(идома)
АЗ ДОНИШ ТО АЙНӢ
Осори мансури адабии Дониш, ки ба иқтизои ҳикмати "ибрат аз мисл аст" иборат аз достонҳое воқеънигорона баргирифта аз зиндагонии афроди одӣ ва воқеъии муҳити худ, барои мардуми одӣ ва бо забону баёне нисбатан мардумӣ мебошад, низ таҳти таъсири рушани чунин достонҳое аз Бедил дар китоби "Чорунсур"-и ӯ таълиф шудааст.
Тавре, ки дар ин китоб Бедил бо нақли саргузашти воқеии худ, амаки худ Мирзо Қаландар ва тағои худ Мирзо Зариф боз ҳам барои мухотаби худ дарси зиндагӣ, шуҷоат ва қаҳрамонӣ, мардумнавозӣ ва донишдӯстӣ медиҳад, Дониш дар "Наводирулвақоеъ" бо ба тасвир кашидани қаҳрамононе мушобеҳ (аз назари шуҷоат ва мардумнавозӣ) чун Мулло Хол, аз сӯе ҳадафи аслии худ ва Бедилро, ки ба фаъолияти яъснопазир хондани инсонҳост, дунбол мекунад ва аз сӯйи дигар теъдоди ҳарчи бештари ақшори одии ҷомиаро мухотаб қарор медиҳад. Ба таъбири дигар тамоюл ба адабиёти мардумӣ ва миллӣ нишон медиҳад. Иҷмолан дар ин мақтаъ метавон ёдовар гардид, ки устод Айнӣ, бидуни тардид, дар баробари дарсҳои дигар, нахустин дарсҳои нигориши насри реалистиро аз ҳамин таълифоти Дониш гирифтааст.
Шефтагии Айнӣ ба осори Аҳмади Дониш, ба хусус "Наводирулвақоеъ", ки онро устод Айнӣ, зимни ёдоварӣ аз кори виростории худ дар ҳини нусхабардории ин китоб бо дастури Садри Зиё дар Бухоро тасвир менамояд, васфнопазир аст. Устод Айнӣ ба сароҳат эълом медорад, ки ин китоб "дар тафаккури ман инқилоб эҷод кард".
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки иҷтимоъгароӣ, мардумгароӣ ва воқеъгароӣ аносирест, ки аз осори Бедил ва Аҳмади Дониш ба осори саромади адабиёти навини тоҷик устод Садриддини Айнӣ интиқол меёбад ва сарфи назар аз таҳаввулоти баъдии назарӣ ва фикрии вай ин аносир ба ҳар навъе дар таълифоти эшон идомат пайдо мекунад. Ҳамзамон устод Айнӣ ба таҳқиқоте муфассал дар осори Мирзо Абдулқодири Бедил машғул мешавад ва дар ин таҳқиқот назари эшон ҳам чун Дониш бештар махсуси ҳамон нукоти воқеъбинона ва амр ба саъйу талоши созанда дар осори Абулмаъонӣ аст.
Мутаассифона, ончи ба иқтизои таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоъии маълум аз ин силсила соқит мегардад, ҷавҳари қуръонист, ки агар дар он ду нафари аввалӣ нақши меҳварӣ дошт, дар осори ин салафи ростин вале дар гарави таҳаввулоти сиёсӣ гирифтор омада, ё ҷойгоҳе надорад ва ё ҳатто дар мавқеъе қарор дода шуда, ки теғи тези ситези натиҷагириҳои таҳқиқотӣ ҳаволаи он шудааст. Ин шеваи бархӯрд, албатта, мутааллиқ ба Айнии баъд аз инқилоб, баъд аз даҳаи бистуми қарни гузашта аст. Қабл аз он Айнӣ бакуллӣ дар масири мустақими Бедил ва Дониш қадам мениҳад.
Ин таҳаввули фарогир то ҷое натиҷаи созгории нисбӣ, фиребо ва муваққати идеяҳои мардумсолорӣ ва воқеъбиниву адолатхоҳии инқилоби болшевикӣ буд, ки аксарияти мутлақи маорифпарварон ва рушанфикрони Бухоро фирефтаи он гардида буданд ва онро бо муроди худ, ки ташкили Ҷумҳурии Халқии Бухоро, системаи омӯзиши фарогири муосир ва нашри донишҳои муосир буд, созгор медиданд.
