АТО, БАР САРИ УСТОД САНГ МАЗАН!

Фарҳанг ва адаб 23.12.2008 13:35

Мӯҳтарам Ато Мирхоҷа, ман гумон мекунам,ки шеъри шумо тӯҳфаи шумо буд ба ҷашни 70 солагии устод Бозор Собир. Шумо хостед сенсатсия кунед,аз худ қаҳрамон тарошед. Замони хубу осоишта, озодии сухан ҳар касе чизе хоҳад озод мегӯяд, дар дилаш армон намемонад. Ва аз ин неъмат истифода карда дарди дилатро гуфтаӣ. Таҳқиру озоре,ки устод дар ҳамон давраи шуми барои мову шумо маълум дид, аз хотири мо ҳоло ҳам нарафтааст.

Гумон мекунед,ки худи ӯ инро фаромӯш кардааст. Чаро ба шоир, ба ҳампешаи хеш бо ин гуна дағалгуфторӣ таъна мезанед. Маъзарат аммо Шумо ҳоло ҳам шеъре нагуфтаед, ки ба пояи як шеъри Бозор баробар бошад. Балки ҳама ашъоратон баробари як шеъри Бозор нест. Ӯ аз ҳисоби касе ошу нон нахӯрдааст. Вай фарзанди ҳамин Ватан аст ва нозашро, озорашро ҳам ба ин Ватан мегӯяд. Дар Амрико зиста ягон бор нашунидаем, ки он кишварро мадҳ кардаву зиндагии он сӯи уқёнусро ширин гуфта бошад.

Чаро шумо озурда мешавед, ки ӯ ҳақро мегӯяд.

Дар ҳама давру замон нобиғаҳо ҷову манзалати худро доштанд ва аз осорашон мо онҳоро омӯхтаву шинохта ва гиромӣ доштаем.

Шеъри Бозор, ки Саидқули Билол бо як оҳанги марғуб месарояд ва дар ҳар хонадони тоҷик баробари садо доданаш шодиву сурур меоварад, он гимни миллиро мемонад. Дар он як ҷаҳон ифтихор, ҳисси ватанпарастӣ ва нангу номус ба қалби ҳар фарди тоҷик,дар мағз-мағзи устухонаш ҷо мешавад.

Аз хуни Сиёвушем,

Ҳамхуни Сиёвушем.

Ман мусоҳибаҳои охири устод Бозор Собирро дар рӯзномаҳо хондаам ва бо вуҷуди он, ки ӯ мегӯяд, Тоҷикистон барои ман бегона аст, ман ҳамчун як мухлиси шеъри устод Бозор боварам намеояд, ки ӯ Ватанашро дӯст надорад, шабе бе ёди Ватан хусбида бошад.

Чаро шумо бояд дар дили мардум як бори дигар нисбати устод нафратро бедор мекунед... Шеъри шумо на танҳо дар дили ман дилсардӣ, балки як ғулғулаи дигар афканд ва қадри устодро барои ман боз зиёдтар намуд. Барои инаш ҳам ба Шумо ташаккур.


Мукаррама Насруллоева,
журналист
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97