ТОҶИК ҲОҶИМИРЗО НОМ МЕНИҲАД, НА ГАҶИМИРЗА!ё нигаронии генерал Рустам Назаров аз пахши ахбори бардурӯғ

Сиёсат 16.01.2009 15:30

Хабарнигори "Миллат" дар нишасти матбуотии Агентии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки рӯзи 12 январ бо ширкати хабарнигорони дохиливу хориҷӣ баргузор шуд, суъоле кард: «Баъзе аз доираҳои мақомоти расмии Русия ва шабакаҳои хабарии ин кишвар баъзан дониста ва муғризона ахбореро дар мавриди боздошти афроди ба қочоқи маводи мухаддир даст дошта, ки аз ҷониби мақомоти марбута ва дар қаламрави ин кишвар дастгир шудаанд ба шаҳрвандони Тоҷикистон нисбат медиҳанд, ки аслан он муҷримин ҳеч рабте ба кишвари мо надоранд ва тоҷик ҳам нестанд.

Масалан, чанде қабл як нафареро бо номи Гаҷимирза Алмасов бо ҷурми нашъаҷаллобӣ дар Русия дастгир намудаанд ва шабакаҳои хабарии ин кишвар махсусан барномаи иттилоотии "Вести" тӯтивор такрор намуд, ки замони тифлии Алмасов дар Тоҷикистон гузаштааст. Ба ҳама маълум аст, ки даҳшатафкани рақами яки ҷаҳон Усомма ибни Лодан дар Арабистони Саъудӣ бузург шудааст, вале касе, ҳатто ҳамон Амрикои қудратманд, ки ҳафт сол боз Усоммаро меҷӯяду гӯё ӯро пайдо намекунад, боре арабҳоро ба танзу таъна накашидааст, ки Усомма дар Араб бузург шудааст.

Бо вуҷуди он ки ровии "Вести" медонад, ки Гаҷимирза Алмасов тоҷик неву доғистонӣ, шаҳрванди Русия аст, ки барои пурсуҷӯи ӯ аз Махачқалъа ба кумитаи тафтишот тарҷумон низ даъват кардаанд, вале аз ин хусус лаб намекушояд, зеро ҳадафаш, муродаш бадном сохтани тоҷик аст. Ба маълумоти эшон бояд расонид, ки тоҷик фарзандашро Ҳоҷимирзо ном мениҳад, на Гаҷимирза! Ва ин масъулияти кист? «Дар посух ба суъоли "Миллат" Рустам Назаров, генерал- лейтенант, директори Агентии мазкур посух гуфт, ки воқеъан суъоли хабарнигор ба маврид аст ва пахши чунин хабарҳои бардурӯғ аз ҷониби мақомот ва расонаҳои хабарии Русия ҷой дорад. Чанд вақт пеш,- гуфт Рустам Назаров аз тариқи матбуоти Русия хабаре пахш шуд, ки дар шаҳри Омски Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бо 133 килограмм маводи мухаддир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар дастгир шудаанд.

Мо ба ниҳодҳои марбутаи вилояти Омск бо мактуб муроҷиат намудем, то бароямон маълумоти муфассалтар дар бораи он афроди дастгиршуда пешниҳод намоянд. Дар натиҷа маълум гардид, ки на шаҳрвандони Тоҷикистон, балки шаҳрвандони кишвари Қазоқистон ва як нафар шаҳрванди Русия дар ин амали нангин даст доштаанд. Вале чӣ метавон кард, ки аллакай дер шуда буд ва номи кишвару миллати моро он хабарнигор ва шабакаи иттилоотӣ бадном карда буд. Аз ҳамин хотир,- илова намуд генерал Назаров,- мо ба Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод намудаем, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар шаҳри Душанбе барои баргузории конфронси байналмилалии расонаҳои хабарии кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия дар самти инъикоси масъалаҳои вобаста ба маводи мухаддир мусоидат намояд.

Раҳбарияти Агентӣ дар мавриди ҳамкориҳои мақомоти хеш бо кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон гузориш доданд, вале оид ба ҳамкориҳои хеш бо давлати Узбакистон ёд накарданд, ҳарчанд "Миллат" дар ин масъала суъоле ҳам барои эшон ироа намуд. Фикр мекунам, генерал Рустам Назаров, ҷиҳати он ки мо чанд пурсише аз эшон пайи ҳам карда будем, посух ба ин суъолро аз хотир фаромӯш сохтанд ва мо ҳам бозгашт ба ин масъаларо савоб надонистем.

Дар ҳамин нишаст аз фаъолияти Агентии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тайи як соли рафта, сардори шӯъбаи равобит бо ҷомеъаи Агентии мазкур, полковник Раҳматуллоев Саъдулло гузориш дод.

Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи Агентӣ кормандони он дар соли 2008 103 ҳодисаи вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро ошкор ва қатъ намудаанд. Шӯъбаи тафтишоти Агентӣ дар соли рафта 106 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда 83- тои онро дар нисбати 109 тан ба додгоҳ ирсол намудааст. Дар маҷмӯъ соли гузашта кормандони Агентӣ 1 ҳазору 516 килову 838 грамм маводи мухаддирро мусодира намудаанд, ки 368 килову 590 грамми онро маводи сахттаъсири ҳероин ташкил мекунад,- гуфт полковник Раҳматуллоев. То 1 январи соли 2009 расман дар кишвар 8 ҳазору 660 тан гирифторони нашъамандӣ ҳастанд, ки аз ин шумора 422 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд. Соли 2008 дар муқойиса ба соли 2007 сафи нашъамандон 68 тан афзун гаштааст. Соли рафта,- иброз дошт Саъдулло Раҳматуллоев,- дар ҳамкорӣ бо мақомоти амниятии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил 7 амалиёти муштарак роҳандозӣ гардид, ки дар натиҷа 111 килову 949 грамм маводи мухаддир ошкор ва мусодира гардидааст. Бо мақомоти интизомии давлати Афғонистон 46 амалиёти якҷоя сурат гирифта, 2 ҳазору 886 килову 249 грамм маводи нашъадор кашф ва мусодира шудааст.


Толибшоҳи САЙИДЗОДА
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97