РАФТУ ОМАДИ МАНСАБДОРОНЗИНДАГИИ МОРО ОСОН НАМЕКУНАД

Сиёсат 29.01.2009 14:48

ҲАҚ БАР ҶОНИБИ АЗИЗИ ДАРБОН БУДААСТ

Дар шумораи қаблии нашрия аз 15 январи соли 2009 мо матлаберо зери унвони "Аз ҷаласаи Ҳукумат чӣ интизор доред?" ба нашр расонида будем, ки дар он афкор ва назари афроди шинохтаи кишварро дар мавриди Маҷлиси васеъи Ҳукумат ва ҳамчунин андешаи чанд тан аз ашхоси оддиро низ пешниҳоди хонанда гардонида будем.

Ин лаҳза, ки оиди бардошти хеш аз он ҷаласа пушти компутар нишаста, қасди навиштани мақолаеро кардаам, назаре қобили мулоҳиза дар мавриди рафти ҷаласа аз ҳарфҳои гуфтаи Азиз ном дарбони як муассисаи воқеъ дар шаҳри Душанбе барои хеш пайдо карда наметавонам. Инак аз анҷоми он ҷаласа чанд рӯзе пушти сар гашта ва ҳеч тағйироти ҷиддиву хотирмон дар ҳайати Ҳукумат рух надод ва он чун пор имсол низ бо ҳамон ҳайат қариб боқӣ монд. Ва имрӯз дар бораи муҳимияти он ҷаласа дар танҳоӣ меандешаму гуфтаҳои Азизи дарбон пеши назарам меояд, ки дар посух ба суъоли "Миллат" гуфта буд:

"Ин ҷаласаҳои ҳукумат як навъ тақсимоти навбатии мансабҳоянд. Алиро мегиранду Валиро меоранд. Салимро дар ҷойи Карим вазир таъин мекунанд, Каримро бурда ҷойи дигар раис мемонанд. Дар умри 45- солаам надидаам, ки мансабдореро ҷое бояд, ки бишинад, бурда бошанд."

Он рӯзе, ки бо Азиз дар ин мавзӯъ сӯҳбат мекардам, ба гуфтаҳои ӯ ҳамфикр набудам ва ростӣ ман аз ҷаласаи васеъи Ҳукумат тағйироти ҷиддӣ ва таҳаввулоти чашмгирро умедвор будам ва фикри он марди дарбонро танҳо ба хотири риояи гуногунандешӣ чун назари як шаҳрванди кишвар ба дасти чоп дода будам. Вале чун рафту анҷоми ҷаласаро аз аввал то охир тариқи чор шабакаи телевизион тамошо кардам Азизи дарбонро маъқул ёфтам. Хонандаи гиромӣ, барои он ки суханони ман дар назарат хушку холӣ нанамояд.

ТАВАҶҶУҲ БИНАМО:

Абдулмӯъмин Улфатов тайи ҳамин шаш соли ахир раиси ноҳияи Бохтар будааст. Дар бораи фаъолияти ин раис ман чизе аз хеш илова карданӣ нестам, фақат барои хонандаи азизи "Миллат" зикри ин нуктаро ҷойиз медонам, ки чанде қабл рӯзномаи "Минбари халқ", нашрияи расмии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки сарвариашро президент Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш доранд, мақолаеро зери унвони "Дар Бохтар заминро кӣ талаву тороҷ мекунад?" ба нашр расонида буд. Фикр мекунам хондани он мақола аз аҳамият холӣ нест. Ғайричашмдошти мо Улфатов ба ҷойи он ки ба аъмоли хеш посух бигӯяд, осонакак ба курсии мулоими раиси дигар як ноҳияи вилояти Хатлон-Қубодиён такя зад. Хуб хонандаи азиз, Алиро бурданд, акнун Валӣ куҷо рафт?

Раиси ноҳияи Қубодиён Исмоилов Маҳмадраҳим, ки дар ҷаласаи Ҳукумат аз ҷониби президент сарзаниш шунид ва эродҳое ҳам ба фаъолияти раҳбарии ӯ гирифта шуд, дар худи ҳамон ҷаласа, яъне "не отходя от ..." раиси ноҳияи Ҷилликӯл таъин гардид.

