ТУРКТОЗИҲО БА ХАТ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ё дар ҷуcтуҷӯйи мероси падарони Иброҳим Усмонов

Фарҳанг ва адаб 17.07.2008 14:31

Иброҳим Усмонов аз ҷумлаи охирин касоне боқӣ мондааст, ки ҳамчунон талош мекунанд, хастагинопазирии худро дар мавриди баҳси забон ва алифбо намоиш диҳанд. Бисёре дигар аз кирилипарастон ё ҷонибдорони ба истилоҳ ин ақида, ки тоҷикӣ ҷудо аз форсист ё ҳақиқатро дарёфтанд ва ё хаста шуданд ва ё ҳам ин ки бемаънигии даъвояшонро пай бурданд ва эҳсоси хиҷолат карданд, ки домани ин баҳси бемаъниро раҳо сохтанд. Магар Иброҳим Усмонов, ки ба назар мерасад, дар ин майдон танҳо мондааст.
Албатта агар пешниҳодоти профессор Усмонов, ки талош мекунад кирилиро ба форсӣ тарҷеҳ диҳад, устувор бар мабнои далелҳои ҷиддӣ ва илмӣ мебуд, арзиши пардохтан ба баҳсро медошт. Аммо мутаассифона, ин нигоштаҳо бештар чун эҳсос ва ғараз маълум мешаванд, то нуқтаи назар.
Ҷои изҳори таассуф боз ин аст, ки бар изофаи далоили ноустувор, зимни хондани фикри профессор Усмонов дар бархе маврид шоҳиди камогаҳии ӯ дар бархе масоил ва зидду нақизии фикри ӯ низ мешавем.
Дар гузорише "Азия плюс" аз қавли Усмонов овардааст, ки агар бозгашт ба форсӣ барои ошноӣ бо осори классик бошад, ки бо ин алифбо иншо шудаааст, зарурате надорад, чун то кунун 80% ин осор ба кирилӣ баргардон шудааст. Ин иддаъоро метавон танҳо мизони огаҳӣ ва ошноии Иброҳим Усмонов ба осори гузаштагон бо хати форсӣ донист. Аслан касе тахассус дар шинохти хат ва пажӯҳиш рӯи осори форсӣ надошта бошад ва сари худро дар ганҷинаҳои форсӣ сапед накарда, набояд ба худ иҷозаи содир кардани чунин изҳоротеро бидиҳад. Фикри соҳибназарон дар ин замина ба гунаи дигар ва ба гуфтаи мутахассисон ҳамаи осори баргардонида ба кирилӣ аз форсӣ то кунун ҳадди аксар 7% осори умумии иншошуда бо ин хатро ташкил намедиҳад. (Мо ба ин масъала дар давоми мақола бар хоҳем гашт, ки гузаштан ба алифбои форсӣ барои омӯхтани осори гузашта на, ки бештар барои ояндаи мо ва ёфтани роҳи наҷот зарур аст.)
Дигар ин ки дар ҳафтаномаи "Нигоҳ" (№16 (083) аз 10.07.2008) профессор Усмонов мегӯяд, форсӣ хати мо ва падарони мо ва гузаштагони мо нест. Профессори мӯҳтарам даъво низ пеш оварда, ки вақте дар баҳси маҳфили "Диалог" кирилиро бар форсӣ тарҷеҳ медод, касе бо вай ёрои баҳсро надошт ва ба опоненти худ пирӯз омад. Хуб, инаш ҳавола ба ҳиммати ӯ. Аммо дар мавриди "хати падарон" профессор Усмонов дар "Диалог" сад дар сад акси он чиро гуфта буд, ки акнун дар "Нигоҳ" гуфтааст. Дар он маҳфил Усмонов дар поёни сӯҳбаташ гуфт, ки ин хати гузаштагони мо, падарони мо ҳаст, онро бояд донист, омӯхт, аммо гузаштан ба он шарт нест. Ин буд, ки билофосила номзади илми таърих Дӯстмуҳаммади Дӯст баланд шуд ва гуфт; «Устод Усмонов чӣ тур мешавад аз падар ҳама чизашро ба мерос гирифту хаташро не?»
Шояд дар мусоҳибаи ахираш Усмонов хостааст худро ислоҳ кунад ва дар баробари чунин суолоти ҳушмандонаи Дӯстмуҳаммад қарор надиҳад. Аммо боз ҳам чӣ ислоҳе.
Назари ман ин аст, ки вақте хати моро аз мо гирифтанд, андеша ва тафаккурамон сода шуд. Ва тафаккур ба маҳзи он ки сода шавад, бемаънӣ мешавад. Ва баҳсҳои бемаънии мо низ ҳокӣ аз тафаккури содаи мост. Чун тафаккур сода шуд, фард қудрати халлоқии худро аз даст медиҳад.
То замоне, ки андешаи мо сода нашуда буд, дунё ба ҳарфи мо гӯш медод. Падарони мо бо ҳамин форсӣ мегуфтанд ва ҳама мешунид. Чун халлоқ буданд. Метавонед бигӯед, мо ҳатто як асаре бо ҳамин кирилӣ офаридем, ки машҳури офоқ шуд? Иброҳим Усмонов ба зоҳири масъала мепардозад ва мегӯяд, форсӣ моро ба балоғати зиндагӣ намерасонад. Аммо асли муҳимтари масъаларо, ки хат созандаи зеҳният ва андеша низ ҳаст, аз ёд мебарад. Албатта профессор инро дар посухи мусоҳиби ноогоҳи худ мегӯяд, ки суолро нодуруст матраҳ кардааст. Ҳамсӯҳбати профессор аслан ба моҳияти масъалаи хат ворид нашудааст. Вагарна ҳеҷ гоҳ намегуфт; «бархе мегӯянд, гузаштан ба форсӣ мушкили иқтисодии моро ҳал мекунад.» Ман аз ҳеҷ даъвогари гузаштан ба форсӣ чунин гуфтори бепоя ва бемантиқеро нашунидаам ва нахондаам. Балки бояд гуфт, гузаштан ба форсӣ барои мо ҳазина хоҳад дошт. Ва ҳазинаи хеле гарон. Инро ҳар фарди соҳибфикр медонад.
Мо на иронием, на форсем, на каси дигар, мо тоҷикем. Ин ифодаи дӯстдоштании профессор Усмонов аст, ки ахиран дар сари ҳар мавқеъ ба он таъкид мекунад. Аммо Муҳаммад Иқбол суоле дорад, ки профессори муҳтарам низ бояд онро аз худ карда бошад:

