СЕ ХИЁНАТИ ЭРОН ДАР АФҒОНИСТОН

Millat 12.07.2021 18:47

Эрон ва Русия, аниқтараш охундҳои эронӣ ва сиёсатмадорони пири бар асари таҳримҳои Ғарб даступохӯрдаи ҳарду кишвар (ба қавле “братья по несчастью”) дар сабқати ҳарчи ошиқтар ҷилва додани худ ба ҷунбиши Толибон* (Дар Русия террористӣ эътирофшуда) дар ҷои аввал қарор гирифтаанд. Бо ин амал ҳардуи ин давлатҳо собит намуданд, ки бузургтарин ноқизи қонун метавонад худи ҳокимияти давлатӣ бошад. Ҳардуи ин кишварҳо бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунҳои худ, ин ташкилот – Толибон-ро террористӣ мехонанд, аммо бидуни бекор намудани ин меъёри қонунӣ, намояндагони ташкилоти террористии Толибонро меҳмондорӣ намуда, ҳатто ташвиқ мекунанд. Муносибати Эрон ва Русия, ки дар ин авохир ошкоро ба намоиш гузошта шуд, амалан де-факто эътирофи Толибон ба ҳайси давлати ояндаи Афғонистон аст. Аммо дар ҳамин аввал таъкид шавад, ки ин аҷуза арӯси сад домод аст ва мутмаинан натиҷа ба коми Русия ва Эрон нахоҳад буд. Ба қавле:

Ҷони беҳуда меканад Фарҳод,

Лаби Ширин ба коми Хусрав бод!

         Хоса истиқбол ва оғӯшкушоии Ҷаводи Зариф - вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба рӯи намояндагони ин ташкилоти (ба эътирофи Русия ва Эрон) ҳанӯз террористӣ дар Теҳрон ба ҳадде масхара буд, ки ҳатто боиси нафрати Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар шуд. М.Аҳмадинажод ҳамчун як шахси дорои ангеза ва эҳсоси эронӣ дар баёнияи хосе амалкарди мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эронро дар бархурд ба қазияи Афғонистон маҳкум намуда, онҳоро ба мудохила ва мусаллаҳсозии тарафҳои даргир муттаҳам сохта, гуфт: “Миллати Эрон розӣ нест ва ҳеҷ аҳаде ҳақ надорад ҳайсияти миллати Эронро бибарад ва дар ин рақобатҳои қудрат, ки пушти сари он шайотин ва султагарони ҷаҳонӣ қарор доранд, ҳазина кунад. Миллат ба касе иҷоза надода, ки ин корро бикунад.”

Манзури М.Аҳмадинажод робитаест, ки мақомоти эронӣ бо Толибон барқарор намудааанд ва ба ин гуруҳ дар ҷанги муқобили ИМА ёрии молӣ ва техникӣ карданд. Бар асоси асноди мақомоти амниятӣ ва низомии Афғонистон ва ИМА Эрон аз соли 2005 ба манзури ба чолиш кашидани рақиби худ ИМА, ба гуруҳи Толибон силоҳ, муҳимот, пул ва паноҳгоҳ додааст. Дар ин маврид гузоришҳои зиёди истихбороти артиши ИМА ва Афғонистон мавҷуд аст ва нашр шудааст. Аз ҷумла Генерал Дэвид Петреус, фармондеҳи неруҳои ИМА дар Афғонистон соли 2010 зимни гузориш ба Сенати ИМА таъкид мекунад, ки Эрон бо толибон ҳамкорӣ дорад ва дар ихтиёри гуруҳҳои террористии толиб, аз ҷумла мушакҳои 122 миллиметра ва пул қарор дода, инчунин неруҳои толибонро таълими низомӣ медиҳад. (Fitzgerald E. U.S. and Iranian strategic competition: competition in Afghanistan, Central Asia, and Pakistan//Center for Strategic and International Studies (CSIS). 2011. September 12. P. 5).

Аммо М.Аҳмадинажод ин ҳама гузоришҳоро билохира муҳри тайид зад ва гуфт, “имрӯз мардуми Афғонистонро мусаллаҳ месозед, ба ҷои мусаллаҳ сохтан ба ин мардум кумак кунед, ки кишоварзӣ кунанд, корохона бунёд кунед, роҳ бисозед, мактаб бисозед, барномаҳои имронӣ роҳ биандозед.”

