Медали нуқраи Юсуф Абдусаломов

Варзиш 21.08.2008 20:11

Варзишгари тоҷик Юсуф Абдусаломов дар гуштини тарзи озод,дар вазни 84 килограмм дар даври ниҳои аз рақиби гурҷии худ Реваз Миндорашвили мағлуб гардид. Новобаста ба ин Юсуф Абдусаломов соҳиби медали нуқраи Бозиҳои Олимпии Пекин шуд, ки ин дуюмин медали варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ мебошад.

Хотиррасон бояд намуд, ки пас аз истиқолият ин нахустин Бозиҳои Олимпист, ки дар он варзишгарони тоҷик сазовори ҷоиза гардидаанд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97