Бо шурӯъи ташкили силсилаи ҷумҳуриҳои мухтор бар асли тақсими нажодӣ дар ҳудуди Аморати Бухорои собиқ тарфандҳое ба кор баста шуд, ки тамоми саъйу ҳиммати устод Айнӣ махсус ва масруфи таъйид ва тасдиқи асолати нажодии форсизабонони ин қаламрав (!), яъне тоҷикҳо ва ҳаққи онҳо ба доштани як ҷумҳурии мустақил, агарчи дар гӯшае аз ин аморат махсус ва масруф гардид. Инсоф ин аст, ки устод Айнӣ маҷоле бештар аз анҷоми ин рисолати таҳмилиро надошт ва дар адои ҳамин рисолати таҳмилӣ вале ногузир ва бо ҷону дил пазируфтааш ҳам борҳо дар вартаи нобудӣ қарор гирифт. Боқӣ ҷараёне ки ба роҳ андохта шуд, ҳама дар масири руфтан ва ҳарчи дуртар андохтани аносири фарҳанги исломии форси-тоҷикӣ, аз ҷумла алифбо ва забон буд ва чун ба ҳеч ваҷҳ аз он сарфи назар ҳам карда намешуд, талош шуд то дар маҳдудаи ҳадаққал ин тарҳ анҷом пазирад ва бад-ин тариқ бо додани бахше аз ҳаққи тоҷикҳо ҷумҳурии мухторе барояшон ташкил гардид.
Садриддин Айнӣ, ки ҳатто дар Самарқанд худро маҳҷур эҳсос мекард:
Ғамзудояст Самарқанду тарабафзо, лек
Назудояд ғами ҳиҷрони Бухоро зи хаёл –
аз Самарқанд ҳам, ки муддате пойтахти Тоҷикистон буд, ба Душанбе мунтақил ва маъмур ба ташкили адабиёти шӯравии тоҷик гардид. Эшон то поёнии умр худро бар сари ин масъулият медид ва дар паёме, ки ба далели беморӣ ва набуди имкони ҳузур ба воситаи радиё ба ширкаткунандагони маросими таҷлили 75-мин солгарди худ дар соли 1953 ирсол намуда буд, ба адибони тоҷик хитоб намуда мегӯяд, ки вазифаи ман эҷоди адабиёти шӯравии тоҷик аст ва дар ин кор аз шумо ёрӣ мехоҳам ва ин хитоби худро бо суханони Камоли Хуҷандӣ ба поён мебарад: "То ҳаст зи ҷонам рамақе, кори ман ин аст". Ва шоҳидони ҳол мегӯянд, ки дар лаҳазоти охири умраш пайваста ин байтро бар забон дошт:
Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,
Ин тифли нозпарвари ман дарбадар шавад.
АДАБИЁТ-ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТ
Зимнан гуфтанист, ки нақши адабиёти миллӣ дар таъини сарнавишти сиёсии тоҷикҳо ва таъмини истиқлоли миллии онҳо бо ҳеч як аз адабиёти милали дигар қобили муқоиса набудааст. Устод Айнӣ бо таълифи "Намунаи адабиёти тоҷик" ва дарҷи осору аҳволи садҳо тан аз олимон ва адибони дараҷаи аввали форсизабони ин марзу бум гӯё маҳшаре барпо кард ва дар он арвоҳи ин бузургонро эҳзор намуд, то посухи инод ва инкори мункирони миллати тоҷикро ба қотеъият бидиҳанд.
Алҳосил, устод Айнӣ бо пазируфтани шароити талхи бозигарони саҳнаи сиёсати давр, дар чаҳорчӯби имконоте, ки барояш боқӣ гузошта буданд, талош намуд то аносири миллиро дар адабиёти навин таъмин ва ҳифз намояд. Эшон эҳсос намуд, ки барои анҷоми ин муҳим бояд аз қолаби назм, ки шуғли аввалӣ ва аслияш буд фаротар биравад ва даст ба таълифи осори муфассали мансур бизанад. Зимнан, дар посух ба ин шоеъа, ки гӯё устод Айнӣ дар назм эҳсоси заъф мекард, бояд гуфт, ки эшон аз тавонотарин шоирони даврони худ дар густараи куллии адабиёти форсизабон буд ва беш аз ин, агар масъулиятҳои азими иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳатто то ҷойе сиёсӣ дасти ӯро аз шуғли ҳамешагии шоирӣ ва ба хусус эҷоди таҳаввулоти фарогири системи шеър кӯтоҳ намекард, бешак, корҳои фавқулоддаеро дар ин замина анҷом медод.
