Ин падидаи нав дар ҷаҳон нест, ки сарояндаҳо ба ногоҳ ба даргоҳи Парвардигор тавба мекунанду роҳи худро дигар мекунанд ва саҳнаи ҳунару санъатро барои ҳамеша тарк мегӯянд. Ҷунайд Ҷамшед овозхони маъруфи покистонӣ, ки оҳанги "ҷон-ҷон Покистон, дил-дил Покистон" -ашро БиБиСи дуввумин сершунавандатарин оҳанг дар ҷаҳон эълон кард ба нохост аз овозхонӣ даст кашид, риш монду бо гурӯҳи таблиғиҳо пайваст ва то ин дам гоҳ-гоҳ дар пардаи телевизиюни Покистон намудор мешавад ва дар мадҳи Худову Расул таронаҳои динӣ мехонад.
Имод Ромӣ овозхони маъруфи суриягӣ, ки ҷавони бисёр зебову хушқаду қомате ҳаст ба ногоҳ тарки саҳнаи ҳунар намуд ва бо гурӯҳи суфиёни Сурия пайваст ва акнун дискҳои таронаҳои исломияш дар фурӯш аст.
Юсуф Исломи бритониёӣ, ки ба забони соддаи англисӣ таронаҳои исломӣ дорад қаблан овозхони маъруфи яҳудӣ буд, ки тавба карду роҳи худро дигар намуд. Дар Тоҷикистон то ҳол чунин падида сабт нашудааст, аммо дар ҳоле, ки бисёре аз фарзандони овозхонҳои маъруфи тоҷик, роҳи падарро пеш мегиранд ва дар давлати шӯҳрати падарашон мешукуфанд, писари ҳанҷараи хушовози тоҷик марҳум Тоҷиддини Муҳиддин, роҳи дигареро пеш гирифтааст. Шамшоди Тоҷиддинзода ҷавони зебо, хушовоз, нуроничеҳра бо овози зебои аз падараш меросмонда на дар саҳнаи ҳунар, балки дар минбарҳои масоҷид Қуръонхонӣ мекунад. Чӣ боис шуд писар роҳи падарро пеш нагирад? Атрофи ин мавзӯъ мусоҳибаи Саъдии Юсуфӣ бо Шамшоди Тоҷиддинзода пешниҳод мешавад:
-Дар оғоз мехостем муаррифии худро аз забони худатон бишнавем.
-Шамшоди Тоҷиддинзода ҳастам, фарзанди марҳум Тоҷиддини Муҳиддин, ки яке аз сарояндагони мардумии миллат ба ҳисоб мерафтанд. Дар шаҳри Ҳисор истиқомат мекунем. Оиладор ҳастам, бо модар ва бародарҳоям зиндагӣ мекунам.
-Кадом сол таваллуд шудаед ва таҳсилоти худро дар куҷо фаро гирифтед?
- Соли1981 дар Ҳисор таваллуд шудаам. Мактаби миёнаи рақами 2 ба номи Садриддин Айниро дар Ҳисор хатм намудам ва баъдан ба Донишгоҳи исломии имом Тирмизӣ дар шаҳри Душанбе дохил шудам. Валлоҳу аълам ин соли 1997 буд, ки ман ҳуҷҷатҳоямро дар факултаи Усули фиқҳ супоридам ва то соли 2003 дар Донишгоҳи исломии имом Тирмизӣ таҳсил кардем ва шаҳодатномаи улуми исломиро ҳам гирифтем.
Баъди фориғуттаҳсил шудан аз ҷониби Шӯрои уламо, ки асосан роҳхат медиҳанд ба масҷидҳо ба хотири имоматӣ ва ба хотири пеш бурдани корҳои масҷид ба ман низ чунин пешниҳод карданд, вале ба ростӣ ман қабул накардам.
-Чаро қабул накардед?
-На барои он қабул накардам, ки ман қасди аз ин роҳ баргаштанро дошта бошам балки дар худам камбудиҳои зиёде, лағзишҳои зиёде дидам, ки бояд ба хотири рафъи онҳо кушиш мекардам ва сабаби дигар он буд, ки ман мехостам дунболи илм равам.
-Баъди донишгоҳ чӣ кор кардед?
-Ҳоло ба таври шахсӣ мехоҳам хидмат ба дину мардуми мусулмон кунам. Ин вазифаи ҳар мусулмон аст, чӣ олиму чӣ як нафари оддӣ, ки хидмати дин кунанд. Худованд ҳамаро мехоҳад, ки дар роҳи ҳидоят раванд, вале шарти ин қабул кардан ҳаст. Мо алҳамдулиллоҳ қабул кардем алҳол ҳофизи Қуръон ҳастам ва аз тариқи тадриси Қуръон ва сабти овоз ба дини Исломи азиз хидмат мекунам.
-Қуръонро назди кӣ ҳифз намудед?
-Вақте дар назди эшони Абдурраҳмонҷон мехондам, ҳамонҷо 5 пора Қуръонро ҳифз намудам.
-Устодҳои аввалинатон киҳо буданд?
