Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

АДАБИЁТ ВА МАСОИЛИ МИЛЛӢ

Фарҳанг ва адаб 18.02.2009 13:05

(Идома)

Гуфтем, нахустин ҷараққаи пуртоби ин конуни ба тозагӣ барафрӯхта шеъри Мӯъмин Қаноат "Ба ҳаводори забони тоҷикӣ" (соли 1958) буд. Ин шеър як посухи сода вале қотеъ ба касоне буд, ки забони мардуми Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро бо унвонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ се забони мутафовит медонистанд ва дар ин замина таълифоти пуршумор ва муфассали "илми"-еро ҳам ба нашр мерасонданд.

Шоир хитоб ба ин навъ "донишмандон" бо танзи зебое мегӯяд:

Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб, Ҳарчи меҷӯӣ биҷӯй!

Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб, Ҳарчи меҷӯӣ биҷӯй!

Форсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо, Ҳарчи мегӯӣ, бигӯй!

Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо, Ҳарчи мегӯӣ, бигӯй!

Баҳри ман танҳо забони модарист, Чунки меҳри модар аст.

Баҳри он ташбеҳи дигар нест, нест, Чунки шири модар аст.

З-ин сабаб чун шухиҳои дилбарам Дӯст медорам варо,

Чун навозишҳои гарми модарам Дӯст медорам варо!

Агар дар назар бигирем, ки ҳанӯз муддаиёни се забони гуногун будани форсиву дариву тоҷикӣ бо сарсахтӣ бар ин назари аслан сиёсии худ пофишорӣ мекунанд, басират ва шуҷоати адабии муаллифи ин шеъре, ки ним қарн қабл аз ин рӯзгор суруда шудааст, ба сароҳати бештар маълум мегардад.

Ин шеър дар коргоҳи халлоқиятҳои адабии Мӯъмин Қаноат хислати барномаӣ касб кард ва таъинкунандаи мавқеъи вай дар тамоми тӯли муддати фаъолияти суханварияш дар мавриди корбурди забон, мурооти суннатҳои суханварӣ, нигоҳ ба таърихи миллӣ ва ғайра гардид. Мӯъмин Қаноат, ки ҳамзамон бо сурудани ашъори хурди ғиноӣ даст ба таълифи манзумаҳои тулонӣ ё достонҳои манзум задаст, ҳамеша талош намудааст, то бидуни таваҷҷӯҳ ба мавзӯъ ва жанру қолаби асар тору пӯд ва бофти матоъи он миллӣ ва суннатӣ бошад. Бино бар ин суханаш барои хонандаи толиб ва ҷӯёи истеҳком ва эҳтишоми пешини забони адаб ва шеъри форсии тоҷикӣ ҳамеша тозагӣ ва ҷаззобият доштаст. Алӣ Асғари Шеърдӯст, донишманди иронӣ, ки ба воситаи таҳқиқоти муфассали худ аз адабиёти (ба хусус) назми муосири тоҷик шинохти хос дорад, дар муқаддимае ба маҷмӯаи ашъори Мӯъмин Қаноат менависад, ки Мӯъмин Қаноат "…беш аз дигарон ба суннатҳои шеъри порсӣ пойбандӣ нишон додаст".

Албатта лозим ба ёдоварист, ки Мӯъмин Қаноат дар ин масир танҳо намонда ва фавҷе аз истеъдодҳои дурахшони назми навини тоҷикро дар ин роҳ ҳидоят намудааст. Аз ин миён ба хусус тавонотарин шоирони ин насли адабиёти тоҷик шодравон Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсорро метавон ном бурд, ки асл ва ҳастаи сурудаҳои онҳоро мавзӯъҳо ва мазмунҳои сунати миллӣ ва таърихи миллӣ ташкил медиҳад ва гузашта аз ин сабку салиқа ва бофти матоъи шеъри онҳо миллӣ аст.

