Дар кадом давлати дунё як гурӯҳи саркалони бесоҳибаш сарҳои шаҳрвандони кишвари шарики стротежии хешро мекананд? Дар Русия! 24 декабр Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба унвони Вазорати хориҷаи кишвари мо Нота ирсол намудааст, ки дар он аз ҷумла омадааст:
"Вақтҳои охир дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони ин кишвар, ки дар қаламрави Федератсияи Русия кор мекунанд, ба таври густурда баррасӣ мешавад... Сафорати Русия аз он ки иддае аз нашрияҳои тоҷикзабон, аз қабили "СССР", "Нигоҳ", "Миллат", "Фараж" дар навиштаҳояшон марбут ба мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ на танҳо ахбори таҳрифшударо ба чоп медиҳанд, балки то ҳадде ба хеш иҷоза додаанд, ки ба шахсияти раҳбарияти олии кишвари Русия ва хати маши сиёсии ин давлат носазо гӯянд… Ин гуна зуҳуротро мо умуман ғайри қобили қабул медонем. Кӯшишҳои баъзе расонаҳои хабариро, ки рафтори унсурҳои алоҳидаи ҷиноии Русияро дар назари мардуми Тоҷикистон чун сиёсати расмии роҳбарияти Русия намоиш медиҳанд, маҳкум менамоем. Талошҳои пофишоронаи ин расонаҳо симои Русияро чун душмани халқи тоҷик ҷилва медиҳанд, амалан ба рӯҳияи анъанавии дӯстӣ ва ҳамкориҳои муттаҳидкунандаи ду кишвар, ду халқ мухолифат дорад. Сафорат ҳақ дорад умед ба он бандад, ки бо андешидани чораҳои оҷил ҷиҳати минбаъд пайдо нагаштан ва интишор нашудани чунин навиштаҳо дар фазои иттилоотии Тоҷикистон хотима дода мешавад."
Бо чунин мазмун Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба унвони Вазорати умури хориҷаи кишвари ман Нота ирсол намудааст, ки агар "искажать" шудани мӯҳтавои он, рух дода бошад, ҷиҳати он ки то ҳамин андоза ба забони Тургенев ва Чернишевский балад ҳастам, аз Сафорати Русия хоҳиш доштам, онро чун "целенаправленным обманом таджикской общественности" нахонанд ва ҳамчунин ин ҷавоби маро "оскорблениям в адрес руководство Посолство"- ашон надонанд. Агар воқеъан давлати Русия Тоҷикистонро шарики стротежии хеш медонаду ҳарфи Сафораташ дар мавриди "традиционному духу дружбы и сотрудничество" байни халқҳои ин ду кишвар барояш арзише дорад, бояд Нота- (Нома)-аш ақаллан ба хотири ҳамон рӯҳияи анъанавии дӯстиву ҳамкориҳои ду халқ- тоҷику рус ба забони расмии давлате, ки дар хоки он Сафораташ қарор дорад, иншо мешуд. Хуб, аз ин ҳам бигзарем, кӣ ин ҳақро ба Сафорати Русия додааст (бигузор ин давлат як ғӯли (гигант)дунёӣ ҳам бошад), ки ба Вазорати кишвари мо ҳавобаландона ва мутаккабирона мегӯяд; "принять самых безотлагательных мер." Оё ҷониби ин Сафорат ҳини иншои Нотаи хеш аз он фаромӯш карданд, ки тибқи Сарқонуни давлати соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон матбуот озод аст. Магар Шумо, ҷанобони Сафорати Русия хабар надоред, ки ҳар рӯз аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишваратон намояндагони миллати ман бо як шеваи тавҳиномез ба мазоҳу масхара кашида мешаванд, сиёсатмадорони кишвари шумо тариқи ҳамин дастгоҳҳои таблиғотии давлататон ба унвони муҳоҷирони меҳнатии мо фуш медиҳанд, ки мо ин ҳама пастиву ҳамоқатро сархамона таҳаммул мекунем, вале Шумо аз он ки мо ҳақиқатро, дар сари турбати як бародари ҷавонмаргамон навҳа мекунем ва дарди хешро дар нисбати куштори ҳамдиёрони бепушту паноҳамон гуфтаем, чӣ пурсарусадо бонги изтироб дардодаед ва хостори он гаштаед, ки давлатамон аз мо ҷилавгирӣ кунад.
