Ҳеҷ будагон ҳеч кас шуданд ё ангуштони Қорӣ Ишкамбаро буриданд

Иҷтимоъ 18.07.2008 00:53

Кор анҷом меёфт, садои занги телефони идора баланд шуду гӯширо гирифтам, садои боэҳсоси ҷавонмарде шунида шуд: Ман як сокини шаҳри Душанбе ҳастам. Бисёр маврид нобасомониҳои рафтору гуфтор дар пойтахт моро нороҳат мекунад. Масалан, имрӯз пас аз фориғ шудан аз кор ба хона меомадам, ҳангоми аз назди муҷассамаи устод Айнӣ гузаштан вазъи он ҷо маро нороҳат кард. Натавонистам хомӯш биншинам, як бор бираведу бубинед; дохили ҳавзҳои фаввораҳо пур аз ахлот аст. Ҳатто аз беаҳамиятии нафарони масъул ангуштони ҳайкалҳоро шикастаанд. Хуб мешуд, агар аз ҳамин мавзеъ як гузориш мекардед…
Гуфтам: -Ба чашм! Хуб мебуд худатонро муаррифӣ мекардед?! Гуфт: -Не, беҳтар аст, аз ман ном набаред. Дирӯз дар телевизион роҷеъ ба ҳамин гуна вазъ изҳори нигаронӣ кардам, боз нагӯянд, ки ин кист ин қадар "доди ватанхоҳӣ" мезанад. Ҳоло ҳафтаномаи шуморо дар даст дорам, дидам, ки масъалаи муҳиммеро роҷеъ ба шаҳрдориамон навиштаед, аз ин рӯ рақами телефони шуморо барчидам. Вагарна дар як нашрияи дигар дӯсте дорам, пайдош накардам…
Ба ҳар ҳол ба сад ранҷ ин дӯсти телефонии мо худро муаррифӣ карду боз ҳам хоҳиш кард аз ӯ ном набарем.
Аз ӯ даъват кардем, ки шомгоҳӣ хабарнигори мо он ҷо ҳозир мешавад, хуб мешуд, он ҷо меомадеду ӯро ҳамроҳӣ мекардед. Исрор кард, ки аз кор баргаштаву хаста асту наметавонад… Аз ӯ ташаккур кардему гӯширо гузоштем.
Хабарнигори мо бо хоҳиши ин бародар соати 18:30 дақиқаи шомгоҳӣ ба назди ёдгории устод Айнӣ ҳозир шуд. Намедонем, ки он бародар воқеан хаста буду он ҷо наомад ва ё хастагиро як сӯ гузошту омаду аз дур омадани хабарнигори моро назорат кард. Ба ҳар сурат ҳар чӣ буду шуд. Хабарнигори мо аз ин мавзеъ гузориш медиҳад:

- Шояд муҳим нест, вале як бори дигар ёдовар мешавам, ки ёдгории устод Айнӣ дар рӯ ба рӯи осорхонаи Камолиддини Беҳзод, ки аз як ҷонибаш меҳмонхонаи "Пойтахт" (собиқ "Душанбе") аз ҷониби дигар бинои "Садбарг" ва каме дуртар аз пушти ин ёдгорӣ вокзали Роҳи оҳан воқеъ аст. Ҳамон гуна, ки бародари гиромии мо аз тариқи телефон ба мо хабар дод, дохили ҳавзҳо пур аз ахлоту қутиҳои пластикӣ буд, дар атрофи қаҳрамонҳои асарҳои устод Айнӣ, ки дар баробари муҷассамаи устод сохта шудаанд, харобии хосаеро касб кардаанд, ки зикри ин манзара аз доираи одоб берун аст. Дар сару шикаму дасту пойҳои онҳо бо ранги сафед калимаҳои русиву англисиро хондан мумкин аст: "Love", "L+Lpak", "Я тебя люблю", "М+Д", "Б+Ш=Д", "Ш+Ф"… Воқеан занҷирҳое, ки дар дастони яке аз ёдгориҳо овезон буд ва ангушти ёдгории дигарро бо арраи оҳанбур буридаанд! (Шояд занҷири ғуломӣ шикастан хостанд?!) Музаффар Худойназаров, ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ, ки ҳар бегоҳ бо набераҳояш барои сайругашт ба ин мавзеъ меояд, дар сӯҳбат бо мо, аз вазъи дар ин ҷо ба амаломада изҳори нороҳатӣ кард: -Таваҷҷуҳ зоҳир накардан ба ин аҳвол айб аст. Ман худ шоҳидам, ки аз меҳмонхонаи "Пойтахт" ҳар бегоҳ хориҷиҳо баромада, ин ҷо сайр мекунанд. Ҳамин ифлосиҳоро сурат мегиранд. Худ қазоват кунед, ки дар бораи мардуми мо онҳо бо дидани ин вазъ чи хулоса мебароранд. Ин ангушту занҷирҳоеро ки бурида мебинед, ба хотири мис (яъне ин меъмориҳо аз мис сохта шудаанд.- Ё. С.) буридаанд. Имрӯз, ки як ангуштро буридаанд, ҳатман фардо панҷаашро мебуранд. Маълум аст, ки дар як дам буридани мис имкон надорад шояд барои буридани ангушт зиёда аз ду соат "меҳнат" карда бошанд, агар ҳамчунин бошад, куҷо буданд мақомоти дахлдор? Музаффар Худойназаров дуруст гуфтанд, ки имрӯз ангушт бибуранд, фардо панҷа мебуранд, пас фардо аз буҷулаки по сар мекунанд… Дар ҳақиқат ҳам ангушти дуюми ҳамин меъморӣ то нисф арра шудааст… Ба худ гуфтам, бечора қаҳрамонҳои устод мазлум буданд, мазлум монданд, ё дақиқтараш "Ҳеч будагон ҳеч кас шуданд" Ва зимнан, агар барои худамон ва ба хотири бузургдошти устод Айнӣ ҳамин мавзеъро ҳифз намекарда бошем, лоақал барои сайру гашти франсузҳову англисҳо… (Охир мо меҳмоннавозем-ку!) ба танзим дарорем, то ки малоли хотири эшон нагардад!


Ёқуби САИД
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97