ҶИЭ то соли 2011 ҳама гуна робита ва ҳамкории худ бо Толибонро пинҳон медошт ва иттиҳомоти ИМА дар мавриди кӯмак ба Толибонро рад мекард. Аммо дар соли 2011 якбора мавқеи худро тағйир дода, хостори дар ҳукумати Афғонистон саҳм додани Толибон шуд. Русия ҳам тақрибан дар ҳамин давра аз барқарории алоқа бо Толибон хабар дод, аммо ду кишвар ҳар гуна ҳамкориро бо ин гуруҳ рад карда, барқарории робитаро танҳо ба манзури касби маълумот ва баъдан ба хотири сари мизи музокира овардани Толибон бо ҳукумати расмӣ медонистанд.

Яке аз сабабҳои шитобзада шудани ИМА барои музокира бо Толибон амалкардҳои Русия ва Эрон ва кумаки ин ду кишвар ба гуруҳи Толибон буд. Бояд гуфт, ки Русия маҳз тавассути Эрон робитаҳои худ бо Толибонро тақвият бахшид. Аммо кӯмакҳои худ ба ин гуруҳро аксаран мустақим мерасонид. Суқути Қундуз дар тирамоҳи соли 2015 ба дасти Толибон ба даъвои расонаҳо ва бархе мақомоти афғонӣ бе кумаки силоҳҳои русӣ имкон надошт.   

         Акнун ки амрикоиҳо дар ҳоли хориҷ шудан ҳастанд ва суръати таҳаввулот сареъ шудааст, Эрон ва Русия ба ин тартиб мехоҳанд ба Толибон миннат бигузоранд ва бигӯянд, ки дар шикаст додани Амрико, дар “футуҳоти” таърихӣ маҳз онҳо ба ин гуруҳ кумак кардаанд. Ба ин хотир аст, ки ба рӯйи ҳамаи арзишҳо ва қонунҳо по гузошта, аъзои ин гуруҳи террористиро ба Маскав ва Теҳрон мебаранд ва минбар ҳам медиҳанд, ки эълон кунад, ки мо Амрикоро шикаст додем. Дар орзуи дидани шикасти Амрико дар Афғонистон ин ду кишвар омодаанд, ки хатарноктарин гуруҳи террористиро ҳадди аққал дар меҳвари ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷой диҳанд.

Аммо баъдан хоҳанд дид, ки толибон миннатпазир нестанд. Ин ҳарду давлат айни кореро мекунанд, ки дар соли 1996 то 2001 нисбат ба Толибон анҷом доданд. Онҳое, ки ба масъалаи Толибон ва Афғонистон сару кор доранд, хуб медоданд, ки масъала аз чӣ қарор буд ва ҳаст. Кӯмаки Русия ва Эрон ба Ҷабҳаи муттаҳиди зидди Толибон аз баҳри худо набуд, аз сари маҷбурӣ буд, аз рӯи он буд, ки роҳи дигаре надоштанд. Толибон ҳеҷ гуна ҳамкорӣ бо ин ду кишварро қабул надоштанд, бинобар ин Русия ва Эрон дар пушти Ҷабҳаи муттаҳид қарор гирифтанд.

Хусусан, Эрон то моҳи июни соли 1997 сафорати худ дар Кобул ва консулгарияш дар Ҷалободро нигоҳ дошт ва умедвор буд, ки робитааш бо Толибон хуб шавад ва онҳоро расман эътироф кунад. Ҳарчанд фаъолият намудани сафорати Эрон дар Кобул 8 моҳ баъди забти ин шаҳр аз сӯи Толибон худ маънои эътирофи ҳукумати Толибонро дошт. 2 июни соли 1997 Толибон сафорати Эрон дар Кобулро баста, дипломатҳои онро ихроҷ намуданд. Дар посух Эрон марзҳо ва гузаргоҳҳои тиҷорати худ бо Афғонистонро ба рӯи Толибон баст.

