Фоҷиаи дар қаламрави Русия, рустои Жабинои наздикии Маскав ба сари шаҳрванди 22 солаи тоҷик Салоҳиддин Азизов омада, дили ҳар инсонеро хуншор накарда наметавонад. Агар ин ҳодисаи даҳшатнок дар Афғонистон ва ё Ироқи аз дасти истилогарон ба дод омада, рух медод, ба фаҳми он расидан мумкин буд.
Вале дар ватани тинҷу ором, ватане, ки имрӯз аз дастовардҳои бузургаш дар ҳар соҳа ба тамоми ҷаҳон эълом медорад, ба ҳар ҷумҳурии "бесоҳибе" дасти кӯмак дароз мекунад ва боз дар наздикии пойтахти овозадораш-Маскав… каллабуриву одамкушӣ рух медиҳад, боз ҷавонеро, ки "аз сад гул як гулаш нашкуфта",-ро сар мебуранд, чӣ ҳам аз дилат мегузарад?...
Ин муҳоҷири бо ҳаммолӣ машғулбудаи тоҷик аз ҷониби ашхоси саркал ва ё мӯдароз ваҳшиёна ба қатл расида, сараш аз тан ҷудо шудааст. Ваҳшониятро бубинед, ки ҷавонони ҳанӯз сари мурғеро набурида, якбора сари одам мебуранд ва боз ҳамсинну соли худро. Ва дар баёнияҳои иттилоотӣ дарак меёбем, "ки аз рӯи ин ҷиноят парванда боз карда шуда, тафтишот идома дорад…". Кадом тафтишот, дар ҳоле ки агар мақомоти дахлдори Маскав бихоҳад, дар соате гунаҳгоронро пайдо мекунанд, зеро макону ҷойи ҳодиса аниқ аст. Агар "сагеро" аз худашон ба ин ҳол медиданд, тавассути робот ва ё технологияи ҷустуҷӯии доштаашон ҳамон рӯз гунаҳгорро ёфта ба ҷазо мекашиданд. Вале ба қавли худашон "Чужой горе нам не интересно".
Мо аз он дар ҳайратем, ки дар ҷавоби Нотаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Сафорати давлати Русия дар Душанбе ба ҷойи ақалан "изҳори тасаллият намудан" ба хешовандон ва мардуми тоҷик, моро гунаҳгор мекунад ки, яъне, "гуноҳҳое, ки шаҳрвандони шумо дар қалмрави Русия содир кардаанд, ин ҷазо ҳам кам аст…". Ана инро бо роҳи дипломатӣ ҳал шудани ҳар гуна қазия мегӯянд. О, дипломатҳои мӯҳтарам, аз рӯи далелу арқоми шумо оварда, ки гӯё ин қадар…гуноҳҳо содир кардаанд (агар дар амал карда бошанд. Н.Н) ҷазояшонро гирифтаанд-ку, дар маҳбасҳо шиштаанд. Пас ҳар ки гуноҳ мекунад, дар куҷое бошад, ҷазояшро мебинад. Вале гап дар бораи бераҳмона ва бесабаб куштани ин ҷавон ва садҳо ҷавонписарони тоҷик меравад!
