ҲОҶӢ ДОМУЛЛО ШУМО БО МОЕД? Кӣ ҳақ аст, Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода ё Роҳбарияти "Талко"?

Сиёсат 23.02.2009 22:34

Роҳбарияти КВД "Талко" андеша ва нуқтаи назари узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон - Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро, ки дар мусоҳибаи ӯ таҳти унвони "Равобити нек бо Русия ба манфиати миллии мост", бо ҳафтаномаи "Фараж" №5, (112) аз 05.02.09 баён шудааст, бо диққат мавриди омӯзиш қарор дод. Бидуни шак, талоши ӯ барои пайдо намудани роҳҳи ҳалли мушкилоти рӯиҳамрафта дар Тоҷикистон, сазовори эҳтиром мебошад.

Аммо ба андешаи мо, мавқеъи як ходими давлатӣ дар ин сатҳ бояд хусусияти созандагӣ дошта ва дарбаргирандаи омилҳои манофеъи миллӣ низ бошад. Суханони ахири узви Маҷлиси Миллӣ А. Тураҷонзода ҳарфи ба хусус наве нест ва бори аввал низ пешниҳоди фурӯхтани "Талко" садо намедиҳад. Бо интиқод ва изҳори нобоварӣ дар гузашта низ чанд вакили Маҷлиси Намояндагон пешниҳоди фурӯхтани "Талко"-ро ба сурати оммавӣ карда буданд. Бо назардошти шароити мавҷуда дар мавриди фаъолияти ширкати "Талко", он намояндагони порлумоне изҳори назар мекунанд, ки дар остонаи интихобот - соли 2009 ба шиддат ба муаррифии худ ба интихобокунандагон ниёз доранд.

Мутаассифона, ҳамаи ин танқидгарон, аз ҷумла, ҷаноби Тураҷонзода, ҳаққеро, ки банди 13-и Қонун "Дар бораи мавқеъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон" барояшон додааст, сарфи назар кардаанд.

Мутобиқ ба ин қонун ҳамаи аъзо ва вакилони порлумон ҳаққ доранд, тибқи дархост аз роҳбарияти корхонаву муассисаҳо, шарҳу тафсири расмӣ ва ё донистани нуқтаи назари онҳоро роҷеъ ба масоили муҳими ҷамъиятие, ки аҳамияти давлатӣ доранд, тақозо намоянд.

Аммо мӯҳтарам ҷаноби Тураҷонзода, ба ҷои муроҷиъат ба масъулини "Талко" ва дарёфти маълумоти воқеъӣ, тарҷеҳ додаст, ба сурати мустақим ба назари ҷомеа такия кунад ва баҳсро ҷамъиятӣ намояд, ки дар натиҷа суханони баённамудаи ӯ ноқис ва носаҳеҳ баромадаанд.

Тавре мегӯянд, ҳақиқатро метавон дар муқоиса дарёфт. Бинобар ин фурсати мувофиқ аст, агар дар мавриди на танҳо пардохти ҳаққи истифодаи барқ ва андоз, балки роҷеъ ба муқоисаи ин вазъият бо солҳои пешин ва ҳамчунин авзоъ дар кишварҳои дигар низ сухан гуфт.

Ба гунаи мисол, дар соли 2005 "Талко" 135 миллион сомонӣ андоз ва дигар пардохтҳо ба хазинаи давлат намуда буд, вале дар соли гузашта, ин пардохтҳо ба 270 миллион сомонӣ расид. Ин фарқ ва пешрафти назаррас аст, вале бо чӣ сабабе муаллифи мӯҳтарам дар ин маврид чизе нагуфтааст...

Ҳамчунин пешрафти муҳиме дар пардохти ҳаққи истифодаи барқ дида мешавад. Масалан, дар соли 2004 фақат 11 миллион доллар барои ин пардохт шуда буд, вале дар соли 2008 "Талко" беш аз 100 миллион доллар барои нируи барқ пардохт кардааст. Акнун бояд иқрор кунед, ки ин ҷо низ фарқияти қобили мулоҳизае вуҷуд дорад.

