БА МУШУ ГУРБАБОЗӢ ДАР РОҒУН ХОТИМА БОЯД ДОД ё суди мо бар зиёни мо нест!

Сиёсат 31.07.2008 14:50

Нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар таърихи сохтмонсозии кишвар тӯлонитарин пружаест, ки назирашро кас надидааст. Сиву ду сол муқаддам, соли 1976 сохтмони ин НБО оғоз гардид ва то ҳанӯз идома дорад. Дар тӯли ин муддат натоиҷи мусбате ба даст наомада, бо ҳамкорони хориҷӣ тавофуқи комиле ҳосил нагардидааст. Мебоист, соли 1990 ду агрегати НБО-и Роғун мавриди истифода қарор мегирифт. Мутаассифона, бар асари эътирози аҳолии минтақа кори сохтмон маътал гардид. Иддаои мардуме, ки дар акнофу атрофи сохтмон ба сар мебурданд, ин буд, ки маҳалоти маскунӣ, ки дар маҷмӯъ 17 ҳазор гектор заминро дар бар мегирад, зери об монда, беш аз 8200 нафар сокин муҳоҷир мешаванд. Аз ҷониби дигар, воқеоти мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, пошхӯрии давлатӣ Шӯравӣ сабаб гардид, ки кор дар сохтмон ба муддате қатъ гардад.

Тибқи нақшаи пешбинишуда ва лоиҳаи тарҳ гардида, НБО-и Роғун солона мебоист 3600 мВт барқ истеҳсол менамуд. Албатта, истеҳсоли ин миқдор қувваи барқ дастоварди бузурге дар соҳоти энержии кишвар маҳсуб меёбад ва барои расидан ба мустақилияти энержии кишвар заминаи хуберо фароҳам меорад. Имрӯз ниёзҳои кишвар бо барқ анқариб 16 мерд кВт-ро ташкил медиҳад ва истеҳсоли воқеии нируи барқ дар ҳоли ҳозир 14,2 мерд кВт аст, ки барои таъмини талаботи дохилӣ басанда нест.

Суоли матраҳ ин аст, ки Тоҷикистон чӣ гуна метавонад худро аз бӯҳрони энержӣ наҷот диҳад ва яке аз тавлидкунандагони асосии нируи барқ дар минтақа гардад. Коршиносон мегӯянд, ки Тоҷикистон воқеан имконоти бузургеро имрӯз дар ихтиёр дорад ва дар сохтмони ниругоҳҳои барқӣ-обии арзон шароитҳои табиӣ фароҳам аст. Манбаъ ва захираҳои обӣ имкон медиҳад, ки ниругоҳҳои азимеро дар Шӯрообод ба иқтидори 700 мВт, Даштиҷум 4000 мВт, Роғун 3600 мВт, Сангтӯда ва Кафтаргузар сохта, мавриди истифода қарор дод.

Барои амалӣ сохтани ин барномаи стротежӣ пеш аз ҳама зарур аст лоиҳаҳои пешбинишуда дар ин замина мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор гирад ва мутахассисини ҳирфаӣ назару пешниҳодоти хешро ироа намоянд. Сохтмони пружаҳо даврабандӣ гардад ва ҳар кадом дар марҳилаи худ сохта шавад. Ба якборагӣ оғози сохтмон дар ниругоҳҳои мутазакира ғайриимкон буда, мушкилоти зиёдеро ба бор меорад. Пеш аз ҳама таҳияи маблағ ва харидории таҷҳизот нуктаи асосии пешрафти кор мебошад. Дар масъалаи мутахассисин дар соҳаи барқ Тоҷикистон мушкилие надорад. Таҷрубаи ниругоҳсозӣ дар Норак ва Сангтӯда замина гузоштааст, ки мо аз хориҷи кишвар дар баъзе бахшҳо мутахассисинро ба кор ҷалб менамоем. Боқимонда мутахассисони таҷриба омӯхта ва кордида дар кишвар басанда аст.

Масъалаи муҳиме, ки имрӯз дар пешрафти сохтмонҳо сад эҷод мекунад, маблағгузорӣ аст. Бидуни маблағҳои лозимӣ сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ ғайриимкон аст. Имрӯз кишварҳои Осиё ва Аврупо омода ҳастанд маблағҳои худро дар ин сохтмонҳо бигзоранд ва саҳмгузор бошанд. Албатта, кишварҳое ба мисли Ирону Покистон ва Чин, ки аз бунёди ин ниругоҳҳо манфиат мебинанд, омадагии худро ҷиҳати сармоягузорӣ эълон намудаанд. Зеро, баъд аз ба истифода додани ниругоҳҳо, ин кишварҳо метавонанд арзонтарин нируи барқро ба кишварашон интиқол бидиҳанд. Кишварҳои номбурда дар ҳамҷаворӣ бо Тоҷикистон қарор доранд ва мехоҳанд аз имконоти судманди тарафайн истифода намоянд.

