ИСОИ МАСЕҲ ВА СОЛИ НАВ

Фарҳанг ва адаб 04.01.2009 21:26

Дар Ислом Исо писари Марям - паёмбари Худои ягона ҳаст, ки Инҷил ба ӯ нозил шудааст. Соли нав ҷашне ҳаст, ки бо поён ёфтани як сол ва оғоз шудани соли нав онро таҷлил мекунанд. Маъмулан ин ибора ба ҷашни соли нави масеҳӣ итлоқ мешавад.

ТАЪРИХЧАИ СОЛИ НАВ

Дар умум, ҷашнгирии соли нав ҳанӯз 4000 сол пеш дар замони Бобулиёни бостон маъмул будааст. Масеҳиёни тамоми нуқоти ҷаҳон дар оғози 24-уми моҳи декабр ва ҳамзамон дар моҳи январи оғози солҳои ҷадид, шаби иди милоди Масеҳро ҷашн мегиранд. Онҳо дар калисоҳо ҷамъ мешаванд ва бо иҷрои маросими мазҳабиву рӯҳонӣ, ки шомили дуо, сурудҳо ва муноҷоти тавъам бо мусиқии мазҳабӣ ҳамроҳ аст, Худовандро ситоишу шукргузорӣ карда, аз ӯ, яъне Ҳақиқати мутлақ, дархости баракату беҳрӯзӣ мекунанд. Пас аз ин маросим усқуфҳо ва кашишон бахшҳое аз Инҷилро мавъиза мекунанд ва зимни даъвати ҳозирон ба сулҳу зиндагии муҳаббатомез бо якдигар онҳоро бо дуоҳои худ "баракат" медиҳанд.

Шаби таваллуди Исои Масеҳро "Кристмас"(Christmas) низ мегӯянд. Дар забони англисӣ Christ яъне Масеҳ аст ва mas маънои ҷашни мазҳабиро дорад. Ҷашни милоди Масеҳ танҳо як ҷашн нест. Агар чунин мебуд, солиёни қабл дастхуши ҳаводиси рӯзгор шуда, камранг мегардид ва танҳо номе аз он боқӣ мемонд. Дар ҳар як аз маросими мазҳабӣ дар шаби милоди Масеҳ рамзу розе нуҳуфта аст, ки аз ҷониби рамзшиносӣ қобили баррасӣ мебошад.

ОМОНУР

Нахустин рӯзи Соли нав Омонур хонда мешавад ва муодили армании Новосорд мебошад, ки як истилоҳи зандӣ аст. "Нов" маънии "нав"-ро медиҳад ва "сорд" ҳамон "сол"-и мост, ки ба ҷои Соли нав ба кор бурда мешавад. Дар асрҳои куҳан арманиҳо маросими Новосордро бо шукӯҳи ҳарчи бештар баргузор мекарданд. Ин ид бо зуҳури илоҳии бузургтарин ва умумитарин ҷашни масеҳиён аст. Дар калисои арманӣ иди милоди Масеҳро ғусли таъмиди Исои Масеҳ ба таври якҷову ҳамзамон ҷашн мегиранд ва бархе дигар маросими иди милодро шаби таваллуди он ҳазрат баргузор мекунанд. Яъне 25-уми декабр -рӯзи таваллуди он ҳазрат ва баъзе дигар 6-уми январ - таърихи таъмиди он ҳазрат тавассути паёмбар Яҳёро милок медонанд. Аммо ончи мусаллам аст ва дар қонуни ҳафтум аз қавонини сивучаҳоргонаи калисои арманӣ низ омада ин аст: «Маросими ҷашни милоди ҳазрати Масеҳ бояд дар шашуми январ ва ба ҳамроҳи ташрифоти вижаву сурудани овозҳои хоси мазҳабӣ дар тамоми калисоҳои арманӣ баргузор мегардад».

СОЛИ НАВ ВА ИСЛОМ

Ривояти қуръонии милоди Масеҳ

Дар 15 сура аз Қуръон аз Исои Масеҳ ном бурда шудааст. Яъне дақиқан дар 93 оят. Масеҳ ва Марям бар асоси насси сареҳи Қуръон - ва пайрави он дар кули фарҳанги исломӣ - бандагони боҳурмату иззати Худованданд ва мавриди такрими ӯ. Исо дар Қуръон "рӯҳуллоҳ" ва "рӯҳе аз ӯст"(сураи "Нисо", 171), ки бо дами Рӯҳуламин дар раҳми модараш ҷой гирифт. Ин ки дар густураи фарҳанги исломӣ аз ӯ ағлаб бо номи "Масеҳ" ёд мешавад, ба ҳеҷ ваҷҳ ба маънои "ноҷӣ (наҷотдиҳанда)", яъне ончӣ дар суннати масеҳӣ аз он манзури назар аст, намебошад. Дар масеҳият калимаи "масеҳ"-ро ки бо англисӣ "Massias" гуфта мешавад, ба маънои "наҷотдиҳанда" медонанд аммо дар Ислом "Масеҳ" танҳо кунятест ба манзури бузургдошту гиромидошти ҳазрати Исо писари Марям.

