ТАНҲО СЕ ТАН ТОҶИКИ БОНАНГУ ОР?

Варзиш 31.07.2008 22:12
29 июл Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони тоҷик- ширкаткунандагони Бозиҳои Олимпии Пекин мулоқот кард. Сарвари Тоҷикистон қаноатмандии хешро аз ширкати 14 тан варзишгари тоҷик дар Бозиҳои Олимпӣ изҳор дошта барояшон бардамӣ ва пирӯзӣ таманно намуд. Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро, ки дар расми кушодашавии Бозиҳои 29- уми Олимпии Пекин бардошта мешавад, ба дасти варзишгари гурзпартои тоҷик Дилшод Назаров супорид ва ӯро парчамбардори варзишгарони тоҷик донист.

31 июл бошад дастаи мунтахаби Олимпии тоҷик тариқи ҳавопаймо роҳ ҷониби пойтахти давлати Чин пеш гирифт.

Варзишгарони тоҷик рафтанд ба Чин, барои ширкат дар Бозиҳои Олимпӣ. Бо чи бурду пирӯзиҳо онҳо ноил мегарданд, гузашти вақт нишон хоҳад дод. Фақат ҳаминро гуфтанием, ки роҳашон сафед ва ғалабаҳо насибашон бод!

Дар ҳоле, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз чи гуна қадрдонӣ намудани варзишгарони тоҷики иштирокдори Бозиҳои Олимпӣ ба қарори муайяне нарасидааст, соҳибкор Абубакри Азизхоҷа тасмим гирифт, ки аз ҳисоби дороиаш варзишгарони тоҷики дар Бозиҳои Олимпӣ соҳиби медал гаштаро аз рӯи мақоми ишғолкардаашон мутаносибан бо 10 ҳазор доллар, 5 ҳазор доллар ва 3 ҳазор доллари амрикоӣ қадрдонӣ хоҳад кард. Ҳафтаи равон муждаи тозае расид, ки ду тан соҳибкори дигари тоҷик, бародарон Абдухолиқ ва Муҳаммадрозиқи Неъмат, ки феълан дар Аморати Муттаҳидаи Араб кору зиндагӣ доранд ба қароре омадаанд то ба варзишгарони тоҷики соҳиби медали тилло гардида автомашинаи Toyota RAV4, ба варзишгарони соҳиби медали нуқра шуда автомашинаи Toyota Camry ва ба варзишгарони мақоми саввумро касб карда автомашинаи Toyota Corolla тӯҳфа намоянд. Иқдоми миллатдӯстона ва ҷавонмардонаи соҳибкорони номбурда, ба хусус бародарон Неъматовҳо миёни ҷомеъаи тоҷик шӯру шавқ ва истиқболи гарму ҷӯшонро ба вуҷуд овард. Ва пурсиши муҳим ин аст, ки магар дар Тоҷикистон танҳо се соҳибкор мавҷуд аст? Ин сели бузурги соҳибкорони ватанӣ, ки соле пеш ҳангоми дидор бо Президент Эмомалӣ Раҳмон як толори бузургро пур карда, аз ватанхоҳиву эҳсоси миллӣ доштан ҳарф мезаданд, куҷо шуданд? Вузарову руасои кишвар, соҳибони бонкҳо, масъулини шаҳру навоҳӣ чаро хомӯшанд ва ҷуръату ҳимматашонро чӣ шуд?

Ба ин нуктаи ҷолиб таваҷҷӯҳ намоед:

Ҳукумати Русия қарор додаст ҳар варзишгари кишварашро, ки дар Бозиҳои Олимпии Пекин барандаи медали тилло мегардад, бо 100 ҳазор евро, Қирғизистон 150 ҳазор доллари амрикоӣ, Арманистон 700 ҳазор доллар, Қазоқистон 250 ҳазор доллар ва Белорус 100 ҳазор доллар қадрдонӣ бикунад.

Ба назар чунин мерасад, ки ширкат ва пирӯзӣ дар ин ҳамоиши бузурги варзишии ҷаҳонӣ, ки бешубҳа дар боло бурдани обрӯ ва эътибори миллату давлати тоҷик нақши бориз дорад, аз ҳама зиёд барои Абубакру Абдухолиқу Муҳаммадрозиқ муҳим будааст. Чи ҳам метавон гуфт ба ҷуз аҳсант хондан ба ҳиммату ҷавонмардии ин се тан тоҷики бонангу ор, ки ҳиммати ҳама соҳибкорону сарватмандон ва мардони Ватанро бар дӯши хеш гирифта аз варзиш ва варзишгарони миллат пуштибонӣ кардаанд.

Бо умеди пирӯзии варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Олимпӣ ва сарбаландии ҳамешагии миллати азиз.


Толибшоҳи САЙИДЗОДА
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97