Русия, ки худро шарики стротежии Тоҷикистон медонад, бо мушу гурбабозӣ зиёда аз 10 сол аст, ки моро гул мезанад. Гоҳе мехоҳад аксари саҳмияҳоро ишғол намояд ва гоҳе мавқеи минтақаи осиёро ба назар гирифта, пешниҳодоти ғайри қобили қабулро ба Тоҷикистон ба миён мегузорад. Ахиран сафари С. Наришкин ба Тоҷикистон гиреҳи масоили қаблиро ба андозае кушод. Русия бо ба даст овардани 75 фисади саҳмияҳо омодагии худро дар сохтмони НБО-и Роғун ошкор кард. Қобили ёдоварист, ки қаблан РАО ЕЭС, ки имрӯз барҳам хурда, ҷои ин ширкатро "Интер РАО" ишғол намудааст, мехост 80 фисади саҳмияҳоро соҳиб шавад, ки ин талабот ҷониби Тоҷикистонро қонеъ карда наметавонист. Ҷониби Руссия дигар намехоҳад дар ин маврид бетарафии худро зоҳир намояд. Дар акси ҳол саҳмиягузорон хеле зиёданд ва метавонанд маблағи лозимро ихтисос диҳанд.

Рӯзномаи "Коммерсант", як нашрияи наздик ба ҳукумати Русия ахиран хабареро интишор додааст, ки гуфта мешавад, номае бо имзои Асаддулло Ғуломов, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ба Вазорати энержии Русия ҷиҳати таслими 75 дар сади саҳмияҳои НБО Роғун расидааст.

Ба навиштаи ин рӯзнома, дар ҳоли ҳозир номаи Ғуломов дар вазорати энержии Русия дар ҳоли баррасист, вале ҳанӯз ҷониби Русия дар ин маврид тасмиме нагирифтааст. Агарчӣ давлати Тоҷикистон дар чанд моҳи қабл эълом кард, ки бунёди НБО Роғунро бо тавон ва зарфиятҳои дохилӣ анҷом хоҳад дод.

ҳукумати Тоҷикистон ин иттилои расонаҳои Русияро дар мавриди ба ихтиёри Русия гузоштани 75 дар сади саҳмияҳои НБО Роғун рад кард.

Асадулло Ғуломов бо рад кардани иддаъои матлаби "Коммерсант" дар мавриди таслими 75 дар сади саҳмияҳои Роғун гуфтааст: Иттилое, ки дар мавриди таслим кардани 75 дар сади саҳмияҳои Роғун дар нашрияи "Коммерсант" ва дигар сомонаҳои интернетӣ нашр шудааст, асос надорад. Танҳо номаеро ба унвони Вазири энержии Русия дар мавриди баррасии тарҳи пешниҳодии онҳо барои сохтмони Роғун аз 26 июн ирсол кардаем. Дар ин нома ҳеч ҳарфе дар мавриди чанд дарсади саҳмияҳо гуфта нашудааст.

Ба гуфтаи муовини сарвазири кишварамон, тарҳи пешниҳод кардаи ҷониби Русия дар ҳоли баррасист ва бо назардошти манофеъи миллӣ ва стратегӣ ин тарҳ дида мешавад.

Бо ин ҳама, мавзӯи асосие, ки метавонад боиси муҳокима қарор гирад ва суду зиёни моро муайян намояд, ҷалби қувваи корӣ аст. Имрӯз Арабистони Саъудӣ омода аст аз нируи кории арзони Тоҷикистон истифода намояд. Албатта, таъмини мардум ба ҷои кор барои мо хеле манфиатбахш аст. Аз сӯи дигар, чаро мо бо ин қадар арзонӣ нируи кориамонро мефурӯшем ва худ наметавонем аз он истифода барем? Сабабҳо хеле зиёданд. Мушкилоти асосӣ ин аст, ки нируи кории мо дар дохили кишвар маоши ночизе мегирад ва аксар вақт корфармо коргарро фиреб медиҳад ва ҳамон маблағи ночизро ҳам барояш намепардозад. Коргар ҷои шикоят надорад, бо ин сабаб, ки корфармоён аксаран ашхоси бонуфуз ҳастанд ва шикояти онҳо ба ҷое нахоҳад расид.

Маҳмадраҳим як тан аз шаҳрванди пойтахт, ширкати сохтмонӣ дорад, дар ин маврид бо мо гуфт, ки дуруст баъзе корфармоёни бевиҷдон коргаронро муддате истифода мебаранд, ҳаққи корашонро надода бо ҷурмҳои қалбакӣ аз кор пешашон мекунанд, ки ин аз рӯи инсоф нест. Вале, на ҳама корфармоён фиребгаранд. Барои сохтмони мо дар ҳама бахшҳо мутахассис ва коргари сохтмонӣ зарур аст. Мо, онҳоро меёбем, ба кор ҷалб мекунем, тибқи шартномаи тарафайн ҳаҷми корро барояшон муайян месозем. Дуруст аст, ки имрӯз ҳама ба Русия мераванд, он ҷо шояд маоши бештаре ба даст оранд. Вале, гумон намекунам, ки ҳамаи онҳо дар пайдо намудани кор ва маоши хуб муваффақ гарданд. Ними нон роҳати ҷон аст, машрут бар ин ки онро дар хонаи худат бихӯрӣ.