Чун аз ҷониби сарвари давлат ба Улфатов ва Исмоилов эродҳое дар мавриди иҷро нагаштани таъмини нақшаи буҷа, ба анҷом нарасидани кишти тирамоҳӣ, тақсимоти нодурусти заминҳои обӣ ва ҷамъоварӣ нашудани маблағҳои ҳаққи истифодаи барқ гирифта шуд, гумони ғолиб он буд, ки номбурдаҳо ҳатман аз вазифаҳо барканор хоҳанд шуд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Вале… ҷойи ҷамъшавандаҳо фақат иваз шуд, ки фикр мекунам, аз ин ҳосили ҷамъ тағйир нахоҳад ёфт. Раиси ноҳияи Восеъ Алимурод Тағаймуродов бошад, муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид. Банда тайи ҳамин чанд соле, ки Тағаймуродов дар ноҳияи Восеъ раис буданд, чандин маротиба ба ин ноҳия сафари хидматӣ доштам, вале ҳар боре, ки вазъи ноҷӯру кӯчаҳои фарсудаву ноободи маркази маъмурии ин ноҳияи дар замони Шӯравӣ овозадорро медидам, сахт нороҳат мешудам. Акнун Тағаймуродов як мақоми баландпояи сатҳи вилояти Хатлон аст. Худо барори корашро диҳад! Дигар чӣ ҳам метавон ба ӯ орзу кард?!

Султон Валиев дар собиқ раиси ноҳияи Ховалинг аз курсии муовини аввали вазири кишоварзӣ ба сари роҳбарии раиси ноҳияи Восеъ омад.

Раиси ноҳияи Роштқалъа Пайкармо Алаёрова ба вазифаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Бадахшон ва собиқ раиси ноҳияи Шуғнон Орумбеков Шамсиддин муовини раиси ин вилоят таъин шуданд. Мири шаҳри Қайроқум Мирхолиқов Содиқ бошад, ба мақоми раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.

Барои ислоҳи камбудиҳо ба вазири энергетика Гул Шералӣ шаш моҳ муҳлат дода шуд. Соли гузашта зимни ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат ба Шарифхон Самиев ҳам барои ислоҳи камбудиҳо шаш моҳ мӯҳлат дода шуда буд, вале ӯ то 15 январи соли 2009, яъне як соли расо бе ислоҳи камбудиҳо кор карда будааст. Акнун Гул Шералӣ тайи шаш моҳ ба ислоҳи навоқиси дар соҳоти энержӣ ва саноеъ ҷой дошта муваффақ мешавад ва ё на, тобистони ҳамин сол маълум мешавад. Ба ҳар сурат ба дуртар нигариста ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукуматро дар оғози соли 2010 интизор мешавем. Бо он ки ҳар қадар раиси ноҳияи Вахш Аловуддин Сатторов "кӯшиш мекунем", "ҳаракат мекунем", "хуб шудааст Ҷаноби Олӣ" гуфтанд ва дар номуваффақ будани корашон системаи мавҷудаи андозро гунаҳкор ҳам карданд, вале баракс бахт чуноне ки ба рӯйи ҳамтоёни хатлониаш Улфатов, Исмоилов ва Тағаймуродов хандид, ба ӯ пушт гардонд. Вале бовар дорем мутахассиси хеле варзидаи соҳаи бонку ҳисобдорӣ Аловуддин Сатторов аз мадди назар дур нахоҳад монд. Чун ҳангоми назораи рафти ҷаласа дидаҳои маҳзун ва чеҳраҳои рангпаридаи иддае аз масъулинро медидам, ростӣ дилам ба ҳолашон месӯхт ва агар ман ҳам ба ҷойи Ҷаноби Олӣ президент мебудам шояд ба эшон бо назари марҳамат менигаристам. Бо вуҷуд бархе аз раисон, аз қабили раиси собиқи шаҳри Хуҷанд Мамадҷонов М. ва собиқ раиси ноҳияи Ҷилликӯл Эшбурӣ Эсанқулов ҳарчӣ "хуб шудааст", "кӯшиш мекунем" ҳам гуфтанд, ки судашон накард.

Чу толеъи некат нахоҳад Худо,

Чӣ суд аз санову чӣ суд аз ҳиҷо!

ФАРҲАНГИ ИСТЕЪФО ҶО МЕУФТАД

Раиси шӯҳратёр, ҳокими Шаҳритӯс Холмаҳмад Раҳмонов ин дафъа аз Ҷаноби Олӣ камтар ҳарфи хуш шунид ва ба ҳар сурат илоҷе карда сарвари давлатро бовар кунонд, ки Шаҳритӯс гул- гул мешукуфад ва ҳама кор он ҷо феълан хуб аст. Дар ҷараёни маҷлиси дурӯзаи Ҳукумат ягона мансабдоре, ки ҳаққи гапро гуфту аз мансаб маҳрум гашт, ин Анваршо Музаффаров, раиси Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи минтақавии гумрук ва рушди инфраструктураи хадамоти гумруки Тоҷикистон" маҳсуб меёбад, ки чун Эмомалӣ Раҳмон аз эшон сабаби пешрав набудани корро дар муассисааш пурсон шуд, посух дод:

"Сабаби суст пеш рафтани кор ин ман ҳастам, Ҷаноби Олӣ!"