-Мо аслан дар шаҳр зиндагӣ мекардем, вале барои дарс ба деҳа мерафтем, як ҷавони тақрибан 20 солае буд, Холидин ном дошт ва мадраса мехонд бо як муҳаббат ва бо як таваҷҷуҳи хосса ба мо дарси динӣ медод. Мо дар тули се чор сол дар пеши эшон "Мухтасар" хондем, "Шарҳулвиқоя" хондем, китоби сарфу наҳв хондем.
-Шумо чаро дар ин роҳ рафтед, роҳи аз худ кардани улуми исломӣ ва ҳифзи Қуръон?
-Сабабгори асосӣ модарам буд. Аз ҳамон хурдӣ тақрибан синфи 2 будам, ки бо тавсияи модарам ин роҳро интихоб намудам ва то имрӯз дар ин роҳ қадам мезанам. Ин роҳ роҳи худост, роҳи нур аст, чӣ хеле, ки Худованд мегӯяд "маййяҳдиҳиллоҳу фало музилла лаҳу - ҳар касеро Худо ҳидоят бидиҳад, ҳиҷ касе ӯро гумроҳ намекунад".
-Китобҳои диниро шумо вақте мехондед, ки мактабхон будед?
-Бале, ин ҳамон солҳои бачагӣ ва мактабхонӣ буд. Ҳамон устозам хишти аввали хондани манро гузошт ва баъди хатми мактаб ҳам ӯ маро ташвиқ кард то ба мадраса биёям ва таҳсилотамро давом бидиҳам. Ӯ ба ман гуфт, ки садои хуш доред ва қории Қуръон мешавед. Ман бо олимҳову бузургҳо доим мехостам робита дошта бошам бо ҳар касе, ки садои худову мавъизаро баланд мекунад. Мехостам, ки аз онҳо панду насиҳате бишнавам ва камбудиҳои худро ислоҳ созам. Дар тули 5 соли охир тақрибан ҳамаи бузургворонро зиёрат кардам чӣ Ҳоҷӣ Мирзо устоди ман ва бародар, чӣ Мулломуҳаммадуллои кулобӣ онҳо ҳам устоди ман ҳастанд, Мулломаҳмудҷон, баъдан Домуллоҳасанҷон Пирзода, махсуми Исмоил инҳо устодҳое ҳастанд, ки ҳар ҷумъа аз шунидани таблиғу мавъизаҳои инҳо боз рӯҳияи мо як илҳоми тоза ва як тақвияти наве меёбад. Ман ҳамаи уламоро дӯст медорам ва ҳамаи эшонро пайравӣ мекунам.
-Гуфтед, ки панҷ пораи Қуръонро дар мадрасаи имом Тирмизӣ ҳифз кардед, боқимонда пораҳоро дар куҷо ҳифз намудед?
-Назди бародарҳое ҳастанд, ки дар ҳамон гузари мо зиндагӣ мекунанд, бародари азиз қорӣ Абдулқаҳҳор.
-Яъне бисту панҷ пораи боқимондаро назди ӯ ҳифз кардед?
-Не, ман аввал назди ӯ бисту панҷ пораи боқимондаро гузаронидам, назди устоди марҳум қорӣ Суннатуллоҳ назди бародар қори Ятим, қорӣ Саидашраф, назди ҳаминҳо гузаронидаму ҳифз кардам.
-Яъне ҳамаи устодҳоятон тоҷик буданд ва Шумо ҳаргиз дар назди устодҳои хориҷӣ ва дар донишгоҳҳои хориҷии исломӣ таҳсил накардаед?
-Алҳамдулиллоҳ дар ҷои мо уламое ҳастанд қориҳое ҳастанд, ки ниёз ба дигар ҷоҳо рафтан ҳам нест. Ҳамин бузургон моро қонеъ месозанд.
-Вале ҳастанд донишҷӯёне, ки дар Тоҷикистон қонеъ намешаванд ва барои таҳсил ба хориҷа мераванд?
-Шояд барои ҷаҳонбинӣ ва фаҳмиши нав бошад, ки онҷо мераванд ва илло ба хотири илм бошад, ман фикр мекунам ҳамин уламое, ки дар мо ҳастанд аз дигар бузургон ҳиҷ камӣ надоранд.
-Мехостем дар бораи марҳум Тоҷиддини Муҳиддин-падаратон ҳарф мезадед. Хотироте, ки аз падаратон доред?
-13- сола будам, ки қиблагоҳам аз олам гузаштанд. Падари ман маълумоти динӣ ҳам дошт ва бо яке аз уламо, пешвои динӣ махсуми Исмоил робита дошт ва мутобиқи шунидаам дар институти шарқшиносӣ ҳам дарс мехондааст.
-Яъне падаратон шарқшинос буд?