Хайрият нагуфтед, ки ба даҳони он модарони тоҷик, ки ҷигарбандонашонро саркалҳои одамхори рус куштаанд, "скоч" бибандем, то нолаҳои талху ҷонсӯзи эшон айшу роҳати Шумо, кормандони мӯҳтарами Сафорати Русияро шӯр насозанд. Аз хондани Нотаи Сафорат ба ёди ман мақоли машҳури тоҷикӣ омад, ки натавонистам онро бароятон дар тарҷума бифиристам: "Дузди зӯр соҳиби говро банд кардааст." Агар маҳкум намудани куштори ҳамватанони муҳоҷирамон дар хоки Рус ва "широко обсуждать" шудани ин мавзӯъ дар расонаҳои хабарии кишвари Тоҷикистон бароятон мақбул нест, пас ҷилави онҳоеро, ки Шумо "скинхед"- ашон меномеду мо саркалҳои одамхор, бигиред! Мо ҳам Русияро шарики стротежии худ медонем ва аз хизматҳои кардаи фарзандони ин кишвар барои рушду нумӯъи миллатамон ҳамеша бо некӣ ёд меоварем, вале ин маънои онро надорад, ки дар қиболи сари бурида, тани хуншор ва ҷисми захмини ҳамдиёрони муҳоҷири хеш бояд дам фурӯ бубандем. На ҷанобон, шарикони стротежӣ, мо ба мафҳумҳои бародарӣ, дӯстӣ, ҳамкорӣ, ҳамшарикӣ эҳтиром дорем, вале аз Шумо пурсиданием, ки дар кадом давлати дунё як гурӯҳи саркалони бесоҳибаш сарҳои шаҳрвандони кишвари шарики стротежии хешро мекананд, дар расонаҳои хабариашон ва дар пардаи телевизионҳои давлатиашон миллати кишвари дӯсти стратегиашонро ба мазоҳу масхара мекашанд ва таҳқир мекунанд?! Оё дар дунё дигар ҳамин гуна кишваре ҳаст?! Ҳатто, Амрико, ки жандарми ҷаҳонӣ лақаб гирифтааст, дар қиболи сарсахттарин душманаш Ҷумҳурии Исломии Ирон чунин ҳамоқатро раво намебинад, дар ҳоле ки дар Амрико миллионҳо иронитаборон ба сар мебаранд, ва ҳеч амрикоӣ ин пастиву разолатро барои худ ҳақ намешуморад, ки сари як тан ирониеро биканад ва ё аз тариқи родиёву телевизион таҳқиру тавҳинаш кунад. Пас пурсиданием, ки ин ҳама таҳқиру куштори тоҷикон дар хоки шарики стротежии мо- Русия ба хотири чист? Кистанд он "уголовных элементов на територии России", ки "преступления" мекунанду бе ҷазо мемонанд?! Агар тоҷикеро дар ҷангалҳои Русия гургу хирс мехӯрд, мо ба ҳеч ваҷҳ давлатмардони шарики стратегиамонро гунаҳкор намедонистем, ки пеши роҳи одамхории ин ҳайвонотро намегирад, вале чун сари тоҷикро гургону хирсони одамсурат кандаанд, мо вазифадорем аз Шумо ҷанобон давлатмардони Русия бипурсем ва ҳам талаб кунем, ки чӣ ҷурме аз ҳамдиёрони мо содир мешавад, ки ба ин шеваи ҳайвонӣ ҷони ҷавони онҳоро рабудед ва аз ҳаққи зиндагӣ маҳрумашон кардед?! Охир Хуршеда Султонова, ҳамагӣ 9 сол ва Салоҳиддин 22 сол дошт… Ин рӯйхат ба ҳазор мерасад. Ба ҷои он ки Шумо кормандони Сафорат аз раҳбарияти сиёсии кишвари хеш бипурсед, ки аз ин ҳама кушторҳои бераҳмона ва таҳқиру тавҳини шаҳрвандони кишвари дӯсту шарики стротежӣ мардуми Тоҷикистон нигарону нороҳат гаштаанд ва агар ин ҳарфҳои болохонадор дар мавриди бародархондагӣ бо тоҷикон ҳақиқат аст, пас дар пайи ислоҳи вазъ бошед, ё ба ибораи русӣ бигузор ҳукумати Русия "принять самых безотлагательных мер."
Дар мавриди дӯстӣ ва шарикхондагӣ ба таъкид бояд гуфт, ки Тоҷикистон зарфи 16 соли истиқлол ва шарикӣ ҳеҷ гоҳ ба ин аҳд хиёнат накардааст. Ва аз ин ба баъд низ мутмаинан ба ҳар тааҳуди худ амал хоҳад кард. Аммо ин ҷо баҳси мо сари масъалаи мушаххас аст. Шарикӣ ба маънои он нест, ки сари фарзанди моро дар кишвари шарикамон аз танаш ҷудо кунанд ва мо хомӯш бинишинем. Мутмаин бошед, то ҳастем ва сарамонро аз тан ҷудо накардаанд, хоҳем гуфт. Мо на гӯлем ва на ғулом.
Толибшоҳи САЙИДЗОДА