Аммо ин ҳол дер давом накард ва дар соли 1999 баъди он ки СММ алайҳи Толибон таҳрим ҷорӣ намуд, Эрон марзҳои худ ба рӯи ин гуруҳро ба якборагӣ ва ғайри интизори ҳама боз намуд.  

Ҳамин тавр, чунин чархиш дар сиёсати Эрон ва  Русия нисбати Толибон нав нест, балки ҳарду кишвар шавқи ишқу алоқа варзидан бо Толибонро таҷриба намуда буданд, аммо ин толибон буданд, ки ба муҳаббати онҳо посухи сазовор намедоданд.       

         Барои дарки бештари моҳияти сиёсати мазҳабмеҳвари Эрон дар Афғонистон зарур аст ба таърихчаи қаблтар аз зуҳури Толибон ва ташкили ҳукумати Афғонистон бо роҳбарии устод Буҳониддини Раббонӣ дар Кобул мурур шавад.

 

ХИЁНАТ БА РАББОНӢ ВА МАСЪУД          

28 апрели соли 1992 қудрати сиёсии Афғонистоназ ҲизбиВатанба Ҳукумати муваққати муҷоҳиддинбороҳбарииСибғатулло Муҷаддадӣ интиқолдодашуд. Интиқоли қудратисиёсӣ ба муҷоҳиддинбарои Эрон ва Покистон  ғайриинтизорванохушояндбуд, зероафродимавридиназарашонба қудратнарасидабуданд.

6 майи соли 1992 аъзои Ҳукуматимуваққатимуҷоҳиддинэълон шуд, валенамояндагони ҳизбҳои шиадар ҳайатиондиданамешуд. Дар ҳолекинерӯҳоисиёсиишиаиАфғонистонкомилантаҳти ҳимоятватаъминоти ҶИЭ қарордоштандвабатавриошкоразсиёсатиЭронитоатнамуда, ҳаттоРуҳуллоХумайнӣ, роҳбариИнқилобиисломии Эронро пешвои руҳонӣ васиёсиихудмедонистанд. Барои ҳамин, ҷойнагирифтани ҳаракатҳоишиадар ҳукуматинавбоисихашмиингурӯҳҳова ҶИЭшуд. Дар натиҷа, рӯзи 2 июнисоли 1992 Ҳизбиваҳдатиисломии АфғонистонВИА) бо роҳбарииА. Мазорӣ, ки бозуи ҷангӣ ва сиёсии Эрон дар Афғонистон маҳсуб мешуд дар шаҳри Кобул амалиёти ҷангиро бар алайҳи қувваҳои ИттиҳодиисломииозодииАфғонистонбораҳбарииА. Сайёф, кимухолифишомилшуданинамояндагони ҲВИА ба ҳайати Ҳукумати муҷоҳиддинбуд, оғоз намуд. Дар натиҷа, 400 нафар кушта, 1000 нафар гаравгон ва садҳонафармаҷрӯҳ шуданд.

Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон барои хатми ҷангваоташбасчандпешниҳодкард: саҳм додан ба намояндаҳоиаҳолиишиадар ҳукуматимарказӣ ва ҳукуматҳоимаҳаллииАфғонистонвашинохтанифиқҳи ҷаъфарӣ баунвониякеаздумазҳабирасмӣ даркишвар. Баъди музокираҳои чандрӯза, 10 июни соли 1992 Протоколи ба ҳукуматимуҷоҳиддиншомилнамудани 3 намояндаи ҳизбҳои  шиаба ҳайсивазирва 3 нафаридигарбаунвониузвиШӯроираҳбариидавлатимзошуд.

Аммо ворид гардидани ҷонибдорони Эрон ба ҳайати ҳукуматбоиси қаноатиТеҳроннагашт. Ва Эронбакумакҳоимолӣ, сиёсӣ ва низомии худбагурӯҳҳоисиёсӣ-низомиишиадарАфғонистонидомадод. Ҷанги ҳизби ҳазораҳои ҷонибдори Эрон алайҳи Давлати исломии Афғонистон дар Кобул камо-кон тамоми соли 1992 ва 1993 идома кард.

