СЕ СОЛИ БОБАРАКАТ

Иҷтимоъ 29.08.2008 23:08

Тайи се соли фаъолияти хеш рӯзномаи "Миллат" тавонист барои худ на танҳо ҷойгоҳи вижа ва назаррас, балки феълан муассирро дар байни расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ, гузашта аз он, дар тамоми ҷомеъаи тоҷик касб кунад. Ва сабаби ин муваффақият додашавии комил ба қазияи миллӣ мебошад.

Беш аз сад сол аст, ки қазияи миллӣ барои тоҷикон ҳамагӣ як маъно дорад - будан дар ин дунё ҳамчун қавм, этнос ва ё аз он нопадид шудан. Нахустин шарти бақои тоҷикон ин доштани эшон давлати миллии худро мебошад. Имрӯз тоҷикон соҳиби давлати миллии худ мебошанд. Вале ин давлат танҳо дар ҳоле метавонад бақои тоҷиконро таъмин кунад, ки аз ҳувияти феълан миллии тоҷикӣ бархурдор бошад.

Касби ин гуна ҳувият раванди мураккабу серпаҳлу буда, бидуни басти комили забони тоҷикӣ бар давлатдорӣ, хотима гузоштани адоват ба гузаштаи то шӯравӣ, аз ҷумла ба фарҳанг ва зербинои ақидатии он, пайвасти дубора ба ин фарҳанг, ба паҳнои тамаддуни суннатӣ, бар қарор намудани робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, инсонӣ, равоншиносӣ бо ин паҳно, имконнопазир аст.

Рӯзномаи "Миллат" шояд ягона расонае, нашрияе ва ҳатто ниҳоде бошад, ки пайваставу мунтазам чунин масъалаҳоро матраҳ месозаду баррасӣ мекунад.

Ҳалли муваффақонаи қазияи миллӣ аз ин ба баъд бидуни эҳтимоми ҷиддӣ, ҳадди ақал, боз ба ду омил - таъмини рушди иқтисоди кишвар ва гузариш, дар ин ва ҳамаи масоили дигар, аз расидагиҳои мабнӣ ба авотифу эҳсосот ба расидагиҳои мабнӣ ба ақлу мантиқ ва амалгароии хунсардона имконнопазир аст. Бошад, ки "Миллат" дар ин росто, дар матраҳ сохтану тавсифу баррасии масъалаҳои марбута пешсаф ва барои дигарон намунаи ибрат гардад.

Рашид Ғанӣ Абдулло,

нависанда, драматург


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97