Шоҳид будам дар мурофиаи додгоҳии "Боғи ҳайвонот" ва духтараки русе, ки падару модараш дар дивизияи 201-и русии мустақар дар Тоҷикистон хизматчии ҳарбианд. Сабаби "Боғи ҳайвонот"-и шаҳри Душанберо (соли 2006) ба муҷозот кашидани ҷониби ҷабрдида, яъне волидони русдухтари дасташро хирси ин боғ "рабуда" он аст, ки гӯё "қафаси хирс дуруст маҳкам набуда, аз бепарвоии роҳбарияти вақти ин боғ дасти духтаракро хирс хӯрдааст". Ва ҷониби ҷабрдида, аз "гунаҳгор" товони калон ситониданист ва шояд ситонид ҳам. Ин ҳуқуқи шумост ва суд метавонад ҳақро ба ҳақдор расонад. Вале аз рӯи нишондоди шоҳидон маълум гардид, ки аз бепарвоии падари духтар ва ба қафас даст халонидани ин духтарак, чунин ҳодисаи нохуш рух додааст. Мо гуфтанӣ нестем, ки ба шумо он маблағе ки талаб мекунед, дода нашавад. Инро мақомоти дахлдор хубтару беҳтар дониста, талаби шуморо қонеъ мекунанд. Ва ин фоҷиаро ҳам сабуктар аз ҳодисаи сарбуридани ҷавони тоҷик намеҳисобем. Вале амалан "фарқ аз замин то осмон аст". Зеро духтари шумо сиҳату саломат асту гунаҳгораш-хирс ба ҳеҷ куҷо нагурехтааст. Ин ҷавони аз дунё чизе надида бошад, ба таври ваҳшиёна ба қатл расида дигар байни мо нест ва хайру худоиаш ҳам бар гардани падару модари зораш аст, зеро "тафтишот идома дорад, дурустараш кофта нашудаанд ва шояд дар гӯшаи роҳате то кунун қотилони Салоҳиддин "шаҳди ғалаба" и хешро "отмечать" доранд. Шоҳид будам, ки ду намояндаи сафорати Русия дар Тоҷикистон дар он мурофиаи "Боғи ҳайвонот" иштирок карданд ва албатта онҳо барои ҳимояи манфиати ҷониби худ омада буданд. Дилашон сӯхта буд? Дили мо намесӯзад?! Шояд яке аз муаллифони ҷавобия ба Нотаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз ду яке аз ин кормандони сафорат-иштирокчии мурофиаи "суд кардани боғ" бошад? Сари одамиро аз тан ҷудо кардани махлуқҳои одамсурати гургсират куҷову дастро хоидани хирсе, як ҳайвон куҷо?! Ин мисолро барои он овардем, ки Сафорати мо дар Русия ва дар ҳар кадом давлате ҳам, ки ҳаст, аз ҳамтоёни руси худ бояд посух гуфтанро ёд бигиранд.
Ва боз шабу рӯз тавассути "Вести"-и РТР "Планета" гузоришеро дар мавриди кӯдаки рустабори гӯё дар гармии 55 дараҷа даруни мошин "аз фориғболии падарандари амрикоиаш" фавтидаро намоиш медиҳанд ва ба ин васила ба тамоми олам гуфтанианд, ки "бубинед, мо чӣ хел инсондӯстем". Дар инсодӯстии шумо мо шак надорем, вале муродатон аз пахши он навор ин аст, ки он тифли маъсуми бо айби падарандар фавтидаро, ки касе дар ватанаш вилояти Псков ба писархондӣ қабул накарда буд, русбачае буд, ки амрикоие ӯро фарзанд хонда ва баъдан аз беэҳтиётӣ ӯро ба марг овард. Ана ин аст муроди шумо, ин аст асли сабаби пахши дилсӯзонаву ҳангомабарангезонаи он навор. Модоме ки он амрикоӣ кӯдакро ба писархондӣ қабул кард, аниқтараш харид, пас ӯ дигар шаҳрванди Русия нест ва ё он кӯдак душаҳрвандӣ дошт? Қанд занед, ҷанобон давлатмардони рус, ки аслу насли худро фаромӯш намекунеду то ин дараҷа дилсӯзу инсондӯстед.Бигузор дигар халқу давлатҳо ҳам аз шумо ёд гиранду шаҳрвандонашонро дар кӯи фаромӯшӣ нагузоранд. Вале дар ҳоле ки ҷониби шумо мегӯяд "кӯдак касалӣ буд", пас Мелли Ҳаррисон-"падараш" шояд аз ӯҳдаи табобаташ набаромад? Дили мо ҳам ба Дима Яковлеви хурсол месӯзаду Ҳаррисонро маҳкум мекунем ва ба падару модари аслии кӯдак изҳори таслият мегӯем.
