Пирӯзии таърихӣ

Варзиш 08.08.2008 17:42

Тоҷикистон бар яке аз мунтахабҳои нирӯманд ва муддаии роҳхат ба Африқои Ҷанубӣ пирӯз омад.

Қабл аз бозӣ

Қабл аз он ки Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ ба майдон дароянд, борони тропикӣ майдонро ба ҷуйбор табдил дод ва бозигарони Ҳиндустону Мянмар, ки бозияшон ҳамагӣ ду соат қабл аз бозии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ анҷом ёфт, майдонро ботлоқзор намуданд.

Коршиносон ва мухлисони футбол мегуфтанд, ин гуна майдон ба нафъи Тоҷикистон аст, зеро бозигарони ҷавони кореягиро аз давидани босуръат маҳрум мекунад. Мухлисон ҳамчунин мегуфтанд, Тоҷикистон бояд бибарад, ҳадди ақал ба он хотир, ки кореягиҳо аслан мунтахаби ҷавононаашонро фиристодаанд.

Вале расман исми ин мунтахаб на ҷавонона буд ва рейтингаш низ дар феҳраси ФИФА хеле болотар аз Тоҷикистон буд. Кореяи Шимолиро муддаии аслии Ҷоми чолиш мехонданд ва умуман, ман ҳанӯзам мутаҳайирам, агар ин сабқат барои мунтахабҳои “зуҳурёфта” бошад, кореягиҳо ин ҷо чӣ кор мекунанд? Аниқтараш, мекарданд.

Онҳо инкор мекарданд, чапу рост лоф мезаданд, ки ба осонӣ ҳар як мунтахаберо миён мешикананд ва Ҷомро бо чашмони пӯшида ба даст меоранд. Мунтахабҳои гурӯҳи “А” (Тоҷикистону Ҳиндустону Туркманистон) низ равшану пӯшида мегуфтанд, беҳтар аст, ки дар бозии нимниҳоӣ бо Кореяи Шимолӣ во нахӯранд. Махсусан, Ҳиндустон. Зеро тахмин зада мешуд, ки кореягиҳо ба осонӣ дар гурӯҳашон ҷойи якумро мегиранд.

Ҳамин гуна ҳам шуд. Онҳо дар се бозӣ панҷ голи беҷавоб зада, бо 9 хол ва бо дарвозаи “бокира” дар “Гаччибовлӣ” бегоҳи ҳафтуми август муқобили Тоҷикистон қарор гирифтанд.

Бозӣ

Бозӣ ба иллати ботлоқзории майдон бо таъхири нимсоата оғоз ёфт. Ва ин таъхири нимсоата заррае ҳам сифати майдонро беҳтар ва обу лойқаашро камтар накард.

Кореягиҳо, ки аслан бо пасҳои кӯтоҳ ва зуд-зуд бозӣ мекунанд ва тез медаванд, ин навбат аз ин аслиҳаи худ маҳрум монданд. Ва оғози бозӣ низ маҳорати ҷисмонии бозигаронро нишон медод, то ки ҳунари бозигарияшонро.

Ҳайъати Тоҷикистон: Алишер Тӯйчиев, Далер Тухтасунов, Наим Носиров (Зафар Зубайдов 87), Даврон Эргашев, Анвар Норқулов (капитан) (Самад Шоҳзуҳуров 81), Нӯъмон Ҳакимов, Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Саванқулов, Ҷомӣ Муҳиддинов (гол) (Эраҷ Холов 94), Даврон Тухтасунов, Юсуф Рабиев.

Тоҷикистониён, ки аз мардуми муғулнажод ҷисман қавитару бузургтаранд, дар дақоиқи аввал ба ҳамла гузаштанд. Зарбаи аввали бозӣ низ ба исми онҳо, дақиқтар, ба исми Нӯъмон Ҳакимов навишта шуд. Панҷ дақиқаи пас аз ҳуштаки довар, Даврон Тухтасунов дар ҷаримагоҳи рақиб мехобид, ба умеде, ки пеналти бигирад. Аммо аз аввали сабқат то ба ҳанӯз Ҳайдаробод шоҳиди пеналти нашудааст.

Кореягиҳо низ табъан, ки лойқадавакро на камтар аз тоҷикон дӯст медоштаанд ва онҳо низ тӯб зери по ин тарафу он тараф медавиданд.

