КОХИ САФЕД ПУСТАШРО ИВАЗ КАРД
Маросими савгандёдкунии 44-умин президенти ИМА баъд аз зуҳр ба вақти Амрико доир шуд, ки ба соати 10-и шаби вақти Душанбе рост омад. Шабакаҳои телевизионии CNN ва BBC ҳанӯз қабл аз фаро расидани лаҳзаи торихӣ аз гирду пеши Кохи Сафед ба таври мустақим гузориш пахш мекарданд. Ин маросим воқеъан ҳам торихӣ ва диданӣ буд. Беш аз 2 миллион амрикоӣ аз гӯшаву канорҳои Иёлоти Муттаҳида барои иштирок дар ин маросим ба шаҳри Вашингтон омада буданд.
Хиёбонҳои атрофи бинои Капитол аз анбӯҳи мардум пур буд. Фазои комилан идонае ба вижа барои сиёҳпустон ҳукмфармо буд. На танҳо ин, балки мардумони бисёре дар гӯшаву канорҳои олам аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ лаҳзаи савгандёкунии Барак Обамаро пайгирӣ менамуданд.
Дар хориҷ аз Амрико бештар аз ҳама дар давлати африқоии Кения, зодгоҳи Обама мардум ба шӯру шодӣ пардохта, рақсҳои хиёбонӣ мекарданд ва аз ин ҳодисаи ғайри оддӣ истиқболи гарму пуршӯре намуданд.
Аз дарвозаи шишагини бинои Капитол, ки як замоне бо заҳмати ғуломони сиёҳпӯсти африқоӣ сохта шуда буд, Барак Обамаи сиёҳпуст ба берун ба назди мардум баромад. Барои амрикоиён ин таҷассуми орзуи Мартин Лютер буд, ки ба деворҳои Кохи Сафед роҳ ёфта буд. Ҳангоми хуруҷи ӯ муаррифияш бо лаҳҷаи вазнини англисии амрикоӣ садо дод: Барак эч Обама (Barak H. Obama).
Номи пурраи ӯ танҳо вақти савгандёкунияш садо дод, ки рӯҳияи мусулмонҳоро низ боло бурд: "Ман Барак Ҳусейн Обама савганд ёд мекунам, ки…". Дасти чапашро рӯйи китоби Инҷили Абраҳам Линколн, ки болои ҳар ду дасти ҳамсараш Мишел мехобид гузошта, дасти дигарашро дар баробари китфҳояш бардошту қасами садоқат ба вазифаву қонуни асосии кишварашро ёд кард.
Ҳамингуна 44-умин Президенти Амрико ва аввалин раисҷумҳури сиёҳпӯст дар Кохи Сафед ба тахт нишаст, тахте ки барои сиёҳпӯстон бахт аст. Камераи телевизиони BBC ҳангоми ин маросим ба сӯйи мардум мегашт ва ашкҳои ҳалқазада ва ҷоришудаи дидаву рухсораи сиёҳпустонро ба намоиш мегузошт.
Ин дар воқеъ ҷаҳиши бузург ва бесобиқае барои зангиҳост. Сиёҳпӯстоне, ки то ин дам бузургтарин муваффақиятҳояшон дар варзиш буд. Давидан ба масофаҳои тӯлониву кутоҳ ва дастболоӣ дар ринги муштзанӣ. Оре бо маҳорат метавон ҷаҳон гирифт.
ДУНЁ ТАҒЙИР МЕЁБАД
Ҷеймс Картер, ду Буш-падару писар, Бил Клинтон ва дигар шахсиятҳои шинохтаи сиёсати Амрико низ дар ин маросим ҳузур доштанд.
Дар оғози баромадаш Обама ба сӯйи Буш руй оварду аз "хидматҳояш" барои миллати Амрико ташаккур кард. Обама дар воқеъ суханрони бомаҳорат аст. Пайдост, ки таҷрибаи зиёде дар суханронӣ дорад. Меҳвари асосии сӯҳбаташ бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, вазъияти Ироқу Афғонистон буд.
Ӯ, ки шиораш дар маъракаҳои пеш азинтихоботӣ "тағйир" буд, ҳангоми суханронияш гуфт: "Ҷаҳон тағйир меёбад ва мо низ бо он бояд тағйир биёбем". Ӯ дар бораи бозсозии Амрико низ сӯҳбат кард ва аз мардум хост бо ӯ бошанд ва ин корро якҷоя анҷом диҳанд. Обама аз мушкилиҳои дохиливу хориҷӣ ёдовар шуд ва аз вазъи сангини бӯҳронӣ сухан гуфт ва ин нуктаро таъкид намуд, ки проблемаҳо наванд, вале азму иродаи меросияшон кӯҳна аст. Раисҷумҳури нави ИМА гуфт; "чолишҳо воқеиянд".
Бар хилофи Буш Обама дар суханронияш номе аз "Ал-қоида" ва "Бин Лодин" набурд ва аз истифодаи ҷумалоти ҳаросангез парҳез кард, аммо ба терроризм ишора намуда гуфт; "рӯҳияи мо қавитар аст ва шикастнопазир".
