Баҳори соли гузашта маҷаллаи амрикоии "Foreign Policy" як назарсанҷиеро ба хотири муайян намудани 100 шахсияти бонуфузу пуртаъсири ҷаҳон аниқтараш 100 рӯшанфикри мардумии гетӣ анҷом дод, ки тақрибан 10 нафарашон мусулмон ва аз кишварҳои исломӣ буданд. Дар шумораи 7 майи соли 2008 рӯзномаи "Миллат" зери унвони "Машҳуртарин шахсиятҳои исломӣ дар ҷаҳон киҳоянд ва оё аз Тоҷикистон касе ҳаст?" дар бораи 10 шахсияти исломӣ ва ё аз кишварҳои исломӣ маълумот дода буд.
Яке аз ин шахсиятҳо Фетҳуллаҳ Гулен муфаккири мардумӣ ва роҳбари мазҳабӣ аз кишвари Туркия мебошад, ки чанде қабл мусоҳибаи "Foreign Policy" бо Фетҳуллаҳ Гулен баъди баргузида шуданаш ҳамчун як шахсияти машҳур ва пуртаъсири ҷаҳон дастраси мо шуд ва чун маҷаллаи "Foreign Policy" чандто саволоти муҳиме аз ӯ дода, паҳлуҳои муҳиме аз андешаашро ковида аст, салоҳ шуморидем онро бо хонандаи ҳафтавори "Миллат" дар миён бигузорем. Вале қабл аз он нигоҳи мухтасаре хоҳем дошт ба ҳаёт ва фаъолияти Фетҳуллаҳ Гулен.
ФЕТҲУЛЛАҲ ГУЛЕН КИСТ?
Фетҳуллаҳ Гулени 67 сола рӯҳонии суфимашраби туркӣ, нависанда ва назарияпардозе мебошад, ки бахши аъзами ҳаёти худро вақфи таҳқиқ дар масоили динӣ намудааст. Ӯ соли 1941 дар деҳаи наздики Ерзурум дар шарқи Анатолия наздики марзи Ирону Арманистон дида ба ҷаҳон кушодааст. Баъди фаро гирифтани улуми исломӣ ӯ дар соли 1959 дар вазорати умури мазҳабӣ корро ҳамчун имом шурӯъ намуд ва то соли 1981 дар вазифаи имомӣ боқӣ монд. Тибқи қарори маъмул имоматӣ дар Туркия хидмати давлатӣ маҳсуб мешавад.
Гулен, ки аҳли таҳқиқу баррасӣ ва ибтикору навоварӣ буд чорчӯбаи кори давлатӣ барояш тангӣ намуд ва баъди табаддулоти давлатӣ, яъне баъди соли 1981 мустақилона оғоз ба кору фаъолият намуд. Шахсан худи ман тавфиқи тамошои пораи яке аз суханрониҳои Фетҳуллоҳ Гуленро доштам, ки ба туркӣ буд ва муносибаташро ва мавзӯъашро фақат аз ашъори форсие, ки ӯ ошиқона мехонду ашк мерехт ва онро ба туркӣ тарҷума менамуд, муайян кардам: Мавлуди Пайғамбар (с). Ӯ ҳам худ бо ҳарорату шӯру шавқ суханронӣ менамуду ашк мерехт ва ҳам мухотабонашро, ки бештар аз 20 000 нафар буданд, ғарқи ашк мекард.
Ба иттилоъи "Foreign Policy" Гулен ҳанӯз ҳамчун имом кор мекард, ки ба "ҳаракати Нур" шабакаи мулҳам аз тасаввуф пайваст. Ҳаракати Нур шабакаи муфаккири курдтабори Туркия, суфии машҳур Саъид Нурсӣ (вафот1960) мебошад. Баъдтар Гулен аз ин шабака низ баромад, вале бо таъсир аз таълимоти Нурсӣ кору фаъолияти худро идома дод.
Фаъолияти Фетҳуллаҳ Гулен бештар характери таълимӣ дошта, ба мутобиқати Ислом бо илмҳои модерн (замонавӣ) равона шудаанд. Ӯ дар пайи омезиши хирадварзии илмӣ бо ваҳйи исломӣ ҳаст. Илму технология ба ду далел барои Гулен аз аҳамияти фавқуллода бархурдор ҳаст:
"Аввал ба ин далел, ки ба андешаи ӯ аксари миллатҳои рӯ ба рушди мусулмон маҳз ба хотири гӯшагирӣ аз улуми дақиқу замонавӣ ба тахаллуфу ақибуфтодагӣ роҳ додаанд ва дигар ин, ки илму технология василае барои фаҳми муъҷизаҳои Қуръонӣ ҳастанд. Ба ақидаи ин донишманди мусулмон, нокомӣ дар омӯзиши илму технологияи замонавӣ, ин сустӣ ва танбалӣ дар иҷрои вазифаи динӣ барои як фарди мусулмон ҳаст.
