БӮҲРОН, ЯЪНЕ ЧӢ?

Иҷтимоъ 02.02.2009 14:15

СУХАН АЗ ДАҲОНИ ЛУҚМОН ХУШ АСТ

-Телефони мобилиамро мефурӯшам, бародарам гуфт, ки "инашро бифурӯш арзонтарашро бихар, ин дафъа, ки Русия рафтам, боз зӯртарашро меорам." Ҳамин телефон дар магазин 500 доллар аст, ман дар 300 доллар мефурӯшам. -Падарам ҳам ба ман ваъда дода буд, ки ин бор Русия рафт, агар баҳои 4-5 гирам, ҳатман телефони мобилам мехарад. Ман тамоми чорякамро панҷ гирифтам, аммо падарам ба ваъдааш вафо накард.

Дишаб омад, мегӯяд, чанд моҳ кор кардем, пуламонро надоданд, кризис таъсир кардааст, бекор мондаанд, пулашонро нагирифта омаданд, амакам он ҷо мондааст, ӯ пулҳояшонро шояд биёрад, баъд ман ҳам телефондор мешавам...

Ин сӯҳбати ду писарбачаи мактабхон буд, ки дохили нақлиёт бо ҳам сӯҳбат мекарданд. Ва ин сӯҳбати кутоҳ дар худ як дунё маъниро ғунҷоиш додааст. Ин ки дағдағаи телефонҳои мобилӣ аз ҳисоби садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дар кишварҳои хориҷ аст, ки бо сарозер шуданашон аз ҷаври бӯҳрону бекорӣ доранд ин «сармоя»-ашонро ба савдо мезананд. Дигар ҳам ин ки падари хонавода бидуни пули пучаке ба хона баргаштааст ва натавонистааст ниёзҳои хонаводаашро бароварда бикунад!

Ин сӯҳбати ду гулписарро метавон дар як ҷумла хулоса кард, ки шоҳсутуни зиндагии молии мардуми мо ҳамин муҳоҷирони корӣ мебошанд ва бо бозгашташон ба ватан мушкилоти зиндагӣ сангин хоҳад шуд.

БОДИ САРДИ БӮҲРОНИ МОЛӢ

Боди сарди бӯҳрони молӣ бо бозгашти анбӯҳи муҳоҷирон ва коҳиши интиқоли маблағ тариқи бонкҳо ба ватан мерасад. Аз ҷумла, дар пайи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ арзиши молҳои содиротии Тоҷикистон, ки асосан ашёи хом, аз қабили алюминий ва пахта мебошад, дар бозори ҷаҳонӣ ба таври қобили мулоҳизае поин рафта ва воридоти арзи хориҷӣ ба кишвар башиддат коҳиш ёфтааст. Ин аст, ки Сандуқи байналмилалии Пул пешбинӣ кардааст, Тоҷикистон дар пешорӯи вазъи шадиди бӯҳрони молӣ қарор дорад.

Ҳафтаи гузашта Маркази тадқиқоти стротегии Тоҷикистон низ дар як ҳамойиш дар шаҳри Душанбе аз хатароти ҷиддии бӯҳрони ҷаҳонии молӣ бар вазъи амниятӣ ва иқтисодии кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.

БЕКОРӢ МУШКИЛ ПЕШ МЕОРАД

Ба ақидаи бархе аз пажӯҳишгарони Маркази тадқиқоти стротегии киишвар, боло рафтани сатҳи бекорӣ дар кишвар ва бозгашти анбӯҳи муҳоҷирони корӣ ба ватан ҷомеъаро бо мушкил рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стротегии кишвар барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрони иҷтимоӣ, пешниҳод кардааст, ки давлат бояд механизми истифода аз заминро осон ва монеъаҳо барои густариши тиҷорат, аз ҷумла андози барзиёдро бартараф созад.

Пажӯҳишгарони тоҷик мӯътақиданд, ки бархе аз муҳоҷирони корӣ захираи андаки пул доранд ва дар ҳоли мусоид будани шароит метавонанд ба соҳибкорӣ, тиҷорат ва ё деҳқонӣ шуғл биварзанд.

Тибқи иттилои Маркази тадқиқоти стротегии кишвар, бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ мумкин аст, 30 дарсади муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан бозгарданд, ки теъдоди умумии онҳо ҳудуди 200 ҳазор нафар хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки ба ғайр аз муҳоҷирони корӣ ҳудуди 50 ҳазор нафар расман ҳамчун бекор дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, ки то ҳол давлат дар ҳали мушкилашон оҷиз будааст.

ДАВЛАТ ЧӢ БАРНОМА ДОРАД?

Гуфта мешавад, давлати Тоҷикистон барои мубориза бо оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ барномаи вижаеро рӯйи даст гирифтааст.

Тибқи иттилои масъулини вазорати молияи кишвар, ба хотири ҳимоят аз бонкҳо ва ниҳодҳои дигари молии кишвар давлат аз буҷааш маблағи 310 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

Дар ҳамин ҳол масъулини Маркази тадқиқоти стротегии кишвар мегӯянд, захираи стротегии кишвар беш аз 200 миллион доллар аст ва аз ин маблағ мумкин аст барои муқобала бо оқибатҳои бӯҳрони молӣ истифода шавад.

НИГАРОНИИ КОРШИНОСОН

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва вакили парлумон, мегӯяд, хатароти ин бӯҳрон даҳчанд аз онест, ки пажӯҳишгарони тоҷик пешбинӣ мекунанд ва бояд барои бартарафсозии оқибатҳои бӯҳрон бештар андеша кард ва тадбир ҷӯст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ва намояндагони аҳзоби мухолиф бар онанд, ки давлат дар танҳоӣ наметавонад оқибатҳои бӯҳрони молиро дар кишвар бартараф созад. Зеро ҳанӯз нисфе аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки асосан пояи иқтисоди миллӣ бар мабнои онҳо барҷост, баргаштаанд ва аллакай нишонаҳои бӯҳрони молӣ зоҳиран амиқтар шуда ва дар бозори дохилӣ камбуди пули нақд ва коҳиши қобили мулоҳизаи арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ ба назар мерасад.

КИСА ДӮХТА МЕШАВАД

Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик дар маҷмӯъ беш аз ду миллиарду панҷсад миллион доллар ба Тоҷикистон маблағ фиристодаанд, ки ин баробари 40 дарсади маҷмӯъи тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон аст, ки дар муқоиса бо даромади солонаи буҷаи кишвар бештар будааст.

Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2008 ба воситаи бонкҳо аз хориҷ ба кишвар ду миллиарду панҷсаду наваду ҳафт миллион доллар ворид шудааст. Танҳо тариқи "Агроинвестбонк" дар соли 2008 муҳоҷирон беш аз 950 миллион доллар ба хона фиристоданд.

Аммо интиқоли маблағҳое, ки тибқи омори бонкҳои ватанӣ аз моҳи ноябр бад ин сӯ коҳиш ёфтааст ва бозгашти муҳоҷирон тӯда-тӯда ба назар мерасад.

Бино ба иттилои расмӣ беш аз 600 ҳазор нафар ба Русия корҷӯйӣ рафтаанд, аммо омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони корҷӯро аз якуним миллион нафар бештар медонад.

SMS-И ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ ХАЁЛАМРО ПАРТ МЕКУНАД

Дар ҳамин ҷост, ки мехоҳам матлаби худро ба анҷом расонам ва андешаи маро барои хулоса кардан даъвати SMS-и телефони ҳамроҳам парт мекунад, ки даъват мекунад, ки дар ҳисобам маблағи каме барои идомаи гуфтугӯ мондааст....


Д. УМАР
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97