Ҳикояҳо, қиссаҳо ва романҳое, ки Айнӣ таълиф менамуд, чи аз назари қолаб ва жанри адабӣ ва чи аз назари сабки нигориш ва забону баён дар адабиёти форсии тоҷикӣ, балки адабиёти Осиёи Марказӣ таҷрибаи нахустин буд. Агарчи худи эшон дар таълифи ин осор худро пайрави маҳзи нависандагони рус аз қабили Максим Горкий медонад, вале тавре, ки пештар зикр шуд, таҷрибаи нигориши насри реалистии Аҳмади Дониш дар ин кор беасар нест. Ҳатто метавон гуфт, ки ҳамон суннати ташвиқи инсонҳо ба саъй ва касби камол дар осори давраи ҷадиди Айнӣ дар чаҳорчуби барномаҳои "тарбияти инсони нави шӯравӣ" идомат пайдо кард.
СИТОНИДАНИ ҲАҚҚИ ТОҶИКОН
Нахустин осори адабии мансури устод Айнӣ дар канори мақолаҳои эшон талоше буд баройи таъйиди ҳаққи тоҷикҳо нисбат ба доштани як ҷумҳурии мухтори шуравӣ. Лозимаи ин кор ҳамин буд, ки ба мизоҷи идеологии ҳоким мазлумияти тоҷикҳо, вуҷуди синфи коргару деҳқон ва пролетариати ҳарчи мазлумтар ва маҳрумтар дар миёни эшон ба субут расонда шавад. Ба назари инҷониб муболиғаи Айнӣ дар тасвири фақру тангдастӣ ва мазлумияту маҳрумияти тоҷикҳо дар нахустин осори вай аз қабили романҳои "Ғуломон" ва "Дохунда" ва қиссаҳои "Одина" ва "Ятим" аз ҳамин навъ талоши "тақиягунаи" вай барои "ситондани ҳаққи тоҷикҳо" аз идеологии ҳоким нашъат мегирифт. Ин талоши Айнӣ ба сурати мустақимтар ва бевосита дар мақолаҳои вай аз қабили "Қобилияти ташкилотчигӣ дар тоҷикони кӯҳистон", ки ба унвония радия дар баробари иддаои касоне, ки вуҷуди пролетариат дар миёни тоҷикон ва ба ин восита ҳаққи ҳокимияти онҳоро инкор мекарданд, ба сароҳат маълум мегардад.
Ҳамзамон устод Айнӣ дар як силсила аз таълифоти пурҳаҷми худ аз қабили "Ёддоштҳо" ва таҳқиқот перомуни осор ва аҳволи бузургони пешини таърихи миллӣ бо корбурди манёврҳои қобили таҳсин дар баробари идеологии ҳоким ба мизони қобили мулоҳизае муваффақ ба ҳифзу эҳёи ҳофизаи таърихи миллӣ гардид. Масалан, метавон гуфт, ки бо истифода аз тасвирҳои муфассали Бухоро дар "Ёддоштҳо" метавон ин шаҳри куҳанро дубора бо тамоми ҷузъиёташ бозсозӣ ва номи гузарҳову маҳаллот, хиёбонҳову мадорис, раставу дӯкону бозорҳояш…ро барқарор намуд. Ба ғайр аз ин бо мазлум нишон додани даҳҳо тан аз адибон ва донишмандон (аз ҷумла рӯҳониён), мударрисҳо ва талабагони Бухоро афкору оро ва завқу салиқаи онҳо, ки саршор аз ҳикмат ва рангу бӯйи миллист, аз дастбурди замон ва боди нисён маҳфуз гардонда шудааст. Метавон гуфт қаҳрамони аслии ин асари бузургҳаҷми дорои даҳҳо тан қаҳрамон дар асл маънои муҷарради "ҳофиза" аст, ки нависанда зарурати ҳифзи онро ҳатто бо лаҳни шадид аз забони падари худ таъкид менамояд.