АЗ МАЗЛУМИЯТ БА ИФТИХОР

Муҳимтарин хислате, ки сурудаҳои ин насли адабиёти тоҷикро бар насли пешин имтиёз медиҳад, ба ҷои таъкид бар мазлумият ва маҳрумият ифтихор аз шаҳомат ва васфи таърихи шукӯҳманди миллӣ аст. Чун ин насли шоирон низ дар фазо ва муҳити сиёсати ҳокими шӯравӣ ба сар мебурданд, ин ифтихорро ба ин шева машрӯъият мебахшиданд, ки давлати шӯравӣ боиси эҳёи дигарбораи ин шукӯҳу шаҳомат гардид. Албатта ин шева дар адабиёти тоҷик собиқа дошт. Аз ҷумла дар ашъори Мирзо Турсунзода. Масалан:

Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун,

Расида авҷи Фирдавсӣ ба гардун.

Барои Ҳофизу Саъдии Шероз

Намуда тоҷикон оғӯши худ боз.

Вале умқи назари шоирони насли ҷадид ба арзишҳои фарҳанги таърихии миллӣ бештар, амиқтар ва фарохтар ва онҳо бо ин арзишҳо маънустар ва маҳрамтар ҳастанд ва устураҳои таърихи миллӣ ба сурати одӣ ва табиъӣ дар канори қаҳрамонони осори онҳо қарор мегиранд, ба сурате, ки гӯӣ афроде воқеӣ ҳастанд. Аз ин ҷост, ки Мӯъмин Қаноат дар оғози достони манзуми "Тоҷикистон - исми ман", ки ба муносибати 50-мин солгарди Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон суруда шудааст, мустақиман ба ин устураҳои миллӣ муроҷиат ва бо онҳо гуфтугӯ менамояд:

Эй додгоҳи хокиён, эй осмони бекарон,

Танг аст ҳоли тоҷикон дар хоку зери хокдон.

Эй дуди оташгоҳҳо, омоҷгоҳи оҳҳо,

Тахти баланди Аҳуро, бахти бади аҷдодҳо.

Гӯянд бар аҷдоди мо будӣ зафар, будӣ падар,

Аз шакли ту месохтанд мардони майдонӣ сипар.

Байроқи адли ковиён пар мезадӣ болои сар

Дар дасти садҳо зодаи озодагони Бохтар.

Ҳам тухмаи мардона чун дурдона зери обҳо,

То ин ки рӯяд аз замин Фирдавсию Сӯҳробҳо…

Пайдост, ки дар интихоби вазн ва эҷоди мусиқии калом низ дар ин навъ ашъор садоқат ва унс ба ин шукӯҳ ва шаҳомати пешин муҷассам шудааст.

Унс ва шефтагии Мӯъмин Қаноат ва шоирони дигари ин насли ҷадид нисбат ба таърих ва фарҳанги миллӣ ба ҳадде аст, ки гоҳо ба авҷи ишроқ ва ирфон мерасад ва "ҳулул дар таърихи миллӣ" барояшон даст медиҳад. Масалан, ин вазъро ба вузӯҳ дар шеъри "Тахти Ҷамшед"-и Мӯъмин Қаноат аз сисилаи "Созҳои Шероз", ки ҳамаи ашъори ин силсила саршор аз рӯҳиёти миллист меёбем:

Чу боло мешавам бар маснади хуршедии Ҷамшед,

Ки дорад ошён эзид, ки дорад хокдон хуршед,

Дар он қасри хароботе, ки Доро буду дунё буд,

Дирафши ковиёнӣ найзае аз моҳ боло буд…

ххх

Ба чашмам медурахшад оташи Зардушт дар соғар,

Ба дасти духтари пири муғон дар лаълии озар,

Ба гӯшам хониши пири муғон бо нола меояд, -

Авасто мекашад фарёд аз минбар.

Чу "пайғамбар" ба базми шоҳи шоҳон мешавам ворид,

Сурӯше мерасад бар гӯши ман аз нағмаи Ноҳид,

Паризоде ба дастам мегузорад ҷоми марворид,

Ҳамехоҳам бинӯшам ҷуръае аз лаҳзаи ҷовид…".

