Чаро ки …
Чаро мардум ба шиддат алоқа дошт, ки тағйироти куллие дар сиёсати кадрии ҳукумат дар ин сол ба вуҷуд биояд? Зеро кадҳое, ки феълан сари кор ҳастанд, умдатан ва аксари онҳо умедвориҳои мардумро бароварда накарданд ва ба ниёзҳои ҷомеъа посух нагуфтанд. Дар ин миён ҷои пинҳон кардан нест, ки ҷомеа ва аксари мутахассисони соҳа, аз барканории вазири умури дохила истиқбол кард.
Ба чанд далел, яке ба гуфтаи мардум ва ба тайиди манобеи хос ҷой доштани фасоди густарда дар ин вазорат. Дигар, дур мондани мутахассисон аз соҳа ва ба ҷои онҳо дар аксар маврид нишастани ашхоси ғайри ҳирфаӣ, ки аз дигар мақомот омадаанд ва ё кори худро дар дигар ниҳодҳо хатм кардаанд. (Аз сӯи вазири нав бархе аз ин "меҳмонон" аз мақомҳояшон барканор шуданд.)
Ва аз сӯи дигар вазири пешин низ хеле хидмат карда буд ва захираи корӣ ва инсонӣ низ интиҳо дорад. Вазири пешин ба кори оромтаре, шояд ба гуфтаи додситони кул беҳтар аст ба навиштани ёддоштҳо акнун машғул шавад. Зеро ӯ низ додситон буд ва бештар аз он дар масъултарин вазифаҳои давлатии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Ёдоштҳои ӯ агар аз гуфтани ҳақиқат иштиноб накунад, дар идомаи сохтмони давлати миллӣ бидуни шак муфид воқеъ хоҳад шуд. Хоса агар аз иштибоҳот сухан бигӯяд.
Таъини ҷойнишини ӯро низ аз муҳимтарин таҳаввулотҳои кадрӣ дар ҳукумат зарфи ин сол ва на танҳо имсол гуфтанд. Абдураҳим Қаҳҳоров, милисаи ҳирфаӣ ва узви хонадон ва зиёии хушноми Абдулаҳад Қаҳҳоров. Бисёре ба ояндаи кори ӯ ба умедворӣ менигаранд. Аммо боз ҳам вазири нав дар рӯ ба рӯи чолишҳои ҷиддие қарор хоҳад дошт. Қабл аз ҳама ҳамон масъалаи захираи нируи корӣ ва башарӣ пеш меояд. Зеро башарро Худованд бо ақли ҷаҳонгир, аммо ҳамоно бо ниҳоят офаридааст, на бениҳоят. Замоне ки барои хидмати низомӣ ва ниманизомӣ пешбинӣ шудааст, вазири ҷадид низ чанд муҳлати онро, (албатта бо назардошти хидмат дар тӯли замон) пеши ватан ба ҷо овардааст. Фақат ин мемонад, ки барояш орзуи муваффақият кунем. Метавон гуфт, ки ҳам вазири пешин ва ҳам вазири ҳозир метавонанд мушовирони хубу босалоҳияте бошанд.
Гуфта мешавад, дар бештар аз бист шӯъбаи корҳои дохилӣ сардор таъин нашудааст. Раиси ҷумҳур дар ҷаласаи ҳукумат ишораи нозуке ба як масъала карданд, ки бархе вазирон биржа кардаанд вазоратҳоро. Мегӯянд, ин ишора то ҷое ба вазорати дохила низ дахл доштааст. Акнун умеди ҳамаи милисаҳо ва ҷомеъа ин аст, ки мутахассисон ба сари кор биоянд, ва шоистаҳо битавонанд ба мансаб бинишинанд, бидуни он ки дар бораи харидани вазифа фикр кунанд. Зеро ба милиса баргардонидани обрӯ ва эътимоди мардум хеле зарур аст.
Муваффақӣ ва адами муваффақии вазирони ҳукумат ба назар меояд, ки қабл аз ҳар чиз ба тафаккур бар мегардад. Ҷаласаи охири ҳукумат инро бори дигар барои ман собит кард.
