Бо зиёд шудани муштариёни телефонии ҳам мобилӣ ва имкони истифода аз он барои аксари мардум мушкилоти ҷадиде падид омадааст ва баъзан дар ҷомеа мафосиде ривоҷ ёфта, ки телефонии ҳамроҳ дар эҷоди онҳо нақши муассире ифо мекунад. Бо тавҷҷӯҳ ба ин ки суолоти мухталифе дар ин замина матраҳ аст масоиле ба сурати саволу ҷавобро дар ин робита меорем.
Ногуфта намонад. ки дар ин замина бештар аз фатвоҳои муфтӣ Салмон Мансурпурӣ - устоди "Мазоҳирулулум"-и Саҳоранпури Ҳиндустон ва аз "Маорифулқуръон"-и аллома муфтӣ Муҳаммадшафеъ Усмонӣ - аз донишмандони маъруфи ҳанафимазҳаб истифода шудааст.
Хомӯш кардани телефонии ҳамроҳ дар намоз
Пурсиш: Агар шахсе бидуни ин, ки телефони ҳамроҳи худро хомӯш кунад, ба намоз истод ва дар ҳолати намоз занги телефон ба садо даромад, дар чунин шароите намозгузор чӣ кунад? Оё намозашро қатъ намудаву телефонашро хомӯш намояд? Ё ин ки дар ҳолати намоз бо амали андак телефонашро хомӯш кунад? Ва ё ин ки телефонро хомӯш накунаду бигзорад то зангаш идома ёбад?
Посух: Намозгузорон ҳамеша саъй кунанд қабл аз оғози намоз телефони ҳамроҳи худро хомӯш намоянд ва ба андозае ба ин амр эҳтимом варзанд, ки ҷузъи одаташон карор гирад. Вале агар иттифоқан фаромӯш карданд, ки телефони ҳамроҳи худро хомӯш намоянду дар холати намоз занг зад, дар ин сурат метавонанд дар ҳолати намоз телефонро бо амали андак хомӯш намоянд. Ба ин сурат, ки як дастро дар ҷайб фурӯ бурда, тукма (кнопка)-ро фишор диҳанд. Бо ин амал ҳеҷ халале дар намоз падид намеояд ва ниёзе нест, ки барои хомӯш кардани телефон, намоз қатъ гардад. Вале агар ҳеҷ иқдоме накарду гузошт то садои занг идома ёбад дар ин сурат намозаш саҳеҳ аст. Аммо садои мусалсали занги телефон сабаби ранҷиши намозгузорони дигар ва эҷоди халал дар хушӯъву хузӯъи намоз мегардад. Ҳазрати Абӯсаиди Худрӣ (р) мефармояд: "Ҳазрати расулуллоҳ (с) дар эътикоф сару садои баъзеро шунид, фармуд: Шумо бо раббатон муноҷот доред, пас якдигарро дар намоз (ва ба қавле дар қироату хондани Қуръон) азият нарасонед". (нақл аз "Йасъалунака фиддини валҳаёт"-и Аҳмад Шарбосӣ, 3/250)
Дар намоз чанд бор метавон садои занги телефонро қатъ кард?
Пурсиш: Агар дар ҳар рукне аз намоз ё дар кулли намоз чанд бор садои телефони ҳамроҳ ба садо дарояд, барои чанд бор иҷоза дорад садои зангро қатъ кунад? Оё то се бор қатъ кардани садои телефон ихтисос ба ҳар рукн дорад ва ё ин ки ба кулли намоз?
Посух: Дар ин шакке нест, ки қатъ кардани садои телефони ҳамроҳ бо амали андак то се бор дар намоз ишколе надорад. Дар як рукн ҳам то се бор ҷавоз дорад, ба шарте, Ки се бор пушти сари ҳам қарор нагирад ва дар муддате, ки мусовӣ бо се бор гуфтани "Субҳона раббиял-аъло" ҳаст ва ё камтар аз он се ҳаракат анҷом нагирад. Зеро агар амале 3 бор ва дар чунин муддати кӯтоҳе сурат гирад, аз дидгоҳи баъзе фуқаҳо ҷузъи амали касир (бисёр) ба ҳисоб меояд ва сабаби фосид шудани намоз мегардад. Аз ин рӯ эҳтиёт лозим аст.
"Ва гуфта шудааст: агар (намозгузор) мавзее аз ҷасадашро се бор паёпай бихорад намозаш фосид мешавад ". (аз "Маҷмаъул-анҳур", 1/441)
(Идома дорад)
Зоҳири ДАВЛАТ