Паёми Худо ба дӯстдорони форсӣ

Иҷтимоъ 25.07.2008 23:20
Шоми чоршанбе 23 июл баъди соъати 7 дар осмони шаҳри Душанбе манзараи аҷибе шабиҳи навиштаҳои форсӣ мушоҳида шуд. Хонум Машҳура як сокини шаҳри Душанбе мегуяд; «ман он манзараро ба хубӣ дидам. Он бегоҳ осмони Душанбе ранги аҷибе ба худ гирифта буд. Ҳар кас дар он лаҳза ба осмон менигарист ҳатман дар таҳайюр меуфтод. Як нуқтаи муайяне дар байни осмон ба шакли ғайри табиъӣ равшан шуда буд ва гӯйи абрҳо медурахшиданд. Аммо ман надонистам, ки ростӣ ба арабӣ чизе навишта буд, вале хеле манзараи ғайри оддӣ буд».

Муҳандис Иброҳим Мирзоев сокини дигари Душанбе, ки аз маҳаллаи Гипроземи пойтахт ин манзараро мушоҳида намудааст ба «Миллат» гуфт: «аз маҳаллаи мо тавре менамуд, ки гуё дар осмон лафзи «ло илоҳа иллаллоҳ» падид омада бошад». Муҳандис Иброҳим мегӯяд, ки ӯ саводи хондани арабиро дорад, гарчанде забони арабиро баллад нест.

Гуфта мешавад навиштори монанд ба лафзи «Аллоҳ» ва «Муҳаммад» гарчанде ба шакли равшану возеҳ набуд, вале мардум хеле ба он таваҷчӯҳ намуданд. Дар лаҳзаи падид омаданаш ба ҳамдигар занг мезаданд ва даъват менамуданд, ки ин манзараро тамошо кунанд. Бархе бонувон гиребонҳои худро дошта «тавба» гӯён ба осмон менигаристанд.

Бисёре аз навҷавонон он манзараро дар телефонҳои дастии худ сабт намуда ба ҳамдигар нишон медоданд.

Коршиносони масоили динӣ муътақиданд чунин зуҳурот ба иловаи ҳодисаи физикӣ будан ҳамзамон амри динӣ низ ҳастанд ва метавонанд баёнгари ҳаққонияти Худованд ҷалла ҷаллолуҳу бошанд.

Зоири Давлат, ки дар мавзуъҳои динӣ ва рабти оёти қуръонӣ бо улуми нав китоберо аз арабӣ ба тоҷикӣ гардонидааст мегуяд; «Ин зуҳурот мисдоқи фармудаи Худованди кариманд, ки: «мо оёти худ (яъне нишонаҳои худро) ба онҳо (ба одамон) дар офоқ ва дар нафсҳо нишон медиҳем, то яқин кунанд, ки Худованд барҳақ аст».


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97