Дар моҳииюлисоли 1993 АлиакбариВилоятӣ, вазирикорҳоихориҷии ҶИЭбахотиримиёнаравӣ байни давлатиАфғонистонва Ҳизбиваҳдатиисломӣ баКобулсафаркард, аммо Аҳмадшоҳи Масъуд, вазиридифоъ ба нишони эътироз аз мудохилаҳои Эрон дар Афғонистон, ҳозир нашуд бо ӯ мулоқот кунад. А.Вилоятӣ норозӣ баргашт ва ба маълумоти сарчашмаҳоваёддоштишоҳидон, баъдибозгашти ӯ ғарбишаҳриКобул, киасосанмавқеи ҷойгиршавии ҳазораҳованерӯҳоинизомии Ҳизбиваҳдатиисломӣ буд, бапойгоҳиасосиимухолифони давлати Б.Раббонӣ ва А.Масъуд дар пойтахт табдилёфт. Яъне ҶИЭкумакҳоимолӣ ванизомиихудроба Ҳизбиваҳдат баъди баргаштани А.Вилоятӣ боз ҳам бештар афзоишдод.

Ва идомаи ҷангҳои Ҳизби ваҳдатиисломӣ бо қувваҳои давлатӣ боисшуд, кисарони давлат ба ҳаддизиёденисбатбаЭронбадбиншаванд. ВазоратиамниятимиллииАфғонистонкормандонимаҳаллиисафорати Эронро дар ҳамкорӣ бо хадамоти Эрон ва расонидани кумак ба гуруҳҳои мухолифи давлат муттаҳам мекард. А. Алавизода, иҷрокунандаивазифаисафириЭрондарКобулдармулоқотбо ҲомидКарзай, муовинивазирикорҳоихориҷииДИА (19921994), 20 июлисоли 1993 боизҳоринигаронӣ вазъиятибавуҷудомадаро баён мекунад. Ӯ ҳаттотаъкиднамуда, кикормандони сафоратро ҳабснамуда, латукӯбкардаандваинкоррокормандонираёсатидуюмиВазоратиамниятимиллӣ бароҳбарииходимебономиЗакӣ анҷомдодаандвавазириаминиятМ.Қ. Фаҳимдар ҷараёни ҳамаиин қазия қарордоштавабаонроҳбарӣ мекунад. Бинобагузорише, ки сафоратиЭрондарКобулбаВКХЭрон ирсол доштааст, сокинониКобул ҳозир намешуданд, ки бо ин сафорат ҳамкорӣ намоянд. Аз ҷумла, ошпазҳо, ронандагонватамизкоронимаҳаллӣ аз ҳамкорӣ босафоратиЭронхуддорӣ мекарданд. (В. Мужда, Равобити сиёсии Эрон ва Афғонистондар қарниХХ. с.332.)

Ҳодисаи дигаре, ки боиси афзоиши бадгумонӣ ва нисбат ба малкардҳои Эрон гардид, ин заҳролудшавии сокинони Кобул аз тариқи меваҷотдарбозоришаҳриКобулдартобистонисоли 1993 буд. Ин ҳодисадарайниавҷи ҷангҳоимиёниДИАвагурӯҳҳои Ҳизбиваҳдатиисломӣ дар ғарбишаҳриКобулсуратгирифт. Аз ҷонибиВазоратиамниятиАфғонистон дармоҳииюлисоли 1993 чанднафаразсокинони ҳазораи Кобулдарробитабаин қазиябоздоштшудандваматбуотхабардод, киЭрондарихтиёриунсурҳои Ҳизбиваҳдатиисломӣ чунинзаҳрро қарордодааст. Вуҷуди ин ҷанҷол ва масъаларо асноди бойгонии вазорати хориҷа низ собит мекунад. Сафорати ҶИЭдарКобулдаризҳороте, киазтелевизионимарказииАфғонистоннашршуд, инхабарҳорорад мекунад. (Баёнияи Сафорати ҶумҳурииИсломииЭрон дар Кобул. – 1372, – 11 мурдод. (1993, –2 авг.).