Табиист, ки навро пазируфтан кори содаву саҳл нест. Аммо бихоҳем пешрафт карда бошем, чорае ҷуз эътирофи ин воқеъият надорем. Як ҳикмати бисёр пазируфтаест, ки борҳо расонаҳо рӯи он таъкид кардаанд, аммо (мутаассифона вазирону раисони мо рӯзнома, ки намехонанд) ҳеҷ ба гӯши касе надаромад. Ва он ҳикмат ин аст, ки вазиру раису аъзои ҳукумат агар бихоҳад, мардум ба дунболаш биравад ва эътирозе дар ҷомеа вуҷуд надошта бошад, бояд ҳар субҳ баробари баланд шудан ва пероҳани худро нав кардан, фикри худро низ тоза кунад. Коре, ки вазирону раисони мо намекунанд ва тавони карданашро низ надоранд. Ана ҳамин, ки ҳиммат ва ҷуръаташон барои таҷдиди назар кардан ва пазируфтани нав намерасад, наметавонанд пешопеши мардум бираванд ва аз дунболи мардум мераванд. (Раиси ҷумҳур гуфт, ки кормандони дастгоҳи ҳукумат дар шаби овозаи заминларза дар миёни тӯдаҳо шабро рӯз кардаанд, ба ҷои он ки занге ба Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва ё ТВ бизананд ва мардумро ором кунанд). Яъне пеш аз мардум бояд масъаларо дид ва аз чолишҳои пеши рӯ ҷилавгирӣ кард. Вазифаи ҳукумат ҳамин аст, азизон.
Акнун бирасем сари масъалаи тафаккур ва ин ки чаро мардум пули телефонҳои мобилиро мепардозад ва ҳаққи истифодаи барқу газро не. Бисёр посухи содаву одӣ дорад ин суол ва он ин аст, ки ситемаи мухобироти мобилӣ як системаи муназзаму мукаммали байналмилалӣ ва бардошта аз шароити муносибатҳои бозорист. Аммо системаи хадамоти барқу гази Тоҷикистон, як низоми вомонда ва варшикаста аз низоми шӯравии собиқ ва раҳбарони ин системаҳо ин ҳама вақт ҳам ҳукумат ва ҳам мардумро гӯл задаанд, ба хотири манофеъи худ. Бубинед, чаро(?!). Фаразан, телефони мобили ман баъди як сафари хориҷӣ дусад доллар қарздор ва хомӯш шуд. Ман ба ҳеҷ дилер ё корманди масъули ин ширкати мобилӣ наметавонам пешниҳод кунам, ки бар ивази панҷоҳ доллар ин қарзи дусаддолларии маро маъоф кунад. Аммо ҳар истифодакунандаи нируи барқ ё газ метавонист ва мутмаинан боз ҳам хоҳад тавонист, бар ивази сад сомонӣ ҳазор сомонӣ қарзи худро халос кунад. Ё ман нодуруст мегӯям? Вале системаи пардохти ҳаққи истифодаи телефони мобилӣ чунон муназзам ва ҳамзамон сода ҳаст, ки қарзро ё танҳо мудири ширкат ва ё агар ҳаҷми он калон бошад, шӯрои саҳҳомон метавонад, бубахшад. Ҳар гуна тахаллуфи дигар дар ин соҳа ғайри имкон аст ва зуд рӯ хоҳад зад. Яъне баҳс боз ҳам баҳси систематик нашудани кори ниҳодҳои вомонда аз замони шакли идораи шӯравӣ ва ҳамин тавр баҳси тафаккур аст. Зеро ситемаи ҷадидро бо фикри ҷадид меофаранд. Чаро, ки системи нав худ фикри нав аст. Ва бенизом боқӣ мондани системаи барқу газ ба нафъи шахсии масъулини ин соҳаҳост. Аммо ба нафъи ширкатҳои хусусӣ ва ҳамин тавр ширкатҳои мобилӣ шафоф будани фаъолияти онҳост. Чун шаффофият дар кори ин ширкатҳо ҳадди аққал барои соҳибони онҳо мавҷуд аст, корашон пешрав мешавад.
Яъне бояд аз нав натарсем. Ба соҳибони тафаккури нав бояд бовар кард. Мутмаин бошед, арзишҳоро зери по нахоҳанд гузошт. Зеро тарси асосӣ аз надодани мансаб ба насли нав ва тафаккури нав ин аст, ки мабодо риволи зиндагии моро дигар накунанд. Аз дигар шудани зиндагӣ натарсед. Пеш аз он ки дигарон бихоҳанд зиндагии моро дигар кунанд, биёед худамон ба ин иқдом кунем.
Мисле, ки намунаи навшуданро дар тағйири роҳбароияти корхонаи Алюминиюм ва ё "Талко" шоҳид шудем. Ин ки мегӯед баҳси фаровоне дорад, дуруст аст, вале тафаккури нав тавонист созанда воқеъ шавад ва дубора ин бузургтарин коргоҳро сари пои худ бимонад. Ё нодуруст?
Д. СУРУШ