ЭҲТИЁТ: АЗ ҒИЗОҲОИ БАНКАГӢ ВА КОНСЕРВАГӢ

Иҷтимоъ 10.02.2009 13:30

Ҳар зимистон мардуми мо аз хуришу сабзавот ва хӯрокаҳои дар банкаҳо гузашта истеъмол мекунанд. Ин намуди ғизоҳо гарчанде хуштаъму болаззат ҳастанд, вале на ҳамеша ба шакли дуруст тайёр мешаванд. Аз сабаби надонистани қонуну қоидаи санитарӣ ва тарзи дуруст тайёр намудани чунин намуди хӯрок ҳар зимистон ҳодисаҳои ба беморӣ гирифтор шудан, заҳролудшавии мардум ва ҳатто марги одамон, мушоҳида мешавад.

Яке аз хатарноктарин бемориҳое, ки дар натиҷаи нодуруст тайёр намудани ғизоҳои банкагӣ ва консервашуда, сар мезанад, ин касалии "ботулизм" мебошад. Ба хотири огоҳ сохтани мардум ва пешгирӣ аз рух додани бемориҳо ва фалокатҳо ба сабаби истеъмоли ғизоҳои нодуруст тайёр шуда мо тасмим гирифтем, бо мутахассиси ҳамин соҳа мудири шӯъбаи бемориҳои сироятӣ - гипотологии маркази тиббии шаҳри Душанбе, ассистенти кафедраи бемориҳои сироятии донишгоҳи тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино, Шарифов Мирзошариф мусоҳиба ороем.

-Ҷаноби Мирзошариф, мегӯянд, ки маргу мири одамон аз сабаби истеъмоли сабзавоти консервашуда ё дар банкаҳо ҷойгузоршуда бисёр шуда аст. Шумо ҳамчун пизишк сабаби инро дар чӣ мебинед?

-Яке аз чунин бемориҳо, ки аз сабаби истеъмоли нодурусти ғизоҳои консершуда сар мезанад ин бемории "Ботулизм" ё ин ки заҳролудии хавфноки ғизоӣ мебошад. Ин беморӣ аз ғизоҳое, ки мо тобистон барои зимистонгузаронӣ консерв ё ин ки дар банкаҳо омода мекунем, пайдо шуданаш мумкин аст.

Ботулизм як бемории вазнини заҳрсироятӣ ба шумор меравад, ки аз таъсири ботулотоксин осеб ёфтани сохторҳои холинэргии мағзи дарозрӯя ва ҳароммағз пайдо мешавад. Ботулизм бо аломатҳои офтобмоплегӣ ва булбарӣ ҷараён мегирад.

Номи беморӣ аз калимаи лотинии ботулус гирифта шуда, маънои ҳосибро дорад.

Сабабҳои пайдоиши ин беморӣ ба ҳамон маводҳои ғизоӣ афтидани барангезандаи (микроб) ботулизм аст, ки онро клостридиум-ботулинум мегӯянд. Клостридиум ба худ хусусиятҳо хосе дорад, ки аз дигар микробҳое, ки ба воситаи ғизо заҳролуд мешаванд ва ба вуҷуди инсон меафтанд, фарқияти калон дорад. Ин хеле заҳри қотил мебарорад, ки вайро экзотоксин мегӯянд. Барои ҳамин марговараш барои инсон ҳамагӣ 0,05 мг мебошад, ки метавонад инсонро ба фалокат расонад.

Ҳамагӣ 7 намуди ангезанда (микроб)-и ин беморӣ вуҷуд дорад: A, B, C, D, E, F, G. Онҳо аз ҷиҳати морфологиашон фарқияти калоне доранд, сохтори антигении заҳри хориҷкардаашон гуногун аст. Намудҳои ангезандаи A, B ва E мушоҳида карда мешавад, ки барои инсон хеле хавфноканд ва хеле шадид мегузаранд. Дигар хосиятҳои асосии ин барангезанда дар он аст, ки барангезандаи намуди вегитативии ботулотоксин дар муҳити беруна тобовар нест. Он намуди спораҳо пайдо мекунад ва хеле тобовар мебошад, ки дар вақти ҷӯшонидани об дар муддати 5 соат ва дар вақти ҳарорати 120 дараҷа баъди 20 дақиқа маҳв мешавад.

-Дар шахсони ба ҳамин беморӣ гирифторшуда кадом аломатҳо дида мешаванд?

- Давраи ниҳонии бемор аз 2-12 соат то 7 шабонарӯз аст. Мараз ба таври шадид оғоз меёбад; сари дил дард мекунад, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва исҳол пайдо мешавад, ҳарорати бадан мӯътадил аст, бемор худро дар ҳолати хастагӣ ҳис мекунад, мушакҳо беҳол мешаванд. Баъди 3-4 соати оғози беморӣ аломатҳои осеби асабҳои мағзи сар ба назар мерасанд. Бисёр вақт аломати аввалини ботулизм хушк шудани даҳон ва тира гаштани чашм аст.

Пеши чашми маризро парда ё абр мегирад, аксуламал ба рӯшноӣ суст ё умуман нест мешавад, ғӯзаи чашм беҳаракат ва пилки боло овезон гашта, олусӣ рух менамояд, овоз мегирад, суханронӣ нофаҳмо, яъне тавассути бинӣ сурат мегирад, об аз бинияш меояд.