Эй, ки мехоҳӣ низоми оламе,
Ёфтаӣ онро асоси маҳкаме?

Ва профессори муҳтарам, ки даъвои миллат мекунад, пуштивонаи ин миллат ва ин забони мустақил ва ҷудо аз форсие, ки ӯ мегӯяд, чист? Оё милате метавонад бидуни пешина ва собиқа вуҷуд дошта бошад? Миллате, ки гӯё дар асри бист ба вуҷуд омада, аммо дар кадом замина? Саъдиву Ҳофизу Хайёму Фирдавсӣ барои шумо иронӣ, Мавлонову Носири Хусрав балхӣ ва афғон, Иқбол покистонӣ аст. Суоли ман ин аст, ки маводи ин забон, ки шумо мегӯед, яъне адабиёти он аз куҷост, агар аз ин бузургон нест. Вақте форсиро аз тоҷикӣ ҷудо медонед, набояд ба худатон ин ҳақро бидиҳед, ки ҳатто Рӯдакиро тоҷик бигӯед. Дар куҷо аз хориҷи Тоҷикистон шунидед, ки гуфтанд "Рудакӣ падари шеъри тоҷикӣ" ё Фирдавсӣ низ нагуфтааст; "Аҷам зинда кардам бад-ин тоҷикӣ", ёд доред, ки гуфтааст, "Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ". Акнун агар ба мантиқи шумо амал кунем, набояд Фирдавсиро шоири миллӣ ва "Шоҳнома"-ро моли тоҷикон донист. Зеро Фирдавсӣ мегӯяд, забони ман форсист ва ба сароҳати тамом мегӯяд. Шумо иддаъо мекунед, ки забони шумо тоҷикист, на форсӣ. Агар иддаъо мекардед, ки ин забон, яъне забони Фирдавсӣ низ тоҷикист, на форсӣ масъалаи дигаре мебуд, агарчанд боз ҳам баҳсомез. Аммо дур афкандани "Шоҳнома" аз пайкари адабиёти тоҷикӣ ва рӯҳи ҳаммосии тоҷик чи иштибоҳе нобахшиданӣ ва хиёнат аст. Оё ин миллатро бе "Шоҳнома" метавон тасаввур кард?