Ба таваҷҷуҳи ҷаноби Тураҷонзода ва ҳамаи мардум расида бод, ки "Талко" дар ҳоли ҳозир барои истифодаи ҳаққи нируи барқ ягон тин қарздор намебошад. Балки ба манзури таъмини тавозун дар истифодаи барқ дар кишвар "Талко" хосаи сарфаҷӯии барқ гузаштааст.

Мо танҳо сеяки нируи барқеро истифода мекунем, ки дар кишвар тавлид мешавад, аммо ҳамзамон 70 дарсади пардохтҳо ё даромадҳои ширкати барқро мепардозем. Метавонед, лутфан ба дафтари мо ташриф биёред ва бо асноди зарурӣ ошно шавед.

Ҳамчунин, комилан ҷои ин сухан нест, ки бигӯем, имрӯз давлат ба "Талко" имтиёзоти хосе додааст.

Боз ҳам барои қиёс, дар Озарбойҷон, мардум нируи барқро аз 8 то 12 сент харидорӣ мекунанд, дар ҳоле ки қимати барқ барои корхонаи алюминиюми ин кишвар 3 сент муқаррар шудааст. Бо вуҷуди он ки дар Озарбойҷон корхонаи коркарди гилхок чун ашёи хом ё аввалияи тавлиди алюминиюм мавҷуд аст.

Мисоли дигар ҳам метавонад, "Русал" бошад, ки нируи барқро бо қимати 0, 15 сент харидорӣ мекунад (лутфан инро бо 1, 5 сенти "Талко" қиёс кунед!). Дар мавриди кадом имтиёзи хосаи ҳукумат ба "Талко" метавон сухан гуфт, дар ҳоле ки "Русал" аз ҳар тона фулуз 45 доллар, вале "Талко" 197 доллар андоз месупорад.

Ҷаноби Тураҷонзода тайид мекунад, ки мо танҳо дар сурати фурӯхтани "Талко" қодир хоҳем буд, ки сарбанди Роғунро бо имконоти худамон бисозем. Кӯтоҳандешии бештар аз инро мушкил аст тасаввур кард! Барои роҳандозии чархаи аввали ниругоҳи Роғун сарбанд бо баландии 140 метр, ҳамагӣ 200 миллион доллар кофӣ хоҳад буд.

Наход, ки ҷаноби Тураҷонзода корхонаеро, ки дар қатори 10 корхонаи бузургтарини тавлиди алюминиюм дар дунё қарор дорад, ин қадар камарзиш бидонад. Магар равост, ки ифтихори миллӣ ва парчамдори иқтисоди кишварро бифурӯшем.

Ҳукумати Тоҷикистон кайҳо воситаҳои заруриро дарёфт ва ба сурати фаъолона кори сохтмони Роғунро пеш бурда истодааст, ки ҳатто боиси ҳайрати шарикон ва сармоягузорони муҳим шудааст. Агар муаллиф ва узви Маҷлиси Миллӣ ба ин ҳарфҳо шубҳа дорад, боз ҳам такрор мекунем: ТОҶИКОН РОҒУНРО МЕТАВОНОНАНД

БИСОЗАНД ВА КАЙҲО ОНРО СОХТА ИСТОДААНД! Аммо Шумо бо мо ҳастед ё хайр?

Раиси ҷумҳури кишварамон Эмомалӣ Раҳмон кайҳо чунин тасмим гирифтааст, ки се иншооти муҳим барои давлат ва миллат, ниругоҳҳои Роғуну Норак ва "Талко" ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ фурӯхта нахоҳанд шуд. Ва бо ин назар ҳамаи гурӯҳҳои коршиносии Тоҷикистон ва мардум низ мувофиқ мебошанд. Ва ин ақидаи миллӣ ва омили муттаҳидкунандаи миллат аст!

