Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

ДАҲСОЛАҲО ИН МИЛЛАТ ТОҲИР НАХОҲАД ЗОД

Сиёсат 26.04.2009 14:58

Даргузашти Тоҳири Абдуҷаббор талафоти сангине барои мардуми кишвар, бавижа рӯшанфикрон ва миллатдӯстон аст. Миллати тоҷик дар даҳсолаҳои баъдӣ шахсияти пешрафтае назири Тоҳири Абдуҷаббор нахоҳад дошт. Мутаассифона, сиёсатмадорон ва рӯшанфикрони феълӣ ҳанӯз дар пояи андешаҳои даҳаи 1980 Тоҳири Абдуҷаббор қарор доранд ва бо гузашти солҳо мо метавонем танҳо бар пояи як дарсади андешаҳои вай бирасем.

Ӯ дар тӯли ин солҳо мавзеъгирии худро таҳти таъсири ҳеҷ як омиле тағйир надод. Барои устод Тоҳири Абдуҷаббор танҳо андеша арзиш дошт, на мақом ё сарват. Даргузашти Тоҳири Абдуҷаббор барои ман мусибати азимест, зеро ба унвони як фарди тоҷик эҳсоси нотавонӣ мекунам ва хиҷолат мекашам, ки устод Абдуҷаббор дар ҳолати шигифтангезе дунёро тарк карданд ва мо натавонистем барояш кӯмак кунем.

Муҳиддин Кабирӣ,

раиси ҲНИТ

ЁДАТ БА ХАЙР, УСТОД ТОҲИР!

Дар сари тобути устод Тоҳири Абдуҷаббор

Тоҷикистон дар шахси донишманди тавонои МИЛЛӢ устод Тоҳири Абдуҷаббор нафареро аз даст дод, ки истиқлолияташ ба ӯ решапайванд аст. Ӯ яке аз нафароне буд, ки баҳри ба даст овардани исиқлолияти комили Тоҷикистон ҳамеша дар мубориза буд.

Бешубҳа, сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамтақдири устод Тоҳири Абдуҷҷабор аст. Месазад, ки устод Тоҳирро муборизи роҳи ба даст овардани истиқлоли Тоҷикистон номид ва ӯ воқеан арзандаи ин унвони олист…

Ман, шахсан аз номи худам ва аз номи роҳбарияту аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон аз марги бемаҳали устод Тоҳири Абдуҷаббор сахт андӯҳгин буда, ҳамдарду мотамсарои мардуми Тоҷикистон дар сари тобути эшон (марҳум) ҳастам. Ёдат ба хайр, донишманди тавоною мубориз, устод Тоҳир. Шумо барои ҳамеша, бо мо ҳастеду дар дилу дидаед ва аз ин беш боз чӣ ҳам бигӯям!

Масъуд СОБИРОВ,

раиси ҲДТ

ЧАРО ДИВИЗИЯИ 201 МОЛИ

ТОҶИКИСТОН НАШУД?

Ман борҳо шоҳид шуда будам, ки аз ҷумлаи мардони сиёсӣ марҳум Қадриддин Аслонов, Акбаршоҳ Искандаров, Ғоибназар Паллаев суханони Тоҳири Абдуҷабборро хеле бо эҳтирому самимият мешуниданд ва бо ӯ маслиҳат мекарданд.

Боре бо устод Тоҳир ба ҳузури Раҳмон Набиев, ки он вақт раиси ҷумҳури кишварамон буд, даромадем. Вазъи сиёсӣ ноором буд ва Набиев ҳам нигаронии зиёд дошт. Ӯ ба истиқболи устод Тоҳир аз ҷояш баланд шуд ва "Ҳа, Тоҳири Абдуҷаббор, биёед, биёед!" гуфт. Мо нишастем ва устод Тоҳир мисли ҳамеша бо тамкину қотеъият ва дарки амиқи масъала гуфт:

- Раҳмон Набиевич, ман дубора бар сари ҳамон масъалаҳо сӯҳбат карданиям. Ҳоло ки вақт нагузаштааст, Шумо фармон бароред ва Дивизияи 201, марзҳои Тоҷикистонро моли кишварамон эълон кунед. Мо ҳақ дорем ҳиссаи худамонро аз қасрҳои Маскав ва дигар дороиҳои СССР талаб кунем. Охир ҷумҳуриҳои дигар ин корро алакай карданд, баъд дер мешавад. - Набиев нигоҳашро аз рӯи устод Тоҳир намеканд. Ба назар мерасид, ки ӯ ҳарфҳои устодро хеле самимона гӯш мекунад. Аммо мо ҳарду дарк карда будем, ки ҳушу ёди ӯ дар ҷойи дигар аст, чашмонаш кархту нигоҳаш кунд буд. Баъди фурсате Набиев ба устод Тоҳир боз ҳам ҷиддитар нигариста, мисли ин ки нав аз хоб бедор шуда бошад, гуфт: "Ҳа, Тоҳири Абдуҷаббор, гапатон дуруст, мо ин масъалая дида мебароем…" Мо аз утоқи кори президент берун шудем.

- Устод, Шумо дидед, ки Раҳмон Набиевич ҳатто суханони Шуморо нашунид, - пурсидам ман.

- Бале, вале охир, ғами ин мардумро кӣ мехӯрад, - гуфт дар посух. - Танҳо ӯст, ки метавонад ин масъалаҳоро ҳал кунад. Мардуми мо ҳама ба сиёсатбозиву мансабталошӣ афтода, масъалаҳои бунёдиро аз ёд баровардаанд. Фардо дер мешавад.

Ба назарам расид, ки аз даруни дили устод Тоҳир дуд баромад. Фармудаи боадолатонаи шоири тавонманд Маликушшуаро Баҳор ба ёдам омад ва онро барои устод хондам:

Дардо, ки кӯҳнакор вазирони мулки мо,

Сад бор нав шуданду накарданд кори нав.

- Қурбонат шавам! - хитоб кард устод бо табассуми фарох, ки аз шунидани шеъри бамавқеъ хушҳол шуда буд ва дасти маро фушурд.

Вале кайҳо дер шуда буд!

Аҳмадшоҳи КОМИЛЗОДА


©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97