26 июли соли 1993 иҷрокунандаивазифаисафириЭрондарКобулбо ҲидоятАминАрсаловазирикорҳоихориҷииДИАмулоқотнамуда,изҳор медорад, кимуовинивазири аминияти Афғонистонба сафорати ҶИЭташрифоварда, таъкид кардааст, ки мутобиқимаълумоти ӯ,  Ҷумҳурии Исломии Эронмаводимасмумкунандавазаҳрродарихтиёри ҲизбиваҳдатиАфғонистон қарордодааст, ки аз ҳамон заҳр дар олуда сохтани бозори меваҷоти Кобул истифода шудааст.

Ҳамчунин як сарчашмаи дигари таърихӣ маълумот медиҳад, ки АбдулҳайИлоҳӣ - вазиримушовириДИАдар Қасрираёсати ҷумҳурӣ айниматлабробо лаҳнидурушт дар ҳузури иҷрокунандаи сафири Эрон изҳор дошта вахостааст, то сафорати ҶИЭдарКобул дар изҳороти махсус ҳамкорияшробо Ҳизбиваҳдатиисломӣ рад кунад ватасдиқ намояд, киЭронДИА-робарасмиятмешиносадватанҳобоон ҳамкорӣ мекунад.

27 июли соли 1993 сафорати ҶИЭ дар КобулазВазоратикорҳоихориҷии Афғонистон ба таври расмӣ хосторитавзеҳиизҳориназариМуҳаммад ҚасимиФаҳим, вазириамниятимиллииДИА (19921996) мешавад, ки дар фурудгоҳи Кобул дар ҳузури намояндагони дипломатии чанд кишвари хориҷӣ гуфтабуд: “ЭрондарАфғонистонбештаразПокистон ва Арабистони Саудӣ мудохиладоштава ҳатто ҷиноётиЭрондарАфғонистонбештараз ҷиноётирусҳомебошад”. Баъдан дар расонаҳои Кобул гуфта шуд, ки Қ.Фаҳим ин матлабро дар як суҳбати ғайри расмӣ дар толори интизории ҳукуматии фурудгоҳи Кобул дар ҷамъи чанд сафир изҳор намуда ва намояндаи сафорати Эрон ҳам шоҳиди ин суҳбатҳо шудааст.

БаназариЧингизи Паҳлавон, муҳаққиқи эронӣ А.Масъуд ва Б.Раббонӣ баинбоварбуданд, кимаҳзбо мусоидати Эрон Ҳизбиваҳдатиисломӣ имконватавони ҷангдармуқобилиДИА-ропайдокардабуд. Мақомотиамниятӣ бароҳбарияти давлати Афғонистон иттилоъмедоданд, кисафоратиЭрондар ҷангҳои шаҳри Кобул Ҳизбиваҳдатро кӯмак мекунад. Аз ҷумла, номаиВазоратимолияиАфғонистонбаВазоратикорҳоихориҷӣ азтаърихи 18.10.1993 далелебаинтиқоли ҷангафзорвавоситаҳоиалоқаи низомӣ азЭронбаАфғонистонмебошад. Даринномагуфтамешавад, китайёраинеруҳои ҳавоииЭронбоиҷозаиВазоратикорҳоихориҷӣ бамайдони ҳавоииКобулнишаставабарасосиномаипешакӣ ҳомилилавозимотихона, ошхонавамизукурсӣ барои  сафорати ҶИЭ мебошад. Аммо мақомотигумрукдардохили ҳавопаймо васоилитаъинотинизомӣ, дастгоҳҳоимухобирава силоҳу ҷангафзорсозро кашф намуданд. Худи А. Масъуд фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда, ҳавопаймои пур аз силоҳу техникаи низомиро дида, дастурибоздоштвамусодираи ҳавопайморомедиҳад. Эронзимниирсолиномае изҳор медорад, ки ҷангафзорватаҷҳизотитехникии низомӣ баАфғонистондарпарвозишумораи 520 иштибоҳанфиристода шудааст, бинбар ин хостори баргардонидани онҳошуд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки А. Масъудба вазоратикорҳоихориҷӣ шахсан дастур медиҳад, ки бадархости ҷонибиЭронпосухирадбинависад. Эрониҳо баъди гирифтани посухи ради А.Масъуд масъаларо бевосита бо Б.Раббонӣ матраҳ мекунанд. Баъдичанд рӯз бомудохилаиПрезидентиДИАБ.Раббонӣ эрониҳомуваффақ шуданд, ки таҷҳизоти мусодирашударо ба сафорати ҶИЭдар Кобул интиқолдиҳанд. Дар ҳоле, ки барасосисанадҳои вазоратиамният дар парвози № 520 ҳамроҳиинвасоил 6 нафармуҳандисинизомииэронӣ низбароиомӯзишдоданиусулиистифодаитаҷҳизот, сохтани маводи мунфаҷирабошиносномаҳоихидматӣ воридиКобулшуда,аззери ҳавопаймотавассутимошинҳои сафоратиЭронберунбурда мешаванд.

