ШИОРИ МО: «РОҒУН»-РО МЕСОЗЕМ, «ТАЛКО»-РО НАМЕФУРӮШЕМ!

Иқтисод 05.03.2009 19:31

Дар мавриди сохтмони НБО-и "Роғун" тавассути расонаҳои кишвар назари коршиносон ва иддае бо ном сиёсатмадорони ватанӣ ибрози андеша мекунанд. Мо ба он рӯзноманигороне, ки ба ин масъалаи муҳими ҳаётии мардуму кишвар таваҷҷуҳ мекунанд аҳсан мегӯем, вале аз аксар мусоҳибони онҳо гиламандем, ки ё тарсуанд ва ё ин Ватану ин кишварро сар-сарӣ дӯст медоранд. Чаро?

ДОНОТАРОШӢ БАР ЗАРАРИ МОСТ!

Зеро бархе аз онҳо "доногӣ" карда, маслиҳат карданро бо Русия ва Узбакистон дар бобати сохтан ва ё насохтани ин ниругоҳ пешниҳод мекунанд. Чунин ашхоси тарсу ё бепарво оё нашунида буданд ва ё "дар хоб буданд", ки Президенти кишвар гуфта буд: "Роғунро мо бо қувваи худ месозем…". Яъне, андешаи ғаразноки берунаро намепазирем. Пас аз ин сухани қатъӣ, мардона, ҷасурона ва ватанхоҳона, боз чӣ ҳоҷат аст ба "шаф-шаф"-ҳои зиёдатӣ. Ба ҷойи ҷонибдорӣ кардан аз сарвари давлат, ки ин ба фоидаи ҳамаи мост. Оё онҳо намебинанду намешунаванд, ки дар Русия барои як кори майдаеро сомон додан, ки ба манфиати он кишвар аст, аз вакил сар карда, то вазиру кабир ва деҳқони рус онро дудаста ҷонибдорӣ мекунанд?! Бубинед, ки дар ин кишвари паҳновар боз бештар аз сад миллату халқият зиндагӣ мекунад ва манфиати кишварашонро эҳсос мекунанд. Дар мо бошад боз ҳамон ашхосе овоз рӯшан мекунанду калавандаанд, ки дар ҳуҷҷаташон ТОҶИК навишта шудаааст. Пас "аз мост, ки бар мост". Магар мо 100 миллионем, ки ҳамдигарро намефаҳмем? Он агар дар мавриди масъалаи хурдакаке бошад, боке нест, вале дар бобати сохтмони ин иншооти муҳим, ки барои ҳар яки мо ва наслҳои ояндаи мо чун обу ҳаво зарур аст, ғайри ҷонибдорӣ бояд андешаи дигаре набошад. Ман аз як чиз ҳайронам, ки чаро чунин ашхоси манфиати куллро ба манфиати бегонагон ҳалкунанда, маҳкум намешаванд?! Дар Русия ва бархе аз дигар давлатҳо агар чунин ашхос ин гуна "худдонамӣ" мекарданд, маҳкум шатта мехурданд ва ё аз кишвар бадарға мешуданд. Модоме ки сиёсати давлат ба он равона шудааст: "Мо Роғунро худ месозем!!".