Масъалаи муҳими дигар ин аст, ки мо соҳибкорони рушдёфтаи қавӣ дар ҳама соҳа дорем. Мутаассифона, то имрӯз натавонистаем аз захоири дар даст доштаи онҳо истифода намоем. Агар манфиатҳо судманд мебуд, мо ҳеч зарурате намедоштем, то аз хориҷи кишвар сармоягузоронро барои сохтмони НБО-ҳо ҷалб намоем. Сармоягузори дохилӣ дар сохтмони ниругоҳҳо саҳим гардад, аз чанд ҷиҳат манфиаташ барои худи ӯ ва кишвар мерасад. Бигузор 20 нафар, 100 нафар аз соҳибкорони рушдёфтаро ҷалб намоем ва бо ҳукумат баробар саҳм бигиранд. Ин таҷруба дар кишварҳои ғарб ва пешрафта ҷорӣ аст. Амрико, ки имрӯз абарқудраттарин кишвари ҷаҳон аст, такя ба сармоядорони худӣ кард ва имрӯз ба чӣ пешрафтҳое ноил гардидааст. Ҳукумат пеш аз ҳама ба сармоягузорони дохилӣ, ки дар сохтмони ниругоҳҳо ширкат меварзанд ва саҳм мегузоранд, тазмин бидиҳад. Зеро, ҳар сармоягузор қабл аз саҳмгузории худ манфиат ва бехатарии маблағашро мехоҳад бифаҳмад.

Ҷониби дигар ин аст, ки дар сохтмони ниругоҳҳо, ки сарнавишти ояндаи миллатро муайян менамояд, мардумро метавон ҷалб кард. Шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон худ аз худ бино нагардид. Бо он ки сармоягузорони хориҷӣ дар бунёди чунин як шаҳри бузург саҳмгузорӣ намуданд, аз мардум низ даъват ба амал омад, ки дар бунёди шаҳр ширкат варзанд. Барномаҳое, ки аз ҷониби ҳукумати Қазоқистон тартиб гардид, манфиати ҳамаи ширкаткунандагонро дар бунёди шаҳрсозӣ дар бар мегирифт. Ин буд, ки мардум бо ба даст овардани итминону боварӣ маблағҳои худро ба суратҳисоби сохтмони шаҳри Остона интиқол доданд ва баъд аз анҷоми кори сохтмон ва бунёди мукамали шаҳр маблағҳои худро бо манфиатҳои муайянгардида ба даст оварданд. Аз ин кор ҳам давлат ва ҳам мардум фоида ба даст оварданд.

Имрӯз, ки Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисод мушкилот дорад, фардо ин ҳама аз байн меравад ва ин камбудҳо амри мувақатиянд. Он замон, ки ниругоҳҳо мавриди истифода қарор гирифт, Тоҷикистон ба як кишвари бузурги содиротии нируи барқ табдил меёбад. Агар Қувайт ва Қатар солона аз ҳисоби нафту гоз ҳар кадом панҷоҳ миллиард долари амрикоӣ манфиат гиранд, боз ҳам зиёда аз нисфи воридоти хешро дар харидории оби софи нӯшиданӣ ва меваҷот сарф менамоянд. Тоҷикистон баракс ниёзе ба обу меваҷот надорад. Мавқеи ҷуғрофии худододаш ҳама неъматҳоро барояш офаридааст.

Барои амалӣ намудани ин аҳдоф, пеш аз ҳама корҳои таблиғотии дурусте лозим аст, ки моҳияти масъала ба соҳибкорон ва мардум фаҳмонда шавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон тамоми мушкилотро метавонад бо нируи худаш ҳаллу фасл намояд. Дар сурати амалӣ гардидани нақшаҳо ҳеч зарурате ба ҷалби сармояи хориҷӣ намемонад. Зеро, ҳар як сармоягузор пеш аз ҳама манфиати худро мебинад ва дуруст мебуд агар мардуми мо ва соҳибкорони ватанӣ соҳиби ин манфиатҳо мешуданд.

Он рӯз дур нест, ки мушкилоти мавҷуда паси сар хоҳад шуд. Тоҷикистонро дигар кишвари кучак намехонанд. Тоҷикистон кишваре хоҳад шуд, ки ҳайсият ва обрӯяш ба иртифои баландтару саодатмандтаре хоҳад расид. Якпорчагӣ ва ҳамфикрии мардуми мо кишвар ва миллати моро ба қуллаҳои бузурги саодатҳову хушбахтиҳо мерасонад. Дигар мо нируи худро арзон нахоҳем фурӯхт ва баракси он аз нируҳои кории кишварҳои дигар истифода хоҳем бурд.


ИБОДУЛЛОИ Оқилпур
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97