҷ мекарданд, ё барои тифли ятиме сару либоси мактабӣ мехариданд, ё ягон донишомӯзи ҷамоаташонро кӯмакпулӣ медоданд. Ё рекламаи раиси ҷамоат муҳимтар аз ин корҳои нек буд?! Агар ин амалҳои хайр сурат мегирифтанд, президенти мамлакатро бештар хуш меомад, аз он ки як раиси ҷамоат зери пардаи тарғиби президент рекламаи худро ҳавас кардааст.Оё вақти он нарасидааст, ки раиси ҷамоати Қӯштеппа сари иваз кардани номи деҳу қарияҷоти қаламрави ҷамоаташ ба номҳои хушоҳангу ифодакунандаи таъриху тамаддуни миллӣ иқдом намояд? Оё хоҷагие дар Русия ба шарафи кишвари мо номгузорӣ шудааст? Аз Чапаеву Шапкин, Шмидту Гастелло, Правдаву Дмитров, Пестелу Паризани сурх ва ғайра кишварҳои соҳибистиқлолу сарварони огоҳу худшинос кайҳо даст кашидаанд, вале ҷаноби Абдунабиев аз бедор кардани эҳсоси худшиносии мардуми ҷамоаташ дида рекламаи хешро муфидтар донистааст. Ҳамон рӯзе, ки дар роҳи назди беморхонаи маркази ҷамоати Қӯштеппа тахтаи бузургеро бо расми сарвари ҷамоат дар сутунҳо насб мекарданд, модаре, ки писарашро пизишкон мубтало ба маризи домана гуфта буданд, аз нодорӣ намедонист чи кор бикунад ва ба куҷо биравад то доруе барои тифлаш дастрас намояд. Модар бо чашмони маҳзун ва дили пурхун ба он портрети бузург дуру дароз дида дӯхт. Ман аз нигоҳаш хондам, ки гуфтан мехост: "Президент раисонро гуфт, ки мардумро нигоҳ кунед, инҳо баракс фаҳмидаанд, мо бояд онҳоро нигоҳ кунем." Муроди мо аз ин навиштаҳо он аст, ки масъулин бояд ба тарғибу рекламаи хеш хотима бидиҳанд ва аз навигарие, ки раиси ҷамоати деҳоти Қӯштеппа, ҷаноби Абдунабиев баъди ба дидори президенти кишвар мушарраф гаштанашон рӯи кор овардааст, дарси ибрат нагиранд. Фаъолияти президент ҷои таърифу таҳсин ва тарғиб аст, чунки эшон сарвари кишвар ва симои миллату давлат дар дохилу хориҷ ҳастанд, вале масъулини сатҳи поёнӣ пояшонро бояд ба андозаи кӯрпаашон дароз кунанд ва дар сояи "Сояи Худо" ба ифтихори ноҷо ва тарғиби нозебои худ роҳ надиҳанд. Вагарна ин кор метавонад дар дигар навоҳиву ҷамоат ва ҳатто деҳу кӯчаҳо мӯд гардад. Агар чунин шавад, пас асосгузори ин иқдом дар таърихи Тоҷикистони навин бешак раиси ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷаноби Абдулҳай Абдунабиев хоҳад буд. Хонандаи азиз, шояд ту андешаи дигар дошта бошӣ?

Дар ҳафтае, ки гузашт сарвари давлат аз мавзеъи дигари ноҳияи Рӯдакӣ, рустои Чоряккорон дидан карданд. Ҳоло ҳам сари вақт аст, аз ин рӯ аз раиси ноҳияи Рӯдакӣ, ки намояндаи президент дар ноҳия ҳастанд хоҳиши онро доштам, ки илоҷи дарди шахспарастии акнун хуруҷ кардаи ҳокими як ҷамоати қаламрави ноҳияашонро бигиранд, вагарна имкон дорад дигар масъулини ноҳияаш низ ба ин беморӣ мубтало шаванд. Дар охир аз ҳамон мақолаи бародари журналистам С. Бурҳонов як иқтибоси дигар оварда ба навиштаҳои худ ҳусни анҷом мебахшем: "Роҳбари миллати худро эҳтиром бояд кард. Ному расми ӯро ҷою беҷо истифода кардан хуб нест. Ба вижа дар мавриде, ки худи президент борҳо сари ин мавзӯъ таъкид кардааст."


Аминҷони ШОҲИН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97