Дар мавриди андешаҳои нодаркору бар зарари кишвари мо буда дар мавриди сохтмони ин иншооти азим ман аввал аз ҳама он рӯзноманигорон ва рӯзномаҳоеро гунаҳгор ва бегонапараст меҳисобам, ки чунин маводи ғаразнок ва аз сӯи чунин чоплусони ватанӣ гуфташударо рӯи чоп меоранд. Дар назари иддае аз рӯзномаҳо гӯё онҳо "гуногунандешӣ" кардааанд. Дар ин ҳолатҳои ҳаётиву мамотӣ барои халқу кишвари худ чунин "гуногунадешии шумо" худфурӯшист! Яъне, шумо ҳам худро барои як тин мефурӯшед, ҳам назди мардум сияҳрӯ мегардед… Ҳамаи мо бояд муқтадир шудани ватани худро бихоҳему баҳри он талош биварзем. Агар сусту бесоҳиб бошему чунин "гуногунадешиҳои" зарароварро ба чоп расонем, яъне ба манфиати ночизи муваққатии худ, на танҳо бегонагон, хусусан онҳое, ки зидди пешравии мо ҳастанд, Роғунро сохтан намемонанд ва зарур шавад рӯзномаатонро ҳам дар панҷ дақиқа мебанданд. Зеро онҳо пас аз дидани ин амалҳои мо дарк мекунанд, ки рӯзноманигоронашон низ чун иддае аз "сиёсатмадоронашон" сусту тарсу буда, онҳоро низ ҳар хел тоб додан осон аст. Охир, Узбакистон ҳар чизе бисозад, аз мо мепурсад? Президенти Узбакистон "крани газашро батамом" ҷониби Русия гардонд, аз Тоҷикистон ва дигар ҳамсояҳояш пурсид?! Ҳатто бо пул ҳам ба Тоҷикистон газ додан намехоҳад. Дар мавриди сохтмони Роғун бошад, бонги хатар мезанад, ки "агар сохта шавад, мардуми минтақа аз ташнагӣ ҳолашон табоҳ мегардад" Ана дилу ният. Охир, кӯдаки ҳафтсола ҳам медонад, ки дарёро дар як ҳавз ҷамъ карда намешаваду боз роҳашро ёфта меравад. Ба ҷойи он ки барои тозагии об моро зораву илтиҷо кунад, ки "бародарон агар имкон бошад, обро лой накунед?", чунин ултиматумҳо пеш мегузорад. Яъне мақсадаш: "шумо ҳеҷ чиз надошта бошед, ҳолатон хароб бошад". Ҳамаи мо мақсаду мароми роҳбарияти имрӯзаи ҳамсояро медонем ва аз ин рӯ мегӯем, ки ин ҳама сарватии дохилии мост, ҳар чизе бисозем, аз ҳеҷ кас намепурсем. Ҳатто давлатҳои гирду атрофи баҳри Хазар ҳар кадом ба қавли тоҷикон рости худро "хат кашида" аз они худ кардааст ва чӣ коре хоҳад дар ҳамон ҳиссаш иҷро мекунад ва ҳамсояашро намепурсад. Узбакистон бошад ба обу сангу тапаки… дохили кишвари мо ҳам кор дорад. Албатта, ин бахилии муваққатист, вақте ки ниругоҳро сохта тамом кардем, яқин аст, ки муносибаташ нармтар гашта, барқи арзонтар ҳам талаб мекунад. Ин қойидаи ҳамсоядорист; қаҳркунии муваққатӣ. Гарчанде ки дар ин ҳама қаҳркуниҳо ҷониби Тоҷикистон гунаҳгор нест. То он дараҷае моро содда ва ё намедонам чӣ гумон кардаанд, ки бо гапҳои беасос ба ин кор монеъ шудан мехоҳанд. Тоҷик он қадар гӯлу гумроҳ нест, агар чунин мебуд то имрӯз зиста ва давлат дошта наметавонист! Инро бояд тамоми он давлатҳое бидонанд, ки Тоҷикистонро ҳанӯз хуб нашнохтаанд! Агар чунин рафтор кунем, моро ҳеҷ кор кардан намемонанд. Магар, Исроил барои ҳар кори дохилиаш аз давлатҳои арабӣ мепурсид? Агар иҷоза мепурсид, онҳо розӣ мешуданд, ки яроқи ядроӣ бисозад?! Ана, ҳамин ҷасорату бо хости худ кор карданаш буд, ки дар муддати кӯтоҳ ба яке аз давлатҳои пурқувват табдил ёфту имрӯз аз касе наметарсад, балки дигарҳоро метарсонад. Давлатҳои Назди Балтика чӣ? Ҳамсояи пурқудрати Русия доранд, вале кори худашонро бе розигии ҳамсояи дур ва ё наздикашон сомон медиҳанд, ки мирӯз ба чӣ мақсадҳои назаррас расидаанд. Агар Русияро мепурсиданд, корхонаи велосипедсозиашон ҳам иҷоза намедод.

