ВОЙИ ШОИР, ВОВАЙЛОИ АВОМ! Ё ҷавобе ба ҳақоратномаи ду шоири тоҷик

Фарҳанг ва адаб 19.12.2008 14:57

Дар шумораи №49, 04 декабри соли равони ҳафтаномаи бонуфузи "Миллат" дар саҳифаи охиринаш зери рубрикаи "Шоири миллат" "номаи дод" ва шеъри ба устод Бозор Собир бахшидаи шоир Ато Мирхоҷаро хондам. Ато Мирхоҷа, ки дар шеъргӯӣ ва шеърбофӣ "устухон надорад", мегӯяд:

Бозор Собир! Бозор Собир!

Эй дар ҷаҳолат бадтар зи кофир,

Эй дар такаббур бадтар зи Ҳаҷҷоҷ,

Дар худфурӯшӣ бадтар зи тоҷир!...

Аввал ин ки мо ҳеч касро ҳукм карда наметавонем, ки "кофир" аст ё не ва вақте боз шоир сӯи шоири дигар чунин мегӯяд бисёр дардовар аст. Худфурӯшӣ чун тоҷир чӣ маъно дорад? Оё ҳама тоҷирон "худфурӯшанд?"…Тоҷирони боинсофу покдаст ҳам кам нестанд! Шоирон ҳам дар ҳама давру замон якрангу яксон аз рӯи хислату атвор ва эҷод набуданд ва ба қавле ҳеч гоҳ "панҷ -панҷа баробар нест". Дар асл мо имрӯз шоирони забардаст, миллатдӯсту ватанпараст ҳам дорем ва биҳиштӣ гуфтани онҳо равост. Вале магар шоиру шоирчаҳои шеърашон "бе бадоеъ" ва "бе наводир" ва шеърбозу шеърсоз каманд?!..

Мо низ аз андешаҳои вақтҳои охир гуфтаи шоир Бозор Собир нисбати Ватану миллати хеш хушнуд нестем ва боз бештар аз вожаи "саг" -ро истифода бурданаш дар ҳайрат уфтодем. Агар Бозор Собир худро ҳақиқатгӯву адолатпарвар медонад умумӣ гӯйи намекард...

Ба пиндори мо шояд Бозор Собир ин суханҳои носазоро аз он сабаб иброз доштаст, ки дар мулки дур асту "дастнорас" аст ва дигар ба Ватан баргаштанӣ нест?

Ато Мирхоҷа бошад, гӯё "аз ҳама шоирон нотарстар буда", шоири зӯр буданашро исбот карданӣ шудааст ва ҳам шояд эҳсос мекунад, ки Бозор Собир дигар барнамегардад ва ҳар чизе бигӯяд равост.

Мо дар ин ҷо ҷонибдори ҳеч кадоме набуда, гуфтанием, ки Бозор Собир хато карда ва Ато Мирхоҷа он хаторо такрор кардааст. Пас шоирони мо, ки зиёд эҳтиромашон дорем кори хуб накардаанд, ки аз ҳамдигар бо лаҳни нохуши "саг" ва "кофир" ёд кардаанд.

Ҳар ду ҳам тоҷик ва аз суханварони ин миллатанд, гарчанде эҷодиёти Бозор Собир ихлосмандони бештар дорад. Ато Мирхоҷа бояд мулоҳиза карда, дар ҷавоб суханҳо ва шеъре мегуфт, ки саропо "покӣ ва иффат…" медошт, то шоири ғариби он сӯи уқёнус мефаҳмид, ки дар Тоҷикистон ҳампешагонаш воқеан биҳиштианд….

Бозор Собир тоҷик аст, шоири тоҷик аст, ӯ на ҳабаш асту на пуштун…Ӯ ки дур аз Ватан аст, диёри аҷдодашро, ки "бо хасу хораш зиндагӣ кардан" барояш бас аст, на бо чунин лаҳни нохуш, ки ин миллат ва аз ҷумла шоирони он ҳам арзандаи он ҳарфҳо нестанд, набояд ёд оварад. Агар шоирони тоҷик, ки мо онҳоро ойинаи хеш ва зиёиву пешкори хеш медонем, ба ин шева ҳарф мезананд, пас вовайлои авом!


Неъматуллоҳи Нурулло,
рӯзноманигор
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97