-Оё дар фаъолияти узвҳои ҳозима ҳам таъсир дорад, ин беморӣ?

-Бале, дар фаъолияти узвҳои ҳозима нишонаҳо ба назар мерасанд. Даҳон хушк мешавад, бемор ташна мемонад, дамиши шикам, қабзият ва фалаҷи рӯда ҳис карда мешавад. Мариз бо душворӣ нафас мегирад. Яке аз сабабҳои асосии фавти беморон ҳангоми ботулизм қатъи нафасгирӣ аст. Инкишофи пневмония (зотурия) нафасгириро вазнинтар менамояд. Дар ҳолати сари вақт табобат накардан фавти маризон то 25% мерасад.

-Оё дар беморхонаи шумо чунин беморӣ ба қайд гирифта шудааст ва ҳастанд шахсони гирифтори чунин беморӣ?

- Ин беморӣ, тавре гуфтем, дар тамоми кишварҳои дунё мушоҳида шудааст. Ҳар сол дар ҷумҳурии мо, хусусан дар бемористони мо, мушоҳида карда мешавад. Шахсоне, ки гирифтори чунин беморианд, дар беморхонаи мо ба қайд гирифта шудаанд ва онҳо сари вақт ба мо муроҷиат мекунанд, мо онҳоро муолиҷа намуда, сари вақт табобат мекунем. Шахсоне ҳастанд, ки ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, дар хона худашон табобат мекунанд ва ба духтур дер муроҷиат мекунанд, ки ин ба фавти бемор расониданаш мумкин аст.

-Оё ин гуна бемориҳо дар ҷумҳурии мо кам шуда истодаанд ё зиёд?

- Гап дар сари он аст, ки ин маводест, ки онро заҳролудии хавфноки ғизоӣ мегӯем. Ин дар ягон мамлакати дунё эпидемия намедиҳад. Ин беморӣ он вақт пайдо мешавад, ки он маводҳои хӯрокие, ки ҳамин ангезанда (микроб) дар ҳолати ҳавоӣ афзоиш меёбад, меафтад. Хусусан, дар маводҳои хӯрокие, ки аз гӯшт, моҳӣ, замбӯруғ консерва мекунанд, дар ин муддат ангезанда афзоиш меёбад ва ин ангезандаи ботулизм дар дохили маводҳои хӯрока аз худ заҳр хориҷ мекунад. Дар ин ҳолат, вақте ки инсон ин хӯрокаро истеъмол менамояд, заҳролуд шуданаш мумкин аст.

-Чи гуна пеши роҳи ин бемориро гирифтан мумкин аст ва тавсияи шумо ба мардум чист?

- Пешгирии ин беморӣ риоя кардани қоидаҳои санитарию гигиэнӣ, ки ҳангоми коркард, инсон маводҳои ғизоиро истифода мебарад. Мо ба халқ бояд фаҳмонем, ки технологияи тайёр кардани ҳамон маводҳои консервагиро бо пуррагӣ риоя кунанд. Чунки ин ангезанда ҳамин хел аст, ки аз вуҷуди инсон ва ҳайвонҳо ба воситаи фаздак хориҷ мешавад. Дар об, дар маводҳои хӯрока, дар полизҳо ва сабзавотҳо меафтад. Барои ҳамин агар технологияи тайёр кардани маводҳои консервагӣ иҷро нашаванд, ангезанда афтиданаш мумкин аст.

Дигар ин ки кашондан, нигоҳ доштан ва тайёр намудани хӯрокворӣ, назорати қатъӣ аз болои бесироятгардонӣ (стрелизатсия) ва маҳфуздории маводҳои консервашуда, бурда шавад. Қуттиҳои консервагиро пеш аз кушодан дидан даркор аст, ки сарпӯш варам карда набошад. Агар варам карда бошад, он маводи консервагиро истифода бурдан лозим нест.

Агар аз ҳамон маводи консервагӣ бӯи ғализ барояд, турушӣ ҳис карда шавад, умуман истифода бурданаш мумкин нест, ҳатто чашидан лозим нест, чунки ба фалокат оварда расониданаш мумкин аст. Ба мардум тарзи тайёр кардани консерваҳои моҳигӣ, гӯштӣ, замбӯруғӣ ва сабзавотиро фаҳмондан лозим аст.

Ман аз ҳама хонандагони ҳафтаномаи "Миллат" эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки дар вақти тайёр кардани ҳамин маводи ғизоие, ки консерва мешаванд, қоидаҳои дар боло зикршударо ба пуррагӣ риоя кунанд ва вақте, ки аломатҳои ин беморӣ пайдо шавад, зуд ба духтур муроҷиат кунанд, то ин ки мо сари вақт ҳамон зардобе, ки бар зидди ботулизм ҳаст, ба воситаи сӯзандоруҳо дар раг ё мушак гузаронида беморро аз ин ҳолат барорем. Вақте ки онҳо дер муроҷиат кунанд, алаккай аз дасти мо ҳеч чиз намеояд, чуноне ки гуфтем як заҳри қотиле ҳаст, ки тамоми узви инсонро заҳролуд мекунад.


Суҳбаторо: Заринаи МУХТОРЗОДА,
донишҷӯйи факултаи журналистикаи ДМТ
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97