Бояд ҳар як тоҷики ҳушманд ва шахсе, ки дар ҳақиқат ватану миллаташро дӯст медорад, ба гуфтаҳои рӯзҳои охир баён кардаи сарвари давлат эътибор бидиҳад ва ҷонибдориашро ҳам дар сухан ва боз бештар дар меҳнат нишон бидиҳад.

На танҳо мо корхонаи азими "Талко", ҳатто "тапаки" паси ҳавлиамонро бояд надиҳем ва ё нафурӯшем. Охир, мо даҳҳо чунин "Талко" дорем, ки яктоашро бифурӯшему боқимондаашро барои худ гирем?! Магар Қазоқистон наметавонист бо чунин масоҳати калонаш. "Байконур"-ро ба дӯсташ-Русия бифурӯшад?! Муваққатан, барои иҷора дода, худ дар интизоранд, ки рӯзе онро бо мутахассисони худӣ идора ва истифода мебаранд. Аз мо "сиёсатмадор" бисёру корҳоямон…

ЯК САНТИМЕТР ҚАФО НАГАРДЕМ!

Аз рӯи андешаҳои олимони ватандуст Х. Муҳаббатов ва Ҳ. Умаров, Узбакистон давоми ин 17 сол миллиардҳо рубл ё доллар ба ҳамсояааш-Тоҷикистон зарар овардааст. Чӣ коре, ки аз дасташ омадааст, бар зарари Тоҷикистон анҷом додааст, ҳатто бо баҳонаи Худойбердиев ҳуҷум ҳам кард, ки ҳамаи мо медонем…

Ин ду олими шинохта ҳанӯз соли 2006 дар китоби "Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун…" ("Деваштич"-2006) навишта буданд: "…Мувофиқи мантиқ бояд ҳукуматҳои Узбакистон ва Туркманистон қаноатмандии худро нисбати сохтмони ГЭС-и Роғун дар таҳияи "Гидропроект" изҳор мекарданд ва дар сохтмони ин иншооти бузург саҳмгузорӣ мекарданд. Мутаассифона, ҳукумати Узбакистон ва хусусан сарвари он Каримов И. А. бо чунин тарзи амалӣ гардонидани лоиҳа, яъне дар сатҳи садди 335 метра пойфишорӣ карданд ва тавонистанд, ки ақидаи РУСАЛ-ро нисбати сохтмони ГЭС-и мазкур садди обанбор ба куллӣ тағйир диҳанд. Чунин муносибат алайҳи манфиатҳои муҳимтарини рушди иҷтимоӣ- иқтисодии ин ҷумҳурии ҳамсоя мебошад ва ифодаи сиёсати кайҳо пӯсидарафтаи бузургманишии аз Чингизхону Темури ланг мерос монда аст. Бидуни шубҳа аст, ки агар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон Узбакистон мешуду сарзамини имрӯзаи Узбакистон-Тоҷикистон, он гоҳ ҳукумати Узбакиситон ГЭС-и Роғунро на танҳо мувофиқи таҳияи "Гидропроект" месохт, балки онро барои суст кунонидани нерӯи иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон истифода мебурд. Хушбахтона, мардуми шарифу мутамаддини тоҷик дар гӯшаи хаёлаш ҳеҷ гоҳ чунин ниятҳоро намепарварад…

…Бале, садди 335 метра барои ГЭС-и РУСАЛ нодаркор аст, аммо барои ГЭС-и Роғун, ки имрӯз ифодаи манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ниҳоят зарур аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон бояд аз ин ният як сантиметр қафо нагардад.

