Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Душанбе: «қишлоқи тиллоӣ»

Иҷтимоъ 12.07.2008 18:03

Баъд аз фуромадани тафси офтоб занони хобгоҳ яке тағораи пур аз ҷомаҳо барои шустан, дигаре зарфҳои пластикии 4-литраи холишудаи равғанҳои эронӣ, ки акнун вазифаи обкашониро иҷро мекунанд, дар даст аз даҳлез берун мешуданд. Аллакай гирди ҷумаки оби ягонаи хобгоҳ пур аз зарфҳои пластикиву сатилҳо навбат мепоиданд ва торбандҳои гирду атрофи хобгоҳ аз либосҳои нав овезоншуда банд буд. Як қисм занону духтарон чойнику пиёла, косаву табақи равғанолуд дар бағал интизори навбат менишастанд.
Ин ҳодиса ҳодисаи воқеист ва дар назди чанд хобгоҳи кӯчаи Нахимови ноҳияи Фирдавсии пойтахт рух медиҳад. Дар хобгоҳҳои кӯчаи Нахимов на танҳо об ба ошёнаи 4-ум намебарояд, балки умуман дар дохили биное, ки одамон зиндагӣ мекунанд, об нест! Истиқоматкунандагони хобгоҳ, ки дар як бино зиёда аз 80- хонавода зиндагӣ мекунанд, аз як ҷумаки об ҳам барои хӯрокпазӣ, ҳам барои дасту рӯйшӯӣ, ҳам барои ҷомашӯӣ ва ҳам барои дигар ҳоҷати рӯзгор истифода мебаранд.
Норасоии об дар ин хобгоҳҳо ҳарчанд ҷиддӣ бошад, вале масъалаҳои ҷиддитар аз об ҳам мавҷуданд.
Баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолият дар Тоҷикистон давраи урбанизатсия (аз деҳот ба шаҳр кӯчидани аҳолӣ) сар шуд. Бисёрии хонаводаҳое, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ аз деҳот ба шаҳр меомаданд, дар хобгоҳҳои умумие, ки танҳо барои зиндагии муваққатӣ сохта шуда буданд, ҷой мегирифтанд. Ва ин хобгоҳҳои умумии муваққатиро мубаддал карданд ба манзили зисти доимии хонаводаҳо. Аз он замон то имрӯз доираи ин хонаводаҳо васеъ мегардад, аммо макони зист ҳамон як ҳуҷраи хобгоҳ.
Зевар Амиршоева, як истиқоматкунандаи хобгоҳи умумии кӯчаи Нахимов 645 мегӯяд: "Бо шавҳарам соли 1997 аз ноҳияи Восеъ ба шаҳр барои дарёфт кардани ризқу рӯзӣ омадем. Он вақт ду фарзанд доштам, ҳоло бошад 5-то. Бачаҳо калон шуда шуда истодаанд. Дар як ҳуҷра базӯр меғунҷем. Ҳамин ки саҳар шуд ҳама аз паси кори худ меравад: шавҳарам дар бозори "Корвон" ароба мекашад, ду писарам; яке мошин мешӯяд, дигаре салафан мефурӯшад, духтари калониам дар як ошхона косаву табақ мешӯяд. Худаму ду духтари хурдиам дар хона менишинем. Намедонам баъд аз калон шудани фарзандҳо чи кор мекарда бошем, зеро бо пули аробаву мошиншӯӣ ҳеҷ гоҳ хонаи серҳуҷрадор харида наметавонем."
Чунин ташвишу изтироб аз фардои норӯшанро ҳамаи хонаводаҳое, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, доранд. Аммо нигаронии куллӣ ин аст: гузашти замон нишон дода истидааст, ки мардуме, ки аз деҳот ба шаҳр кӯчида буданд, то ҳол ба муҳити шаҳрӣ ва ба маданияти шаҳрдорӣ мутобиқ нагардидаанд. Ҳамин симои зоҳирии гирду атрофи истиқоматгоҳашон далели рад ношуданист. Агар аз як тараф норасоии моддӣ сабаб бошад, сабаби дигар дар бе фаросативу бе аҳамиятии худи онҳост. Масалан, аз субҳ то шом вақти худро ба беҳуда гузаронидани занҳо, бе назорат мондан ва дохили ахлоттӯдаҳо гаштани кӯдакон, овезон кардани либосҳо (ҳатто либосҳои таг дар манзари диққат) дар гирду атрофи бино, дар ошёнаҳои сеюм ва чорум аз тиреза берун мондани асбоби рӯзғор- мисли тағора, зарфҳо пластикӣ, ҳезум, ифлосии гирду атрофии хобгоҳ ва чандин шикасту рехти дигар.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бояд аз ҷониби ҳукумати шаҳр ин норасоиҳо ислоҳ карда шавад. Дар шафати ҳамин хобгоҳҳои умумие, ки аҳолии аз деҳот омада нишастаанд, чанд хобгоҳи донишҷӯён ҳам аст. Мисол хобгоҳи №1 ва №5-и Донишгоҳи Миллӣ хеле хуб таъмир шудаанд. Гирду атрофашон то як андоза озода аст. Ҳадди ақал дигар хобгоҳҳои ҳамшафат як таъмири косметикӣ медиданд, хеле хуб мешуд. Дар кӯчаи Нахимов хобгоҳҳо хеле зиёданд, ба истиснои 4-5 хобгоҳ боқимонда гӯё ончунон хароб шудаанд, ки дигар ҳоҷати таъмир намондааст. Сокинони ин хобгоҳҳо нақл мекунанд, ки дар вақти борон боридан аз ошёнаи 4- ум то ошёнаи 1-ум об мерезад. Худи истиқоматкунандагон қудрат надоранд, ки ҳатто дохили ҳуҷраи худро таъмир намоянд. Бисёр вақт мешавад, ки барқ хомӯш мегардад. Ҳамин гуна як шароити вазнини зиндагӣ доранд мардуме, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд. Зевар Амиршоева мегӯяд:-"Вақтҳои охир зуд-зуд овоза мешавад, ки гӯё моро аз хобгоҳ меронанд. Худо накунад, ки ин амал сурат гирад, агар сур кунанд, куҷо мерафта бошем, ҳайронам."
Ин танҳо мушкилии чанд хобгоҳе, ки дар кӯчаи Нахимов бино шудааст, нест. Қисми зиёди "обшижит"-ҳо ҳамин аҳволро доранд. Чаро сарнавишти ин мардум масъулинро ба изтироб намеорад?

P.S. Ба таваҷҷуҳи масъулин ! Хонабардӯш кардани ин хонаводаҳо, ки ба умеди дарёфти рӯзӣ ва осоиши рӯзгор ба пойтахти давлат омадаанд, салоҳи кор нест. Фармудаи Сарқонун аст, ки ҳар як шаҳрванд ҳаққи зиндагии босаодатро дорад ва бояд соҳиби манзил бошад. Ва ҳам зиёд мегӯем, ки кӯдакон ояндаи миллату давлатанд. Барвақттар ба шароитҳои лозима таъмин намудани хобгоҳҳо ва таъмини маишати ин истиқоматкунандагон муҷиби осоиш рӯзгори онҳост. Дар сурати пеш омадани зарурати холи намудани ин хобгоҳҳо аввалан бояд ҷойи зисти ин шаҳрвандон муқарар гардад.


Ёқуби САИД
©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97