Ин навъ пайвастагӣ ва ҳамбастагӣ ("ҳулул дар таърих") дар сурудаҳои Бозор Собир ба авҷи дигаре мерасад. Ба гунае, ки шоир ҳатто дар фоҷи¬ъаҳои таърихи миллӣ худро омил ва гунаҳкор эҳсос менамояд:

Бӯалиро аз Бухорои шариф ман кардаам берун,

Тирмизиро ман фикандам дӯш дар дарёи Ҷайҳун,

Барҳадар хуни Низомулмулкро ман рехтам,

Балки хуни мулкро ман рехтам…

Вой бар ман, вой бар ман,

Ал-амон! Фарёд аз ман!

Мавзӯъи таърихи миллӣ мавзӯъи аслии ашъори Бозор Собирро ташкил медиҳад ва ба ҷуз чанд шеъри васфи ҳолӣ дигар тамоми сурудаҳои ин шоир ба мавзӯъи гиромидошт ва эҳёи фарҳанги миллӣ ва таърихи миллӣ бахшида шудааст. Шеъри "Забони модарӣ"-и вай ба навъе суруди миллии ғайрирасмии тоҷикон буд. Қобили ёдоварист, ки иқболи камназири ҷомеаи Тоҷикистон дар ин давра аз ин навъ ашъор, ба хусус ашъори махсус ба васф ва бузургдошти забони миллӣ, ёди шаҳрҳо - марокизи фарҳангии аздастрафтаи тоҷикҳо чун Самарқанду Бухоро, шахсиятҳои баноҳақ фаромӯшшудаи таърихӣ ва ғайра таъсири равшане дар ривоҷи ин навъ ашъор дошт. Сурудаҳои шодравон Лоиқ Шералӣ дар ин мавзӯъҳо гоҳо мунозараи шадид ва пурэҳсоси бевоситаро мемонад, ки гувоҳи садоқати муаллиф ба мавзӯъ аст.

Гузашта аз ин дар ашъори ҳасби ҳолии ин шуаро низ ҷилваҳои равшани аносири фарҳанги миллӣ ва дилбастагиву садоқати ин шоирон ба он мушоҳида мешавад. Масалан, мавзӯъи васфи зодгоҳи ин шоирон, ки ағлаб рустоҳои кӯҳистонӣ ва муҳитҳои суннатии тоҷикӣ ҳастанд, васфи рустоиён ва наздикони бозмонда дар русто онгуна пуртобу таб аст, ки гӯё ин шоирон дар фосилаҳои бузурги маконӣ ва замонӣ ғариб афтода ва дар ҳасрати бозгашт ба ватани аслии худ ҳастанд. Бозор Собир аз шаҳри Душанбе, ки бо зодгоҳи вай беш аз 30-40 километр фосила надорад хитоб мекунад:

Селаи мурғи ҳаво дар назарам,

Ки баҳор омаду ман бехабарам.

Хоҳам имрӯз ҳама пар гардам,

Боз сӯйи ватанам баргардам.

Ё Лоиқ Шералӣ месарояд:

Ин шаби туршрӯи боронӣ,

Кулбаи модарам ба ёд омад,

Мечакад боми он зи боронҳо,

Дар дилам оламе ба дод омад.

Ҳамчунин рустои кӯҳистонии Гулрухсор барои ҳамаи хонандагони тоҷик, балки Шӯравӣ ошно гардида буд:

Маро шабҳои бехобӣ хумори Яхч мегирад,

Ки дар як гӯшаи хоки Ватан аз чашмҳо дур аст.

Шоир дар ҳар ҷо ва аз ҳар бобе сухан мегӯяд, ошёни сурудаш ҳамон нишемангоҳи нахустин аст ва маҷмӯъ ин шоъир мисли маъдани бекарони шеъри миллист, ки оташафшони илҳом аз замири ӯ гудохтаҳои нобро чун фаввора баланд мекунад.

(Идома дорад)


Рустами ВАҲҲОБ
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97