"Ҳамли бикр" ё худ "обистании дӯшиза", чунончи дар сураи "Марям" ошкор мешавад, ҷузви яке аз ақоиди мусаллами динӣ дар Ислом аст. Дар сураи "Марям" ривояти қуръонии обистан шудани Марям ва милоди Масеҳ аз модари азрояш чунин омадааст:

"Дар ин китоб Марямро ёд кун. Онгоҳ ки аз хонадони хеш ба маконе рӯ ба сӯйи баромадани офтоб дурӣ ихтиёр кард. Миёни худ ва онон пардае кашид ва мо рӯҳи худро наздаш фиристодем ва чун инсоне тамом бар ӯ намудор шуд. Марям гуфт: аз ту ба Худои раҳмон паноҳ мебарам, ки парҳезкор бошӣ. Гуфт: Ман фиристодаи парвардигори ту ҳастам, то туро писаре покиза бубахшам. Гуфт: Парвардигори ту инчунин гуфтааст: Ин барои ман осон аст.Мо он писарро барои мардум ояте ва бахшоише мекунем ва ин корест, ки бад-он ҳукм рондаанд. Пас ба ӯ обистан шуд ва ӯро бо худ ба маконе дурафтода бурд"(сураи "Марям", оёти 16-22)

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ривояти башорати Марямро бо камоли зебоии баён дар достоне аз достонҳои гаронмояи "Маснавии маънавӣ" ба риштаи назм кашидааст, ки тасвирҳои масеҳии асрҳои миёнаро ба ёд меоварад ва бо абёти зер шурӯъ мегардад:

Дид Марям сурате бас ҷонфизо,

Ҷонфизое, дилрабое дар хало.

Пеши ӯ барруст аз рӯйи замин,

Чун маҳу хуршед он Рӯҳуламин.

Ривояти қуръонии башорати Марям бо тавсифи таассурангези таваллуди Масеҳ чунин идома ёфтааст: "Дарди зоидани кӯдак ӯро ба сӯйи танаи дарахте кашонд. Гуфт: Эй кош пеш аз ин мурда будам ва аз ёдҳо фаромӯш шуда будам. Кӯдак аззери ӯ нидо дод: Маҳзун мабош, парвардигорат аз зери пойи ту ҷӯйи обе равон сохт. Нахлро биҷунбон то хурмои тозачида бароят фурӯ резад. Пас эй зан, бихӯру биошому шодмон бош ва агар аз миёни одамиён касеро дидӣ бигӯй: Барои Худои раҳмон рӯза назр кардаам ва имрӯз бо ҳеҷ башаре сухан намегӯям"(сураи "Марям", оёти 23 то 26).

Дар сураи "Оли Имрон" оёте ёфт мешавад, ки дар он фариштагон ба Марям навид медиҳанд, ки "номи ӯ Масеҳ Исо писари Марям аст ва дар ин ҷаҳону он ҷаҳон обрӯманду аз муқаррабон аст".

СОЛИ НАВ ВА ТОҶИКОН

Аслан аҷдоди тоҷикон ба ҷойи Соли нав Наврӯзро ҷашн мегирифтанд ва аз ҳар ҷиҳате он нисбат ба ҷашни соли нави масеҳӣ ба табиату мардуми ин марзу бум ба маротиб муносибтару созгортар аст. Аммо дар замони Шӯравӣ таҷлили Соли нав, на ба маънои таҷлили милоди Масеҳ, балки ба маънои поёни соли корӣ ба мардуми мо таҳмил шуд. Албатта Наврӯз ҷашни арзандаи мо тоҷикон аст ва бешакк мардуми мо онро дӯст медоранд.

СОЛИ НАВ ВА БИЗНЕС

Ҳамонгуна, ки зикр кардем ҷашни Соли нав, ба як навъ, ҷашни милод ё таваллуди Исои масеҳ - паёмбари Худост. Ҳамзамон соли нави календарӣ, ки дар кишвари мо маъмул аст, аз ҳамин рӯз шурӯъ мегардад.

