Барои интиқоли таҷҳизоти ғайринизомии НАТО ба Афғонистон аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон истифода хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон, зимни мулоқоташ бо Трейси Ҷейкобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон субҳи имрӯз ризоияти Тоҷикистонро барои истифода аз ҳарими ҳавоии кишар эълом кард.
Хонум Ҷейкобсон гуфтааст; «Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии кишварашро ба пешниҳоди ҳарими ҳавоии Тоҷикистон барои интиқоли борҳои ғайринизомии НАТО дар Афғонистон тайид кард.»
Раиси ҷумҳури кишварамон гуфтааст, интиқоли бору мавод ба Афғонистон на танҳо барои низомиёни нируҳои байналмилалӣ зарур аст, балки дар бозсозии ҳамсоякишвари мо низ бисёр муҳим аст.
Сафири Амрико ҷиҳати омодагии ИМА дар саҳмгузории таҷдиди бунгоҳҳои марзбонии Тоҷикистон хабар дода, иброз дошт, ки Иёлоти Муттаҳида омодааст то дар ифтитоҳи як тамрингоҳи низомӣ барои артиши Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода кӯмак намояд. Ин масъала
дар мулоқоти имрӯз бар тавофуқ расидааст.
Ба гуфтаи сафир, Амрико қасд дорад, ки соли равон ироъаи ёрии худро дар рушди иқтисоди Афғонистон оғоз бахшад. Дар сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва сафири ИМА ҳамчунин пайомадҳои бӯҳрони иқтисодӣ ба Тоҷикистон баррасӣ шудааст.Сафири Амрико дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки Амрико тасмим гирифтааст, ки аз тариқи фурӯдгоҳи Багром ба Афғонистон боз 30 000 низомии худро интиқол бидиҳад.