Парҳез аз он асал, ки бо заҳр омехт

Фарҳанг ва адаб 24.07.2008 18:37

Дар шумораи № 18 ҳафтавори "Пажвок" аз таърихи 18/06/2008 мақолаеро бо унвони "Лаънат ба касе, ки фармудаҳои Қуръонро намешунавад", ки ба қалами Садбарг Ғуломова таалуқ дошт, мутолиъа намудам. Мақолаи мазкур дар нигоҳи аввал хеле ҷолибу ҷаззоб ба назар расид. Дар саҳифаи аввали рӯзнома зери ном ва болои акси як шоири рус бо номи Иван Бунин сарлавҳаеро хондам, ки одатан чунин таъбирро воъизону даъватгарони хеле бо дарду сӯзи Ислом аз манобири баланди масоҷид истифода мебаранд, вале вақте аз забони як шоири рус чунин таъбирро хондам дар ҳақиқат ҳам ҳайрон шудам, "лаънат ба касе, ки фармудаҳои Қуръонро намешунавад". Ҷумлаи бисёр зебо, ҳарфи ба ҷо ва диққатҷалбкунандае ҳаст. Аммо вақте мақоларо то охир хондам, дидам, ки зери коса нимкосаҳое ҳаст ва асали дидаам бо заҳр омехтааст...

"Болҳои сафед"-и Бунин

Нуктаи дигаре, ки дар эҷодиёти Бунин ҷой дорад ин таваҷҷуҳи шоир ба болҳои фариштаи илоҳӣ бо номи Ҷабраил алайҳиссалом аст, ки шояд ин аз нигоҳи тасвири адабӣ дорои аҳамият бошад вале ҷанбаи ривоятии маълумоте, ки оид ба Ҷабраили амин дар эҷодиёти Бунин ҷой дорад фоқиди сиҳҳат аст. Ба ин шеъраш таваҷҷӯҳ шавад (тарҷума аз Садбарг Ғуломова):

Дар кавири сурхфом аз варои паямбар,

Ҷабраил парвоз мекард.

Оташи сӯзон дар самти бекарон,

Нарм месохт бо нури болҳои оҳаринаш.

Ба ростӣ ҳамчун шеър ин манзараи тасвиршуда барои ман писанд омад. Наметавонам нагуям, ки воқеъан манзараи зебоеро шоир тасвир кардааст. Мунтаҳо ин тасвир аз бофти хаёли шоир аст, ки аз руйи ривоёти исломӣ ҳақиқат надорад.

Зиндагиномаҳои муътабари ҳазрати Рисолатпаноҳ (с) (Ар-раҳиқул махтум, Сирати ибни Ҳишом) ба мо ин воқеъиятро бозгӯ мекунанд, ки Пайғамбар ҳамроҳ бо Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу асосан аз тарафи шаб дар биёбон роҳ мерафтанду аз тарафи рӯз дар сояе пинҳон мешуданд. Охир мушрикони Қурайш онҳоро ҷустуҷӯ мекарданд ва аз рӯйи ақлу хирад ҳам нест, ки вақте шуморо душманонатон ҷустуҷу кунанд аз эҳтиёт кор нагиред.

Ва дигар ин маълумотеро, ки хонум Садбарг зикр мекунад, натанҳо маълумоти бепоя ҳаст, балки ба мантиқ ҳам рост намеояд: "Аз рӯйи ривоятҳои динӣ, вақте ки пайғамбар (с) ба Сурия сафар дошт, ғуломе мушоҳида карда буд, ки аз аввал то охири сафар ду фаришта бо болҳои худ ӯро соябонӣ мекарданд".

Васфи болҳои малоик дар зиндагиномаҳои муътабари Пайғамбар (с) аз ҷумла дар сираи "Ар - раҳиқ ал-махтум" омадааст, ки вақте Ҷабраил болҳои худро кушод офоқро пур кард. Яъне як фаришта метавонад масалан шаҳри Душанберо танҳо соябонӣ кунад ҳоло чӣ гунна барои як нафар ду фаришта болҳои худро кушода уро соябонӣ кунанд? Ончӣ дар ривоятҳои муътабар мо дорем инаст, ки абрпорае ҳазратро ҳангоми сафари тиҷоратӣ ба Шом соябонӣ мекард, на малоик бо болҳои худ. Инҷо шоир Бунин шояд ба таъсир аз тасаввури масеҳӣ дар бораи болҳои фариштаҳо сӯҳбат карда бошад. Чун рассомону ҳайкалтарошони тарсоӣ вақте фариштаҳоро тасвир менамоянд одатан онҳоро бо болҳои хурд тасвир мекунанд.

"Муҳаммад(с) ва Сафия(р.а)" - дар эҷодиёти Бунин

Мусаллам аст, ки Пайғамбар Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва салам аз дунё ду чизро меписандид яке зан ва дигаре буйи атр, аммо худи ӯ мегуфт, ки нури чашми ман дар намоз аст. Ӯ марди шаҳватпараст набуд вагарна дар айни ҷавонӣ бо бевазани 15 сол аз худаш бузургтар издивоҷ намекард.