Бо пайравӣ аз таҷрибаҳои устод Айнӣ ва аҷаб нест бо васияти мустақими эшон нависандаи дигари куҳансоли бухориюласл Ҷалол Икромӣ румони "Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро"-ро таълиф намудааст. Ҳамчунин ин таҷрибаи ҳифз ва эҳёи ҳофизаи таърихӣ дар таълифоти пайравони дигари мактаби устод Айнӣ, аз ҷумла Сотим Улуғзода ва дигарон идома ёфтааст.
Устод Айнӣ гӯё ҳамеша дар камини фурсате менишаст, то ба мавзӯъоти таърихи миллӣ бипардозад. Аз ҷумла эшон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо баҳонаи ташҷеъ ва барангехтани рӯҳиёти қаҳрамониву фидокорӣ қиссаи таърихии "Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик"-ро навишт, ки дар он корномаи амири шуҷоъи Хуҷанд Темурмалик дар муқовимат бо таҷовузи муғул бо эҳсосоти баланди миллатпарастона васф ва тасвир мешавад. Дар фарҷоми ин қисса омадааст, ки замоне, ки дар ғурбат ҷанозаи Темурмаликро пайдо мекунанд, аз ҷайби вай бастаеро берун меоранд, ки дар он як мушт хоки ватанаш ва коғазпорае ҳаст, ки бар он навишта шудааст:
Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,
Воҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок.
Ин байт ба қадре шӯҳрат дорад, ки ҳар тоҷике онро аз ёд медонад. Ба назарам, ин байт бе рангу обе аз рӯҳиёти худи устод Айнии Бухороӣ нест.
НАРМИШИ ХРУШЕВӢ ВА АДАБИЁТ
Ҳофизаи миллии таърихӣ дар баробари забони миллӣ, муҳимтарин унсури зеҳнии адабиёти навини тоҷик будааст, ки дар солҳои баъдӣ, бахусус аз даҳаи 60-уми қарни гузашта ба баъд аз наср ба назм интиқол ёфта ва дар он ҷилваҳои бештареро ба зуҳур расондааст.
Албатта осори шуарои насли бузургтар чун Абулқосими Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва… орӣ аз ин ҷилваҳо нест ва бо дақиқ шудан дар он метавон намунаҳоеро пайдо кард, вале хидмати эшон дар ин замина бештар дар он хулоса мешавад, ки дар муҳити амни худ насли дигаре аз шоиронро парвариш кардаанд, ки маҷоли бештаре барои сурудани мавзӯъҳои миллиро доштаанд.
Дар даҳаи шаст ба баракати таҳаввулоти сиёсие, ки онро "нармиши Хрушёвӣ" унвон кардаанд, фазои мусоидтаре барои пардохтан ба мавзӯъи худшиносии миллӣ ибтидо дар Русия ва баъдтар бар асари ногузири он дар ҷамоҳири дигари Шуравӣ ба вуҷуд омад. Шоироне ки дар ин давра по ба арсаи адабиёт ниҳоданд Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Ғоиб Сафарзода, Гулрухсор ва… дар канори мавзӯъоти суннатии адабиёти шӯравии тоҷик, ба мавзӯъи худшиносии миллӣ рӯй оварданд, ки батадриҷ он мавзӯъи аслии ашъор ва манзумаҳои онҳо қарор гирифт.
Талошҳои худшиносии ин насл аз як сӯ дар таваҷҷӯҳ ба таърихи миллӣ ва аз сӯйи дигар дар ҷустани пайвандҳои гусаста бо ҳамзабонон ва ҳамкешон дар қаламрави собиқи забон ва фарҳанги форсизабон хулоса мешуд. Нахустин ҷараққаи пуртоби ин конуни ба тозагӣ барафрӯхта шеъри Мӯъмин Қаноат "Ба ҳаводори забони тоҷикӣ" (соли 1958) буд.
(Идома дорад)
Рустами ВАҲҲОБ