Алифбои форсӣ барои гузашта ё оянда?!

Ба назари ман гузаштан ба алифбои форсӣ ҳам ба ояндаи мо зарурӣ ва ҳатмӣ ҳаст ва ҳам дар шинохти гузашта ёвари мост.
Агар хоста бошем гузаштаи худро ба шакли дурусту пурра ва фарогир бишносем, пас донистани хати форсӣ ногузир аст. Бе дониши алифбои форсӣ тасаввури сурати дақиқи гузаштаи мо нопурра мемонад. Зеро ҳамон гуна, ки дар боло гуфта гузаштем ҳанӯз як фисади нокофии 7 дарсадӣ аз мероси гаронсанги фарҳанги форсӣ ба хати кирилӣ дастёб нест, пас чӣ гуна метавонем аз хати форсӣ дар шинохти гузаштаи худ бениёз бошем?
Дар маҷмӯъ метавон натиҷагирӣ кард, ки бе дониши алифбои форсӣ гузаштаи худро дақиқ шинохта наметавонем ва пайдост, ки бе шинохти дақиқи гузаштаи худ роҳи дурустро барои ояндаи хеш наметавонем интихоб кунем. Ҳақ бар ҷониби Расул Ғамзатов нависандаи шуҳратёри доғистонӣ ҳаст, ки мефармояд; «агар мо ба гузаштаи худ аз туфангча тир холӣ кунем, оянда ба мо аз туп тир холӣ хоҳад кард.» Тамоми даъвиҳои Иброҳим Усмонов дар масъалаи баҳси алифбои тоҷикӣ даъват ба беэътиноӣ ба гузашта, чизи дигаре беш буда наметавонад. Зеро натиҷаи мантиқии боқӣ мондан ва пӯсидан дар хати кирилӣ ҳамин ба гузашта тир холӣ кардан ва аз оянда низ тир хӯрдан чизи дигаре нест.
Аммо дар масъалаи хати форсӣ барои оянда ҳарфҳои гуфтанӣ ва ҳарфҳои ногуфтаи бисёре мавҷуд аст. Агар аз одитарин ҷавони имрӯзаи асри ХХ1 дар мавриди оянда бипурсед, ҳатман ба шумо посух хоҳад гуфт, ки оянда ин пешравии илму техника ва ба вижа пешравӣ дар соҳаи фановарӣ ё технологияи электронӣ мебошад.
Имрӯз дар пешрафтатарин дафтару идораҳои корӣ компютер ва Интернет унсурҳои асосии кор ба ҳисоб мераванд.
Ва пешрафтатарин барномаҳои компютериро метавон ба забон ва ба хати форсӣ ба роҳатӣ пайдо кард. Нармафзорҳое ба хати форсӣ мавҷуданд, ки худо медонад кай онҳо ба хати кирилӣ дар дастрас қарор мегиранд. Бояд барои он маблағҳои ҳангуфте ҳам сарф кард. Ногуфта намонад, ки бозори хати кирилии тоҷикӣ бозори пулсозе нест ва наметавонад соҳибкоронро барои маблағгузорӣ низ ҷалб кунад.
Ҳаҷми маълумотеро, ки кишвари Ирон дар Интернет ба хат ва забони форсӣ ҷой додааст аз ҳаҷми маълумоти тамоми кишварҳои арабӣ бештар аст. Имрӯз ба роҳатӣ дар ҳар мавзӯъе, ки хоста бошем, метавон бо ҳуруфи форсӣ маълумоти дақиқу дурусте, хабаре, таҳлиле пайдо кард.
Эй кош Иброҳим Усмонов, ки накунад то дар сурати форсӣ шудани хати давлатӣ дар Тоҷикистон професорияш зери суол қарор бигирад, лаҳзае дар пояи як компютери пайваст бо Интернет менишаст ва дар мавзӯъоти мавриди назари худаш бо форсӣ ҷустуҷӯ мекард ва ҳаловат мебурд ва дигар ҳаргиз аз хати кирилӣ, ки рӯ ба инқироз аст ва даст задан ба он дар гирдоби муҳлики ҷаҳонишавӣ моро ба ҳеч куҷо хоҳад бурд, даст мекашид.
Ҳама чиз ба фановарӣ ва ёфтани иттилоъ ва дониш бо хати форсӣ мавҷуд аст ва зарурати ихтироъи дубораи дучарха амали беҳуда ва хандадор аст.



Р. Давлат
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97