Дин барои Гулен парҳезгории шахсӣ ва тазкияи нафс аст, на идеологияи сиёсӣ. Ба навиштаи "FP" ӯ аланан Наҷмиддин Арбакон роҳбари ҳизби Тараққиётро интиқод менамуд. Дар маъракаи ҳиҷоб, ки қазияи маъруфе дар кишвари Туркия байни исломхоҳон ва камолистҳо буд, Гулен мавқеъи созишкориро пеш гирифт. Гулен аз ҷонибдорони пайвастани кишвараш ба Иттиҳоди Урупо ҳаст.
Фетҳуллаҳ Гулен гарчанде аз ҳимоят ва ҷонибдории Президент Сулейман Демирал ва Булент Аҷавид- қаҳрамони чапиҳои турк дар солҳои 1970 бархурдор буд, вале бисёре аз камолиҳо ӯро ба антисекулоризм (дунявиятситезӣ) муттаҳам мекунанд ва ба ӯ боварӣ надоранд.
Дар чанд соли ахир Фетҳуллаҳ Гулен дар худтабъидӣ (self exile) дар кишвари Амрико ба сар мебарад. Ӯ бемор асту машғули табобат дар Иёлоти Муттаҳида. Ногуфта намонад, ки чанде қабл парлумони кишвари Русия, Фетҳуллаҳ Гулен ва Мҳатма Гондӣ муассиси давлати Ҳиндро аз ҷумлаи бузургтарин ходимони башарият эълом намудааст.
ҶУДОИИ ДИН АЗ ДАВЛАТ
Фетҳуллаҳ Гулен муътақид аст, ки ҳар дин Ислом, Масеҳият ё Яҳудият бояд тамаркузи худро ба абъоди тағйирнаёбандаи зиндагӣ равона созад. Гарчанде ҳар кеше таълимот оид ба системаи хуби адолатро дорад, вале ҳеҷ як дин шакли ягона ва тағйирнопазири ҳукумат ва ё системаи сиёсиро пешниҳод намекунад, ба хусус Ислом ҳаргиз шакли теокрасӣ (ҳукумати худо ва ё ҳукумати яздонсолорӣ)- ро на бино ниҳода аст ва на ҳам пешниҳод мекунад.
Ба андешаи Гулен Қуръони Карим рисолати асосии Паёмбар (с.а.в)- ро дар пок намудани мардум аз ақоиди ғалату боварҳои бардурӯғ, гуноҳон ва инчунин дар таълим додани Қуръони карим, ҳикмат ва заруроти дигари динӣ ба мардум мунҳасир медонад.
Ислом ҳачун дин тамаркузаш ба ақидаи Гулен дар ҷанбаҳои собити ҳаёт (immutable aspects of life) ва вуҷуд (existence) мебошад, дар ҳоле ки як системаи сиёсӣ танҳо тамаркуз рӯйи тағйирёбандаҳо (variable) ва ҷанбаҳои иҷтимоии ҳаёт (social aspects of life)-и дунявии моро дорад.
Усулҳои абадӣ ва ҷовидонаи Ислом ҳастанд, ки асосан ин динро ташкил медиҳанд. Паҳлуҳои ҳаёт ва зиндагӣ, ки Ислом рӯйи он тамаркуз дорад, ҳамон паҳлуҳои собити зиндагиянд, ки аз фаҷри торихи башарият то ба ҳол ва то рӯзи растохез ҳамонгуна боқӣ хоҳанд монд-бетағйир. Барои ин Ислом як намуди собити ҳукуматро пешниҳод намекунад ва ба ҷои он Дини Мубин усулҳоеро муаррифӣ менамояд, ки бар асоси он характери умумии як ҳукумат сохта мешавад ва ба истинботи қонунӣ ва шаръӣ ва дар асоси ҳамон усулҳо шакли ҳукумат мутобиқи замон ва шароит интихоб мешавад.
Пас сиёсат як омил на барои ташкили Ислом ва на ҳам барои тавҷиҳи аъмолу рафтори мусулмонҳо ба номи Ислом буда наметавонад.
ИСЛОМИ РАДИКАЛ ВА ИСЛОМИ МУДЕРН
Гарчанде исломеро, ки Фетҳуллаҳ Гулен ба он даъват мекунад мудерн меноманд, вале ин фақат барои ҷалби таваҷҷуҳ ба тафовутҳои он аз исломи радикал мебошад. Дар мусоҳибааш Гулен мегӯяд: "ман дӯст медорам ба ин нукта ишора намоям, ки Ислом як аст ва дар ҳама ҷо якхела аст. Тафовутҳои калон байни "намудҳои Ислом", ки мусулмонҳо дар сар то сари ҷаҳон онро амалӣ менамоянд вуҷуд надоранд. Тамоми мусулмонҳо муътақид ба усулҳои ягонаи имон, аркони ибодат, меъёрҳои ахлоқӣ, усулҳои муомилот, ва қонунҳое, ки аз нигоҳи динӣ ҳалолу ҳаромро таъин мекунанд, мебошанд.