Дар январи соли 1994 як ҷабҳаимуташаккилазмухолифонимусаллаҳи ДИА – Шӯрои ҳамоҳангии инқилоби исломӣ шаклгирифт, ки ҳастаиасосиионро ҲизбиваҳдатиисломииА. Мазорӣ, ҲизбиисломииГ. Ҳикматёр ва Ҷунбши миллии исломии А.Дустум ташкилмедоданд. ДИАдарбаёнияеЭронродар қаториПокистонва Ӯзбекистон дар ташкили ин ҷабҳаизиддидавлатӣ муттаҳамнамуд.

А. Масъуд дар мусоҳибабонашрияиарабии“Ал–ватанал–арабия” (3 декабрисоли 1993) дармавридимуносибати Афғонистонбокишварҳои ҳамсоя дар ин давра чунин изҳорнамуда буд: “Модар ҳақиқатнабо Ҳизбиисломӣ ва Ҳизбиваҳдат, балкибоПокистонваЭронмеҷангем.” Яъне ду ҳизби номбурда, яке омили Покистон ва дигаре омили Эрон буданд, ки дар тамоми давраи истиқрори Давлати Исломӣ ба роҳбарии Б.Раббонӣ (1992-1996) дар Кобул муқобили он меҷангиданд.

Рӯзи 1 январисоли 1994 амалиётиэътилофисиёсӣ низомииШӯрои ҳамоҳангӣ бароисарнагунсозии ҳукуматимарказииАфғонистоноғозшуд. Чингизи Паҳлавон менависад, ки “Оқои Мазорӣ (раиси Ҳизбиваҳдатиисломӣ) дар даргириҳоиахиркӯшид, кимавқеиятебадастоварад, тонеруҳои ҲикматёрваДустумтавонандворидиКобулшавандваасбобисарнагунии ҳукуматрофароҳамкунанд. СиёсатҳоиоқоиМазорӣ абъодихатарнокеёфтааст. Ӯ даринавохиркасеаст, ки ҷангибайнишиаёнро роҳ андохтааст.” (Ч. Паҳлавон. Афғонистон, асримуҷоҳиддинвабаромаданитолибон. с.207). Ч. Паҳлавонбахулосамеояд, киЭрондароғозиштибоҳ кард, кидар қазияиАфғонистондунболарависиёсати ҷангҷӯёна ва қавмгароёнаиА. Мазорӣ гаштваниҳоятмаҷбуршуд, толаҳзаишикастхӯрданихудинсиёсатроидомадиҳад.