Ин ҳама "саҳмияҳои тиллоӣ"-и давлатанд, мисле ки "Ҷенерол моторс" барои ИМА, "Газпром" барои Русия, "Манчестер Юнайтед" барои Бритониё мебошанд ва фурӯхта нахоҳанд шуд, зеро дастоварди миллатанд.

Дар ҳоли ҳозир дар саросари дунё бӯҳрони молӣ ва иқтисодӣ ҳукмрон аст. Бисёре аз корхонаҳои азими саноъатӣ ба ин бӯҳрон тоб намеоранд ва баста мешаванд, ҳазорон одамон бекор ва бемузди зиндагӣ мемонанд ва муносибатҳои иҷтимоӣ шиддат мегиранд. Ва "Русал", ки ҷаноби Тураҷонзода пешниҳод мекунад, "Талко"-ро ба дасти он супорем, кайҳо чорто чунин корхонаеро, ки дар хориҷ бо ҳамин роҳҳо харида буд, мутавақиф кард, ки дар натиҷа даҳҳо ҳазор нафарро бекор монд. Ширкати "Alcoa-и амрикоӣ" ва ширкати "Hydro Aluminium" ва бисёр дигар корхонаҳои муҳимми тавлиди алюминиюм қисме аз коргоҳҳои худро мутавақиф кардаанд.

Вале бо хушбахтӣ бояд гуфт, ки "Талко" тавонист аз ин миён убур кунад ва ин худ нишонаи дурустии сиёсати роҳбурдӣ ё стратегии ширкати мазкур ва дар маҷмӯъ давлати Тоҷикистон аст.

Барномаи роҳбурдӣ ё стратегии ширкат аз он иборат аст, ки таҷҳизоти зарурии технологӣ то ҳадди аксар дар дохили кишвар тавлид шаванд. Ва дар роҳи амалисозии ин нақшаҳо кайҳо муваффақиятҳои муҳимме низ ба даст омадааст.

Барои мисол, дар ҳоли ҳозир беш аз 60% таҷҳизоте, ки барои тавлиди алюминиюм зарур аст, дар корхонаҳои дохили кишвар истеҳсол мешаванд. Ин ҳол аз сӯи дигар имкони ба ҷои кор таъмин намудани 4 ҳазор нафарро медиҳад, ки натиҷаи он боз ҳам ғанитар гардонидани буҷаи давлат аз ҳисоби андози пардохтмекардаи ин коргарон аст.

Гузашта аз ин, дар як соли пеш "Талко" барномаи нави роҳбурдии худ дар бораи истифода аз захираҳои ашёи хоми дохилиро муаррифӣ намуд. Ба ин манзур коргоҳи кимиёвии ноҳияи Ёвон бозсозӣ шуд, ки маҳсулоти он ҳам барои тавлиди алюминиюм ба кор меравад ва ҳам барои содирот ба хориҷи кишвар.

Ба изофаи ин ширкати "Талко" бо ҳамдастии шарикони кории худ бунёди ду корхонаи дигари тавлиди криолит ва фтори алюминро рӯи даст дорад, ки маводи аслӣ барои истеҳсоли алюминиюм мебошанд. Ҳамчунин сохтмони корхонаи тавлиди блокҳои катод оғоз мешавад.

Мо барномаи коҳиши вобастагии "Талко" аз бозори хориҷро рӯи даст дорем, ки бидуни шак як манбаи дигари ғанӣ шудани буҷаи давлат ва ташкили ҷойҳои нави кор мебошад. Вале магар ҷаноби Тураҷонзода мухолифи ин ҳама барномаҳо мебошад ва ё то кунун дар ин маврид ҳарфе нашунидааст?

