Зиндагӣ дар Пушён марги тадриҷӣ аст!

Иҷтимоъ 14.07.2008 20:02

Дар Чини қадим воситаҳои ғароиби ҷазоро истифода мекарданд. Ҳокимони давр ончунон симои инсонӣ, раҳм, шафқатро аз даст дода буданд, ки нисбати зиндониён шаклҳои ғайриинсонии ҷазоро татбиқ карда, аз шиканҷакашии онон лаззат мебурданд. Ба равзанаки сари зиндонӣ чакра- чакра аз баландӣ об мечакониданд. Бандӣ девона шуда ҷонро бо як азоби алим ба соҳибаш месупурд. Ё маҳбусро ба дарахте, ки зераш мӯрчахона дошт, урён карда мебастанд.

Ҳамаи ин воситаҳо танҳо ба хотири дароз кашонидани протсесси марг "ихтироъ" мешуданд. Ин ҷазоҳоро (яъне марг ба дарозоро!), хитоии аслбохта нисбат ба душманаш истифода мекард.
Аз гуфтаи боло бармеояд, ки агар бадтарини зиндагӣ зиндагии кӯтоҳ бошад, бадтарини марг марг ба дарозо будааст. Ҳар кас, ки заррае аз эҳсоси инсонӣ дар ӯ боқӣ монда бошад, ба чашми як кӯдаки Пушёнӣ (деҳае воқеъ дар Восеъ) рост нигаҳ кардан наметавонад. Дар чашми пиру ҷавони ин деҳа як сатр нақш бастааст-сатри рақамӣ. Рақам бошад рақами навбати марг аст.
Сӣ сол боз мардуми ин деҳа ҳукми марг гирифтаанд. Номи ҷазо туберкулёз аст (На сил! Сил - протсесе ҳаст, ки бо адами стресси зиёди муттасил пайдо мешавад, туберкулёз бемории иҷтимоӣ буда, сабабаш гурустнагӣ мебошад). Дар ин сӣ сол одамон якка-якка мурданд, ҷуфт-ҷуфту авлод-авлод мурданд. Ҳоло ҳам ҷаноза рӯздармиён дар ин деҳа амри маъмулист. Аз тӯй бештар аст.
Вақте ки ин беморӣ дар он мавзеъ сар зад, тоҷик бесоҳиб буд. Хусусан мардуми ин минтақа хлопкороб!!! буд (дар забони русӣ зерновод, растениевод, ва ғайра ҳаст, аммо пасоянди роб танҳо ба хлопок мечаспаду халос. Яъне хлопкораб!)
Хлопок, имрӯз танҳо ба фьючерс манфиат меораду халос! Робҳо танҳо ғӯзапоя мегиранд.
Шарҳи ҳолро аз Сайёфи Мизроб, як дӯсти журналистам, беҳтар наметавонам баён кунам, аммо...
Бовар кунед, барои некӯаҳволии худ боре ба касе, ҳатто ба Худо муроҷиат накардаам, вале ин навиштаи худро ОҲ!!! ном мекунам. Аз Худованд, аз президент, аз ҳукумат хоҳиш дорам, илтиҷо дорам, ки пеши марги бародарони Пушёнии маро, мунтазирони маргро, навбатистодагони зиёрати Азроъилро бигиред. Онҳо низ ҳуқуқи зистан доранд!
Бояд дар ин деҳот вазъияти фавқулодда эълон шуда, то ҳал шудани масъала татбиқи қонунҳои марбут ба меҳнат ва андозро боз дошта шавад. Мардум, то як муддат, бояд танҳо барои таъмини худу хонадонашон барои озуқа кор кунанд.
1) Раванди фалокатзотарин дар ин минтақа, ба сӯзан шинондани мардум аст. Сохторҳои давлатию ғайридавлатии пешгирии туберкулёз ва мубориза бо он, роҳҳои паллиативии пешгириро роҳандозӣ мекунанд, ки ин роҳҳо ба ҷуз аз афзудани сафи беморон чизи дигареро намекушоянд. Бо дорутақсимкуниву хлордор кардани об, чӣ хеле, ки дидем, беморӣ кам нашуду афзудан дорад. Семинарҳову кофе-брейкҳо дар мавзӯи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ мисли порӯ рехтан зери ниҳоли хушканд.
2) Гумпомощҳои садқаисар
ӣ мардумро «наркоман» карда, ҳавсалаи эшонро ба кору ибтикор пир мекунанд. Мардум ба умеди ёрии ночиз, барои пешравӣ ва ҳатто зинда мондан кӯшише намекунад. Гумпомощро бас карда, бояд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафили ҷону саломатии мардум аст, ба тарзи оҷил роҳҳои наҷоти Пушёниёнро ёбад.
3) Ҳамчун тадбири муваққат
ӣ пахтакориро хотима дода, ба ҷои он рустаниҳои ғизойӣ кошта шавад, танҳо барои ниёзи аҳли деҳа.
4)Ҳар хонадон ба ноҳияе, ширкате, созмоне вобаста карда шавад, то ҳамчун ёрии якдафъаг
ӣ ба онҳо тухмии зироат ва чорпо диҳанд. Мардум набояд ба ҳасанахӯрӣ одат кунад, балки кор карда, рӯзияшро ёбад.
5) Созмонҳои манфиатдори хори
ҷию ватанӣ, ки сабабгори ба сӯзани гумпомощ шиштани мардуманд, аз ин мавзеъ дур дошта шаванд. Барои онҳо будани ин беморӣ мазмуни будани худашонро дорад. Агар беморӣ аз байн равад, ин созмонҳо низ аз байн мераванд. Кӣ мехоҳад, ки аз байн равад?

P.S.Ин навишта руҷӯъи муаллиф ба мавзӯъ аст, ҳамеша, то шифои комил, он пайгирӣ хоҳад шуд.



Сафват БУРҲОНОВ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97