Дар умум тамоми издивоҷҳои Пайғамбар(с) бар асоси маслиҳате муфид барои мусулмонон сурат мегирифт ва аз ғаразҳову шаҳватҳову шубҳаҳо дур буд. Аммо афсус, вақте ки ба навиштаҳои Садбаргхонум дида давондам, чизи дигареро дарёфтам. Садбарг менигорад: "Сафия- асираи яҳудӣ, ки бо зебоии худ дили пайғамбарро рабуда буд……" Худоё магар Садбаргхонум Паёмбарро(с) аз ҷавонони асри ХХ1 гумон карда чунин менависад?

Дуруст аст, ки Сафия асираи яҳудӣ буд, аммо издивоҷаш бо Пайғамбари Худо(с) бар асоси "зебоӣ" ва "дил рабудан" ва "I Love you" ҳаргиз набуд.

Ситам аст, агар паёмбарони илоҳиро, ки масти ҷамоли ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ҳастанд, дар банди сари зулфи нигоре пиндорем. Воқеъияти достон ингуна ҳаст, ки мусулмонон бо қабилаи яҳудӣ бо номи "Бани Қурайза" аҳду паймони дустӣ доштанд вале яҳудиён ин аҳду паймонро шикастанд ва ба мусулмонон хиёнатро раво доштанд. Бани Қурайза, мушрикони қурайшро кумак намуданд, то мусулмонони сокини шаҳри Мадинаи Мунаввараро аз байн баранд, вале кор бар акс шуд.

Ин аҳдшиканӣ сабаби даргирии ҷанг байни мусулмонон ва яҳудиён шуд, ки дар он муслимин бар қабилаи Бани Қурайза пирӯз шуданд.

Баъди шикасти Бани Қурайза, ҳукм бар он шуд, ки мардони ҷангии яҳудиро бикушанд ва занону кудаконро бигиранд ва чунин ҳам шуд.

Сафия, ки зеботарин духтари қабилаи яҳудӣ буд ва падару амакаш аз раисони қабилаи Бани Қурайза буданд, ҳангоми тақсими занон насиби яке аз ёрони Пайғамбари Худо (с) шуд, ки ба фикрам Даҳия ибни Халифаи Калбӣ буд. Ҳамингуна тақсимоти ғанимати ҷанг тамом шуд, аммо ёрони Пайғамбар(с) баъди ин фикр намуданд, ки сазовортарин шахс барои Сафия ин ҳазрати Пайғамбар(с) аст, ҳам барои он, ки медонистанд пайғамбари Худо зебоиро дуст медорад ва ҳам барои он, ки Сафия духтари раиси қабила буд, пас муносибтарин шахсият ба шавҳарии Сафия ин Пайғамбар алайҳиссалом буд. Рафтанду Даҳияро гуфтанд ва ӯ низ бо хушҳолӣ розӣ шуд ва ҳамингуна Сафия ба ақди ҳазрати Рисолатпаноҳ (с) даромад.

Бале, ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам хеле Сафияро дӯст медошт ва дигар ҳамсаронаш ба шумули ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳо) ба Сафия (разяллоҳу анҳо) рашк мебурданд.Бале, чунки онҳо низ зидагии инсонӣ доштанд, на малакутӣ. Боқимонда масъалаҳое, ки дар ин мавзуъ зикр шудаанд, дурустанд ва қобили қабул. Банда дар нукоти боқимонда бо муаллиф ва қаҳрамони мақола мувофиқам.

Охирулкалом

Дигар паҳлуҳои мақола зоҳиран мушкиле надоранд ва дар охир ин нуктаро ёдовар шуданиям, ки банда дуст намедорам ба кассе радия бинависам ва боиси малоли хотири кассе шавам ва алалхусус вақте тараф зан бошад. Аммо дар мақолаи Садбаргхонум нукоте ҷой дошт, ки марбут ба дин буд ва мебоист муҳақиқи унвонҷу онҳоро мешикофту мушкилии онҳоро баён медошт ва вақте у чунин накард банда маҷбур шудам даст ба хома барам.

Ҳадаф инаст, ки Садбаргхонум ва дар шахси ӯ тамоми унвонҷуёни мо шефтаи "бузургии" шарқшиносони руссу урупоӣ нашаванд ва фикр накунанд, чун онҳо "ҷойгоҳи баланд" дар кишвари худ доранд ва "лауреати мукофоти нобелӣ ва ………………. ҳастанд", пас ҳар гуфтаашон ҳақиқате ва ҳар нутқашон панду ҳикмате ҳаст. Чи басо шарқшиносоне, ки бо ғараз менависанду ҳадафашон хидмати хирсона ҳаст. Дигар ин, ки агар Садбаргхонум ва ё амсоли у дар масоили динӣ дониши баланду кофӣ барои анализи андешаҳои динии як муфаккирро надоранд беҳтар аст ба он напардозанд зеро кассе бе илм мехоҳад коре кунад ба қавли Умар ибни Абдулазиз халифаи амавӣ фасодаш аз ислоҳаш бештар хоҳад буд.


САЪДИИ Юсуфӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97