Сарвари давлат, ки чунин посухро интизор набуд, дубора аз Музаффаров аз ин масъала пурсон гардид ва ҷавоб боз ҳамон шуд. Дигар ҳеч вазиру раисе ҷуръату ҷасорат накард, ки бигӯяд: Ҷаноби Олӣ, иллати ин ҳама зиндагии ноҷӯри мардум, пастравии истеҳсолот дар кор карда натавонистани МАН ҳаст.

ВЕТЕРАНҲО НАРАФТАНД

Ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумат, ки ҳамасола дар оғози сол баргузор мегардад, бояд ҷиҳати аниқу дақиқ муайян ва тарҳрезӣ намудани нақшаҳо ва самти фаъолияти мақомот дар зарфи сол нақши муҳиме дошта бошад. Дар ҷаласаи имсолаи Ҳукумат, чуноне мардум интизор дошт ва иддае аз коршиносони маҳаллӣ гуфтанд бояд сарвазир ва баъзе аз вазирону раисони солхӯрда ё ба истилоҳ ветеранҳои ҳукумат ё иваз мешуданд ё бознишаста мегардиданд, вале ба ҷуз Ҳаким Солиев, раиси кумитаи андоз дигар ҳама дар мақоми хеш боқӣ монданд.

Ба назар чунин мерасад, ки кадоме, ки дар ҳукумат кораш пешрав шавад ба таъбири авом "сари чашм" меравад. Чун дар ҷаласаи имсолаи ҷамъбастии ҳукумат тағйироти ҷиддии кадрӣ роҳандозӣ нашуд, метавон гуфт, ки имсол низ зиндагии мо чун пор хоҳад буд.

АГАР ПРЕЗИДЕНТ МЕПУРСИД...

Агар президент аз масъулини шаҳру навоҳӣ дар радифи пурсиши "Чӣ қадар ҷойи кор тӯли як сол барои мардум омода кардед?" мепурсид, ки давлат соли 2008- умро Соли гиромидошти забони тоҷикӣ эълон намуда буд, вазъи иҷрои қонуни забон дар манотиқи зери даст доштаатон чи гуна аст, аҷаб кори хубе мешуд. Бовар дорам агар сарвари давлат масъулини шаҳру навоҳии кишварро аз ин масъала мепурсид, аксари онҳо раҳгум мезаданд ва ҷавобашон ҳам он мешуд, ки "ҳаракат мекунем", "кӯшиш мекунем". Аз Ҷаноби Олӣ чун соҳиби аслии фарҳангу забони миллат хоҳиши онро дорем, ки ҳатман дар ҷаласаҳои баъдӣ масъулинро аз ин боб бипурсад.

ОН ЧӢ МОРО ХУШ ОМАД

Ростӣ он чӣ ки моро аз ҷаласаи Ҳукумат хуш омад он буд, ки чанд тан аз раисони шаҳру навоҳии атрофи Душанбе, аз ҷумла раиси шаҳри Турсунзода (Баракатуллои Атохоҷа), раиси шаҳри Ваҳдат (Анвари Вайсиддин), раиси ноҳияи Ҳисор (Маҳмадуллои Очилдӣ) ва раиси ноҳияи Шаҳринав (Раҳматуллои Пӯлод) насаби хешро аз рӯи таъомули аҷдодӣ ва номгузории суннатӣ тоҷикӣ намудаанд. Аҳсант бар эшон, барои ин бедориву худшиносиашон! Раисони дигар манотиқи кишвар, ба хусус 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бояд аз ҳамтоёни хеш аз навоҳии водии Ҳисор дарси худогоҳӣ биомӯзанд.

Дар охир пешниҳод доштем, ки сарвари давлат аз ҳуқуқу ваколатҳои дошта истифода карда, ҳар нафари масъул ва вазифаи давлатӣ доштаро танҳо чор моҳ мӯҳлат бидиҳад, агар пешрафте дар соҳаи бар дӯш доштааш пайдо нашуд, сари солро мунтазир нашуда ӯро аз мақом барканор бикунад, зеро сарвару раҳбари кордону оқил қодир аст, ки дар ду моҳ аз ба чӣ кор қудрат доштани хеш дарак бидиҳад.


Толибшоҳи САЙИДЗОДА,
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97