Ҳанӯз як моҳ пеш аз ҳулули соли нав бархе аз кӯчаҳои пойтахт симои идона мегиранд ва эҳсос мешавад, ки ба наздикӣ кадом як "ҷашни бузург" ҳаст. Барномаҳои солинавӣ зуд-зуд дар конолҳои телевизионии кишвар реклом мегарданд. Ширкатҳои алоҳида, "аксия"-ҳои солинавӣ эълон дошта, дар баробари онҳо Соли нав ҳам хеле хуб таблиғ мешавад. Бешубҳа, дар рӯзҳои ҷашни Соли нав ширкатҳо даромади хуб менамоянд ва "мубораки"-и ин идро бештар эҳсос мекунанд.

СОЛИ НАВ ВА ИСРОФКОРӢ

Дар ҳоле ки мардуми манотиқи берун аз маркази шаҳр аз рӯшноӣ ё худ қувваи барқ танқисӣ мекашанд, хиёбонҳои шаҳр ва атрофу шохаҳои арчаи солинавӣ "чароғон" ҳастанд. Бигзор хиёбонҳои шаҳр, на танҳо маркази он, на фақат дар шабҳои солинавӣ, балки тамоми шабҳои сол чароғон бошанд ва хонаҳои ҳамватанони беруназшаҳрии мо аз ин "баракат"-и Соли нав маҳрум намонанд.

СОЛИ НАВ АЗ ДИНӢ ТО БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҷашни соли нав дигар мазҳабӣ-динӣ не, ҷашни байналмилалӣ аст. Дар кишварҳои мусулмоннишини Осиёи марказӣ таҷлили ин ид баробари ҷашнҳои коммунистие аз қабили иди ғалабаи Инқилоби Октябру 8-уми март таърихи каме беш аз нимасра дорад. Масалан, дар Душанбе ё Тошканду Бишкек ҳеч мусулмоне нест, ки дар рӯзу шабҳои солинавӣ ба калисо бираваду дуо кунад. Аммо бо тақлид ба русҳо, ки фарзандони хонаводаи ҳар тоҷик дар конолҳои телевизионии онҳо "Ёлка", "Дед Мороз" ва "Снегурочка"-ро мебинанд, шавқашон ба Соли наву "Дед Мороз"-у "Ёлка" афзун мешавад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз ақвоми Шарқ Наврӯзро оғози соли нав медонанду онро гиромӣ медоранд. Дар кишвари мо, ки вақтҳои ахир ба асолати милливу диниву фарҳанги бостониву бобоӣ таваҷҷӯҳи бештар мешавад, маълум нест, ки чаро ба масоиле чун тақвими бобоӣ, хати ниёгон, идҳои таърихан мазҳабӣ ва миллӣ диққати бештар нест.

СОЛИ НАВ ВА ИСРОИЛ

Дар кишварҳои мухталифи олам ва хусусан Амрикову Ғарб омодагиҳо ба таҷлили Соли наву милоди Исои Масеҳ идома дорад, вале дар зодгоҳи ӯ Фаластини ишғолӣ навосаҳои ӯ мавриди ҳамлаи нируҳои низомии Исроил қарор гирифтаанду садҳо литри ИНСОН монанди оби рӯди Урдун ҷорист. Агар Бобо Нуел (Бобои Барфӣ) ба атфол ҳадяҳои солинавӣ бозича ё ширинӣ медиҳанд, Бобо Нуелҳои артиши Исроил дар арафаи соли нав фаластинӣ "қурбонӣ" мекунад.

СОЛИ НАВ ВА РӮДАКИВУ ХАЙЁМУ САЪДӢ

Аҷиб ин аст, ки ба суоли фарзандони закиамон дар бобати ин ки оё Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар гирди арча дар Соли нав кадом сурудро мехонд, посух додан хело душвор аст. Посух ёфтан ба ин суол, ки дар дарбори Сомониён арчаҳои солинавӣ табиӣ буданд ё "чинӣ" ҳам хело ва хело сангин аст. Чаро шоирони классики мо дар бораи Соли наву Дед Мороз шеър насурудаанд? - аз ҷумлаи суолҳои пешазсолинавиест, ки хонандаи закии мактаби миёна аз муаллими забону адабиёт мепурсад. Манзур аз зикри ин суолҳо барои хонандаи "Миллат" маълум аст.

Ба ҳар сурат, барои якояки Шумо дӯстон дар соли 2009 - соли бузургдошти Имоми Аъзам комёбиҳо хоҳонем ва умед дорем, ки дар ин сол матлабҳои ҷолибтар дар саҳифаи "Миллат ва Ислом" пешкаш мегардад.


Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97