Аммо дар ҳолату шароити махсус ва ба сабаби тафсирҳои гуногуни баъзе қонунҳо ва мафоҳими исломӣ, ки хусусияти замонии мутағайир доранд, баъзе мусулмонҳо, ки ақаллияти хурдро ташкил медиҳанд, дар муаррифии Ислом сабку равиши мухталиферо пеш мегиранд. Ба эътиқоди ман мегӯяд ҷаноби Гулен, ҷаҳони имрӯз дар бораи он иддаи хурди мусулмонҳо бештар мешунавад, ки илова бар доштани дидгоҳи мутафовит дар баъзе қонунҳо ва мафҳумҳо, дар муаррифии худ онҳо ба баъзе воситаҳое паноҳ мебаранд, ки ҳам барои Ислом қобили қабул нестанд ва ҳам ақли солим онро намепазирад".
ТЕРОРИЗМ-ГУНОҲЕ КАЛОНТАР АЗ ГУНОҲҲОНИ КАБИРА
Зимни таъкид бар безории Ислом аз тероризм Фетҳуллаҳ Гулен ин ояи каримаро "касе ба ноҳақ шахсеро бикушад мисли қатли тамоми башар аст ва касе нафсеро эҳё кунад мисли ин аст, ки тамоми башарро эҳё намуда бошад" ёдоварӣ намуда, мегӯяд, дине, ки чунин таълимотро доро мебошад, мутлақан хилофи терроризм мебошад ва ҳаргиз аз қатли ноҳақ чашмпушӣ намекунад.
Гулен мегӯяд, барои як фарди мусулмоне, ки ҷавҳари Дини Мубинро дарк намуда, онро дар худ ҳазм намудааст, номумкин аст, ки ӯ террорист шавад. Барои исботи бузургии гуноҳе чун терроризм Фатҳуллаҳ Гулен нақлеро аз Ибни Аббос мекунад, ки фармудааст, ҳар касе баноҳақ хуни касеро бирезонад сазояш барои абад дар оташи дӯзах сӯхтан аст. Бинобар ин мегӯяд, Гулен терроризм мутобиқи Қуръон яке аз гуноҳони асосӣ маҳсуб мешавад.
Дар шарҳи бештари худ Гулен таъкид мекунад, ки Ислом маънояш сулҳ аст ва мусулмони ҳақиқӣ фақат бо сулҳу оромӣ зиндагӣ мекунаду ба ҳуқуқи асосии инсон арҷ мегузорад. Арзиши ҳаёт ба ҳадде қиммати воло дар Ислом дорад, ки дар киштие, ки нуҳ муҷриму гунаҳкор ва як фарди бегуноҳ савор бошанд ғарқ намудани он фақат ба хотири як фарди бегуноҳ ва ба ҳадафи ҷазо додани гунаҳкорон раво нест, чаро? Чун дар сурати ғарқ намудани киштӣ дуруст аст, ки нуҳ муҷрим аз байн мераванд, вале ҳуқуқи як бегуноҳ поймол мешавад, барои ин ғарқ намудани киштӣ раво нест.
Пас мусулмони ҳақиқӣ ҳаргиз иқдом ба терроризм намекунад ва ё амали даҳшатафканиро такрор намекунад. Фаъолиятҳои террористӣ баъзе авқот аз сӯйи афроди бесаводи гумроҳ анҷом мешаванд. Дар бархе аз маворид мегӯяд Гулен, ин барангехтани эҳсосоту авотифи ҷавонони мусулмон аст, ки ба даҳшатафканӣ оварда мерасонад. Ин як воқеъият аст, ки мусулмонҳо дар масъалаи илму технология дар чанд асри ахир ақибмон шудаанд ва мушкилоти зиёде домангирашон аст, вале ба ин ҳад пастфитрату фурӯмоя нашудаанд, ки тавассути террор таваққӯъи ҳалли проблемаҳои худро дошта бошанд.
ИЛОҶИ ТУНДГАРОӢ
Барои шикаст додани даҳшатгардӣ мегӯяд Фетҳуллаҳ Гулен, мо ҳама бояд бипазирем, ки ҳама бани одамем. Ин дар дасти мо нест, ки мутаалиқ ба рангу нажоду оилаи хосе ҳастем. Пас мо бояд аз бими ҳамдигар худро холӣ созему аз ҳамдигар наҳаросем. Мо бояд дар асоси инсоният даври ҳам биёем ва бо инсонияти муштараки худ аз ин гуногунрангиҳо дар оғӯши демократия ҳаловат барему зиндагӣ кунем. Мо дар ҳалли мушкилиҳои умдаи худ ба шумули даҳшатгардӣ бояд содиқ бошем.Ман муътақид ҳастам мегӯяд Гулен, гуфтугӯ ва таълим, ки ба забони муштараки башарият сӯҳбат мекунанд, муассиртарин василаҳои ғолиб омадан бар ихтилофот буда, муносибтарин ҳал барои мушкилиҳои мо ҳастанд. Ва таълиме, ки дар борааш мегӯям, бояд шомили рӯшанфикрии рӯҳонӣ (spiritual illumi¬nation) ё поксозии нафс (refine¬ment) бошад, мегӯяд Фетҳуллаҳ Гулен.
С. ЮСУФӢ