Зуҳур ва пешравии барқосои“Толибон” дар солҳои 1994-95 Афғонистонсароғозитаҳаввулотвамарҳилаи навдармуносибатҳоибайниАфғонистонваЭронгардид. Пешравиҳоибосуръати“Толибон”, суқутиминтақаҳои ҷанубӣ ва шарқӣ бадастиингурӯҳ боисинигаронии ҷиддииЭроншудабуд. Эрон дақиқан мисли имруз дар садади муомила бо Толибон баромада буд ва талош мекард бо Толибон робита барқарор кунад. Ба ин манзур, Абдуалии Мазорӣ - роҳбари ҲизбиваҳдатиисломииАфғонистон, неруиасосиисиёсӣ ванизомии ҷонибдориЭрондармуодилаиАфғонистонро, ки дар ҳоли ҷанг бо ҳукумати Б.Раббонӣ буд,  ташвиқ намуд, ки бо Толибон ҳамроҳ шавад. Ҳарчанд М.Ҳаддодӣ сафири Эрон ба А.Масъуд ваъда намуд, ки А.Мазориро барои бастани сулҳ бо давлат ба Кобул меоранд, аммо рафт дар берун аз  Кобул ба ӯ суҳбат кард, вале танҳо баргашт. Ба намояндаи А.Масъуд гуфт, ки А.Мазорӣ ба Кобул намеояд. 13 мартисоли 1995 А. Мазорӣ, ки ба Толибон таслим шуда буд, барои музокира бо Толибон аз ғарбиКобулбашаҳри Қандаҳорпарвозмекард, тавассутитолибони дигаразчархболберуновардавакушташуд. Ҳамин тавр, А. Мазорӣ, киомилиасосиитаъсиргузории ҶИЭдарсаҳнаисиёсӣ ванизомииАфғонистонбуд, аз замонитаъсиси ҳукуматимуҷоҳиддинтоохирин лаҳзаи ҳаётихуд, яъненаздикисесолдармуқовиматимусаллаҳонабо ҳукумати устод Раббонӣ  қарордоштва ҳаргизбасулҳ ва ҳамзистӣ канорнаомад. Ин мудохилаи низомӣ ва сиёсии Эрон яке аз сабабҳои аслии шикасти ҳукумати Б.Раббонӣ ва А.Масъуд дар Кобул дар соли 1996 шуд.

Эрон мисли Русия барои он ҷабҳаи зидди Толибонро кумак кард, ки толибон ҳамагуна ҳамкорӣ бо Эронро рад карданд, миннаташро напазируфтанд. Эрон маҷбур буд, ки ин корро бикунад, чораи дигар надошт. Аммо марҳилаҳои баъдии таҳаввулот нишон дод, ки Эрон дар аввалин фурсати муносиб робита бо Толибонро барқарор кард. Ҳатто фикри хуни 11 дипломат ва 1 хабарнигори худро, ки дар Мазори Шариф толибон қатл намуданд, накард. Баъди қатли онҳо, СММ толибонро ба далели нақзи ҳуқуқи башар ва паноҳ додани Бен Лодан таҳрим кард, аммо Эрон дарвозаҳои худро ба рӯи онҳо боз намуд. Намояндагиҳои толибонро дар Теҳрон ва Машҳад иҷозаи фаъолият дод.

Эрон дар аввалин фурсати дигар  дар соли 2001, ки тафсилоташ баъдтар баён хоҳад шуд, толибонро ҳам бар ИМА ба қавле фурӯхт, ҳамаи нақшаҳои низомии онҳоро зимни мулоқоти чандсоатӣ дар фурудгоҳи низомии як шаҳри бандарии Эрон дар ихтиёри афсарони қувваҳои ҳарбии ҳавоии ИМА қарор дод, ки бар асоси он таёраҳои ИМА амалиёти бомбаборони толибонро анҷом доданд.

Аз соли 2005-2011 ҶИЭ дубора ба думболи барқарори робита бо Толибон шуда, ба ин гуруҳи террористӣ кӯмаки низомӣ ва молӣ намуд. Эрон барои Толибон дар Теҳрон, Сиистон ва Балучистон ва Турбати Ҷом дафтари намояндагӣ боз кард ва дар муқобили қувваҳои давлатии Афғонистон ва ИМА онҳоро таҷҳиз намуд.

Аз ҷониби дигар, Эрон лашкари 20 ҳазорнафарии “Фотимиён”-ро аз ҳисоби ҳазораҳои шиаи Афғонистон таъсис додааст, ки ин лашкар дар Сурия машғули ҷанг буд ва ҳаст. Акнун як бахши он вориди Афғонистон шуда, вале то кунун мавриди истифода дар ҷангҳои дохилӣ қарор нагирифтааст.   

Ҳамин тавр, агар роҳбари руҳонии собиқи Эрон - Хумайнӣ Амрикоро “шайтони бузург” унвон дода бошад, фаъолиятҳои анҷомдодаи мақомоти эронӣ дар минтақа дар зарфи 30 соли охир баёнгари он аст, ки унвони “шайтони кучак”-ро барои худ камоӣ ва ҳалол кардаанд.    

                                                                                     Давом дорад...

“Миллат”

©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97