…Беш аз 85 фоизи обдави Амударё дар кӯҳистони тоҷик ташаккул меёбад ва ҳамаи он моли давлату миллати Тоҷикистон аст. Агар ГЭС-и Роғун комилан аз ҳисоби Тоҷикистон сохта шавад ва иншооти танзими об моли ин давлат бошад, он метавонад, ки ҳуқуқи фурӯши обро пайдо кунад. Ана ҳамин нукта чизест, ки ҳарифони дар поёноби Амударё ҷойгир шуда фаҳмидан намехоҳанд. Он чиз ҳайратовар аст, ки Узбакистон ва Қазоқистон ба хариди оби дар обанбори Тухтагул ғункардаи Қирғизистон розӣ шуданд ва бартери обу газро ба роҳ монданд. Аммо амалӣ гардидани айнан ҳамин нақша нисбати Тоҷикистон аз тарафи Узбакистон мавриди инкор гардидааст. Чаро Узбакистон ба чунин дурӯягӣ роҳ медиҳад ва мавқеи ӯ нисбати Тоҷикистон фарқияти кулан мутақобил дорад? Чаро Узбакистон обҳои дарёҳои Тоҷикистонро ҳамчун боигарии миллии кишвари мо эътироф намекунад? Замона дигар шуд ва зарур аст, ки ҳамсояи мо аз муносибати ғайрирасмӣ ва на танҳо ҳайратовар, балки хандаовар нисбати боигарии миллии Тоҷикистон, ки ОБ қисмати муҳими он мебошад, даст кашад!...".

Ба ин гуфтаҳои барҳақ ва дилсӯзонаи ин ду шахсияти шинохта чӣ ҳам метавон илова кард. Дар ҳақиқат, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр асту ҳар кореро ки иҷро мекунад, мустақилона ҳаллу фасл хоҳад кард. Дар ҳолати зарурат, танҳо аз дӯстони хайрхоҳаш маслиҳат хоҳад пурсид.

ЧОПЛУСӢ БАР ЗАРАРИ МИЛЛАТ АСТ!

Дар мавриди "фурӯхтан" ва ё "нафурӯхтани" "Талко" фикрҳо бисёр ба гӯш мерасад, вале мо ҷойиз донистем, ки танҳо андешаи шахсеро пешкаши шумо гардонем, ки дар ҳақиқат дилаш ба Ватан месӯзад ва пешрафти кишварашро хоҳон аст. Ин шахс ҷомеашинос Муҳаммадсалом Махшулов аст, ки мегӯяд: "Аз даст додани корхонаи Арзизи Тоҷикистон барои иқтисоди кишвар ва мутаносибан равнақи худшиносии миллии тоҷикон фоҷиаи воқеӣ хоҳад буд. Он афроде, ки ҷонибдори ба Русия ва ё кишвари дигаре вогузоштани Корхонаи Арзизи Тоҷикистон ҳастанд, бояд ҳадди ақал ҳаминро дар хотир дошта бошанд, ки ин корхона бузургтарин, асоситарин ва ҳасостари воҳиди иқтисодии ҷумҳурӣ буда, аз даст додани он (ба чи хотире, ки набошад), маънои то ҳадди зиёде аз даст рафтани истиқлоли миллии кишварро дорад..."

Ин андеша ҷавонмарди асилро бовар дорам, ки 99,9 фисади миллат ҷонибдор аст ва ба он ООО, 1 фисаде, ки хушомад мегӯянд ва барои нафси бебаркашашон боигарии миллатро ба фурӯш бароварданӣ мешаванд, нафрин мехонанд…Ба андешаи мо бошад, ҳатто тапаки гови ин сарзаминро танҳо аз тарсончакӣ ба савдо гузоштан гуноҳ аст!