ОБАМА АЗ ҶАҲОНИ ИСЛОМ ГУФТ
Дар ишора ба Ҷаҳони Ислом ва мусулмонҳо гуфт мо: "роҳи наверо дар пеш мегирем, ки бар асоси манфиат ва эҳтироми дутарафа бошад". Обама ваъда дод, ки Ироқро ба мардуми худаш во мегузорад: "Мо бо масъулият вогузоштани Ироқ ба мардумашро оғоз мекунем". Аммо коршиносон муътақиданд, ки ин "вогузоштани Ироқ ба мардумаш" гарчанде ваъдаи хубу зебост аммо он "вогузории маҳдуд" хоҳад буд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки бояд Барак Обама дар ҳалли он барномаашро муаррифӣ мекард, ин муносиботи Амрико бо Ирон аст. Интизор мерафт масъалаи музокирот бо Иронро равшан созад, аммо то ҷое ман пайгирӣ намудам, Обама на танҳо ин, ки дар ин бора мушаххасан чизе нагуфт, балки номи Иронро ҳам ба забон наёвард.
ОБАМА ХОТИРИ ТОҶИКОНРО ҶАМЪ КАРД
Инчунин Обама гуфт; "сулҳи ба мушкил ба дастояндаи Афғонистонро барқарор хоҳем намуд". Албатта барои мо бошандагони Тоҷикистон ин муҳимтарин нуктаи суханронии Обама мебошад. Зеро таъмини амният дар ҳамсоякишвари ҷангзадаи мо ин пеш аз ҳама хотирҷамъии худи мо низ ҳаст.
Пӯшида нест, ки бо ба сари қудрат омадани Барак Обама нируҳои нав ва иловагии Амрико ба Афғонистон ворид хоҳанд шуд. Ин аз як тараф дар коҳиши ҳамлаҳои тундравони Толибу Алқоида, ки рӯз ба рӯз ҷануби Афғонистон ва манотиқи қабоилнишини Покистонро нооромтар мекунанд ва ин нооромӣ ба тарафи маркази Афғонистону марзи Тоҷикистон доман паҳн мекунад, метавонад муассир бошад, аммо аз тарафи дигар ин боз ҳалли низомӣ ба мушкиле ҳаст, ки аз ин роҳ дардаш даво намешавад.
То чанд муддат пеш роҳи икмолотии низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон аз Покистон, аниқтараш аз роҳи Пишовар ба сӯйи Афғонистон мегузашт, вале ҳамакнун ин роҳ ба сабаби шиддат гирифтани ноамниҳо дар манотиқи марзии Покистону Афғонистон дигар роҳи амне нест.
ИМА дар ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии таъмини низомиёни худ ва интиқоли маводи башардӯстона ба Афғонистон мебошад, ки дар ин масъала кишвари мо шонси хубе дорад. Тоҷикистон бо Афғонистон на танҳо ҳамсоя, балки аз тариқи роҳи автомобилгард пайванд мебошад.
Обама дар маъракаҳои пеш аз ин интихоботияш аз Афғонистон дидан намуда, изҳор дошта буд, ки мушкили асосии терроризм аз Афғонистону Покистон маншаъ мегирад ва акнун бо эъзоми нируҳои нав ба Афғонистон мехоҳад ин мушкилро ҳал намояд.
Дар мусоҳибааш бо "Мил¬лат" дар рӯзи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, хонум Трейси Ҷейкобсон, сафири ИМА дар Душанбе изҳор дошта буд, ки дар сурати пирӯзияш Обама тамаркузи бештаре ба Осиёи Марказӣ хоҳад дошт. Аз ҳамаи ин бармеояд, ки барои Обама Осиёи Марказӣ ва Афғонистон аз аҳамият ва авлавияти бештаре бархурдоранд.
Ба ҳар ҳол кобинаи навини ИМА барои пешбурди сиёсати худ дар Афғонистон ба ҳамкории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба шумули Тоҷикистон зарурат дорад. Давлати Тоҷикистон метавонад дар бадали ҳамкорӣ бо ИМА кӯмакҳои молие ба иқтисодаш сарозер кунад ва дар таъмини амният дар Афғонистон саҳм бигузорад.
"МОҲИ АСАЛ"-И ПРЕЗИДЕНТӢ
Ба ҳар ҳол ин шабу рӯз Барак Ҳусейн Обама дар марҳилаи ба истилоҳ "моҳи асал"-и президентии худ қарор дорад ва муваффақияту нокомии ӯ баъдтар маълум хоҳад шуд. Обама зоҳиран аз равиши мулоимтаре кор хоҳад гирифт. Ӯ на танҳо барои номи мусулмонӣ доштанаш, балки барои зидди ҳамҷинсгароӣ (homo¬sexuality), издивоҷи ҳамҷинсӣ (gay marriage) ва исқоти ҳамл (abortion) буданаш низ дар байни мусулмонҳо маҳбубият дорад.
Cуолҳоеро, ки мусулмонҳо посухашро интизоранд ин аст, ки оё шиори "тағйир" фақат барои амрикоиҳост ва ё барои ироқиҳову афғонҳо ҳам? Агар ин тағйир барои хориҷ аз марзҳои ИМА ҳам бошад, оё тағйири решаист ва ё зоҳирӣ? Оё ӯ дар ҳақиқат ба чашмбароҳии бастагону аҳли оилаи зиндониёни Гуантанамо хотима хоҳад доду ин зиндонро хоҳад баст? Оё бо Ирон музокирот мекунад?
Посухи ин суолҳоро баъди ба анҷом расидани марҳилаи моҳи асали президентӣ ва ба кор шурӯъ кардани Барак Ҳусейн Обама хоҳем дид. Бо умеди тағйирҳои нек.
Саъдӣ ЮСУФӢ