Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Пуркортарин ва камкортарин вазиру раис кист?

Сиёсат 07.07.2008 22:24

Нашрияи "Миллат" дар моҳи май пурсишномаеро бо унвони "Пуркортарин ва камкортарин вазиру раиси Тоҷикистон кист?" ба хонандаи хеш пешниҳод намуда буд ва ҳам итиллоъ дода будем, ки натиҷаи ин пурсиш дар авоили моҳи июл аз рӯи раъйи додаи хонандаи мӯҳтарами нашрия ҷамъбаст хоҳад шуд. Дар ин муддат мо аз номи хонандаамон беш аз 700 ҷавоби хаттӣ ва ҳам зиёдтар аз 50 посухи шифоҳӣ дарёфт кардем, ки одамони касбу иштиғоли мухталиф ба кору фаъолияти вазирону раисони давлати хеш баҳогузорӣ намудаанд. Тибқи маълумоти ба Идораи "Миллат" расида, 20 дар сади посухҳо бозгӯи онанд, ки эшон ҳеч вазиру раисро пуркор надонистаанд ва аз фаъолияти онҳо интиқод кардаанд. Агар ба ҷавобҳои омада такя бикунем, пас ба чунин натиҷа мерасем:

ПУРКОРТАРИН ВАЗИР:

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф

117 нафар ӯро пуркор ва 34 нафар камкораш донистаанд.

Гул Шералӣ, вазири саноат ва энергетика

164 тан аз ӯ чун вазири пуркор ва 52 нафар чун камкор ёд кардаанд.

Муҳаммадназар Солеҳов, вазири умури дохила

132 нафар фаъолияти ӯро шоёни таҳсин ва 76 тан ӯро камкор гуфтаанд.

КАМКОРТАРИН ВАЗИР:

Шукурҷон Зуҳуров, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоъӣ

189 нафар ӯро камкор, 34 нафар гуфтаанд, ки ӯ пуркор аст.

Латипов Ҳайбулло, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ

234 нафар мавсуфро раиси камкор ва 21 тан ӯро дар кораш муваффақ донистаанд.

Эзоҳ:

Хонандаи "Миллат" хуб дар хотир бояд дошта бошад, ки мо дар ду шумораи нашрия аз Гул Шералӣ ва Хайринисо Юсуфӣ чун вазиру раиси камкор ёд карда будему муовини сарвазир Руқия Қурбоноваро пуркор дониста будем. Ба хонандаи хеш расониданием, ки ҷамъбасти натиҷаи пурсиш он чиро нишон дод, ки дар боло зикр кардем ва чунин шуд, ки вазири саноат ва энергетика пуркору ду бонуи мӯҳтарами масъул аз сафи пуркору камкор берун шуданд. Абдуҷаббор Раҳмонов чун вазири пуркор боқӣ монд ва Гул Шералиро ба мӯҷиби пешрафтҳои чанд вақти ахир дар соҳаи энергетика ба амал омада ва Муҳаммадназар Солеҳовро барои ба таври муваффақ ба эътидол овардани вазъи Бадахшон мансабдорони пуркор гуфтаанд.

Натиҷагирӣ аз рейтинги вазирону раисон идома дорад ва даври навбатии он дар санаи таҷлил аз Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.



©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97