Ва ё вакили мардумӣ Шодӣ Шабдолов дар ин росто меафзояд: "…Албатта, имрӯз Осиёи Марказӣ дигар танҳо Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон нест. Балки бо шумули Афғонистон ва Покистон васеъ шудааст. Тоҷикистон бояд истиқлолияти энергетики худро таъмин намояд ва саҳми худро дар бозори энергетикии минтақа дошта бошад ва ин ҷои баҳс надорад. Он гуна ки мо ба бозори газу нафти Туркманистону Узбакистон кор надорем, онҳо низ бояд ба корҳои дохилии мо дахолат накунанд…". Ана онро вакили мардумӣ мегӯянд! Аз ин рӯ коршинос бошад, вазир, вакил, муаллим ё деҳқони хокпош, бояд манфиати ватану миллатро аз ҳама чизи дунё болотар бидонад, агар бихоҳад, ки рӯзгори хонаводааш, наслҳои баъдиаш сарбаланду хушрӯзгор бошанд. Ва онҳое, ки заррае дар чунин амалҳои бузург ба дудилагӣ ва ватанфурӯшӣ даст мезананд, ҷазои сазовор дода шавад. Магар сабақи таърихӣ барои мо имрӯзиён басанда нест, ки ба чунин масоҳати майда "сазовор" шудем? Ана, ҳамон давра низ чунин гузарҳо буданд, ки аз бисёр чизҳо маҳрум шудем. Ҳатто давраи Р. Набиев ва Қ. Маҳкамов корхонаҳои азимро бегонагон дуздидаву канда, ба хориҷи ҷумҳурӣ бурданд, лавозимоти ҳарбӣ ба яғмову берун аз кишвар шуд….Ин ҳама аз ёди мардум то ҳанӯз нарафтааст. Ба давлати соҳибистиқлоли мо чӣ монд?... Боз ҳамин ду-се корхоначаро ҳам тақдими наҳангҳо кунем? Пас мо ки будаем, давлатдорӣ карда метавониста бошем, моро аз рӯи чӣ дигар кишварҳо эҳтиром кунанд? Агар суст бошиву камбағал, ҳеҷ кас ҳурматат накунаду суханатро гӯш кардан нахоҳад. Ҳатто заифтарат агар бубинад, ба пушти калаат ба мушт занад.

ТОҶИК БОЯД ҒУЛОМ НАБОШАД!

Имрӯз муҳим дар кишвар таъмини ҷавонон бо ҷойи кор аст ва агар Роғун ба таври густарда ба сохтмон оғоз кунад, ҳазорҳо ҷавонони бекори мо бо ҷойи кор таъмин мегарданд. "Талко" низ аз қудратмандтарин корхонаҳои саноатии кишвар аст, ва агар ин корхона низ бо иқтидори пуррааш машғули кор гардад, ҳазорҳои дигар соҳиби ризқ гарданду буҷаи кишвар ғанитар. Вале агар инро бифурӯшанд (ин кор албатта намешавад!. Н.Н) соҳибони беруниаш ҳеҷ гоҳ тоҷикро ба кор намегиранд, агар бигиранд ҳам ё ҳавлирӯб ва ё фаррош…мегиранд, яъне хидматгорҳо барои онҳо даркор аст. Аз ин рӯ, ҷанобони "фурӯшанда", тоҷикро дар хоки худаш ба ғуломи ҳалқабаргӯшу хидматгори жандапӯш табдил надиҳед! Бе ин ҳам дар меҳмонхонаҳое, ки бо дасти тоҷику хӯҷаинии бегонагон сохта шудаанд, тоҷикро танҳо ба сифати хизматгор ба кор мегиранд, ки ин албатта дардовару аламовар аст!

Аз ин рӯ шиори имрӯзаи ҳар як ватандӯст бояд ин бошад: "Роғун"-ро месозем, "Талко"-ро намефурӯшем!!!


Неъматуллои НУРУЛЛО,
рӯзноманигор
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97