Боре собиқ вазири мудофиаи Русия Павел Грачёв дар мусоҳибаи телевизиониаш гуфта буд,ки "Агар дар ягон гӯшаи олам русеро ранҷонанд, мо аз қувва истифода мекунем". Қанд занад генерал барои миллатдӯстдориаш! Ин ҳама аз боварӣ ба зӯри худ аст. Дар ин бобат чизе илова кардан зиёдатист, зеро гап кӯтоҳу фаҳмост.
Мо низ агарчи қувва истифода накунем ҳам, ҳаммиллатамонро, тоҷикамонро дар ҳар гӯшаи олам, ки ҳаст, эҳтиром дорему бо роҳҳои сабуктар ҳимоя мекунем.
Скинхедҳо, ё ба қавли маъмул саркалҳои рус, ки аз рӯи маълумоти худи шумо, давлатмардони мӯҳтарами Русия, имрӯз шуморашон аз 70 ҳазор мегузарад, оё ёфтану ба ҷазо кашиданашон бароятон мушкил аст? Агар 100-200 нафар мебуданд, гумон мекардем, ки онҳо шояд дар ҷангалҳои Сибир пинҳонанду дастнорас. Вале "як артиши" бераҳму бешавқат дар дохили ин давлати сермиллат авбошиву сарбурӣ мекунаду ин давлати зӯрро "зӯраш намерасад?". Мерасад, вале гумон мекунам, он патриотҳо, ки миллаташон рус ҳаст, дар ҳоли ҳозир барои мақомоти русӣ даркоранд…Ин афроди одамхӯр агар ки ин қадар ҳаваси одамкушиву ҷанг доштаанд, пас марҳамат бираванд ба Афғонистону Ироқ террористонро биҷӯянду ёфта, тафси худро паст кунанд. Вале мо медонем, ки онҳо ба ин кишварҳо барои он намераванд, ки номарду тарсончаканд ва зӯрашон танҳо ба ашхоси бечораву беяроқу ғарибафтода мерасад. Вагарна, чаро дар мусобиқаи зӯрозмоие ҳам боре нашунидем, ки скинхеде иштирок карду ғолиб омад ва медале ба Русия овард?... Хонашерони номарду тарсуву майдонғариб!
Магар чунин ҷавонони бераҳму одамхӯрро падару модаронашон дӯст медоранд?
Чунин падару модарон низ баробар бо ин даррандагони тарбия кардаи хеш дар ҳар куштори онҳо гунаҳгоранд, ки чунин гургони одамхорро тавлид кардаву обу нон додаанд.
Гуфтанием, ки Русияи абарқудрат, агар бихоҳад, ки обрӯяш дар арасаи ҷаҳонӣ боз болотар равад ва аз он ифтихор кунад, ки давлати сермиллат аст ва ҳама инсонҳо дар он ҷомеъа баробаранд, аз чунин афроди шармандасоз - скинхедҳо ҳарчи зудтар халос шавад, то Русияаш гӯянд, на Скинхедия! Давлатмардони Русия, ки ҳамеша лофи бебаркаш аз риоя шудани ҳуқуқи башар дар қаламрави кишварашон мезананд ва тайи ҳамин соли равон қариб 400 тоҷикро аз ҳаёт маҳрум кардаанд, бояд аз лофи беҳуда ва бепоя задан даст ба иқдомоти ҷиддие бизананд, то ба каллаканиву қатли афроди бегуноҳи ғайрирус хотима бахшанд, вагарна касе ва дар ҳеч гӯшаи дунё ба ҳуманизми русӣ бовар нахоҳад кард. Ва ин бовар имрӯз маро, волидайни Салоҳиддинро ва пайвандони садҳо тоҷики дар мулки Рус ҷони азизи хеш бохтаро, ки шуморашон аз ҳазор гузаштааст, билкул ба давлати ҳуқуқбунёд будани Федератсияи Русия тарк кардаву ноумед сохтааст. Шуморо чӣ хонандаи азизи "Миллат"?! Шумо чӣ андеша доред, кормандони мӯҳтарами сафорати Русия дар Тоҷикистон?!
Неъматуллоҳи Нурулло,
рӯзноманигор