Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Бародарон Неъматзодаҳо ба аҳди хеш вафо карданд

Варзиш 28.08.2008 20:01

27 август дар шаҳри Душанбе маросими супурдани тӯҳфаҳо ба варзишгарони тоҷик- ғолибони Бозиҳои 29- уми Олимпӣ, ки аз 8 то 23 августи соли равон дар пойтахти давлати Чин, шаҳри Пекин ҷараён дошт, баргузор гардид. Бародарон Абдухолиқ ва Муҳаммадрозиқ Неъматовҳо ба қавли додаи хеш ҷавонмардона вафо карданд.

Чуноне хонандаи "Миллат" огаҳӣ дорад, Абдухолиқ ва Муҳаммадрозиқ, ду тан бародари соҳибкори тоҷик, ки дар шаҳри Дубай кору зиндагӣ доранд, қабл аз оғози Бозиҳои Олимпӣ тасмим гирифта буданд, ба ҳар варзишгари тоҷик, ки дар ин мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ пирӯзӣ ба даст меоваранд, автомашинаҳои сабукрави хориҷӣ тақдим намоянд.

Дар Бозиҳои Олимпии Пекин дастаи мунтахаби Олимпии Тоҷикистонро шарафи гирифтани ҳамагӣ ду медал насиб гашт. Дар ин мусобиқот варзишгари тоҷик Расул Боқиев ба дарёфти мақоми саввум ва гирифтани медали биринҷӣ, паҳлавони дигари кишварамон Юсуф Абдусаломов бошад соҳиби ҷойи дуввум ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои Олимпӣ гаштанд. Ба Расул Боқиев автомашинаи навъи Toyota Corolla ва ба Юсуф Абдусаломов автомашинаи тамғаи Toyota Camry тақдим шуд. Тӯҳфаҳоро ба ҷойизадорони Бозиҳои Олимпӣ Абдухолиқ Неъматов супорида табрикоту тамманиёти неки худ ва бародараш Муҳаммадрозиқро барояшон расонид. Расул ва Юсуф низ барои чунин ҷавонмардиву сахо ва арҷгузорӣ ба варзиши тоҷик ба бародарон Неъматовҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. Аз пирӯзии Расул ва Юсуф як хурсандӣ карда бошем, аз марди қавлу сухан будани бародарон Неъматовҳо шодии мо дучанд шуд.

Мукофот ҳалолатон бод, Қаҳрамонони арсаи варзиш!

Аҳсант ба мардоне, ки таҳамтанону номбардорони Ватанро қадр мекунанд.


Толибшоҳи САЙИДЗОДА
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97