Мутаассифона, муаллиф аз гуфтани ин нукта барои ҷомеъа сарфи назар кардааст, ки доштани як корхонаи истеҳсоли алюминиюм ба сари худ омили муҳимме барои доштани мавқеъ ва ҷойгоҳ дар сиёсати геополитикӣ мебошад, ки кафили рушди иқтисод буда, ҳамзамон иҷоза медиҳад ба рӯи ҳарфи ҷониби Тоҷикистон дар барномаҳои минтақавӣ ҳисоб кунанд.

Беҳуда нест, ҷумҳуриҳои дар ҳоли пешрафти иқтисодӣ назири Қазоқистон ва Озарбойҷон ҳамеша талош мекунанд, дар дохили кишвар корхонаҳои тавлиди алюминиюм бисозанд. Вале мо ба ҷои чун гавҳари чашм ҳифз кардани дастоварди худамон бо андешаи ҷаноби Тураҷонзода онро бояд ба Русия бифурӯшем? Чунин пешниҳод ҳади ақал ватанхоҳона нест!

Ва боз як мавриди дигар. Муаллиф чунин ақида дорад, ки мо корхонаро ба Русия бифурӯшем ҳам онро гум нахоҳем кард, зеро Русия имкони воқеъии аз ин ҷо бурдани онро надорад ва корхона дар ҳудуди кишвари мо боқӣ мемонад.

Бояд дар назар дошт, ки Русия дар сурати харидории ин корхона ба ҳеҷ шарт 13 ҳазор ҷои корро дар ин корхона нигоҳ намедорад ва ихтисоркунии умумии коргарон пеш меояд, ки боиси бекории умумӣ дар ин минтақа мешавад. Он гоҳ боз чанд ҳазор нафар маҷбур хоҳанд шуд то дар ҷустуҷӯи ризқи худ кишварро тарк кунанд.

Ва он ҳазорон хонаводаи бекор чӣ бояд кунанд, ҷаноби Тураҷонзода чизе нагуфтааст. Мисли он ки дар бораи он низ нагуфтааст, иқтисоди Тоҷикистон мисли як организми зинда дар сурати аз даст додани ин корхона гардиши муназзами хуни худро аз даст хоҳад дод. Ин гардиши хун ба маънои он аст, ки корхонаи мазкур воридкунандаи аслии арзи хориҷӣ дар дохили кишвар ва давлат мебошад.

Он гоҳ чӣ гуна сатҳи таваррум ва қимати долларро метавон идора кард?!

Ин чиз ҳам ҷои нигаронӣ дорад, ки чунин баёнияҳо дар шароити хеле мушкил барои миллат ва "Талко" садо медиҳанд. Вақте садо медиҳанд, ки тақдири ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳал мешавад ва масъалаи истиқлол ва амнияти миллии кишвар матраҳ аст. Табиист, ки узви Маҷлиси Миллӣ вақте мехоҳад дар мавриди чунин масоили стратегӣ изҳори назар кунад ин омилҳоро набояд фаромӯш кунад.

Ва дар ниҳоят аз ҷаноби Тураҷонзода ва ҳамаи дигар давлатмардону намояндагони порлумон ин умедро дорем, ки агар бихоҳанд дар мавриди чунин масоиле изҳори назар кунанд, санҷида ва дар қиёс бо саҳми худ дар рушди иқтисодӣ миллӣ сухан хоҳанд гуфт.

Роҳбарияти ширкати "Талко" аз ин ки бархе фаъолони шинохтаи сиёсӣ роҷеъ ба нақш ва аҳамияти Корхонаи алюминиюми тоҷик шинохте надоранд, изҳори таассуф мекунад. Мо бори дигар омодагии худро барои дар ихтиёри хоҳишмандон гузоштани ахбори воқеъӣ роҷеъ ба ҷанбаҳои мухталифи фаъоляти корхонаамон изҳор мекунем. Шумо ҳамчунин метавонед ҳар вақте хоста бошед ба сойти интрернетии мо www.talco.tj, ки ҳамеша нав мешавад, сар бизанед.


Маркази матботии КВД "Талко"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97