-Ду сол хонда партофтааст ва баъд ба Узбакистон рафта, риштаи санъатро идома додаст. Вақте мо бача будем, намоз мехондем ва бисёр майлу шавқи масҷидравӣ доштем, вале падарамон мегуфт, бачам намозро дар хона хон ман намозхонии шуморо бинам. Пушаймонӣ ин аст, ки бо ҳамин садои хуше, ки худованд ба ман додаасту бисёре аз мухлисонам инро меписанданд, дар назди қиблагоҳӣ Қуръон нахондам. Ин орзуи ман буд, ки эй кош падарам мешуд, эй кош ин мумкин мебуд, ки як бор ҳам бошад қиблагоҳии ман садои маро мешунид. Яке аз бузургон рӯзе аз ман пурсид, ки шумо вақте Қуръон мехондед падаратон инро медонист? Гуфтам бале, медонист, вале боре ҳам нашунида буд.
-Барои чӣ боре ҳам дар пешаш нахондед? Магар ӯ намегузошт?
-Не шояд ман шарм медоштам, ё чизи дигаре буд, чун он солҳо ман хеле хурдсол будам.
-Падаратон боре ҳам насиҳат накард шуморо, ки бо ин овозе, ки доред ҳофиз шаведу роҳи сарояндагиро пеш бигиред?
-Ростӣ боре ҳам чунин насиҳат накарда буд.
-Шумо чанд нафар ҳастед дар оила?
Мо се нафар ҳастем ду бародар ва як хоҳар.
-Бародаратон ҳам роҳи падарро пеш нагирифт?
-Не бародарам, ки аз ман хурдтар ҳаст ҳуқуқшинос ҳаст. Танҳо як нафар Шабнам, ки шумо ҳам ӯро мешиносед, ӯ ба сарояндагӣ даст зад. Шабнам барои мо аппа мешавад. Дар аввал, ки ӯ сарояндагӣ мекард мо хеле хиҷолат ва нороҳат мешудем. Мо ӯро мегуфтем, ки шумо ин корҳои нохубро анҷом медиҳед, мо аз ин корҳо розӣ нестем. Мо ҳатто робитаҳоямонро баъзе вақт кандем, баъзе муддат робитаҳоямон хуб набуд. Имрӯз алҳамдулиллоҳ ба сабаби даъват хоҳарамон намозхон шудааст. Ва дар ин чанд муддати ахир аз тӯйгардӣ боз истодаанд.
-Яъне Шабнами Тоҷиддин саҳнаи ҳунарро тарк кардааст?
-Дар вазорати корҳои дохила як гурӯҳи «Сипар» аст, дар ҳамон ҷо кор мекунанд. Ӯ шавҳар дорад ва аз мо ҷудо зиндагӣ мекунад. Мо ҳатто ба шавҳараш ҳам фаҳмондем мутобиқи фаҳмидагии худамон, ки ин рафтор хуб нест ва ҳамин гуна алҳамдулиллоҳ аз тӯйгардӣ боз истод.
-Вале саҳнаи ҳунарро тарк накардааст?
-Умед дорем, ки тарк мекунад. Дуъо мекунем тарк кунад. Ҳар куҷое, ки рафтем пеши ҳар бузурге, ки рафтем дуъо кардем, ки камбудиҳои моро ислоҳ кунад.
-Шумо аз падаратон сабти овози касетаҳое доред?
-Не, надорем.
-Яъне ҳаргиз гӯш намекунед?
-Мешавад баъзе ҳолатҳое, ки ба зиёрати хешу ақрабо меравем ва дар онҷо мегузоранд. Дар ёдбудҳои ӯ моро даъват мекунанд, вале ростӣ мо намеравем. Беҳтарин ёдбуди падар ё модар ин аст, ки дар ҳаққашон дуъову дуруд кунӣ. Мо ҳаминро беҳтарин ёдбуд ихтиёр кардем.
-Вақте дар телевизиюн садову симои падаратонро бинед, чӣ эҳсос шуморо фаро мегирад?
-Албатта мо ҳам инсон ҳастем ва силаи раҳм ҳаст хоҳ падар бошад, хоҳ модар албатта ёд мекунем.
Дар бисёр ҳолатҳо дар маъракаҳо аз мо мехоҳанд, ки ё Қуръон хонам, ё нашид хонам, ман фикр мекунам ин ба ҳар ҳол як раҳмате дар ҳаққи падари ман низ ҳаст.
-Оё Шумо бо фарзандони дигар ҳунармандон шинос ҳастед?
-Не.
-Оё аз ин роҳи пешгирифтаатон хушҳолу хушнуд ҳастед?
-Бале ин роҳест, ки шаб надорад, шабаш ҳам мисли рӯз аст, роҳи нур аст, вақте инсон нурро қабул мекунад, дигар аз ин роҳ баргаштан гумроҳӣ аст.
-Шуғли феълиатон чист?
-Феълан муаззини масҷиди ҷомеъи Ҳисор мебошам, ки сархатиби он Махсум Пирмуҳаммадзода мебошанд.
-Дар оянда чӣ нақша доред?
-Хидмат ба дин.
-Шогирд доред?
-Бале ман шогирдҳои зиёд дорам аз синну солҳои мухталиф ва худам ҳам ниёз ба дарс дорам ва ҳафтае ё меравам пеши Ҳоҷӣ Мирзо ва дигар бузургон.
-Барои суҳбататон ташаккур.
-Аз шумо ҳам ташаккур.