Ҳимоятгари пуртаҷрибаи Тоҷикистон - Наим Носиров зарбаи ҷаримавиро сӯи ҷаримагоҳи кореягиҳо ҳаво дод ва Ҷомихон Муҳиддинов масали машҳури русӣ; “сар ҳам барои фикр кардан аст, ҳам барои задан”-ро ба ёд овард. “Пардаи бакорат”-и дарвозаи Кореяи Шимолӣ дар Ҷоми чолиш-2008 дарид. Дақиқаи 39-уми бозӣ буд.

Шодии Тоҷикистон барои гол

Далер Тухтасунов метавонист дар дақиқаҳои охири бозӣ ҳисобро бештар кунад, вале зарбаашро исме бо номи Кванг Мин баргардонид.

Қисми аввал бо ҳамин ҳисоб анҷом ёфт. Кореягиҳо 15 дақиқаи истироҳат доштанд, то фикр бикунанд, ки чӣ кор кунанд ва 45 дақиқаи бозӣ, то фикрҳои кардаашонро татбиқ бинмоянд. Бо иҷозаи Тоҷикистон ва лойқамайдон албатта.

Ва лойқамайдон дар тамоми даври дуввум на ба ин ҷонибу на ба он ҷониб шонси дигари голзаниро надод ва партобҳо ҳар лаҳза дармемонданду зарбаҳо оҳиста ва хато мерафтанд. Аз нигоҳи дигар, барои дарвозабонҳо низ чунин майдон хатар дошт, зеро ҳар лаҳза метавонистанд, ки биафтанд ва гол сар бидиҳанд.

Ҳамин гуна, бозӣ ба сӯи анҷом қадам мезад, Пӯлод Қодиров барои кашол додани вақт бозигаронашро иваз мекард ва корегияҳои баргаштабахт асабҳояшонро дошта натавониста, кортҳои зард мегирифтанд. Дар дақоиқи охирини бозӣ онҳо ранги зарди кортҳоро ба сурх иваз намуданд. Яку якбора ду бозигари Кореяи Шимолӣ дар дақиқаҳои мутаносибан 89 ва 93 корти сурх гирифтанд ва дар Ҳайдаробод-2008 ин кортҳои сурхи нахустин буданд. Кореягии аввал, ки капитани мунтахабашон буд, доварро чизе гуфт ва аз майдон ронда шуд, кореягии дуюми рондашуда Чу Миёнг Хо сӯи кадоме аз Тухтасуновҳо туф кард.

Пас аз рондани кореягии дуввум, довари ҷопонӣ Масаакӣ Иемото тамоми мунтахаби Кореяи Шимолиро ронд. Яъне, бозиро анҷом дод. Пирӯзии Тоҷикистон бо ҳисоби 1-0.

Пас аз бозӣ

Пӯлод Қодиров, ки табассуми шодӣ аз лабонаш гум намешуд, гуфт, “Тоҷикистон ба ин ғалаба сазовор буд”. Ӯ гуфт, ки “дар бозӣ некбахтӣ ва бадбахтӣ нест ва натиҷа аст. Ва натиҷа ин аст, ки Тоҷикистон ғолиб омаду дар бозии ниҳоӣ бозӣ хоҳад кард”.

Ҳамтои кореягии ӯ бохташонро ба вазъи бади майдон нисбат дод, ки “бозигаронашро нагузошт, то маҳорат ва техникаву тактикаи худро нишон бидиҳанд”.

Сармураббии ҳайъати бозигарони Кореяи Шимолӣ боз аз он гилоя кард, ки ду корти сурх қазои аз ҳад зиёд буд ва боз ки бозигарони тоҷик дар охир дасти бозигарони кореягиро нафишурданд. Ҷаноби сармураббӣ мехост, ки барои дашном ва туф кардан бояд дасташонро бифишорӣ ва таҳсинашон бихонӣ?

Ҳиндустон - Мянмар

Дар бозии дигари нимниҳоӣ, ки қабл аз бозии Тоҷикистон баргузор шуд, мизбонон танҳо се дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ тавонистанд ба дарвозаи Мянмар як гол зананд ва бозиро бубаранд. Муаллифи голи ягона Сунил Чуетрӣ мебошад. Ҳамин гуна, мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 10 август бо мизбони сабқат барои Ҷоми чолиш-2008 ва барои роҳхат ба Қатар-2011 “по ба гиребон” хоҳад шуд.

Манбаъ: www.footballtj.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97